close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

History anthology works Haridat al-Qasr”emadad-din al-Isfahani and the content of its parts..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 8 Т1
ББК 83, 3(0) 9
№2(47) 2016
М.Т.РАҶАБОВА
ТАЪРИХИ ТАСНИФИ ТАЗКИРАИ “ХАРИДАТ АЛ-ҚАСР”- И ИМОДУДДИНИ
ИСФАҲОНӢ ВА АҶЗОВУ АҚСОМИ ОН
Вожањои калидї: Имоди Исфаҳонӣ, тазкира, “Харидат - ал-қаср”, таърихи адабиѐти араб,
таърихи тасниф.
Яке аз шоҳкориҳои адибу муаррихи забардасти қарни XII Имодуддини Исфаҳонӣ дар
заминаи адабиѐт тазкираи “Харидат - ал-қаср ва ҷаридат - ал-аср” мебошад, ки ба шеваи
гузиданависӣ шарҳи ҳоли олимони чаҳор минтақаи олами ислом, яъне Ироқу Араб, аҳли
Форс ва билоди Аҷам, Шому Ҳиҷоз ва Яману Миср тадвин шудааст.
Бино ба тасреҳи Имод, ӯ дар мавриди офаридани “Харидат - ал-қаср” ҳанӯз дар замони
иқоматаш дар Исфаҳон ҳини мутолиаи “Думят-ал-қаср” дар китобхонаи
масҷиди
“Тоҷулмулк” андешаронӣ намудааст. Зимни баррасии рӯзгору осори Абулҳасан Бохарзӣ
муаллиф ба ин нукта ишора намудааст: “Ӯ ҳамонест, ки китоби “Думят -ал-қаср”-ро тасниф
намудаву ман онро дар китобхонаи масҷиди “Тоҷулмулк” мутолиа кардам ва он боиси
таълифи асари мазкури ман гардид” (7, 94).
Муаллиф тазкираи худро асосан муштамил бар шуарои муосираш, яъне қарни шашуми
ҳиҷрӣ (XII м.) ва як гурӯҳ шоири ҳамзамони бобову амакаш садањои XI-XII сохтааст.
Қобили тазаккур аст, ки теъдоди шуарои асри ѐздаҳум дар қиѐс бо шоирони садаи
дувоздаҳум, ки қисмати аъзами китобро ташкил намудаанд, ба маротиб кам аст. Имод дар
пешгуфтори асараш ба ин маънӣ ишора мекунад, аммо таърихи оғози онро таъйин накарда,
чунин меорад: “Дар ин китоб ҳамзамонони худ ва муосирони бобову амӯямро зикр кардам.
Дар ин росто китоб фарогири ду аср–гузашта ва ҳозира мебошад. Аксари он ашъоре, ки
иқтибос намудам, аз як нафар, аз худи муаллиф нақл гардидаанд. Дар сурати ӯро дарѐфт
накардану нашуниданаш баргузидаи ашъорашонро аз мунтахаби онҳо интихоб намудам.
Балки барои ҳар як шоир аз ашъори дар зери дастам қарордошта маънии марғуб ѐ лафзи
латиф ѐ услуби балеғро барчидам, то ки аз он фавоиди зиѐд баргирифта шавад ва бар ин
фароид пораеро аз рӯзгори онҳо зам намудам” (5,1,7).
Гузашта аз ин, таърихи интиҳои он низ номуайн буда, аз ҷониби муаллиф ишорате ба он
нарафтааст.Шояд қадимтарин нафаре, ки аз миѐни шуарои қарни панҷум аҳволу осораш
тазаккур гардидааст, Абулқосим Қушайрӣ ба шумор меравад. Дар радифи ин, муҷаллади
қисми шуарои Ироқ фарогири як нафар аз аҳли садаи панҷум мебошад. Фузун бар ин, зимни
ин қисм боби мустақиле оварда шудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Ҷамоате, ки асри
онҳо мутақаддим бар замони ман аст ва аз онҳое, ки дар ҷавонии ман вафот кардаанд”
(5,3,148). Сипас Ибн Аллоф, Абӯ Карам ибн Шаъирӣ, Аҳмад ибн Атийя Зарир, Муваффақ
Низомӣ, Ибн Ноқаѐ, Алӣ ибн Тоҳир Хаббоз Кархӣ ва дигарон аз аҳли Бағдод бозгӯ
гардидаанд. Дар пайвастагӣ ба ин, Имод бархе аз шуарои дар “Зайл таърих Бағдод”-и
Самъонӣ бозгӯ шударо низ ба тазкираи худ ворид намудааст. Охирин нафаре, ки аз байни
шуарои қарни шашум аҳволу осораш матраҳ гардидааст, амир Тоҷулмулук Аюбӣ (ваф. 1183)
мебошад.
Шоѐни таваҷҷӯҳ аст, ки Абӯшома дар “ар-Равзатайн” (1, 2, 75) чанд нуктаеро аз
“Харидат ал-қаср” дар мавриди ҳудуди умри муаллиф ҳангоми анҷом додани асар иброз
доштааст. Ин далели қотеъ бар он аст, ки Имод тазкираи хешро дар соли 579/1183 ба итмом
расонидааст. Ҳасби ҳоли он ду нафар–Қушайрӣ ва Тоҷулмулук далолат бар он мекунанд, ки
“Асри Харида” аз як қарн зиѐд аст. Валекин бар мабнои тасреҳи Ёқут Ҳамавӣ, Мунзирӣ, Ибн
Халликон ва Котиб Чалабӣ онҳо дар муайян сохтани асри “Харидат -ал-қаср” таъйини
91
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№2(47) 2016
иртиҷолиро пеша кардаанд. Муҳаққиқони мавсуф дар мувофиқат бо ҳам ибтидои онро “пас
аз соли панҷсад” тазаккур сохтаанд. Вақте сухан перомуни муайян кардани ихтитоми асар
меравад, миѐни онҳо ихтилофи калоне сар мезанад. Дар робита ба ин, Ёқут Ҳамавӣ дарозои
онро маҳдуд мекунад ва изҳор менамояд: “Пас аз соли панҷсаду ҳафтод” (11, 6, 2627). Котиб
Чалабӣ дар навбати худ соли 592/1197-ро таърихи интиҳои асар сабт намудааст (10, 1, 702).
Ибн Халликон (4,2,75) интиҳои асарро ба соли панҷсаду ҳафтоду ду маҳдуд кардаву дар
навбати худ Закиуддин Мунзирӣ доираи фарогирии асарро аз соли панҷсад то ба соли
панҷсаду наваду ду (8, 1, 311) мунҷар сохтааст. Донишмандони муосир Броккелман (2,1,314)
ва Ҷурҷӣ Зайдон (3,3,63) бо ҷумлаи “он дар бораи шоирони қарни шашуми ҳиҷрӣ мебошад”
фикри худро ҷамъбаст намуда, роҷеъ ба ибтидову интиҳои он ҳарфе илова накардаанд.
Пажӯҳишгари араб Умар Фаррух анҷоми асарро чунин таъйин сохтааст: “Дар “Харидат ал-қаср ва ҷаридат -ал-аср” шуарое, ки баъди соли панҷсадум то соли 572 ҳиҷрӣ зистаанд,
гирдоварӣ шудааст” (12, 12, 3, 417).
Муҳаққиқи урдунӣ Муҳаммад Алӣ Таъонӣ бар он бовар аст, ки таснифи тазкира соли
573/1177 анҷом пазируфтааст (12, 29).
Бо назардошти афкори адибону донишмандони мутақаддим ва пажӯҳишгарони муосир
метавон ҳадс зад, ки Имоди Котиб тазкираи хешро то соли 573/1177 ба интиҳо расонидааст.
Тасниф гардидани соири асари муаллиф– “ас-Сайл ало-з-Зайл” худ шаҳодати возеҳи он аст,
ки Имоди Котиб баъди гузашти чанд сол маводи гирдовардаи хешро сарҷамъ намудаву бар
тазкираи худ афзудааст.
Салоҳуддин Сафадӣ дар “ал-Вофӣ би-л-вафайот” мутазаккир шудааст, ки китоби
“Харидат ал-қаср” ва замимаи онро бо хати муаллиф дидааст, валекин перомуни дар куҷо
дидан ва аз чанд ақсому аҷзоъ иборат будани он ҳарфе ба миѐн наовардааст. Ёқут Ҳамавӣ ва
Ҳоҷӣ Халифа эҳтимол додаанд, ки он тақрибан дар даҳ муҷаллад омода гардидааст. Дар ин
замина аввалӣ чунин овардааст: “фарогири даҳ муҷаллади латифе мебошад” (14, 6, 2627).
Дувумӣ тазаккур сохтааст, ки он “дар доираи даҳ муҷалладот” (10, 1, 702) таҳия шудааст. Аз
донишмандони мутааххир Умар Ризо Куҳҳола низ теъдоди онро тахминан даҳ муҷаллад ба
қайд овардааст (8, 3, 635). Закиуддин Мунзирӣ (11, 1, 311) ва Ибн Халликон (4, 2, 75)
мӯътақиданд, ки он аз “даҳ муҷалладот” фароҳам омадааст. Бино ба тасреҳи Муҳаммад
Беҳҷат Асарӣ дар дастхати мусаввараи дар китобхонаи “Маҷмаъаи илмии Ироқӣ”
маҳфузбудаи “Харидат -ал-қаср” таъкид гардидааст, ки он аз дувоздаҳ ҷузъ иборат мебошад.
Ин матнро нусхабардори номаълуме дар охири ҷузъи бар шуарои Сақалийя, Мағриб ва
қисме аз шуарои Андалус ихтисосѐфта баѐн кардааст, ки он чунин омадааст: “Ҷузъи
ѐздаҳуми китоби “Харидат ал-қаср ва ҷаридат ал-аср” ба итмом расид... Онро дар ҷузъи
дувоздаҳум шеъри Ибн Хафоҷаи Андалусӣ идома медиҳад ва ӯ охирон адиб аст”. Ҷузъи
дувоздаҳум тадовуми шарҳи ҳоли шуарои Андалус буда, дар 217 лавҳ ва як саҳифа, ки 435
сафҳаро ташкил мекунад, тадвин ѐфтааст (5,99-100). Сипас дар хотимаи ҷузъи дувоздаҳум
афзудааст : “Ин охирон иқтибосест, ки аз китоби “Харидат ал-қаср ва ҷаридат ал-аср”-и
фасеҳтарини нобиғагон, балеғтарини фусаҳо, ашрафи нависандагон, аминулмулк , такягоҳи
мулуку салотин, сутуни дин, зинати ислом, муфтии фирқаҳо, зувалбалоғатайн, пешвои
донишмандон Абӯ Абдуллоҳ Муҳаммад ибн Муҳаммад ибн Ҳомиди Исфаҳонии Котиби
Малакии Носирӣ оварда шуд” (5,100).
Бар мабнои суханони муаллиф дар пешгуфтори асар “ин китоб ба қисматҳо тақсимбандӣ
шудааст”, вале доираи ин ақсом ва унвонашон арзѐбӣ нагардидааст. Фузун бар ин, матни он
бар унвони қисми якум холӣ мондааст. Шоѐни таваҷҷӯҳ аст, ки Имод дар ибтидо ҳини
тарассуми сурати китоб ва услубу тақсими он дар зеҳни худ бо пайроҳаи Саолибиву Бохарзӣ
раҳпаймоӣ кардааст. Аммо душвориҳое, ки пешорӯи ӯ дар адои ғояҳои пешгирифта падид
омаданд, ӯро ба ҷодаи дигар такон дод. Таъкид ҷоиз аст, ки офариниши мисли ин китоб, ки
шоирони ҷаҳони исломиро куллан дар дарозои таърих бо дурии масофати байни кишварҳо
ва қиллати васоил ва душвории сафарҳо фаро мегирифт, меҳнати пурмашаққат ва
заҳматталабро талаб менамуд. Фузун бар ин, таҳқиқу тадвини он зарурати боздид бо шуаро
ва ҳикояти ахбору ашъори онҳоро аз манобеи мӯътабар талаб менамуд. Бадеҳист, ки дар
92
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№2(47) 2016
чунин тарзи корбарӣ муаллиф доираи ақсоми китоб ва унвони онро ба замони шурӯи он
мавқуф гузошта, қисм ба қисм номгузорӣ менамуд.
Нуктаи қобили зикр он аст, ки унвони қисмҳои “Харидат -ал-қаср”-ро бархе аз
муаррихону муаллифон дар масодири адабиву таърихӣ ба номи манотиқу кишварҳое, ки
Имод аҳволу осори шуарои онро тазаккур сохтааст, нисбат медиҳанд. Онҳо унвони
қисмҳоро “ Ироқ, Аҷам, Шом, Ҷазира, Миср, Мағриб” хондаанду дигар чизе ба он
наафзудаанд. Ҳамин гуна тарзи баѐнро метавон дар “Вафайот -ал-аъѐн” (4, 2, 75), “Мӯъҷам
ал-удабо” (11, 6, 2627) ва “Кашф аз-зунун” (10, 1, 702) ба мушоҳида гирифт. Дар пажӯҳиши
донишмандони муосир низ ҳамин тарзи баѐн идома ѐфтааст. Чунончи, олими фарҳехта Умар
Фаррух таъкид доштааст, ки дар “Харидат ал-қаср” шуарои Ироқ, Аҷам, Шом, Ҷазира,
Миср, Мағриб гирдоварӣ шудаанд (9, 3, 417).
Бо тааммулу муроҷиат бар нусхаҳои хаттии “Харидат -ал-қаср” метавон дарѐфт, ки
ақсоми онро Имод таъйин сохтаву ҳар кадоме аз онҳоро номгузорӣ кардааст, ки дар маҷмӯъ
фарогири чаҳор қисм аст. Дар пайгирӣ аз ин, муҳаққиқони муосир бар мабнои он нусхаҳои
чопиро омода кардаанд. Муаллиф ҳар яке аз қисмҳои асарро ба чанд минтақа ихтисос
додааст. Аммо қисми аввал танҳо муштамил бар шуарои Ироқ мебошад. Дар робита ба ин,
қисми дувум вижаи шуарои Аҷам, Форс ва Хуросон гардонида шудааст. Дар қисми савум
шоирони Шом, Мавсил, Ҷазира, Банӣ Рабиъа, Диѐрбакр ва кишварҳои муҷовири он, яъне
Ҳиҷозу Тиҳома ва Яман гирдоварӣ шудаанд. Дар қисми чаҳорум шуарои Мисру навоҳии он,
шоирони ҷазираи Сақалийя, Мағриб ва Андалус ҷамъоварӣ гардидаанд.
Донишманди соҳибназари араб Шукрӣ Файсал роҷеъ ба тақсимбандии тазкира ва ҳадафи
муаллиф дар он чунин изҳор доштааст: “Чунин ба назар мерасад, ки пушти ин тақсимбандӣ
ҳадафи возеҳу қонеъкунандаро наметавонем баѐн созем. Чӣ ӯро ба ин кор суқ дод, оѐ ӯ дар
паи чунин тақсимбандиаш ҷониби ҳаѐти сиѐсии ин манотиқро дар назар дошт, ѐ худ ҷиҳати
имтиѐз дар натиҷагирӣ аз ашъори шуаро? Оѐ ӯ ба тақсимоти ҷуғрофии бузург ишора мекард
ва ѐ ба ҳудуди сиѐсии ғолиб ишора дошт? Оѐ ҷиҳати эҳсос бар таъсири вазъи моддиву
маънавӣ ѐ худ ҷиҳати таъсиргузории бештар ва итоаткорӣ ба он?... Воқеият он аст, ки таъйин
сохтани сабаби чунин тақсимбандӣ саҳл нест. Дар амали Имод қадре аз эҳсос ба таъсири
муҳит дар кори адабӣ мушоҳида мешавад...” (7, 3, 4-5).
Дар маҷмӯъ, қисматҳои “Харидат -ал-қаср”-ро метавон ба шакли зерин мушаххас намуд:
1. Қисми шуарои Ироқ; 2.Қисми шоирони Аҷам, Форс ва Хуросон;3.Қисми шуарои Шом,
Мавсил, Нимҷазираи Арабистон, Ҳиҷоз ва Яман;4.Қисми шоирони Миср, ҷазираи
Сақалийя, Мағриб ва Андалус.
Нуктаи қобили зикр он аст, ки қисми шуарои Ироқи тазкира бузургҳаҷмтарин ақсоми
“Харидат -ал-қаср” маҳсуб ѐфта, дар 4 ҷузъи бузург, ки ҷузъи савуму чаҳоруми он фарогири
ду муҷаллад аст ва ҳамчунин як такмила омода гардидааст. Дар маҷмӯъ, он 3175 саифаро
ташкил намуда, муштамил бар зиндагинома ва мероси адабии 288 нафар шоири ироқӣ
мебошад. Шоѐни таваҷҷӯҳ аст, ки аз миѐни он шуаро 193 нафарашон аҳли Бағдод мебошанд,
ки ин шаҳодати вуқуфи комили муаллиф аз ҳавзаҳои адабии ин минтақа мебошад.
Қисми шуарои Шом низ ҳаҷман бузург буда, фарогири мадхал, се муҷаллади муштамил
бар 2193 саҳифа мебошад, ки ҳасби ҳол ва эҷодиѐти 257 нафар шуарои шомиро дарбар
гирифтааст.
Қисми шуарои Миср дар алоҳидагӣ аз шуарои Мағрибу Андалус интишор гардидаву
фарогири ду ҷузъ буда, дар маҷмӯъ аз 591 сафҳа фароҳам омадааст. Он аҳволу осори 141
шоирро бозгӯ намудааст.
Қисми суханварони Мағрибу Андалус шомили ду муҷаллад ва 1228 саҳифа мебошад. Он
шарҳи ҳол ва эҷодиѐти 283 нафар шуароро матраҳ сохтааст. Ба таври умум, ақсоми
фавқуззикр аҳволу осори 969 шуароро дарбар мегирад.
Бо таваҷҷӯҳ ба “Харидат -ал-қаср ва ҷаридат ал-аср”-и Имоди Котиб ҳамин нуктаро бояд
афзуд, ки он воқеан ҳам он доиратулмаорифи бузурги қарнҳои XI-XII ба шумор омада,
ахбори судмандеро перомуни ҳавзаҳои адабии садаҳои мазкур ва намояндагони он бозтоб
менамояд. Бо таълифи ин асар ва замимаи он мусанниф силсилаи китобҳоеро, ки уламои
93
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№2(47) 2016
қабл аз ӯ дар мавриди шуарои аҳди исломӣ тасниф намуда буданд, ба ҳам пайванд сохт. Ҳақ
ба ҷониби муҳаққиқи маъруфи димишқӣ Шукрӣ Файсал мебошад, ки бо таваҷҷӯҳ ба арзиши
“Харидат ал-қаср” онро ҳалқаи мутавассита дар силсилаи таълифоти мантиқии қабливу
баъдӣ ба шумор овардааст (6,4).
ПАЙНАВИШТ:
1. Абӯшома, Шиҳобуддин Абдурраҳмон ал-Мақдисӣ ад-Димишқӣ. Китоб ар-Равзатайн фи
ахбор ад-давлатайн ан-Нурийя ва-с-Салоҳийя: адад ал-муҷалладот 5/Шиҳобуддин
Абдурраҳмон ал-Мақдисӣ ад-Димишқӣ Абӯшома. – Байрут, 1987. – 384 с. – 1 м.
2. Брокелман, К. Таърих- ал-адаб ал-арабї: адад ал-муҷалладот 6 /К.Брокелман.- Қоҳира:
Дор- ул- кутуб ал-исломӣ,1977.- 376 с.-4 ҷ.
3. Зайдон, Ҷурҷӣ . Таърих –ал адаб ал-луғаҳ ал арабиян адад ал-муҷалладот: 4/Ҷ.Зайдон. Қоҳира:Дор хилал. 1978.-372 с.- 3 ҷ.
4. Ибн Халликон, Абулаббос Шамсуддин Аҳмад ибн Муҳаммад. Вафайот ал-аъйон фи
анбоъ абно аз-замон: адад ал-муҷалладот 8/ Абулаббос Шамсуддин Аҳмад ибн Муҳаммад
ибн Халликон. – Байрут: Дор Содир, 439 с. – 5 ҷ.
5. Имодуддин ал-Исфањонї, ал-Котиб. Харидат ал-ќаср ва љаридат ал-аср: адад ал-аљзоъ 4,
ал-Ќисм ал-ироќї/ Имодуддин ал-Исфањонї ал-Котиб.– Баѓдод, 1955. –559 с .–1 љ.
6. Имодуддин ал-Исфањонї, ал-Котиб. Харидат ал-ќаср ва љаридат ал-аср. Бидойат ќисм
Шуаро аш-Шом. Шуаро Димашќ ва-ш-шуаро ал-умаро мин Банї Аюб/Имодуддин алИсфањонї ал-Котиб.–Димишќ: Ал-Матбаъат ал-Њошимийя, 1968-335 с.
7. Имодуддин ал-Исфањонї, ал-Котиб. Харидат ал-ќаср ва љаридат ал-аср. Ќисм Шуаро ашШом/Имодуддин ал-Исфањонї ал-Котиб.–Димишќ, 1955.– 712 с.– 1 љ.; 1959. – 719 с. – 2 љ.
8. Ан-Нуаймї, Абдулќодир ибн Муњаммад ад-Димашќї. Ад-Дорис фи таърих ал-мадорис:
адад ал-аљзоъ 2/Абдулќодир ибн Муњаммад ад-Димашќї ан Нуаймї . – Байрут: Дор алкутуб ал-илмия,1990. – 456 с . – 2 љ.
9. Умар, Фаррух. Таърих- ал-адаб ал-арабї: адад ал-муҷалладот 6/Ф.Умар.- Бейрут, 1989.
10.Ҳољї, Халифа. Кашф уз-зунун ан асомї ал-кутуб ва-л-фунун: 6 љилд/Ҳољї Халифа. –
Байрут: Дор ал-Фикр, 1986.-822 с.-Љ.2.
11.Ҳамавӣ, Шиҳобуддин Абӣ Абдуллоҳ Ёқут. Мӯъҷам ал-удабо ав иршод ал-ариб фи
маърифат ал-адиб: адад ул-аҷзоъ 20/ Шиҳобуддин Абӣ Абдуллоҳ Ёқут ал Ҳамавӣ.–
Байрут:Дор ал-Фикр , 1993. – 620 с. – 19 ҷ.
REFERENCES:
1. Abushoma, Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashqi.: The Book of two Gardens for
the History of the two Dynasties, in 5 v. / Shihabuddin Abdurrahman al-Maqdisi al-Dimashqi
Abushoma. - Beirut: Dor-al kutub al-ilmiya, 1987. - 384 p. – 1 v.
2. Brokelman, K. Ta’rikh al-Adab al-arabi (the history of Arab literature): in 6 volumes/K.
Brokelman. –Cairo: Dor ul- kutub al-islomi,1977.- 376 p.- 4v.
3. Zaydan, Jirji. Tarikh adab al-lughah al-ʻArabiyah (The history of Arab literature and
4. Ibn Khallikon, Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad. "Deaths of Eminent Men and
History of the Sons of the Epoch ": in 8 v./ Abulabbos Shamsuddin Ahmad ibn Muhammad Ibn
Khallikon. - Beirut: Do Sodir, 1978. - 439 p. - 5 v.
5. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries
(Kharidat al-qasr wa Jaridat al-asr). Part of Iraqi poets: 4 v. / Emad al-Din al -Isfahani Kotib. –
Baghdad, 1955. - 559 p. – 1v.
6. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries. The
beginning of the part of Syrian poets. Damascus poets and poets Emirs of Ayubi dynasty / Emad
al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Damascus: Al-Matbaat al-Hoshimiyya, 1968 - 335 p.
7. Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. The Gem of a courtyard and suit of contemporaries. The part
of Syrian poets: 3 v. / Emad al-Din al-Isfahani al-Kotib. - Damascus: Al-Matbaat alHoshimiyya, 1955 - 712 p. - 1 v.; 1959. - 719 p. – 2v.; 1964. - 427 p. - 3 v.
94
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№2(47) 2016
8. An-Nuaimi, Abdulkadir Muhammad ibn al-Dimashki. The Study of the History of the
Madrasas(Ad- Doris fi ta’rikh al-madoris): 2 v. / Abdulkadir Muhammad ibn al-Dimashki anNuaimi. - Beirut: Dor al-kutub al-ilmiyya, 1990. - 456 p. - 2 v.
9. Umar, Farrukh. Ta’rikh al-Adab al-arabi (The history of Arab literature): in 6 volumes/F.Umar.
–: Dor ul- maloiin,1989.- 998 p.- 3v.
10.Haji Khalifa. Kashf az Zunun an-asami al kutub va-l-funun: in 6 volumes/ Haji Khalifa. –
Beirut:Dor ul-fikr, 1986.- 822 р.- 1v..
11.Hamavi, Shihabuddin Abi Abdullah Yakut. The glossary of writers: 20 v. / Shihabuddin Abi
Abdullah Yakut al-Hamawi. - Beirut: Dor al-Fikr, 1993 - 620 p. - 19 v.
История сочинения антологии “Харидат-ал-каср” Имадуддина Исфахани
и содержание еѐ частей
Ключевые слова: Имадуддин Исфахани, антология, “Харидат-ал-каср”, история арабской
литературы, история сочинения
В статье автором рассмотрены дата сочинения и части антологии “Харидат-ал-каср ва
джаридат-ал-аср” (“Жемчужина дворца и свиток современников”) знаменитого
арабоязычного ученого, историка и писателя ХII века Имадуддина Котиба Исфахани. Исследуя
данный вопрос, автор констатирует мнения и комментарии различных средневековых арабских
историков и литераторов, а также результаты исследований современных ученых о времени
составления антологии и содержании еѐ частей.
Выявлено, что антология “Харидат-ал-каср ва джаридат-ал-аср” Имадуддина Исфахани
поистине является одним из основных источников изучения арабских литературных кругов XIXII вв. По мнению автора статьи, антология Имамуддина Исфахани оказала существенное
влияние на последующие сочинения такого рода и имела большой успех в развитии арабской
истории и литературы данного периода.
History anthology works "Haridat al-Qasr" Emad ad-din al-Isfahani
and the content of its parts
Keywords: Emad-ad-din al-Isfahani, an anthology, "Haridat al-Qasr," the story of Arabic literature,
history works
In the article the author considered the date of writing and of the anthology "Haridat al-Qasr
dzharidat wa-al-Asr" ( " The Gem of a courtyard and suit of contemporaries ") of the famous
Arabic-language scholar, historian and writer of the twelfth century Emad-ad-din al-Isfahani Kotib.
Examining this question, the author notes the views and comments of various medieval Arab historians
and writers, as well as the results of research of modern scientists about the time of compiling an
anthology, and the content of its parts.
It was revealed that the anthology "Haridat al-Qasr dzharidat wa-al-Asr" Emad-ad-din al-Isfahani
truly is one of the main sources of study of Arab literary circles XI-XII centuries. According to the
author, an anthology Emad-ad-din al-Isfahani had a significant influence on subsequent works of this
kind and had great success in the development of Arab history and literature of the period.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Раљабова Марњабо Тӯхтасуновна, номзади илмҳои филологӣ, докторанти кафедраи
филологияи араби Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ғ.Ѓафуров
(Љумњурии Тољикистон, ш. Хуљанд), E-mail: rajabova.marhabo@mail.ru
Сведения об авторе:
Раджабова Мархабо Тухтасуновна, кандидат филологических наук, докторант кафедры
арабской филологии Худжандского государственного университета имени академика
Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд),E-mail: rajabova.marhabo @mail.ru
Information about the author:
Radjabova Marhabo Tukhtasunovna, Сandidate of Philological Sciences а Doctoral student in
the Depаrtment of Arabic Рhilology of Khujand State University named after academician
B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: rajabova.marhabo@mail.ru
95
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
5
Размер файла
633 Кб
Теги
contents, emadad, part, qasr, work, anthology, haridat, pdf, history, isfahani, din
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа