close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Special Elevated style Inherent in Emir Khusrav in his «Edjazi Khusravi» («The Miracle of Khusrav»)..pdf

код для вставкиСкачать
М. Нарзиқул. Тариқи хоси сухани Амир Хусрав дар “Эъҷози хусравӣ”
ФИЛОЛОГИЯ
PHILOLOGY
УДК 37(09)
ББК 72.3
М. НАРЗИЌУЛ
ТАРИЌИ ХОСИ СУХАНИ АМИР ХУСРАВ ДАР “ЭЪЉОЗИ ХУСРАВӢ”
Мусалламан тариќи тањсили илм ва халќи чизе тозаву омўзанда ба таааллум
ва истинбот [истихрољ, берун баровардани чизе, маљ.: ошкор кардани чизе, ки
пинњон бошад; дарёфтан, дарк кардан, хулоса баровардан] бастагї дорад, ки
дуюмї натиљаи аввалї аст. Аммо на ба њар як суханвар даст медињад, ки чизе
пинњон, масалан, нуктае нозук ва андешае љадидро матрањ бикунад. Адибе, ки
асли мазбурро дарёфтаву онњоро ба њам овардааст, бегумон тааммул дар
маърифати сањењи тарзи сухани ў кори осон нест. Хушбахтона, ба монанди
Амир Хусрав адибони нозукбин кам нестанд, ки бо дарки ин нуктаи нозук, дар
лобалои гуфторњои хеш, барои маърифати дурусти каломашон ишорањои
дастуриву рањнамої низ ироа кардаанд.
Боре, дар шинохти сањењи тариќи сухани Амир Хусрав дар рисолањои панљгонаи “Эъљози хусравї” њар ду асли мазбур коргар, аммо таваљљўњ ба масъалаи
истинбот њатмї мебошад, зеро ки аз оѓоз то интињо каломи мусанниф бар асоси
истинбот тарњрезї шудааст. Ба ин маънї, ки Амир Хусрав бо пешнињоди
“Эъљози хусравї” иддаои ошкор кардани тариќи хоси суханеро дорад, ки
махсуси худи вай буда, натиљаи дарёфт, дарк ва хулосаи равишњои маъмули
нависандагї, аз як тараф ва ибдои тарзи љадид, аз љониби дигар, аст. Риштаи
умумї ва нозуке, ки каломи нависандаро дар саросари њар панљ ќисми асар ба
њам мепайвандад, иддаои њунарї ва дар ин замина ихтироъ ва ибдоъ мебошад.
Чун њар даъворо бурњоне ва њар муддаоро далеле лозим аст, бурњону
далоили соњиби “Эъљози хусравї” кадомњоянд? Аз хилоли мутуни рисолањои
панљгона бармеояд, ки нависанда бурњон ва далоили асоснокшудае дорад, ки
дар маљмўъ баёнгари ѓараз ва намати сухани ў мебошанд. Онњоро, агарчи ба
сурати пароканда дар лобалои бахшњои људогонаи асар дарљ гардидаанд, ба
таври зайл хулоса ва дастабандї кардан мумкин аст:
Ошно кардани мањвасони роњи нависандагї бо шевањои гуногуни тањрир 2.
Ироаи сабки хоси нависандагї, ки аз минволи сухани мутарассилон тафовут
- 198 -
M. Narzikul. Special Elevated Style Inherent in Emir Khusrav in his «Edjazi Khusravi» («The
Miracle of Khusrav»)
дорад 3. Даъвии ибдоъ ва ихтироъ, ё худ намоиши истеъдод ва халлоќияти адабї 4. Таваљљўњ ба ангехти маонї ва латифа 5. Тањрири намунаи номањои фарзиву намунаї ва воќеиву таърихї 6. Дарёфти лаззати маонии матбўъ ва завќи хаёлоти марѓуб.
Аз ин таснифот бармеояд, ки Амир Хусрав бо маќсади муайян ќалам ба даст
гирифтаву ќабл аз њама, самти таваљљўњи вай ба асоснок намудани сабки хоси
нависандагї нигаронида шудааст. Барои соњиби “Эъљози хусравї” дар таъйини
сабки хос меъёри муайянкунанда тариќи сухани мутарассилон аст. Ў бар он аст,
ки тарзи сухани мутарассилон кўњна шудаву ба такмил ниёз дорад ва сухани ў
њудуди ќадим буридааст: “Акнун тариќаи дањум, ки хоси банда аст, ба назари
басират малњуз бояд гардонид, то рўшан гардонад, ки ин иборати латифа
алоњида вазъест љадид ва њудуди ќадим бурида, ки пеш аз ин њељ доное аз ин
фиќњ алам надошт ва ќалами ќазо хос барои банда захира карда” (2, с. 61).
Аз ин љост, ки мусанниф бо таваљљўњ ба маќсади аслї ба шевањои њунарии
эроди маонї ва ѓаразњои мундариљ дар номањо пардохтааст, ки воќеан аз каломи мутарассилон мутафовит аст. Чунончи, сарфи назар аз минволњои баёние,
ки дар эроди ѓарази аслї истифода гардидаанд, ба таври хулоса тафовути
усулии сабки сухани Амир Хусрав ва мутарассилонро баён кунем, натиља чунин
мешавад: тарзи мутарассилон бештар мурооти лафз аст, то маънї, аммо Амир
Хусрав лафзу маъниро “ба малъабаи рангини хеш” ба њам овардааст. Назди ў
њамон алфозе муќаддаманд, ки далолат бар маънии њунарибунёд дошта бошанд.
Масъалаи сабки мутарассилон аз назари Амир Хусрав аз љониби устод
Худої Шарифов ба таври муфасал баррасї гардидааст (1, с. 92-112). Аз он љо
њам маълум мешавад, ки нависанда перомуни вазъи сабки мутарассилон
мукаррар бањс оростааст. Сабаби ин њолат њамоно њамчун меъёр интихоб
намудани равиши мутарассилон мебошад. Њамаљониба ба тањќиќ гирифтани
минволи сухани мутарассилон, ки воќеан, “равиши бунёдї дар иншои наср
мебошад” (1, с. 92), дар замина муайян кардани њолати зоњирию ботинии калом
пеши мутарассилон ба он замина гузоштааст, то Амир Хусрав огоњона аз батни
назария ва амалияи мављуд тариќи сухани хешро муайян ва бо зикри андешањои
назарию татбиќи амалии онњо дар ќолаби иншои хеш асоснок намояд.
Пас аз тариќи сухани мутарассилон, ки то оѓози асри ХIV дар ќаламрави
нависандагї ба забони форсии тољикї дар кулли њавзањои адабї равиши
марсум будааст, барои Амир Хусрав њамчун меъёри таъйинкунандаи равиши
суханварї равиши дигари равонкардаи дарёдилони Њинд хидмат намудааст, ки
он низ то ў дар он ќаламрав маълум будааст. Дар ин хусус дар њарфи аввали
хатти нахусти рисолаи аввал, ки оѓози сухан аст, чунин таъкиде љой дорад:
“Њамаро аз оби софї рўшантар аст, ки пеш аз ин аќломи љорияи дабирони бару
бањр бар як об мерафт ва љуз равиши мутарассилон маљрои дигар набуд. Ва ин
тариќ то акнун њар љо, ки салсабили латофате, ки аз ноираи ќалам мечаконанд,
бар оби худ мондааст ва њанўз доим хоњад монд. Магар дар саводи Њиндустон,
ки айни он иборат бар ќарори ќадим љорист, аммо равиши дигаре низ њаст
равонкардаи дарёдилони Њинд, ки аз охир пайдо шуданд, мумтазаљ ба маснуоти
ширин. Монанди обе, ки ба љуллоб омезанд ва аз ин чошнї яхшиканони
Мовароуннањру Хуросон хабар надоранд” (2, c. 66).
- 199 -
М. Нарзиқул. Тариқи хоси сухани Амир Хусрав дар “Эъҷози хусравӣ”
Аз ин љо сарчашмаи даъвои ибдоъ ва ихтирои нависанда маншаъ мегирад,
яъне ў аз равиши маъмул дар Њинд, ки аз минволи мутарассилон тафовут
доштааст, низ иљтиноб меварзад. Аммо дар њама њолат назари ў ба даќоиќу
хасоиси њар ду равиши мазкур бисёр эњтиромона мебошад. Ба аќидаи вай, мутарассилон тарзи мутарассилонаро дар руќои хеш ба њадди аъло расонидаанд.
Вай дар њама њолат ва вазъи гуфтор диќќатро бар он равона кардааст, то бар
минволе сухан бигўяд, ки танњо хоси ў бошад.
Бояд гуфт, ки кўшишњои пайгиронаи Амир Хусрав дар ибдои тарзи хоси
нависандагї бо маќсади муайян сурат гирифтааст. Дар ин бора худи нависанда
дар фасли “Боисаи ибдои тарз” чунин таъкиди рўшане дорад, ки ба тавзењ ниёз
надорад: “Чун банда дар сањифаи зењни хеш фурў хонд, ки мабдаи коинот дар
даќоиќи иншо бемисолам офаридааст ва њар чї дар харитаи атласи фалак
љароиди ихтироъ ва сањоифи ибдоъ аст, бештарї ба кафи кифояти ман нињода,
сари ќалам бар он фуруд наёяд, ки бар мисоли хат ба дунболаи килки њар кас
давам. Бинобар он ки он њама нафоис, ки дабири ќазо дар ќолаби ман тавќеъ
фармудааст, мунтавї (њовї, муштамил) ва мултавї (ба худ печанда, печ дар печ)
хоњад монд ва касеро алам нахоњад буд, ки фазли муншии ќадим дар номаи
замири котиб чї латоифи бадеъ ва бадоеи латиф мазмун гардонидааст. Пас,
тарзи мутарассилонаро, ки мутаќаддимон дар руќои хеш доди он тариќ додаанд
ва муњаќќаќ шуда, ки нусахи он мумкин нагардад, њам ба мутарассилони ќадим
бозгузоштам:
В-андар пайи он шудам, ки шакле созам,
К-аз хеш намунаи дигар пардозам” (2, с. 66-67).
Ба ѓайр аз сабабњое, ки дар ин наќли ќавл ироа гардидаанд ва натиљаи
љомеи он аз хеш намунае пардохтан мебошад, ба таври пароканда дар хилоли
гуфторњои мусанниф ба андешањои зиёди дигар низ дучор мешавем, ки далолат
бар боисаи ибдои тарз ва дар умум ѓараз аз тасниф мебошанд. Чунин
андешањоро ба тариќи хулоса баршуморем, маълум мешавад, ки ѓаразњо аз
эљоди тарзи љадид назди Амир Хусрав дар нукоти зайл ба њам меоянд:
дигаронро пешвои тарзи хос будан (“...тариќаи банда алоњида мазњабе бошад,
ки муќтадиён имом созанд”), сабаќи таълим (“...то хонандагонро сабаќи таълим
бувад”), даъвои ибдоъ, яъне нав овардан, ки манзур њамон сабки хос аст
(“Банда дар ин тарз ба даъвии ибдоъ дуда бар сари ќалам кардааст, ки хаёли
оташтабъон агар дур шавад, ба улвони тасоъуд натавонад намуд. Бо ин њама,
ифтироњ аз забонаи забони мањвашони оташтабъ он, ки аз ин тарз намуна
барчинанд, на он ки ба лисон моро дар чароѓи хеш рўѓани кунљид созанд ва
балки чароѓи моро бидузданду байти хеш рўшан кунанд...”), баќои исм
(“Муроди банда аз асоси ин авзоъ (Вазъи масали порсии сирф - М.Н.) он аст, ки
баъд аз харобии бунёди обу гил номи воло баланд бимонад, ки номи баланд бењ
аз боми баланд”), пешнињоди таълиму дастури китобат, дастуре барои арбоби
иншо, ки абадулобод љовид бимонад (2, с.72 ва 104; 3, с. 190, 328-329; 4, с. 28 ва
99).
Амир Хусрав ба сабабњои равишњои пешнињодии хеш ба таври људогона,
дар зимни њар як тариќи пешнињодї низ ишорањо дорад. Масалан, дар мавриде,
ки ба риояи беш аз як нисбат дар равиши баён андешаронї менамояд, таъкид
- 200 -
M. Narzikul. Special Elevated Style Inherent in Emir Khusrav in his «Edjazi Khusravi» («The
Miracle of Khusrav»)
мекунад, ки мисоли ў “ба љињати таълими тўтиёни сухан” баён гардида ва кори
ў барои намудори тарошандагони санъат ба он монад, ки “Сикандар дар даври
хеш оина сохт ва пеши биноён намуна гашт ва Нўњ барои ѓаври кори худ киштї
пардохт ва миёни соири халќ равонї ёфт” (43, с. 216).
Ё худ, кайфияти сухани нависанда аз ќавли худи ў ва ба таври бадеї чунин
тавсиф шудааст: “Андалеби фикрат дар бўстоне парвоз ёфт, ки аз ошомими он
њаво рўњи аъзам дар ќолабам даромад ва њар суханам чун рўњулќудс љони
муќаддас гашт ва бар нафасам монанди дами Исо рўње нафис шуд ва њар
сањифаи саводам ба сони Марям њомили рўњу-л-Лоњ гашт” (5, 17).
Масъалањои шинохти равиши котиб ва тариќи маърифати сањењи тарзи
сухани ў дар хотимаи асар њам ишора гардидааст. Бо таваљљўњ ба андешањои
мундариљ дар ин бахши асар зикри чањор нуктаро љойиз мешуморем.
Нахуст, дар њаќиќат, њар панљ рисолаи “мўъљизаи исавии” китоби “Расоилул-эъљоз”, бино ба ќавли Амир Хусрав, “дебочаи корест барои иншои њар девон
ва дастурест ба љињати дасти дабирон, балки дасте ба љињати дастгоњи вазирон”
(6, с. 155); Дувум, Амир Хусрав ќабл аз иншои асар бо назариёти мављуд ошно
гардида, осори марбут ба мавзўъро омўхтаю фаро гирифта ва дар натиљаи
тааммуќ ба равишњо ва кашфу дастабандии услубњои мављуд аз пайи эљоди
тарзи сухани худ гардида, тарзи хусравонаи каломро манзури биноён намудааст, ки аз мазийяти њунарї ва тариќи хоси эроди маонї аз сойири
нигоштањои њамгун мутамойиз аст. Чунонки худ мегўяд, “ќаламам бисёр дар
саводњои гуногун фуруд рафт ва саргашта шуд, то аз ин саводњои маонии
бењисоб сар боло тавонист кард ва давотам дар деги биринљ беандоза ба ранљ
сўхт, то неъмате пухта пеши табаќаи чошнигирони даќоиќ кашида” (6, с. 155);
Севум, дар шинохти комили каломи Амир Хусрав таваљљўњ њам ба лафз ва
њам ба маънї амре зарурї мебошад, зеро ки дарёфту фањми ихтироъоту ибдооте, ки дар хилоли матолиби “Расоил-ул-эъљоз” сурат гирифтаанд, бидуни ба
эътибор гирифтани ин ду асл номумкин аст.
Оид ба маърифати сањењи асар ва назари ањли биниш ба он худи муаллифи
китоб чунин назар дорад, ки таваљљўњ ба он низ муњим мебошад: “Тоифае, ки
дар ин китоб сухан хоњанд гуфт, аз чањор ќисм берун наянд: ё ањли лафзанд ё
ањли маънї, ё ањли лафзу маънї ва ё ноањли бе лафзу бе маънї. Ва он ки назараш бар лафз аст, ў аз љумлаи лавњи иборат сиёњї дидаасту бас. Ӯро ангушт бар
њарфи тањаљљї бояд нињод, на бар маънавї.
Ва он ки сабќати маънї дорад, ў худ дар ѓўти латоиф чунон фуруд равад, ки
ба њељ хасу хошоки лафзї напардозад. Ва он ки тањти лафзу маънияш
тарафуллисон аст, ў бояд, ки бар сари инсоф чун алиф рост биистад ва фурў
бинад, ки софтар аз ин маънї ва гуворотар аз ин лафз овардан имкон дорад, ки
агар мумкин аст, њарфи моро ба тањаљљї ангушт нињодан чи њољат. Алвоњи
маонї пеши ўст, ки барои худ алоњида китобе ба тасниф бояд расонид, то њамон
иншо носихи нусхаи дигарон гардад ва он мансухи мамсухро дар насх ва масхи
дигарон забон ранља набояд кард.
Ва он ки на лафз дорад, на маънї , шеър:
Ў худ накунад китоби моро такрор
В-ар тез кунад, гўш макун бонги њимор” (6, с. 162).
- 201 -
М. Нарзиқул. Тариқи хоси сухани Амир Хусрав дар “Эъҷози хусравӣ”
Нињоят, Амир Хусрав агарчи дар дебочањои хат ва њарфњои “Расоил-улэъљоз” ба такрор аз ќудрати ќалам ва тавоноии њунари нигорандагии хеш ёд
мекунад, хаёлоти худро берун аз тасаввуроти зењнї намедонад. Лизо, кори худро ќобили ислоњ низ мешуморад. Гузашта аз ин, соњиби “Эъљози хусравї” мояи
тариќаи хоси худро ба шахси пайрав ва ё муќаллид таъкид кунад њам, намунаи
муросилоти хешро њадди ягонаи номанигорї намењисобад, балки мегўяд:
Гар ба дунболи ман ої, з-ихтиёри ман макаш пой
В-арна бинмо ихтиёре, то ба дунболат ман оям! (3, с. 146).
Њамин тавр, бояд ба эътибор гирифт, ки Амир Хусрав дар “Эъљози хусравї”
тариќи махсус ва баргузидаи каломро ихтиёр кардааст, ки бар пояи мантиќ ва
тахайюли бадеї бино ёфтааст. Бидуни ба назар гирифтани андешањои назарии
мазкур, ки онњоро худи мусанниф ироа кардааст, маърифати сањењи тарзи сухан
ва дарёфти ѓарази аслии нигоранда номумкин мебошад.
Ќабл аз мурољиат ба “Эъљози хусравї”-и Амир Хусрав як масъалаи дигар
њам бояд ба назар гирифта шавад: насри Амир Хусрав, бо таваљљўњ ба тарзи
нигоришу шеваи баёни матолиб, дар асари мавриди назар дар як ваќт њам
таълиф асту њам тасниф – насри ба њам омехтаи илмию адабї, ки, пеш аз њама
ва беш аз соири љанбањои адабию њунарию эстетикї, моњияти таълимї дорад.
Калидвожањо: Амир Хусрав, “Эъљози хусравї”, тариќи хоси сухан, маърифати
сањењи тарзи сухан, сабаби ибдои тарз, таъаллум, истинбот
Пайнавишт:
1. Шарифов Х. Назарияи адабиёт. (адабиёти форсии асри IV-IX њиљрї) / Х. Шарифов. –
Душанбе: Ирфон, 2004. – 319 с.
2. Дењлавї, Амир Хусрав, Эъљози хусравї. / А.Х. Дењлавї / Љилди 1. -Лакњнав,1872. 558 с.
3. Дењлавї, Амир Хусрав, Эъљози хусравї. / А.Х. Дењлавї / Љилди 2. -Лакњнав,1872. 558 с
4. Дењлавї, Амир Хусрав, Эъљози хусравї. / А.Х. Дењлавї / Љилди 3. -Лакњнав,1872. 631 с
5. Дењлавї, Амир Хусрав, Эъљози хусравї. / А.Х. Дењлавї / Љилди 4. -Лакњнав,1872. 631 с.
6. Дењлавї, Амир Хусрав, Эъљози хусравї. / А.Х. Дењлавї / Љилди 5. -Лакњнав,1872. 631 с.
1.
2.
3.
4.
5.
6.
Reference literature
Sharifov Kh. Theory of Literature (Persian literature of the 4-th – 9-th cc by hijra).
Dushanbe,2004.-319 pp.
Dekhlavi, Amir Khusrav. The Miracle of Khusrav.V.1. -Lakhnau, 1872. -558 pp.
Dekhlavi, Amir Khusrav. The Miracle of Khusrav.V.2. -Lakhnau, 1872. –558 pp.
Dekhlavi, Amir Khusrav. The Miracle of Khusrav.V.3. -Lakhnau, 1876. -631pp.
Dekhlavi, Amir Khusrav. The Miracle of Khusrav.V.4. -Lakhnau, 1876. -631 pp.
Dekhlavi, Amir Khusrav. The Miracle of Khusrav.V.5. -Lakhnau, 1876. -631pp.
Специальный высокий слог, присущий эмиру Хусраву в его “Эъджази Хусрави”
(“Чудо Хусрава”)
Ключевые слова: Эмир Хусрав, «Эъджаз-и Хусрави», особый стиль изложения,
познание стиля, нововведение, изучение, цитирование
Особый стиль изложения эмира Хусрава, использованный им в «Эъджаз-и
Хусрави» («Чудо Хусрава»), можно продемонстрировать в ходе рассмотрения
- 202 -
M. Narzikul. Special Elevated Style Inherent in Emir Khusrav in his «Edjazi Khusravi» («The
Miracle of Khusrav»)
вопросов, касающихся художественного мастерства при использовании им
произведений арабско-персидской поэзии, коранических аятов и хадисов Пророка
(с), каждый из которых является объектом отдельного исследования.
В статье рассматриваются особенности стиля изложения эмира Хусрава в
«Эъджаз-и Хусрави» (“Чудо Хусрава”). Автор приходит к выводу, что при написании «Чуда Хусрава» эмир Хусрав выбрал особый изысканный стиль, который
основывается на логике и художественном воображении. Автор доказывает, что
данное произведение недоступно пониманию читателя, не имеющего специальной
подготовки. Это произведение имеет и научную, и художественную ценность.
Помимо эстетической и художественной ценности, «Чудо Хусрава» содержит и
нравоучительную составляющую.
Special Elevated Style Inherent in Emir Khusrav in his «Edjazi Khusravi» («The
Miracle of Khusrav»)
Key words: Amir Khusrav, «Edjazi Khusrav», especial style of reproduction, cognition of
style, innovation, studies, citing.
Especial style of Emir Khusrav used by him in «Edjazi Khusravi» («The Miracle of
Khusrav») can be demonstrated in the course of considering the issues related to belleslettres mastership by the usage of the works of Arabian-Persian poetry, Koranic ayats and
Prophet`s khadises each of which is an object of separate research. The author canvasses
the peculiarities in reference to «Edjazi Khusravi» («The Miracle of Khusrav»).
The author comes to the conclusion that when writing this work Emir Khusrav chose a
special exquisite style which is based on logic and artistic imagination. The author proves
that the production in question is inaccessible for readers` understanding if an individual
has no special bakground. This work possesses both scientific and artistic values. Besides
aesthetic and belles-lettres values «The Miracle of Khusrav» contains also the edifying
constituent.
Рољеъ ба муаллиф:
Мисбоњиддини Нарзиќул, доктори илмњои филология, профессори кафедраи
адабиёти классикии Донишгоњи миллии Тољикистон (Љумњурии Тољикистон, ш.
Душанбе), e-mail: hasti70@mail.ru
Сведения об авторе:
Мисбохиддин Нарзикул, доктор филологических наук, профессор кафедры
классической литературы Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе), e-mail: hasti70@mail.ru
Information about the author
Misbohiddin Narzikul, Dr.of Philology, Professor of the department of classical
literature under the Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe), e-mail:
hasti70@mail.ru
- 203 -
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
2
Размер файла
571 Кб
Теги
style, inherent, pdf, elevated, khusrav, khusravi, special, emir, miracle, edjazi
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа