close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Вижагињои мусоoибаи телевизионї.

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 070.1
ББК 76.0
№ 4(45) 2015
А. А. АБДУЛЛОЕВА
ВИЖАГИЊОИ МУСОҲИБАИ ТЕЛЕВИЗИОНЇ
Вожаҳои калидї: телевизион, мусоҳиба, жанр, васоити ахбори омма, журналист, барнома
Дар амалӣ кардани ҳадафҳои муҳими иљтимоӣ, сиѐсї, фарҳангї ва иқтисодї нақши воситаҳои
ахбори омма зиѐд буда, тавассути он таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури вай
самаранок сурат мегирад. Телевизион ҳамчун техникаи муҳими замони муосир як намуди
фаъолияти иттиллоотии тарѓиботист, ки вазъи љомеаро баррасӣ намуда, дар болоравии
маърифат ва инкишофи љаҳонбинии бинанда таъсиргузор аст. Вобаста ба талабот ва муҳимияти
мавзӯъ ин расона анвои гуногуни маводи журналистиро таҳия ва пахш мекунад, ки тарзи
иттиллоотрасонии онҳо якнавохт набуда, ҳаракату амали худро бо се жанри мавҷуда: иттиллоотӣ,
таҳлилӣ ва публитсистӣ – бадеї анљом медиҳанд.Телевизион ба ҳамаи ин жанрҳо имкони васеъ
дода, маъмултарини он-иттиллоотиро бештар муаррифӣ кардааст. Ин жанр, бо мавқеи
муайянкунандагии расонагиаш дар миѐни анвои дигар афзалият дошта, хабар, ҳисобот, мусоҳиба
ва репортаж дар ин ҷо бо ҳаманд, ки мо дар ин мақола доир ба махсусиятҳои мусоҳибаи
телевизионӣ таваққуф хоҳем кард.
Агар ба таърихи пайдоиши жанрҳои журналистӣ назар андозем, хоҳем дид, ки сарчашмаи
пайдоиши мусоҳиба ба асри XlX, ба замони таҳаввули матбуоти чопӣ рост омада, ба матбуот
рабти бештар дорад. Муҳаққиқони назарияи журналистика, бо пайдоиши радио ва телевизион ба
ин воситаҳои электронӣ пайвастанашро тасдиқ кардаанд, ки баъдан оҳиста - оҳиста телевизион,
мављудияти онро бо мавқеъаш боз ҳам васеъ гардонидааст. «Мусоҳиба жанрест, ки дар
телевизион мавқеи махсус дорад. Он љузъи ҳамешапайванди тамоми шаклҳои барномаи
телевизионист»(3, 43).
Мусоҳиба дар телевизион шарҳдиҳандаи ҳамагуна ҳодиса ва воќеот, манбаи зарурии ахбор
ҳам барои рўзноманигор ва ҳам бинанда аст. Мусоҳиба гуфтугӯест, ки миѐни ду ѐ якчанд нафар
зимни сӯҳбат дар љараѐни кор сурат мегирад. Фарқияти он аз суҳбати одї дар он аст, ки
рўзноманигор дар рафти барнома бо суолгузории бадеҳии худ баъзе аз нукоти муҳимеро, ки ба
сомеъ расониданӣ аст, аниқ месозад. Омодагии њамаљонибаи рўзноманигор њамеша дар мадди
авал меистад. «Сохтори жанри мазкур аз ду унсури муайянкунанда: саволи журналист ва посухи
мусоҳиб иборат мебошад. Ҳадафи мусоҳиба ба бинанда аз забони мусоҳиб иттилоъ додан аст.
Ҷиҳати муҳими мусоҳиба рўзмаррагӣ, дорои ҳадафе будан ва аҳамияти љамъиятӣ доштани он
мебошад»(2, 34).
Барои рўзноманигор муҳим аст, ки мавзўро дар баробари мусоҳибаш хуб донад, омўзад.
Андешае ҳаст миѐни муњаќиќони ин шоха, ки журналист суолҳояшро мувофиқи сатҳи фањмиши
тамошобин, бояд ба мусоњиб пешкаш созад. Мо ба ин бањси муњаќиќон њамроњ намешавем танњо
назари худро мегўем, ки рўзноманигор, шахси аз мавзўъ
огоҳ аст, суолњои ў мавзӯи
муњокимашавандаро бояд амиќ созад ва қувват бахшад, зеро рўзноманигори касбї метавонад аз
чизи арзанда бипурсад. Натиљаи донандаи хуби мавзӯъ будан, мувафаққиятро ба вуљуд меорад. Ба
қавли Дебора Поттер «Асоси мусоҳиба суол аст». Дар тасдиќи гуфтањои ин муҳаққиқ Кристин
Xилљер хабарнигори амрикоӣ чунин меорад, ки «қобилияти гирифтани мусоҳиба асоси
журналистикаи хуб аст». Ташкили мусоҳиба мушкил ва мураккаб аст. Баъзе мусоњибон
метавонанд аз сўҳбат бо журналистон худро канор гиранд, пеш аз ҳама дар ҳамон лаҳзае,
масъалаҳои тањлилї дар самтҳои иқтисоду фарҳанг ва ѐ сиѐсат матрањ шавад.
Ҷомеае, ки бо роҳи демократї гом мезанад, љалби омма барои омўзиши фарҳанги сиѐсї ва
иљтимоӣ зарур аст. Фаъолияти касбии рўзноманигори телевизион ҳар лаҳза бо сиѐсат тавъам
буда, зимни баррасии масъалаҳои марбут ба муносибатҳои давлатї, соҳибкасбро зарур аст, ба
хирад, дониш, љањонбинї, ва маърифат барин мафњумњое, ки хоси касбияти ўст такя намояд. Он
гоњ масъалаи марбути тањлилшаванда то андозае воқеъият пайдо карда, дар натиља, ҳам
аудитория баҳра мегирад, ҳам натиљаи амали журналисти таҳлилгари телевизион, аз тарафи
доираҳои гуногун, бањои сазоворро соњиб мешавад.
179
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Дар ин самт дар телевизион мусоҳибаҳои Абдуѓаффори Камол дар Шабакаи якуми
телевизиони тољик аҳамияти љамъиятиву сиѐсӣ дошта, хеле омўзанда аст. Барномаҳои ў ба
талаботи мусоҳибаи телевизионӣ љавобгӯ буда, бештар оид ба сиѐсати дохилӣ ва хориљии кишвар
бо ҳамсӯҳбатони худ, ки чењрањои сиѐсї ва донишмандони кишвар мебошанд, матраҳ месозад. Ин
мавзӯҳо ба доираи фаҳмиш ва маърифати ў наздик буда, аз ин љиҳат мусоҳибаҳои ӯ хеле хуб ва
нишонрас мебароянд. Масалан, 1-уми марти соли 2015 дар барномаи «Субҳ», ки барои маъракаи
муҳими сиѐсї, интихоботи вакилон ва Маљлиси намояндагони Маљлиси олии Ҷумҳурии
Тољикистон ва маљлисҳои маҳалии вакилони халқ дар шакли мустақим баргузор шуда буд,
Абдуѓаффори Камол, бо ду тан аз сиѐсатмадорони кишвар яке доктори илми иқтисодї,
профессор Абдусатори Абдуљабор ва дигаре доктори илми филологї профессор Сайфиддин
Назарзода, директори Китобхонаи миллии Тољикистон мусоҳиба барпо намуд, ки хеле омўзанда
аст. Ибтидои њамон мусоњибаро барои тасдиќи махсусияти мусоњиба дар телевизион мухтасаран
иќтибос меорем. Санаи баргузорї, ки якуми март буд, Абдуѓафори Камол бо истифода аз чунин
рўз ин гуна аѓоз кард: «Имрўз на танҳо оѓози фасли баҳор, имрўз як рўзи махсус аст, ки метавон
онро баҳори зиндагї номид, маъракае ки дар кишвар љараѐн дорад, мо олитарин маљрои
қонунгузорї кишвар, яъне Парламентро интихоб мекунем, ки барои 5 соли ояндаи фаъолияти мо
қонунҳо танзим мекунанд. Баъдаш ба бинанда мењмононро муаррифи намуду бевосита аз
интихобот шуруъ кард. «Пеш аз он ки инљо биѐед мурољиат намуд ба Сайфиддин Назарзода,
аввал рафтед раъй додед, баъд омадед, дақиқаҳои аввали раъйдиҳї буд, вакте шумо рафтед, фазои
интихоботиро, таваљљўҳи мардумро чи гуна дарѐфтед? Ҳамсуҳбат осуда суханро оѓоз мекунад.
«Мехостам яке аз авалинњо шуда, овоз дињам аз њамин хотир субњгоњон рафтам ба ќитъаи
интихоботи, вале хушбахтона, пеш аз ман мардуми зиѐде љамъшуда буданд ва як маъракаи хуби
интихоботи аллакай идома дошт, фикр мекунам, ки интихоботи имсола як интихоботи пурљўшу
хурўш ва аз корњои дигар фарк мекунад. Аз рўи он пешнињодоте, ки дар ќитьаи интихоботї,
шахсони бисѐр варзида пешниход шуда буданд, барои нафарони арзанда раъйамро додам».
Баранда суханони мусоњибро ќувват дода, воќеан боварї дорам, ки њар як сокини кишвар низ
њамин хел бо огоњии сиѐсї бо маърифати баланди њуќуќї интихоби огоњонаи худро мекунад, ва
бо њам бехтарин вакилонро соњиби мандат карда ба парламент месупорем.
Абдуѓафори Камол аз зумраи он зумра журналистони суњбаторо аст, ки дар бораи мусоҳибони
худ маълумоти кофӣ доранд. Ин гуна журналист бо ин тарзи суолгузорї баъзан мешавад, ки бо
маълумотњои худ мусоҳибро ба ҳайрат оварад. Барои тасдиқи ин, суоли Абдуѓафори К, пешнињод
намуда, ба профессор Абдусаттори Абдуљаборро, таваљљўњ кунед, ки чи гуна ин њамсуњбатро дар
мусоњиба њамрох мекунад, Шумо аз се давраи вакилии худ ва аз таљрибае ки андухтед ба вакилон
ки баъзеашон авалинбор ба парлумон роњ меѐбанд чи тавсияҳо медиҳед? «Вакилони имрўза
мегўяд мусоњиб бояд, ки њангоми тањия кардани ќонунњо ва ќабули созишномањои
байнанмилалие, ки Тољикистон бо дигар давлатњо имзо мекунад ва инчунин Созмони Милали
Мутањњид, Созмони умумиљањонии савдо, ва Созмони хамкорихои Шанхай талаботхои худро дар
кабули қонунҳояшон бо онњо мувофиќа кунанд, чунки Тољикистон узви ин љомеаи љањонї
мебошад». Рўзноманигори таљрибадор њамеша саволи муҳимро дар аввал мегузорад. Аз ин тарзи
суолгузорӣ маълум мешавад, ки журналист љавоби суолњояшро хуб медонад. Ин гуна
мусоњибанамои њамсӯњбатро водор месозад, ки аллакай аз оѓоз, худро озод ва болидарўњ эњсос
кунад. «Сӯҳбати шуморо тамошо кардан ѐ накардани бинандагон аз саволи якум вобаста аст.
Саволи якум равиш ва услуби тамоми сӯҳбатро муайян мекунад»(4) Мусоњиба дар он сурат бо
ављи олии худ, яъне ба муваффаќият љараѐн гирифта метавонад, ки мувофиќи ќонуниятњо анљом
ѐфта, журналист аз љињати фањмиш, љањонбинї, фарњанги гўиш, бо мусоњиби худ дар як сатњ
ќарор дошта бошад ѐ бештар аз он дониши мукаммалро соњиб бошад. Журналистони телевизион
мусоњибаро синхрон низ мегўянд, ки ин мафњум аз куљо то замони мо омадааст: «Оѓози пайдоиши
ин истилоњ аз нахустин филмњои овоздор рост меояд, замоне ки овоз дар магнитофонњо махсус ба
таври људогона сабт мешуд. Ҳангоми танзим овоз ва тасвирро ба њам љӯр кардан лозим буд.
Алњол ин усулро њељ кас истифода намекунад,вале худи мафњум аз байн нарафтааст»(3).
Барои рўзноманигорон фањмондани чанд қоидаи ҳатмии мусоњибасозиро мухақќиќони ин
назария зарур донистаанд: Бе муќаддимаи зиѐдатї аз асли воќеа ѐ шарњи њодиса сухан гуфтан,
дар назди видеокамера худнамоӣ накарда, аз моњияти масъала дур нарафтан, табиӣ ва
ғайрирасмї, бесуханпардозї ҳарф задан, мувофиќи њолати истисношаванда фаровон, дар
муносибат љиддӣ ва љое бо мимикаи табассумомезу тамасхур ва гоње умуман сарду холисона
баѐн намудани фикру аќида намуданро тавсия додаанд.
180
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Мусоњибањои телевизионӣ бояд аз якдигар фарќ кунанд, дар онњо саволњо якранг набошанд,
барномањо на ин ки барои фазои холии эфирро пур кардан бошанд, балки онњо бояд ба хотири ба
тамошобинон чизи нав бахшидану онњоро аз хабару воќеањо ва дигар чизњои муњими љамъиятї
ошно созанд.
Мусоњиба ин аз рафти муњокима ва ѐ суњбат, омода намудани иттиллоот ва маълумот аст.
Рўзноманигор бояд дар он ба чандин љињатњо, ки муњимияти кори ў мањсуб мешаванд, такя
намояд:
1.Мавзўи матрањшавандаро муфассал омўзад шароит барои худу њамсӯњбат фароњам
орад.2.Ҳолати пахши барномаро донад, ки дар кадом шакл аст мустаќим ѐ сабтшуда гар мустаќим
бошад барои эҳтимол, баъзе саволњоро омода сохта, наздаш гузорад. Инчунин ба мусоњиб
фањмонад ки пахш мустақим аст, ѐ сабтшаванда. 3. Аз саволњои омодакардааш нофањмие ба вуљуд
омада бошад пурсиши дубора намояд 4.Фарњанги самимияти гуфтугӯиро омухта бошад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Адамов, И. Как брать интервью?/И.Адамов//Советское радиовещание и зарубежные страны.М., 1996.-94с.
2. Журналистика дар Тољикистон: маълумотномаи касбї барои журналистон. - Душанбе, 2006.145 с.
3. Қуддус, Љ. Асосхои журналистикаи телевизион/Љ.Қуддус.- Душанбе, 2003.- 48 с.
4. Нуралиев, А. Жанрҳои ахбории матбуот/А.Нуралиев.- Душанбе: 2004.-146 с.
5. Саъдуллоев, А. Асосњои журналистикаи телевизион. Бахши дувум/А.Саъдуллоев, М.Шоев.Душанбе: Сармад-Компания, 2008. – 109 с.
6. Технология интервью: учебное пособие для вузов / М.Лукина.-М.: Аспект-Пресс,2003.-84с.
7. Фихтелиус, Э. Даҳ қоидаи журналистика/Э.Фихтелиус.- Душанбе, 2010.-136 с.
8. Ҷовид, М. Мусоњиба ва техникаи тањияи он/М.Ҷовид. – Душанбе, 2013.- 156 с.
REFERENCES:
1.
2.
3.
4.
5.
Adamov, I. How to interview?/I. Adamov// Soviet and foreign broadcasting. M., 1996-94
Journalism in Tajikistan: professional references about journalism. Dushanbe, 2006-145p
Quddus J. The basics of television journalism/ J.Quddus- Dushanbe, 2004-48p
Nuraliev,A. the genre of press news/A. Nuraliev. Dushnabe: 20114-146 p
Sadulloev, А. the basics of television press. Part two/ A. Sadulloev, M. Shoev – Dushnaeb Sarmad
Company 2008. – 109 p.
6. The technology of interview :teaching aid for higher institutions/M. Lukina.- M: aspect- Press 2003.84p.
7. Fuhteuls E. Ten rules of journalism/ E. Fihtelius, E. Dushanbe, 2010.-136 p.
8. Jovid M. Discussion and its technics/M. Jovid Ҷовид, М. Dushanbe , 2013.- 156 p.
Особенность интервью в телевидений
Ключевые слова: интервью, телевидение, жанр, массовые средства информации, журналист,
радиопередача, зарегистрированная, программа.
Интервью по радио прозы предназначено беседы, общения, получены информации
иллюстрировать. Для этой цели журналист должен обратить внимание на четыре аспекта вопроса
или беседы. Прежде всего, он должен готовить хорошее состояние к репортеру и к беседе. Вовторых, он должен определить место интервью относительно характера (знака). В третьих
журналист должен готовить анкетные опросы, развивающие тему беседы, если имеется кое-что
неясное, он должен спросить вопрос в течение второго раза без любого опасения. В конце концов,
он должен знать условие (состояние) о живой радиопередаче и для вероятных ситуаций, он должен
готовить его собственные вопросы. Если журналист имеет способность готовить соответствующее
условие для беседы вопросы, несомненно, он будет иметь успех в любом из его проводимых
интервью.
181
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
The feature of tv interview
Keywords: interview, television, genre, mass information media, journalist, live broadcast, recorded,
program.
Interview it is to broadcast the proses of the conversation, to inform, to get a line and to illustrate. For
this purpose the journalist should pay attention to four aspects of question or conversation. First of all he
must prepare a good condition for the interviewer and for conversation. Secondly he must define the
place of interview for the character. Thirdly the journalist has to prepare the questionnaires following up
the topic of the conversation, if there is something unclear he should ask the question for the second time
without any fear. After all he should know the condition of the live broadcast and for the probable
situations he should prepare his own questions. If the journalist has the ability to prepare such condition
and questions, undoubtedly he will be success in any of his conducted interviews.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Абдуллоева Адиба Негматовна,
аспиранти кафедраи рўзноманигории телевизиони
Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи М. Турсунзода (Ҷумҳурии
Тољикистон, ш. Душанбе), E – mail:soniya-9191@mail.ru
Сведения об авторе:
Абдуллоева Адиба
Негматовна, аспирант кафедры телевизионной журналистики
Таджикского государственного института культуры и искусство имени М. Турсунзаде
(Республика Таджикистан, г. Худжанд), E – mail:soniya-9191@mail.ru
Information about the author:
Abdulloeva Adiba Negmatovna, a Post-graduate student of Department television journalism, The
Tadjik State Institute culture and art named after M. Tursunzade(Republic of Tajikistan,
Dushanbe), E-mail:soniya-9191@mail.ru
182
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
10
Размер файла
1 044 Кб
Теги
вижагињои, телевизионї, мусоoибаи
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа