close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Њамоњангї ва пайванди маъноии ќиссањо дар «Маљолиси сабъа» ва «Маснавии маънавї»-и Мавлоно љалолуддини балхї..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 8 Т 1
ББК 83.3.(0) 3
№ 2 (43) 2015
С.С.АЗИЗОВ
ЊАМОЊАНГЇ ВА ПАЙВАНДИ МАЪНОИИ ЌИССАЊО ДАР «МАЉОЛИСИ САБЪА» ВА
«МАСНАВИИ МАЪНАВЇ»-И МАВЛОНО ЉАЛОЛУДДИНИ БАЛХЇ
Вожањои калидї: Мавлоно, Маљолиси сабъа, њикоят, “Маснавии маънавї”, насри ирфонї,
мавъиза ва суханронї, маљолиси сўфиѐна.
Ба иттифоќи ањли тањќиќ «Маљолиси сабъа» суханронињои минбарии Мавлоно Балхї пеш аз
дидор бо Шамси Табрезї ва таълифи «Маснавии маънавї»- ро фаро мегирад (1; 2; 6; 8; 10; 11).
Дар гуфтори хеш Мавлоно ќиссаю тамсилоти фаровонеро љињати тафсир ва баѐни матолиби
мухталиф ба кор бурдааст. Дар натиљаи муќоисаи ќисас ва тамсилоти «Маљолиси сабъа» бо
«Маснавии маънавї» маълум мешавад, ки ќиссаю маъонии муштараки зиѐде миѐни ду асари
Мавлоно мављуд будааст. Илова бар ин, абѐтеро аз «Маснавии маънавї» ва «Ѓазалиѐти Шамс»
дар тадвин ва тасњењи «Маљолиси сабъа» котибон бо муносибатњои маъної бо матн илова
кардаанд.
Аз ин љињат, шабоњатњои маъноии «Маљолиси сабъа» бо «Маснавии маънавї» нишондињандаи
пайванди фикрии муназзам дар даврањои мухталифи зиндагии Мавлоно ба шумор меравад. Бо ин
њадаф, баррасии ин ду асари Мавлоно канори њамдигар дар шинохти бењтару бештари андешањои
орифи бузург коре муфид хоњад буд. Чунонки Абдулњусайни Зарринкуб ин нуктаро ќайд намуда,
ки аз хондани «Маљолиси сабъа» дар фањми «Маснавї» бањраи бисѐр метавон бурд (8,126).
Дар хусуси шабоњатњои маъноии ин ду асар донишмандони эронї –Тавфиќ Субњонї (1) дар
муќаддимаи «Маљолиси сабъа» ва Аббос Хоифї (11) ишора кардаанд. Ба љуз ин ду,дигар тањќиќи
љиддие дар ин замина сурат нагирифтааст. Доир ба мушобињати ин ду асар Тавфиќ Субњонї
танњо як ишораи кўтоње дорад дар муќаддимаи «Маљолиси сабъа», ки чунинаст: «Аксари
достонњои мансури мундариљ дар «Маљолис»-ро дар «Маснавї»-и Мавлоно низ меѐбем…» (1,10).
Аббос Хоифї низ пайвандњои фикрии Мавлоноро дар «Маљолиси сабъа» ва «Маснавии
маънавї» ва «Куллиѐти Шамс» баррасї намудааст. Бояд ќайд намуд, ки Аббос Хоифї бештар
шабоњатњои маънойии се асари Мавлонро тањќиќ кардааст. Мо дар инмаќола муњтавои ќиссаю
њикоѐти «Маљолиси сабъа» ва «Маснави маънавї»-ро мавриди муќоиса ва баррасї ќарор
медињем.
Дар «Маљолиси сабъа» Мавлоно аз достонњое барои баѐни манзури худ бањра гирифтааст, ки
дар «Маснавї» низ аз онњо истифода кардааст. Ќиссаи «Ба сухан омадани сангреза дар дасти
Абўљањл ва гувоњї додани он ба њаќиќати Муњаммад (с) ва рисолати ў», ки дар маљлиси аввал
омада, дар дафтари аввали «Маснавї» баѐн шудааст. Ќиссаи каљ шудани тољи Сулаймон (а) дар
маљлиси аввал, бо баѐне дигар дар дафтари чањоруми «Маснавї» ва ќиссаи «Рубоњу табл» дар
маљлиси дувумро дар дафтари дувуми «Маснавї» метавон дид. Ќиссаи «Билќис ва Сулаймон», ки
дар охири маљлиси дувум баѐн шуда, дар чанд дафтари «Маснавї» низ баѐн шудааст. Ќиссаи
«Паѐмбар бо Њориса» дар маљлиси дувум, дар дафтари аввали «Маснавї» байни Паѐмбар ва Зайд
гузаштааст. Ќиссаи «Љуулбаќар», ки дар маљлиси панљум баѐн шуда, дар дафтари панљуми
«Маснавї» низ омадааст.
Ќисме аз достонњои зикр шуда бо њамон њадафе, дар «Маснавї» омадаанд, ки дар «Маљолиси
сабъа» баѐн гардидааст. Дар бархе аз достонњо тафовуте ба чашм мерасанд ва инчунин баъзе
достонњо дар «Маљолис» ба шакли мухтасар омада бошанд, дар «Маснавї» муфассалтар ва
баракси ин низ дида мешавад. Дигар аз тафовут дар овардани лањзањои достонњо аст, ки дар яке
гоњо оѓоз ѐ ќисматњое аз достон наќл наѐфта, танњо муњимтарин лањзањои он баѐн шудааст, ки дар
дигаре ин лањзањои достон муфассал шарњу тавзењ ѐфтааст. Яъне ин ду асарро дар натиљаи
мавриди омўзиш ќарор додан метавон аз мўњтавои ин достонњо огоњии бештар пайдо кард, ѐ ба
ибораи дигар яке дигареро такмил мекунад. Манзури Мавлоноро аз овардани ин достонњо дар
«Маљолиси сабъа»назар ба «Маснавї» дарѐфтан осонтар аст, зеро дар он Мавлоно тобеи
чањорчуби назму ќофия аст.
Бояд зикр намуд, ки мутолаи достонњои мазкур дар «Маљолиси сабъа» барои маърифати
андешањои Мавлоно дар «Маснавї» зимни баѐни достонњои зикр гардида, кўмак мекунад. Аммо
бо чї сабаб бошад, ки достонњои мазкур, ки дар «Маљолис» аз забони худи Мавлоно, ки бо насре
сода ва шево баѐн шудаанд, аз нигоњи шорењони «Маснавии маънавї» дур мондааст. Албатта, мо
97
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 2 (43) 2015
ба њамаи шарњњои «Маснавї» имкони дастрасї надоштем ва муродамон низ кулли шурўњи он
нест. Лекин чун ба «Шарњи љомеи «Маснавии маънавї»-и Карим Замонї назар афкандем, дар он,
аз хусуси он ки достонњои зикрѐфта дар «Маљолиси сабъа» низ омада, таъкид нашудааст. Аз ин ба
хулосае омадем, ки агар дар шурўњи дигар ишорае дар ин хусус мебуд, њатман Карим Замонї низ
зикри онро мекард. Чароки шарњи ин донишманд дар замони мо таълиф шуда ва кўшидааст, ки
аѓлаби андешањои шорењони гузаштаро мадди назари хешќарор дињад.
Дар зер чанде аз достонњоеро, ки Мавлоно дар ин ду асари хеш ба кор бурдааст бо назардошти
хусусиѐти дар боло зикр ѐфта, мавриди омўзишу муќоиса ќарор дода, шабоњат ва тафовути
онњоро, то ќадри имкони хеш маълум месозем.
Ќиссаи ба сухан омадани сангреза дар дасти Абўљањл ва гувоњї додани он ба њаќиќати
Муњаммад (с) ва рисолати ў. Ќиссаи мазкур дар дафтари аввали «Маснавї» хеле мухтасар дар
њафт байт омадааст. Ин ќисса дар «Маљолиси сабъа» дар маљлиси аввал бо забоне шево ва нисбат
ба «Маснавї» пурратар баѐн шудааст. Чунончи, лањзањои оѓози њикоят, ки дар «Маљолиси сабъа»
омада, дар «Маснавї» ба чашм намерасад. Оѓози њикоят дар «Маљолис» чунин аст: «Бисмиллоњ»
он номе аст, ки Мустафо (с) шаби мањтоби мањи чањордањ гирди Каъба тавоф мекард ва дар
Макка аз ѓояти гармо аѓлаби халќ ба шаб гарданд. Абўљањл ўро дид, хашм кард ва њасадаш
биљўшид. Аз љўш каф карду гуфт: «Худо донад, ки ин соњир боз дар чї макр аст!
Мустафо (с) љавобаш гуфт аз роњи шафќат, ки: «Макр аз куљову ман аз куљо? Ман омадаам, ки
халќро аз макру доми њамчун ту гумроњон бирањонам.Гуфт: «Агар соњир нестї, бигў, ки дар
мушти ман чист?» (1,47).
Дар «Маснавї» ќисса аз лањзаи пурсидани Абўљањл оѓоз ѐфтааст:
Сангњо андар кафи Бўљањл буд,
Гуфт: «Эй Ањмад, бигў ин чист? Зуд! (3,70).
Инчунин, лањзањои даррасидани Љабраил (а) ва саломи Њаќро бар Муњаммад расонидан ва бар
ў гуфтан, ки љавобаш бигў ба Абўљањл, ки: Кадом мехоњї бар ту бигўям, ки дар мушти ту чист ѐ
он ки он чи дар мушти туст, бигўяд, ки ман кистам, ки дар «Маљолис» аст, дар «Маснавї»
наѐмадааст. Дар «Маснавї» ин лањзаи ќисса чунин баѐн шудааст:
Гуфт: «Чун хоњї? Бигўям он чињост?
Ё бигўянд он ки мо њаќќему рост?» (3,70).
Поѐни ќисса, ки дар «Маснавї» бо байти зер итмом меѐбад:
Чун шунид аз сангњо Бўљањл ин,
Зад зи хашм он сангњоро бар замин (3,70).
дар «Маљолиси сабъа» чунин аст: «Тоифае имон оварданд. Абўљањл аз ѓояти хашм
сангрезањоро бар замин заду сахт пушаймон шуд ба гуфтан ва гуфт: «Дидї, ки чї кардам ман ба
дасти хеш? Боз хештанро бигрифт ва ба ситеза гуфт, ки: «Ба Лоту Уззо, ки ин хам љодуї аст»
(1,48).
Дар мавриди cарчашмаи достони мазкур Карим Замонї чунин навиштааст: «Маъхази ин
достон бад-ингуна ѐфт нашуд, љуз он ки Нувайрї ва дигарон, яке аз муъљизоти њазрати хатми
мартабатро шањодати сангреза медонанд. Устод Фурузонфар низ дар иртибот ба матлаб
менависанд: «Маъхази ин ќиссаро бад-ин сурат то кунун наѐфтаам, вале муфоди он, яъне тасбењи
сангреза аз муъљизоти машњури њазрати Расули акрам (с) аст ва ба чанд сурат наќл шуда…»
(7,571). Аз ин маълум мегардад, ки достони мазкур, ки дар «Маљолиси сабъа» омадааст, аз назари
Карим Замонї ва Бадеуззамон Фурузонфар ба дур мондааст.
Ба њар њол, хоњ достони мазкур онгуна, ки дар «Маљолиси сабъа» ва «Маснави маънавї» наќл
шуд, айнан дар сарчашмањои дигар забт шудаанд ѐ на, Мавлоно аз зењни худ дар он тасарруф
намуда, барои баѐни андешањои хеш ба кор бурдааст.
Дигар аз нуктаи лозим ба зикр он аст, ки муроди Мавлоно аз наќли достони мазкур дар
«Маљолиси сабъа» дар нишон додани бузургию азамат ва баракати ояти «Бисмиллоњ» аст.
Мавлоно ин достонро дар тафсири ояти «Бисмиллоњ» дар «Маљолиси сабъа» чунин наќл
намудааст: «Бисмиллоњ» он номе аст, ки Мустафо (с) шаби мањтоби мањи чањордањ гирди Каъба
тавоф мекард…» (1,47). Яъне пайѓамбар бо баракати ба забон овардани ин оят муъљизоти хешро
анљом медоданд. Дигар ин ки дар «Маљолиси сабъа» Мавлоно чун як воиз ва муфассир аз ќиссаи
мазкур истифода кардааст. Аммо дар «Маснавии маънавї» манзури Мавлоно аз наќли достон ин
аст, ки тамоми ашѐ, њатто сангрезањо низ дар тасбењу тањлили Њаќ њастанд ва ишќи Худоро дар
дил мепарваранд ва њамон ишќ водошт, то сангреза ба Муњаммад (с) шањодат дињад. Яъне дар
«Маснавї» муроди Мавлоно аз баѐни ќиссаи мазкур таъкиди андешањои орифон аст, ки дар њар
зарраи офаридањои Худованд ишќ ва кашише ба сўйи Њаќ мављуд аст.
Ќиссаи каж вазидани бод бар Сулаймон (а) ва каж шудани тољи ў.
98
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 2 (43) 2015
Ќиссаи мазкур дар дафтари чоруми «Маснави маънавї» ба чашм мерасад ва Мавлоно дар
«Маљолиси сабъа» дар маљлиси аввал дар шакли мансур бо баѐне дигар ва истифодаи як байту як
рубої баѐн сохтааст.
Дар «Маснави маънавї» ин ќисса пас аз достони он ѓулом, ки бар хољааш номањо менавишту
љавоби нома намегирифт ва гоњ аз расули номаву гоњ аз матбахии шоњ хашмгин мегашту гоњи
дигар аз шоњ, аммо аз вуљуди хеш бехабар буд. Дар «Маснавї» муроди Мавлоно аз овардани ин
ќисса наќди касоне аст, ки аъмолу ањволи худро холї аз каму кост ва комил фарз мекунанд,
чунонки худ дар поѐни достон гуфта:
Пас туро њам ѓам, ки пеш ояд зи дард,
Бар касе тўњмат манењ бар хеш гард.
Зан(н) мабар бар дигаре, эй дўстком ,
Он макун, ки месиголид он ѓулом (3,390).
Њар мушкилї ѐ ѓаму андўње, ки бар ту мерасад, аввал бояд назар бо худ дошта бошї. Бар
дигарон туњмат манењ ва гумони бад макун, мисли он ѓулом. Асли ќиссаи Сулаймон чунин аст, ки
рўзе бод бар тахти Сулаймон каж мевазад, пас Сулаймон мегўяд бодо каж марав! Бод дар љавоб
мегўяд, ки агар ту каж равї аз каж рафтани ман низ ѓамгин машав. Њарчанд Сулаймон (а) тољи
хешро рост мекард он боз каж мешуд, Боз гуфт: «Тољо! Чист охир? Каж маѓаш!» Тољ њам дар
љавоб гуфт: «Каж шавам, чун кажравї, эй мўътаман». Баъд аз он Сулаймон (а) даруни худро рост
кард. Дил бар он шањват, ки дошт сард намуд. Пас аз ин њарчанд, кибо ќасд тољро каж мекард,
аммо боз њам рост мешуд. Дар охир тољ басухан омаду гуфт: «Чун фишондї пар зи гил, парвоз
кун» (3,390).
Дар «Маљолиси сабъа» Мавлоно ќиссаи мазкурро ба сурати мукаммалтар ва бо забоне шево
чунин овардааст: «Рўзе Сулаймон (а) бар тахт…нишаста буд…ногоњ андешае, ки лоиќи шукри он
неъмат набуд, дар хотири Сулаймон бигзашт. Дарњол тољ бар сараш каж гашт. Њарчанд,ки рост
мекард, боз каж мешуд. Гуфт: Эй тољ, рост шав! Тољ ба суханомад, гуфт: Эй Сулаймон ту рост
шав! Сулаймон дар њол дар суљуд афтод, ки: «Раббано залламно анфусано» дар њол тољи кажшуда,
бе он ки ў рост кунад бар сар рост истод. Сулаймон ба имтињон тољро каж мекард, рост мешуд
(1,37).
Мавлоно дар «Маљолиси сабъа» пас аз зикри ин њикоят муродашро аз баѐни ќисса чунин тавзењ
медињад. Инчунин, манзур аз тољ чї аст,худ Мавлоно дар поѐни ќисса шарњ додааст, ки мурод аз
тољ ин завќи инсонњо аст. Чунончи: «Азизи ман! Тољи ту завќи туст ва ваљду гармии туст. Чун
завќ аз ту рафт, афсурда шудї, тољи ту каж шуд.
Завќе, ки зи халќ ояд, з-ў њастии тан зояд,
Завќе, ки зи Њаќ ояд, зояд дилу љон, эй љон.
Эй Сулаймони ваќт, ки парирўѐни аќлониву руњонї ба фармони туанд, деврўѐни нафсониву
шайтонї пеши тахти вуљуди ту даванд:
Гирди рухат саф зада лашкари деву парї,
Мулки Сулаймон турост, гум макун ангуштарї.
Сулњ људо кун зи љанг, з-он ки на неку бувад,
Коргањи шишагар, дастгањи гозурї.
…Акнун эй сулаймони ваќти хеш, чун тољи завќу нури ихлос бар фарќи сари љони худ набинї,
худро афсурда бинї ва торику мањбуси савдоњо бинї, бонг барорї, ки эй завќ куљої? Ва эй шавќ
дар чї њиљобї? Њарчанд мекўшї, то он завќи рафта боз ояд, наояд ва он тољи ихлосро њарчанд
бар сари худ рост мекунї каж мешавад. Нидо мекунад, ки ту рост шав, то ман рост шавам (1,38).
Фурузонфар маъхази достони мазкурро аз ќисасуланбиѐ дар китоби хеш «Достон ва ќисаси
Маснавии маънавї» наќл намудааст (7,553).
Ќиссаи пурсидани пайѓамбар (с) мар Зайдро, ки имрўз чунї ва чун аз хоб бархостї? Ва љавоб
гуфтани ў, ки «асбањту мўъминан ѐ расулуллоњ»
Ин ќисса дар дафтари аввали «Маснавии маънавї» дар њудуди 182 байт омадааст. Мавлоно
дар батни ин ќисса монанди дигар достонњо муроди хешро баѐн доштааст. Дар «Маснавї» бо
чунин абѐт оѓоз мешавад:
Гуфт пайѓамбар сањобе Зайдро:
«Кайфа асбањт, эй рафиќи босафо?»
Гуфт: «абдан мўъминан». Боз ў-ш гуфт:
«Ку нишон аз боѓи имон, гар шукуфт?»…(3,105).
Мавлоно ќиссаи мазкурро дар «Маљолиси сабъа» дар оѓози маљлиси сеюм хеле бо забони содда
баѐн кардааст. Дар «Маљолис» ќисса нисбат ба «Маснавї» кўтоњтар аст, ки баъзе аз лањзањои он
зикр нашудааст. Аммо муњимтарин лањзањои онро наќл намуда, пас аз он сари маќсади худ меояд.
99
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 2 (43) 2015
Инчунин дар батни ќисса, агарчи бисѐре аз абѐти шоњид дар «Маљолиси сабъа» афзудаи котибон
аст, нуњ байт ва як тамсил барои таќвияти гуфтањояш шоњид овардааст.Бешак, муроди Мавлоно
дар «Маљолиси сабъа» сарењтару фањмотар аст, назар ба «Маснавї» ва аз хондани ин ќисса дар
«Маљолиси сабъа» барои дарѐфти маънињо дар «Маснавии маънавї»даре боз мешавад. Манзури
Мавлоно дар «Маљолиси сабъа» аз ин достон чунин аст, ки он чи Њориса ба пайѓамбар гуфт, ки
шаб нахуфтаму рўзро бо ташнагї сипарї кардам, пас арши Њаќ ва бињишту дузахро бепарда
мебинам. Пайѓамбар (с) ўро бо лутф панд дод, ки «намози худро мабин, ниѐзи худро магў, он ба
иноят ва бахшиш Њаќ буд»(1,101). Яъне, инљо инояти Њаќ аст, ки чун ба бандае даррасад корњо бо
вай мушкил нашавад. Дар охири достон як рубої ва як тамсил омадааст, ки барои дарки матлаб
бисѐр муфид аст:
Аз мову хидмати мо чизе наѐяд эй љон,
Њам ту бино нињодї, њам ту тамом гардон.
Доруссаломи моро, дорулмалом кардї,
Дорулмаломи моро, доруссалом гардон (1,101).
«Бози сапеде парид аз дасти шоњ ба дастуре бар гўшаи бом нишаст. Тифлон дар фарру љамоли
он боз њайрон шуданд. Тї-тию ту-ту мекунанду аз дур мепиндоранд, ки он бози султон аз бањри
тї-тию ту-туи эшон нишастааст. Надонанд, ки он боз ба инояти подшоњ ба гўшаи он вайрона
нишастааст (1,101).
Ба иловаи ин дар «Маснавии маънавї» боз абѐте вуљуд дорад, ки дар хусуси инояти Њаќ
суруда шуда.Ин бори дигар аз пайванди фикри Мавлоно дар ду асари ў хабар медињад. Чунончї,
дар дафтари сеюми «Маснавї» дар байти 838 мегўяд:
Љуз иноят, кї гушояд чашмро?
Љуз муњаббат, кї нишонад хашмро? (3,236).
Ё дар дафтари шашуми «Маснавї» дар байтњои 3810-3811 мегўяд:
Ним зарра з-он иноят бењ бувад,
Ки зи тадбири хирад сесад расад.
Тарки макри хештан гир, эй амир!
По бикаш пеши иноят, худ бимир (3,654).
Дар мавриди маъхази ривояти мазкур Карим Замонї дар шарњи «Маснавии маънавї» чунин
навиштааст: «Ин ривоят, он гуна ки дар «Маснавї» омада, дар кутуби дигар мушоњида
нашудааст. Лекин маълум мешавад, ки Мавлоно дахлу тасарруфе дар он карда ва онро он гуна
кибо маќсуд ва муродаш созгор буда, шакл додааст. Албатта, ин ривоят бо ихтилофњое дар
мутуни мухталифи ирфонї ва тафсирї омадааст, аз он љумла, дар китоби «Ат-тасаввуф»,
«Таърихи ислом», Абубакри Каллободї, ва «Эњѐи улум» ва низ «Асадулѓоба» ва тафсири
Абўлфутуњ омадааст» (7,898). Маълум мешавад, ки Карим Замонї аз он ки ин достон дар
«Маљолиси сабъа» омада, бехабар аст. Дар идома меафзояд, ки: «Лекин мо ин њикоятро ба наќл аз
Акбарободї наќл мекунем» (7,899).
Муроди Мавлоно аз зикри ќиссаи мазкур њам дар «Маљолиси сабъа» ва њам дар «Маснавии
маънавї» баѐни андешаи ирфонии инояти Њаќ аст, ки орифон назар ба инояти Њаќ доранду
зоњидон ба амали хеш менигаранд. Чунонки, дар «Маљолиси сабъа» пас аз овардани ин ќисса
чунин мегўяд: «Зоњидон аз амал андешанд, ки чунин кунему чунон кунем. Орифон аз азал
андешанд, ки Њаќ чунин карду чунон кард ва аз њою њуюи амали худ наяндешанд.
Орифон чун дам аз ќадим зананд,
Њою њуро миѐн ду ним зананд» (1,102).
Њикояти он гов, ки танњо дар љазираест бузург. Сурати мухтасари њикоят чунинаст: Њаќ таоло
он љазираи бузургро пур кунад аз набот ва раѐњин, ки алафи гов бошад, то ба шаб он гов њамаро
бихурад ва фарбењ шавад чун кўњпорае. Чун шаб шавад, хобаш набарад аз ѓуссаву хавф, ки њамаи
сањроро чаридам фардо чї хурам? То аз ин ѓусса лоѓар шавад, њамчун њилол, рўз бархезад њамаи
сањроро сабзтар ва анбўњтар бинад аз дї. Боз бихураду фарбењ шавад, боз шабаш њамон ѓам
бигирад. Солњост, ки ў њамчунин мебинад ва эътимод намекунад (1,136).
Њикояти мазкур дар дафтари панљуми «Маснавии маънавї» дар понздањ байт таљассум
ѐфтааст. Дар «Маљолиси сабъа» низ Мавлоно ин њикоятро дар маљлиси панљум дар мавриде ба
кор бурдааст. Њадафи Мавлоно аз овардани ин њикоят њам дар «Маљолиси сабъа» ва њам
«Маснавии маънавї»мазаммати нафс аст. Гов тамсили нафси аммора ва сањро тамсили дунѐ. Дар
«Маљолиси сабъа» дар оѓоз хитоб ба нафс чунин овардааст: «Эй нафс! Батар аз он гове, ки дар
ахбор овардаанд, ки дар соњиле аз соњилњо, Њаќ таоло гове офаридааст аз муддати шаш њазор сол
пеш…» (1,136).
Дар «Маснавии маънавї» оѓози њикояти мазкур чунинаст:
100
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 2 (43) 2015
Як љазира(й) сабз њаст андар љањон,
Андар ў говест танњо хушдањон
Љумла сањроро чарад ў то ба шаб,
То шавад зафту азиму мунтаљаб… (3,520).
Дар мўњтавои куллии њикоят дар «Маљолиси сабъа» ва «Маснавии маънавї» тафовути љиддие
ба чашм намерасад. Танњо дар «Маљолис» Мавлоно аз он љињат, ки аз минбар ба мардум сухан
мегуфт, бархе нуктањоро афзудааст, ки дар «Маснавї» дида намешавад. Ба монанди «Њаќ таоло
гове офаридааст аз муддати шаш њазор сол пеш…Љуъулбаќар аз ин рў ном нињодаанд табибон
ранљриро…» (1,136).
Дар «Маснавї» пас аз овардани њикоят дар охир Мавлоно худ шарњ медињад, ки мурод аз гов
нафс аст ва манзур аз сањро ин љањон аст:
Нафс он гов асту он дашт ин љањон,
К-ў њаме лоѓар шавад аз хавфи нон.
Ки чї хоњам хўрд мустаќбал? Аљаб!
Лути фардо аз куљо созам талаб? (3,520).
Дар «Маљолиси сабъа» бошад Мавлоно њикоятро чунин љамъбаст кардааст: «Чандон оњ кунад
ва ѓами фардо хурад, ки њам чунон лоѓар шавад, ки буд ва њељ дар ѐдаш наѐяд, ки борњо ман чунин
ѓам хурдаам, бањарза. Ва Њаќ таоло бар хилофи гумони ман сањроро пури гиѐњи сабзу тару тоза
гардонид, чандин сол аст» (1,136).
Дар «Маснавї» низ дар охир он чї ки дар «Маљолис» ба наср гуфта, чунин ба назм овардааст:
Солњо хўрдиву кам н-омад зи х(в)ар,
Тарси мустаќбал куну мозї нигар.
Луту пути хўрдаро њам ѐд ор,
Мангар андар ѓобиру кам бош зор (3,520).
Њикояти мазкур дар «Илоњинома»-и Шайх Аттори Нишопурї низ омадааст. Аз ин рў, чунин
бармеояд, ки маъхази Мавлоно «Илоњинома»-и Аттори Нишопурї бояд бошад. Дар
«Илоњинома» Аттор чунин оварда:
Ато гуфтаст он марди Хуросон,
Ки њайвонест бо сад кўњ яксон.
Паи кўње, ки онро Ќоф ном аст,
Магар он љойгањ ўро маќом аст.
Бари ў њафт сањро пургиѐњ аст,
Паси ў њафт дарѐ пеши роњ аст (9,233).
Бояд зикр намуд, ки дар «Маљолиси сабъа» боз дигар ќисасу достон ва тамсилот наќл шудаанд,
ки дар «Маснавии маънавї» айнан ва ѐ ба баѐне дигар зикр гардиданд. Гумон мекунем,ки бо
зикри чанд мисоле, ки дар хусуси пайванди ин ду асар дар боло оварда шуд, метавон изњор дошт,
ки њамоњангии куллї миѐни таълифоти Мавлоно дар сурати ин пайвандњо љой дорад. Илова бар
ин,бисѐр матолиберо, ки Мавлоно дар «Маљолиси сабъа» гуфтааст, дар «Маснавии маънавї» низ
бо шеваи манзум ва усули махсус наќл намудааст.
Дар натиља, вуљуди маонї ва ќисасу достонњои муштараки «Маљолиси сабъа» ва «Маснавии
маънавї» ва истифода аз абѐти «Маснавї» дар тасхењи «Маљолиси сабъа» моро ба чунин натиља
расонид:
1. Омўхтан ва мавриди муќоисаю тањлил ќарор додани осори мансури Мавлоно дар канори
таълифоти манзуми ў, хоса «Маснавии маънавї», барои маърифати андешањои Мавлоно наќши
пурсамар хоњад гузошт.
2. Вуљуди маонї ва достонњои муштарак дар ду асар нишондињандаи як љараѐни фикрии
муназзам дар даврањои мухталифи зиндагии Мавлоно аст.
3. Њарчанд ки бар асоси суханони муњаќќиќон суханронињои минбарииМавлоно дар
«Маљолиси сабъа» пеш аз дидор бо Шамси Табрезї будааст, яъне замоне, ки Мавлоно чун як
воиз дар минбар мавъиза мехондааст, аммо пайванди фикрии Мавлоно ва вуљуди маъонї ва
достонњои муштарак дар ин ду асар, ки яке ќабл аз дидор бо Шамс ва дигаре пас аз он таълиф
ѐфтааст, нишондињандаи он аст, ки Мавлоно дар минбар низ бо баѐни андешањои орифона
машѓул будааст.
4. Мавлоно њам дар минбари ваъз ва њам дар «Маснавии маънавї» ќасди таълими афкори
муштаракро доштааст.
5. Дар нињоят бо далели он достонњои муштараке, ки дар ин ду асар мављуданд, метавон
гуфт, ки «Маљолиси сабъа» аз сарчашмањои бисѐр муњиме барои муайян намудани љараѐни
101
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 2 (43) 2015
фикрии Мавлоно дар даврањои мухталиф ва маърифати андешањои ў дар «Маснавии маънавї»
мањсуб меѐбад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Балхї, Мавлоно Љалолуддин. Маљолиси сабъа. Тасњењ ва тавзењи Тавфиќи Субњонї / М.Љ.
Балхї. -Тењрон: Кайњон, 1390. 240с.
2. Балхї, Мавлоно Љалолуддин. Мактубот ва Маљолиси сабъа. Бо муќаддимаи Љаввод
Салмосизода / М.Љ. Балхї. – Тењрон: Иќбол, 1379.-320 с.
3. Балхї, Мавлоно Љалолуддин. Маснавии маънавї / М.Љ. Балхї. -Тењрон: Замон, 2001.- 728 с.
4. Балхї, Мавлоно Љалолуддин. Фињи мо фињи. Бо тасњењ ва њавошии Бадеуззамон Фурўзонфар \
М.Љ. Балхї.– Тењрон: Заввор, 1386.-353с.
5. Балхї, Мавлоно Љалолуддин. Фињи мо фињи (ва пайвастњои навѐфта)Ба тасњењи Тавфиќи
Субњонї / М.Љ. Балхї - Тењрон,1389.-24-444с.
6. Гулпинорлї, Абдулбоќї. Мавлоно Љалолуддин Муњаммади Балхї. (зиндагї, фалсафа, осор ва
гузидае аз онњо. Тарљумаи Тавфиќи Субњонї /А. Гулпинорлї. –Тењрон: Китоби порса, 1388. -463с.
7. Замонї, Карим. Шарњи љомеи Маснавии маънавї. Љ.1 / К. Замонї.– Тењрон: Иттилоот,1386. 1139 с.
8. Зарринкўб, Абдулњусайн. Сирри най. Љ.1.- Наќду шарњи тањлиливу татбиќии Маснавї \ А.
Зарринкўб. –Тењрон: Интишороти илмї, 1373.-606 с.
9. Нишопурї, Фаридуддин Аттор. Илоњинома. Бо тасњењи Фуоди Руњонї / Ф.А.Нишопурї. –
Тењрон: Заввор, 1384. - 412 с.
10.Фурўзонфар, Бадеуззамон. Шарњи ањвол ва осори Мавлоно. Бо кўшиши Љаъфар Ранљбар ва
масъуди Миршоњї / Б. Фурўзонфар. -Душанбе: Пажӯ ҳишгоҳи шарќшиносї, Анљуманї “Рўдакї”,
2007.-247с.
11.Хоифї Аббос. “Маљолиси сабъа” оѓозе бар "Маснавї” ва ѓазалиѐти Мавлоно / А.Хоифї, Ш.Т.
Кундурас //Бањористони сухан (фаслномаи илмї-пажўњишии адабиѐти форсї) Соли панљум,
шумораи 22. 1392. – С. 65-80.
REFERENCES:
1. Balkhi, Mavlono Jaloluddin. Majolisi cab’a (the meetings of seven). The proofreading and comments
of Tavfiqi Subhani/M.J.Balkhi.-Tehran:Kaihon, 1390.240p.
2. Balkhi, Mavlono Jaloluddin. Maktubot va majolisi sab’a (the messages and meetings of sab’a).
Introduction of Javvod Salmosizoda/M.J.Balkhi.-Tehran:Iqbol,1379.-320p.
3. Balkhi, Mavlono Jaloluddin. Masnavii Ma’navi (the moral poem)/M.J.Balkhi.-Tehran:Zamon, 2001.728p.
4. Balkhi, Mavlono Jaloluddin. Fihi mo fihi. Proofreading and comments of Badeuzzamon
Furuzonfar/M.J.Balkhi.-Tehran:Zavvor, 1386.-353p.
5. Balkhi, Mavlono Jaloluddin. Fihi mo fihi (and newfound links). Proofreading of Tavfiqi
Subhani/M.J.Balkhi.-Tehran, 1389.- P.24-444.
6. Gulpinorli, Abdulboqi. Mawlana Jalaluddin Muhammad Balkhi. (life, philosophy, works and
collection of works). Translation of Tavfiqi Subhani/A.Gulpinorli.-Tehran: Kitobi porsa, 1388.-1139p.
7. Zamoni, Karim. A general interpretation of Masnawi ma’navi. Vol. 1/ K.Zamoni.-Tehran:Ittiloot,
1386.-1139p.
8. Zarrinkub, Abdulhusain. The secret of reed. Vol.1. –Analytical and practical criticism and
commentary of Masnawi/A.Zarrinkub.-Tehran:Intishoroti ilmi, 1373.-606p.
9. Nishopuri, Fariduddin Attor. Ilohinoma (Devine book). Proofreading of Fuodi Ruhani/F.nishopuri.Tehran: Zavvor, 1384.-412p.
10.Furuzonfar, Badeuzzamon. Autobiography and works of Mawlana. With the efforts of Ja’far Ranjbar
and Mas’udi Pironshohi/B.Furuzonfar.-Dushanbe: Oriental studies Institute, “Rudaki” symposium,
2007.-247p.
11.Khoifi, Abbos., Shimo Taqipur Kunduras. “The meetings of seven” a start of “Masnawi” and ghazals
of Mawlan/A.Khoifi, Sh.t. kunduras // Bahoristoni sukhan (a scientific and research journal of Persian
literature), 5th year, issue 22, 1392. –P.65-80.
Созвучие и смысловая связь рассказов в «Маджолиси саб’а» и
«Месневи ма’нави» Мавляна Джалолуддина Балхи
Ключевые слова: Мавляна, «Маджолиси саб’а», рассказ, «Месневи ма’нави», суфийская проза,
проповедь и речь, суфийское собрание
102
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 2 (43) 2015
В статье исследуются смысловая связь и созвучие поэм и рассказов в произведениях Мавляна
Джалолуддина Балхи - «Маджолиси саб’а» и «Месневи ма’нави». Автор, прежде всего,
предпринимает попытку путем сравнительного анализа определить смысловую связь и созвучие
рассказов, изложенных Мавляно Балхи в прозаическом произведении «Маджолиси саб’а», с
такими же рассказами, которые приводятся им в «Месневи ма’нави» в форме стихотворений. На
основе достоверных текстов вышеназванных произведений, автор статьи устанавливает их
сходство и отличительные особенности и, таким образом, предпринимает попытку выявить
источники суфийского мировоззрения Мавляна Балхи. Автор статьи в процессе рассмотрения
данного вопроса приводит примеры из двух анализируемых произведений и формирует вывод о
том, что «Маджолиси саб’а» является одним из значимых произведений Мавляна и может
послужить в качестве источника в осмыслении другого произведения поэта - «Месневи ма’нави».
Similarity and content connection of stories in “Majolisi Sab’a” (the meeting of seven)
and “Masnawi Ma’nawi” of Jaloluddin Rumi
Keywords: Mawlana, the meeting of seven, story, Masnawi manawi, mystical prose, sermon and
address, mystical meetings.
The paper reviews the topical connection and similarity of poems and stories in prose and poetry of
Mawlana Jalaluddin Rumi, “The meeting of seven” and “Masnawi ma’nawi”. The author analyses and
compares the similarity and connection of stories in the prose work of “The meetings of seven” and the
same stories in the poem of “Masnawi Ma’nawi”. The author tries to identify the similarity and
connection of stories in these two works and this way to verify the mystic thoughts of Mawlana.
According to the review the author draws a conclusion bringing example from the two analyzed stories
that “The meeting of seven” is an important part of Mawlana’s work and serves as a source for
comprehension of his thoughts in “Masnawi Ma’nawi”.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Азизов Сорбон Садуллоевич, муаллими кафедраи адабиѐти классикии тољики Донишгоњи
давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ѓ.Ѓафуров (Љумњурии Тољикистон. ш. Хуљанд),E-mаil:
sorbon-1987@mail.ru
Сведения об авторе:
Азизов Сорбон Садуллоевич, преподователь кафедры таджикской классической литературы
Худжандского государственного университета имени академика Б.Г. Гафурова (Республика
Таджикистан, г.Худжанд), E-mаil: sorbon-1987@mail.ru
Information about the author:
Azizov Sorbon Sadulloevich, a Lecturer at the Department of Tajik Classic Literature, Khujand
State University named after academician B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail:
sorbon-1987@mail.ru
103
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
3
Размер файла
1 033 Кб
Теги
маснави, ќиссањои, мавлоно, балхи, дар, маљолиси, pdf, љалолуддини, маънавї, пайванди, маъноии, њамоњангї, сабъа
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа