close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЧЕСКИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ ПРЕДПОСЫЛКИ СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ ЛИЧНОСТИ И УЧЕНИЯ ИМОМА АЪЗАМА (на тадж.яз.)

код для вставкиСкачать
САРМАЌОЛА
КАРИМОВ ОСИМ ЌОСИМОВИЧ,
Ректори Донишгоњи давлатии
њуќуќ, бизнес ва сиѐсати Тољикистон,
доктори илмњои таърих, профессор.
НАЗАРЕ БА ОМИЛЊОИ ТАЪРИХИЮ ИЉТИМОИИ ТАШАККУЛИ
ШАХСИЯТ ВА ТАЪЛИМОТИ
АБЎЊАНИФА
(бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам)
Омўзиши фарњангу маънавиѐт ва мероси ѓановатманди аљдодї,
арљгузорї ба хидматњои арзишманди фарзандони номвар ва фарзонаи
миллат бешубња барои инсоният роњњои пурсаодати рушду такомули
моддиву маънавиро боз намуда, дар самти ноил гардидан ба њадафњои
созанда барои бани башар заминањои мусоид фароњам меорад. Аз лињози
воќеияти таърихї бо дарназардошти замина ва омилњои ташаккули
љомеаи инсонї намунаи ибрат ќарор додани кору пайкори бузургон,
фароњам овардани шароити мусоид барои амиќу њаматарафа омўхта
шудани мероси онњо, истифодаи ганљинаи бузурги зењнии гузаштагон
барои тарбия ва ташаккули љомеаи навин амалест, ки шоистаи бузургони
давру замон мебошад.
Тавре ки Президенти кишвар, Љаноби Олї, мўҳтарам Эмомалї
Раҳмон таъкид доштаанд: «Дар таърихи тўлонї ва пурғановати
тамаддуни халқи тољик, бахусус давраи исломии он шахсиятҳо ва
нобиғаҳои зиѐде ба зуҳур омаданд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг,
ҳувият ва асолати миллї нақши беназире боқї гузоштаанд. Аз баракати
заҳмат ва корнамоии пурвусъату башардўстонаи онҳо сиришти фитрї ва
ҳувияти таърихию фарҳангии миллат ҳифз шуд ва барои инкишофи
ояндаи он заминаи муносиб ба вуљуд омад».1 Аз ин лиҳоз, бо
дарназардошти хизматҳои таърихии фарзанди нобиғаи халқи тољик
Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва
тамаддуни исломї ва аҳамияти беҳамтои мероси илмии ў дар ташаккул
ва инкишофи худшиносии миллї бо фармони Президенти мамлакат (аз
15 сентябри соли 2008, № 538) Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон
шудани соли 2009-ро метавон барои кулли љомеа њамаљињата муњим
арзѐбї намуд.
Таљлили бузургдошти ин фарзанди номбардори миллат ва ба ин
васила пажўҳиши осору таълимоти арзишманди ў, бори дигар таваљљўњи
љомеаи муосирро ба давраҳои рушду такомули тамаддуну фарҳанги
халқамон берун аз њудуду марзи аљдодии мо љалб хоњад кард. Махсусан
имрўзњо, ки беш аз пеш арзишњои асили фарњангї ва миллии мо-тољикон
ба љањониѐн бо диду назари тоза арзѐбї мегардад, ин ибтикори Сарвари
Эмомалї Рањмон. «Имоми Аъзам ва њувияти миллї».// Рўзгор ва осори њазрати
Имоми Аъзам. – Хуљанд, 2008, с. 5
1
-5-
АХБОРИ ДДЊБСТ №1 (37), 2009
давлатамон дар раванди омўзиши мероси маънавии ниѐгонамон такони
бузурге хоҳад бахшид. Дар ин замина њамзамон љињати дар руњияи
огоњии комил аз арзишњои асили миллї, ифтихори давлатдорї, њисси
масъулият ба меҳнати созандаю бунѐдкорї рўй овардани њар як фарди
љомеа наќши босазо хоњад гузошт.
Оид ба њаѐту фаълияти Имоми Аъзам, таълимот, мактаби мазҳабї,
устодону шогирдон ва пайравони ў дар сарчашмањои илмї ва таърихї
маълумоти мухталиф зикр гардидаанд. Аммо тавре ки Сарвари давлат
таъкид намуданд: «корнамоии ин шахсияти бузург ва нобиѓаи асил дар
дунѐи илму маонї то ба њанўз асрори зиѐди нокушуда дорад, ки пажўњиши
доманадорро таќозо менамояд».1
Аксарият бар ин ақидаанд, ки Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит
соли 80-и ҳиљрї, мутобиқ ба соли 699 милодї дар замони хилофати
Абулмалик ибни Марвони умавї дар шаҳри Кўфа таваллуд шудааст. Пас
маълум мешавад, ки Имоми Аъзам дар айѐми ҳукумати Умавиҳо чашм
ба олам кушодааст. Ин даврае буд, ки сиѐсати халифањои Умавия дар
байни мардум меафзуд, зеро ҳокимияти Умавиѐн ба ашрофи воломақом
такя мекард ва ин сиѐсат танҳо манфиатҳои онҳоро ҳимоя менамуд.
Мањсули зиѐди меҳнати кишоварзон ба хазинаи халифа ѐ ба дасти
тоифаи ҳукмрон меафтод. Аз байни намояндагони ин хонадон
золимтарин халифаи сулолаи умавиҳо Ҳаљљољ ибни Юсуфи Сақафї дар
таърихи ислом зулму ситам ва бедодгариро аз ҳад гузаронида буд, ки
дар ин бора дар манбаъњои илмиву адабї хабар рафтааст.
Барои равшанї андохтан дар масъалаи заминањои таърихии
пайдоиш ва ташаккули мазњаби њанафия мухтасар назар андохтан ба
таърихи хилофатро дар ин давра зарур мешуморам.
Муаррихони асрњои миѐна аз ќабили Ибни Надим, Балозурї,
Диноварї, Табарї, Масъудї ва дигарон дар мавриди вазъи сиѐсї,
иљтимої, иќтисодї ва фарњангии ин давра дар осорашон маълумоти
арзишманд ва муфид манзур намудаанд.2
Соли 685 вакте ки халифа Марвон даргузашт, ба љои ў писараш
Абдулмалик ибни Марвон ба сари ќудрат омад. Ба ў муяссар гардид, ки
пас аз љангу љидолњои пайињам дар хилофат то андозае њокимияти
мутамарказ ба вуљуд оварда, дар саросари мулки араб, аз он љумла дар
Ироќ ва Сурия ислоњоти пулї гузаронад. Дар замони њукмронии ду
фарзанди ў ал-Валид (705-715) ва Муслим (715-717) бошад, забткорињои
араб дар Осиѐи Миѐна ва дар ѓарб то Константинопол ва нимљазираи
Пиренея ќувваи нав гирифт.
Назар ба маълумоти сарчашмањои илмї ин солњо давраи ављи
аълои нуфузи сиѐсии хилофат дониста шудааст.3 Дар он солњо хилофат ба
Эмомалї Рањмон. «Имоми Аъзам ва њувияти миллї».// Рўзгор ва осори њазрати
Имоми Аъзам. – Хуљанд, 2008, с. 6
2
О.К.Каримов. Историческая наука Таджикистана.-Худжанд, 2002. с.97-121.
3
История Востока.Т 2, Восток в средние века.-Москва, 2005. с. 122.
1
-6-
САРМАЌОЛА
њудуди нињоии пањншавии худ расида, дар ќаламрави он беш аз 80
миллион ањолии гуногунмиллат дохил мешуданд, ки даромад аз њисоби
андозњои мухталифи ситонидашаванда аз ањолї, махсусан ањолии
фатњшуда ѐ исломро нав ќабулкарда бењадду њисоб ба хазинаи марказї
ворид мегардид. Ин маблаѓ барои таъмини эњтиѐљоти корњои давлатї,
нигоњ доштани артишу флот, инчунин анљом додани корњои азими
сохтмонї дар шањрњо имконият медод. Марказњои нави њарбию сиѐсии
Кўфаю Басра, Фустат, Ќирвон ва дигарњо мањз дар њамин давра вусъати
бештар пайдо намуданд.
Дар чоряки аввали асри VIII бошад, бо ташаккули табаќаи
ашрофони мањалии арабиасл дар Хуросон, Миср ва Африкаи Шимолї
дар ягонагие, ки байни мардуми мусулмон Умавињо бо сиѐсати худ ба
вуљуд оварда буданд, сустї ва косташавї зоњир гардид. Дар баробари ин,
бо нерў гирифтани муборизањои дохилї дар байни худи ќабилањои
сершумори араб, махсусан зиддиятњои ќабилањои шимолї бо љанубї дар
масъалаи њокимият норозигии омма аз њукумати Умавињо меафзуд.1
Њамчунин норозигии мардум, махсусан ањолии мамлакатњои забтшуда аз
андозњои гарон боиси кувват гирифтани ташвиќот зидди њукумати
Умавињо аз љониби тарафдорони шиа гардид.
Дар замони охирин намояндаи ин хонадон Марвон ибни
Муњаммад (744-750), ки дар он солњо бо љорї намудани тартибот дар
маркази хилофат машѓул буд, дар Хуросон зиддият байни равияњои
мављудаи исломї ављ гирифт. Аз фурсат истифода бурда, имоми Аббосї
Иброњим ибни Муњаммад соли 747 ба Хуросон Абўмуслимро, ки худ
зодаи ин сарзамин аст, барои ташвиќот ва ташкили мубориза бар зидди
Умавињо фиристод. Намояндагони махфии Аббосиѐн ба шўришгарон дар
мавриди ба сари давлати хилофат омаданашон кам кардани хирољ, бекор
намудани ўҳдадориҳо доир ба сохтмони иншоотҳо, таъмини ҳуқуқи
иштирок дар идоракунии ҳокимияташонро қавл доданд.
Бо сардории ин фарзанди барўманди машриќзамин соли 747
намояндаи Умавињо дар Хуросон Наср ибни Сайѐр маѓлуб гардид ва
оќибат соли 750 хилофати Аббосињо барќарор шуд. «Абўмуслим яке аз
њамин доиѐни мањаллї буд, ки дар охир њамаи роњбарияти хуруљи ба
муќобили Умавиѐнро ба дасти худ гирифт»2 - навиштани С.Айнї
воќеияти таърихии нуфуз ва эътибори ин марди аз ѓуломї озодшудаи
эронитаборро дар олами ислом ва хилофат собит месозад. Яъне
мардумони мањаллї, махсусан баъзе шахсон аз минтаќањои Хуросону
Мовароуннањр маълум мешавад, ки танњо тобеъи хилофат нашуда, балки
бо кордонию заковати хеш аксаран аз асорат озод мегардиданд ва дар
њаѐти илмиву фарњангї ва сиѐсии хилофат наќши худро гузоштаанд.
История Востока.Т 2, Восток в средние века.-Москва, 2005. с. 123.
С. Айнї. Ќањрамони халќи тољик Темурмалик. Исѐни Муќаннаъ. Очеркњои адабїтаърихї. –Душанбе,1978. с.100.
1
2
-7-
АХБОРИ ДДЊБСТ №1 (37), 2009
Чуноне ки бобои Абўњанифа – Марзбон низ мањз бо фитрату заковати
хеш аз ѓуломї озод гардида буд.1
Агар зоњиран Абўмуслим тарафдории Аббосињоро дошта бошад,
дар асли маќсад ў нияти тамоман аз байн бурдани зулми арабњоро аз
диѐри Шарќ мепарварид.
Дар мавриди наќши ин мард дар доирањои сиѐсии хилофат дар
тадќиќоти илмї маводи фаровон ба даст овардан мумкин аст. Мањз бо
талошу љоннисорињои Абўмуслим хавфи истилои сарзамини тољикон аз
љониби чинињо барњам дода шуд, ки ин воќеа соли 751 сурат гирифтааст.2
Назар ба гуфти устод Айнї «Халифањои бани Умайа дар айѐми
њукмронии худ (ѓайр аз Умар ибни Абдулазиз) зулму бедодро аз њад
гузарониданд. Зулму бедоди онњо ба ањолии ѓайри араб махсус набуда, аз
худи арабњо њам бисѐр хонадонњоро хароб карданд. Онњо Њаљљољ ном
золими машњурро дар олами ислом бист сол њукмрон карданд, ки на аз
вай пеш ва на баъд аз вай солњои дароз касе он ќадар зулм накардааст».3
Ба сари ќудрат омадани хонадони Аббосї барои ќавмњои
форситабор аз чанд љињат хеле муфид омад. Бар хилофи њукуматдорони
Умавї, ки ашрофони мањаллиро дар сари ќудрат роњ намедоданд,
минбаъд дар сохтори идораи давлатї тањаввулоти бузург ба вуљуд омад.4
Мањз дар њамин давра идораи њокимият дар мањалњо ва њатто баъзе
мансабњои њокимияти марказї ба дасти намояндагони форсизабон
даромад.
Ин тоифа мардум бешубха пас аз ба мансаб расидан ва ѐфтани
такягоњи боэътимод аз љониби хилофат тарзи њукуматдории шарќї ва
унсурњои маданияти давлатдории сосониро бо баъзе сохторњояш дар
маркази хилофати араб ворид намуданд. Дар сатњи болои идораи
њокимият илова ба мансаби халифа инчунин вазир (шахсияти
идоракунандаи аппарати давлатї) ба вуљуд омад. Дар ин вазифаи масъул
аввалин шахсон аз хонадони Бармакиѐн, ки баромадашон аз Балх аст,
таъин гардиданд. Љорї шудани мансаби вазорат боиси пайдо шудани як
ќатор девонњо ва шахсони идоракунандаи ин сохтор гардид. Дар
баробари ин дар хилофат як табаќаи бонуфузи мансабдорон чун
такягоњи асосии хилофат дар корњои давлатдорї ташаккул ѐфта, тоифаи
мансабдорони низомиро ин табаќа оњиста-оњиста аз доираи нуфузашон
танг менамуд. Аммо оѓози њукумати Аббосињо умеди мардуми араб ва
мусулмононро боварї бахшида натавонист.5 Зеро пас аз тамоман мањв
сохтани Умавињо ва ќатли нољавонмардонаи Абўмуслим аз љониби
Эмомалї Рањмон. «Имоми Аъзам ва њувияти миллї».// Рўзгор ва осори њазрати Имоми
Аъзам. – Хуљанд, 2008, с. 6.
2 О.Каримов, Х.Холджураев, А.Мирбабаев. История таджикской дипломатии.Худжанд, 2008.Вып 1, с.119-120.
3 С. Айнї. Њамин асар. с. 99
4 Абасидов халифат. //Советская историческая энциклопедия. Москва,1961. том 1, с.27
5 Б.Г. Гафуров. Таджики. Древнейшая, древная и средневековая история. Кн.2.Душанбе, 1989. с. 33
1
-8-
САРМАЌОЛА
халифа Мансур (754-775) дар соли 755, зулми ин њукумат ба љањони ислом
афзуд. Сохтмонњои пойтахти нав – Баѓдод ва маъракањои бењисоби
дарборї харољоти зиѐдеро талаб мекард. Ин амр ногузир ба зиѐдшавии
андоз аз ањолии ќаламрав, ки бо тариќи ушр ва хирољ гирифта мешуд ва
афзоиши нави норозигии мардум мегардид. Дар ин давра хилофат
нисбати забткорињои нав ягон кор анљом надод. Вазъи сиѐсии тамоми
ќаламрави хилофатро оњиста – оњиста пайдо шудани равияњои нав
ташаккул ѐфтани фирќањо ва дар ин замина ба вуљуд омадани љараѐнњо,
таълимотњои мухталиф ва амсоли инњо пур кард.
Ба андешаи олимон дар ин давр ихтилофњои сиѐсї, талош дар
масъалањои хилофату имомат, имону куфр ва адои вазифањои диниву
дунявї шадид гардида, боиси пайдоиши чандин мазњаб дар масъалањои
фиќњї гардид.1
Њамин тариқ, Абўҳанифа дар асри Абдулмалики Марвон ба дунѐ
омад ва дар замони вилояти Ҳаљљољи Сақфї, ки волии Ироқ буд, ба
синни рушд расид. Минбаъд дар аҳди халифа Умар ибни Абдулазиз илм
ва ќобилияташ дар самти рушди илми исломї равшан гардид. Дар он
солњо шањри Кўфа аз лиҳози илм хеле пеш рафта буд ва табиист, ки
њамчун маркази сернуфузи иљтимої барои љалби нерўњои аќлонии
тамоми сарзамини хилофат имконият фароњам меовард.
Дар даврони хонадони Аббосиҳо њазрати Имоми Аъзам ба синни
камолот расида буд. Чуноне ки дар сарчашмаҳо зикр мешаваду олимони
зиѐде таъкид кардаанд, 18 соли умри боқимондаи њазрати Имоми Аъзам
дар даврони хилофати Аббосиҳо гузаштааст.2
Давраи кору зиндагии Имоми Аъзам, дар мақолаи Президенти
Љумҳурии Тољикистон, мўҳтарам, Эмомалї Раҳмон – «Имоми Аъзам ва
ҳувияти миллї» бо таҳлилњои амиқ хулосабандї гашта, чунин қайд
мегардад: «Бояд таъкид кард, ки солҳои 60 – 90 – уми асри VII барои дини
мубини ислом давраи ниҳоят ҳассос буд. Хилофати араб ба давлати
бузургтарини давр табдил ѐфт, ки он қаламрави васеи музофотї ва
минтақаҳои пешрафтаи саросари љаҳонро фарогир шуда буд. Акнун
бинобар таҳаввулоти иљтимої зарурате пеш омада буд, ки паҳлўҳои зиѐди
рўзгори мардум ба танзим оварда шаванд. Чунин рисолатро танҳо дини
мубини ислом бо муқаррароти шаръии худ дар ҳамон давр ба анљом
расонида метавонист. Бинобар ин он ба озмоишу имтиҳони бузурге
мувољеҳ гардид. Дар ин марҳила китоби осмонии Қуръони карим ва
ҳадисҳои набавї дастури бузурги зиндагии мусулмонон гардиданд, вале
гузашти рўзгор масоили зиѐд ва нав ба нави иљтимоиро дар пешорўи
инсонҳо қарор медод. Яъне низоми љомеа пайваста ислоҳоту такомулро
1
2
З. Сафо. Таърихи дабиѐти Эрон. – Душанбе, 2001. с. 14-15
Рўзгор ва осори њазрати Имоми Аъзам. – Хуљанд, 2008, с.30
-9-
АХБОРИ ДДЊБСТ №1 (37), 2009
тақозо дошт. Бесабаб нест, ки муборизаи шадиди динї – маънавї ва сиѐсї
– иљтимої љараѐн гирифта, калом, фалсафа ва тасаввуф зуҳур намуданд».1
Табиист, ки Абўҳанифа дар чунон муҳит истеъдоди хешро ба
марҳилаи озмоиш даровард. Мегўянд, ки ў дар ибтидо ба фарогирии
илми наҳв машѓул шуд, вале баъдан ба фиқҳ ва илми калом майл намуд
ва рисолањое монанди Алфиқҳалакбар, Алфиқҳалабсат, Алолим
валмутааллим, Алраддалқадарияро навишт.
Аз рўи ривоятҳои мављуда миқдори устодоне, ки ба Абўҳанифа
таълим додаанд ва ў аз донишу заковат ва илму маърифати онҳо файз
бардоштааст, аз 200 нафар зиѐданд. Ба ќавли дигар дар хизмати чор
њазор устод будааст ва «њељ устоди машњурро монанди Имоми Аъзам
шогирдони зиѐд насиб нагашта буд»2. Маҳз гузаштан аз мактабҳои
илмию маърифатии абармардони олами ислом ба Абўҳанифа имконият
дод, ки чун шахсияти илмї ташаккул ѐбад ва бо хулқу хислати накўву
таълифоти муҳими зиндагиомўз ва роҳнамои инсоният дар ислом боиси
сарфарозиҳо гардад ва ба ҳайси имому раҳнамо пазируфта шавад.
Дар масъалаи заминањои иљтимоии ташаккули таълимоти
Абўњанифа њаминро бояд ќайд намуд, ки усули ќиѐс бо далелнокии њукм
ва истифода аз раъй дар таълимоти ў маќоми асосї доштанд. Истифодаи
ин усул дар њалли масъалањои шаръї ва њуќуќї бењтарин њосибида
мешуд. Мувофиќи он аз байни хулосањои вуљуд дошта њамоне ќабул
мешуд, ки барои уммат ва љамоат мувофиќ бошад. Масалан дар Ќуръону
њадис дар бораи дуздї ва љазои он сухан рафта бошад њам, дар масъалаи
роњзанї њукме вуљуд надошт. Њанафиѐн аз рўи меъѐрњои дар
таълимоташон муќарраршуда љазои ба дуздї пешбинишударо барои
роњзанї низ ќобили ќабул мењисобидаанд.
Дар масъалаи нисбат додани њанафиѐн ба асњоби раъй ихтилофи
назарњо вуљуд дорад. Тавре ки муаллифи рисолаи «ал Калому-л-афњом
фї маноќиби Имоми Аъзам» зикр намудааст: «Имоми Аъзам њар
масъаларо аз Ќуръони маљид иќтибос кардааст. Агар дар Ќуръон дучор
наояд, аз њадиси набавї ва агар дар њадис набошад ва ѐ дар ќавли асњоб
ихтилоф бошад, ба ќавли он сањобае, ки ба Ќуръону суннат наздик аст,
амал мекард. Агар дар њеч кадом набошад, худ иљтињод мекард, аммо аз
ќавли тобеин иќтибос намекард».3
Љињати дигар ва љолиби ин таълимот аз он иборат аст, ки њанафия
ѓайр аз њуќуќњои динї њуќуќњои дунявиро низ ба кор мебурд. Он ба
расму одатњои халќњо дар тамоми ќаламрави хилофат ањамият медод. Аз
ин лињоз, ин таълимот ба талаботи суннатии мардумони тањљої мувофиќ
Эмомалї Рањмон. «Имоми Аъзам ва њувияти миллї»./ Рўзгор ва осори њазрати Имоми
Аъзам. – Хуљанд, 2008, с. 6.
2 Васлии Самарќандї. Таърихи Имоми Аъзам. Тарљумаи Фарњод Њасанов.-Душанбе,
2001.с. 10-11.
3
Њамин љо, с.14
1
- 10 -
САРМАЌОЛА
омад ва боиси зуд пањн гардидани он дар байни халќњои дигар, махсусан
мардуми Аљам шуд.1
Бояд тазаккур дод, ки дар байни равияњои шиддатнок, бањсу
талошњои зиѐди назарї ба вуљуд омадани таълимоте монанди њанафия ба
Абўњанифа ба осонї даст надодааст. Барои амалї гардидани ин падида
суботу садоќат, покии ботин, дониши мукаммал, озодандешї, ягонагии
ќавлу амал, эњтиром нисбат ба љомеа ва эътиќодоти мардум, огоњии
комил аз фарњангу маданияти халќњои олами ислом ва монанди инњо
лозим буданд. Мардуми ањли ислом ин сифатњоро дар симои як фарди
аљамиасл Абўњанифа Нўъмон ибни Собит дар марказ ва дили хилофат
дарѐфт. Далели равшани ин гуфтањо васиятњои арзишманди ахлоќии ў
мебошанд, ки ба фарзандаш Њаммод ва шогирдонаш
ба мерос
мондааст.2
Дар олами ислом Имоми Аъзам њамчун асосгузори фирќаи исломї
ягона нест. Аз таърих маълум аст, ки минбаъд низ бузургтарин фаќењони
ањли суннат-шахсоне монанди Абўсулаймон Довуди Исфањонї
(асосгузори фирќаи Довудия), Муњаммад ибни Љарири Табарї (муассиси
равияи Табария) аз ноњияњои гуногуни Эрони ќадим бархостаанд. Дар
илми њадис ва рушди илмњои дигар низ минбаъд олимону фозилони
аљамиасл сањми босазо гузоштаанд. Дар масъалаи сабабњо, омилњо ва
асосњои илмии аз ањли форс ѐ мардуми ѓайриараб баромадани бисѐре аз
олимони дин, фаќењон, муњаддисон ва муфассирон муњаќќиќон
андешањои љолиб баѐн доштаанд.3
Боиси ифтихори мо – тољикон ва тамоми форсизабонони рўи
љањон аст, ки бо кўшишу ѓайрати ин фарзанди фозили тољик суннати
Расули акрам (с) дар тамоми ислом пањн гардид. Мазњаби ў чун мазњаби
барњаќ пазируфта шуд ва имрўз аксари мардуми суннии љањон дар ин
мазњаб ќарор дорад, ба ў ва ба таълимоти њидояткунандааш эњтиром
мегузоранд.
Тавре ки Президенти кишвар Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї
Рањмон таъкид доштаанд: «Мо мероси гузаштаи маънавї ва шахсиятњои
барўманди илмї, динї, адабї, сиѐсї ва иљтимоии халќи худро бояд хуб
шиносем ва бо истифода аз осори ѓанї ва боарзиши онњо љомеаи имрўзаро
дар рўњияи эњтиром ба гузаштагон тарбия карда, ба ин васила як давлати
озод, обод, орї аз таассубу ихтилоф эљод намоем. Љањони маънивии
љавонони худро ѓанї созем, зеро ояндаи кишвару давлат ба шахсият,
дониш, љањонбинї ва худшиносии миллии онњо сахт вобаста мебошад».4
М. Њазратї ва И. Саидиен. Ислом. Равия, мазњаб ва фирќањои он. –Душанбе, 1992. с.
195-196
2 Дар бораи васиятњои Имоми Аъзам мурољиат шавад ба китоби Муњаммад Рауфи
Таваккулї «Чањор имоми ањли суннат ва љамоат». – Душанбе, 2002, с. 28-31 ва «Ќиссањо
аз рўзгори Имоми Аъзам» навиштаи Равшани Њамроњ ва Иброњими Наќќош.Душанбе,2008. с. 89-122.
3 М.Њимматзода.Зиндагї ва осори Имом Абўњанифа.-Хуљанд, 2004. с. 12-16.
4 Эмомалї Рањмон, «Имоми Аъзам ва њувияти миллї»./ Рўзгор ва осори њазрати Имоми
Аъзам – Хуљанд, 2008, с. 8.
1
- 11 -
АХБОРИ ДДЊБСТ №1 (37), 2009
Дар давоми солњои Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон
бо шукўњу шањомати хоса таљлил гардидани љашнворањои бузурги
таърихии ањамияти байналхалќї ва љањонї доштаи 1100-солагии
Давлатдории Сомониѐн, 675-солагии Камоли Хуљандї, 2700-солагии
шањри Кўлоб, 2700-солагии «Авасто», 1150-солагии асосгузори адабиѐти
классикии тољику форс Абўабдуллоњи Рўдакї, Соли забони тољикї,
ахиран Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абўњанифа Нўъмон ибни Собит
эълон шудани соли љорї ва монанди ин бидуни ягон шаку шубња бањри
густариши эътибори љањонии миллати куњанбунѐди тољик сањми босазои
худро гузоштанд. Таърих худ гувоњ аст, ки дар ягон давру замон иду
љашнњои миллии мо-тољикон дар чунин сатњи баланд бо љалби васеи
таваљљўњи љомеа, муттасилу доимї, бо њадафњои олии созанда љараѐн
гирифта бошад, ба вуќўъ наомадааст. Мањз бо талошу пайгирињои
Сарвари давлатамон, Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон таљлил
гардидани силсилаи бузургдоштњои таърихї бањри боло рафтани сатњи
худшиносии миллї, њидояти насли муосир ба фаъолияти шоистаи
созандагї мусоидат намуданд.
Аз ин рў, имрўзњо ки Тољикистони азизу соњибистиќлоли мо дар
иртибот бо љомеаи љањонї дар самтњои инкишофи фарњангу маънавиѐт,
бењдошти вазъи зиндагии мардум, вањдату ягонагї ва њаѐти созанда
устуворона ќадам мегузорад, кору пайкори аљдодони фозили гузаштаи
мо барои њар як фарди љомеа, махсусан љавонони кишвар бояд намунаи
ибрат ва пайравї бошад.
Вожањои калидї: Соли бузургдошти Имоми Аъзам, Абўҳанифа Нўъмон ибни
Собит, ҳукумати Умавиҳо, хилофат, њукумати Аббосиѐн, њанафия, Истиќлолияти
давлатии Љумњурии Тољикистон.
КАРИМОВ О.К.
ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЧЕСКИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ ПРЕДПОСЫЛКИ
СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ ЛИЧНОСТИ И УЧЕНИЯ ИМОМА АЪЗАМА
Статья посвящена анализу и исследованию социальных и исторических
предпосылок появления и совершенствования личности и учения одной из
выдающихся личностей мира ислама - Абуханифы Нуъмона ибн Собита, юбилей
которого, согласно Приказу Президента Республики Таджикистан Эмомали
Рахмона, отмечается в нынешнем году.
Автор также рассматривает место и роль ценных умозаключений этого
мыслителя для нашего общества и в развитии человечества в целом.
KARIMOV O.K.
HISTORICAL AND SOCIAL PROMOTION OF PERSONALITY AND IMOMI
AZAM’S STUDY
This article draws reader’s attention to analyses and research of social and historical
references of appearance and promotion of individual and the study of one of the famous
persons of Islam – Abuhanifa Numon ibn Sobit whose jubilee will be honoured according
our president’s decree.
- 12 -
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
16
Размер файла
498 Кб
Теги
имома, аъзама, взгляд, учение, социальная, исторические, предпосылки, тадж, личности, совершенствование
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа