close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Artistic research morality of the contemporaries in Fazliddin Muhammadiyev''s short stories..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 8 Т 2
ББК 83,3 (2Т)
№ 4(49) 2016
М.Ҷ.МАВЛОНОВА
ТАДЌИЌИ БАДЕИИ АХЛОЌИ ЊАМЗАМОНОН
ДАР ЊИКОЯЊОИ ФАЗЛИДДИН МУЊАММАДИЕВ
Вожањои калидї: ахлоќи њамзамонон, ахлоќи фардї ва иљтимої, њикоѐти њаљвї, меъѐрњои
асосии ахлоќ, масоили маънавию иљтимої, ќањрамонони мусбат ва манфї, вазъи рўњиву равонї,
табиати ботин, насри психологї.
Аз оѓози инкишофи адабиѐт масъалаи ташаккули шахсият ва љањони маънавиву ботинии
инсон таваxxe[и а[ли адабро xалб карда буд. Дар тамоми марњилањои таърихb дар радифи
масоили дигари њалталабу бањсталаби замон тадќиќи бадеии ахлоќи инсоният ва афкору
андешаи e дар маърази тасвири адибон rарор дошт.Тањаввулоти доманадори сифатии насри
тољик дар солњои 60-70-уми асри ХХ бо фаъолияти эљодии як зумра адибони навпардоз
алоќамандї дорад. Нависандагони ин давр воќеиятро дар робита бо муњимтарин арзишњои
ахлоќиву маънавї ба тасвир гирифта, образњои љадидеро, ки фаъолияти шахсиашон бо таваљљўњ
ба ахлоќи љомеа гирењ мехўрад, офариданд. Андеша, рафтор, гуфтор ва тањлилу хулосабарории
ќањрамонон бештар дар заминаи воќеияти зиндагї ба маърази тањќиќи адабї кашида шуд.
Тасвири афкори андешапарвари ќањрамон бо романи «Ман гунањкорам»-и Љалол Икромї
падид омада, тавассути ба майдони адабї ворид шудани нависандаи соњибсабки хушзавќ
Фазлиддин Муњаммадиев густариш ѐфт. Мавсуф бо тадќиќу тасвири вазъи равонии шахс дар
насри тољик сањифаи тозаву рангинеро боз кард. Бо кўшишу зањмати ў образњои андешаманду
ќобили мулоњиза бо нуктаи назари хос ба шахсияти инсон ва вазъи ахлоќи љомеа вориди адабиѐт
шуданд. Интихоби мавзўъњои љолиб, тасвири воќеии вазъи рўњиву равонии шахс, сабку услуби
хоса диќќати муњаќќиќони тољикро ба омўзишу баррасии осори пурарзиши нависанда љалб
намуд.Донишмандони маъруфи тољик Муњаммадљон Шакурї, Атахон Сайфуллоев, Љўрахон
Баќозода,Абдухолиќ Набавї, Абдуљаббор Рањмонов,Матлюба Хољаева ва ѓайра ба тадќиќи
пурвусъати осори бадеї ва публитсистии адиб пардохтаанд. То ба имрўз дар заминаи омeзиши
пањлўњои мухталифи нигоштањои нависанда, аз ќабили таъсири рўйдодњои замон, чигунагии
андеша ва маънавияти инсон, мухтассоти образофаринї, маќоми нависанда дар ташаккули насри
тољикї ва xанба[ои гуногуни публитсистикаи нависанда кўшишњои судманд сурат гирифта,
вусъати назари нависанда дар инъикоси масоили маънавиву ахлоќї сарфи назар нашудааст.Зеро
аз [ар асар назари моњиятбини нависандаро ба му[имтарин њаводиси замон ва ахлоќи
њамзамонон метавон дарк кард. Ў на танњо мусаввири зиндагии инсон, балки муњаќќиќи
андешаву назар, орзуву хоњиш, тахаюлу афкори ботин аст. Нависанда бо тадќиќи вазъи равонї
ва ахлоќии инсон образњоеро ба миѐн овард, ки аз љињати мансубият ба табаќоти љамъиятї,
синну сол, касбу кор, назару андеша тафовути љиддї доранд. Интихоби мавзўъ, масъалагузорї,
баррасии муаммоњои зиндагї низ аз як њикоя то њикояи дигар хеле тафовут дорад.Вале хонанда
аз њар осори адиб маќсади муаллифро, ки бо норасої ва ниѐзњои њамзамонон алоќаманд аст,
дарк мекунад. Аз ин љост, ки тамоми муњаќќиќони осораш аз љолибияти тасвир ва ањамияти
мавзўи нигоштањои адиб њарф зада, ќавї будани љанбањои ахлоќии онњоро таъкид кардаанд.
Чунончи, адабиѐтшинос Љўрахон Баќозода ќайд кардааст, ки «Ф. Муњаммадиев аз бозе, ки ба
майдони адабиѐт ќадам гузошт,асосан дар мавзўи рўз, алалхусус ахлоќи иљтимоии њамзамонон
асар эљод намуда, силсилаи образу характерњои гуногуни муосиронро офаридааст» (1, 36).
Чун ба осори арзишманди устоди сухан ва бозѐфтњои вай дар љодаи насрнависї назар
меандозем, ба хулосае дармерасем, ки сарчашмаи тафаккури ахлоќии ў зиндагии замони муосир
ва њамзамонон аст, ки аз мањорати гузориши масъала, тањиягарї, чашмандозї ба муаммоњои
њаѐт, баррасии њунармандонаи масоили иљтимоиву сиѐсї ва тањлили љиддии сањнањои рангини
зиндагї, амалу муносибати њамзамонон ба миѐн омадааст. Нависанда та[ќиќи андешаву амали
инсонро дар робита ба вазъи ахлоќи њамзамонони худ тасвир намудааст. Донистани феълу
атвори мухталифи инсоният, таъсирпазирии муносибат ба муњит, таваљљўњи хоса ба муаммоњои
зиндагї ќањрамонони аз љињати одобу ахлоќ мусаллањеро ба миѐн овард, ки як самти муайяни
фаъолияташон ба андешидани вазъи ањволи мардуми ахлоќан заиф ихтисос дорад. Яке аз
мухтассоти ќањрамонофаринии Ф. Муњаммадиев дар ѓайримаъмул тасвир кардани андешаронї,
бархўрд бо воќеоти ѓайричашмдошт, шиддати андешаву афкор, њолатњои ногувор буда, чунин
самти тасвир барои ба намоиш овардани афкору андешаи ботинї ва бозтоби арзишњои ахлоќии
вай љолиб аст. Сиришти воќеии ќањрамонон одатан зимни вусъати воќеањо, бархўрдњои ахлоќиву
98
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
маънавї бомаром кушода шуда, вобаста бо њадафи аслии муаллиф ва ѓояву мавзўи асар
таљассуми ахлоќи персонаж кам ѐ беш гардидааст. Ин амр вобаста ба њаљми асар низ сурат
мегирад, вале нуктаи муњим он аст, ки дар њар асар пањлўњои тозаи ахлоќи инсонї бо усули
љадиди тасвир намоѐн мешаванд. Хонанда бо ќањрамонони аз љињати андешаву афкор ва
гуфтору амал гуногуне рў ба рў мегардад, ки њар яке дорои назару андешаи вежа ва ахлоќи
мутафовит [астанд. Аз љињатњои муњими чашмандози бадеии нависанда тарбияи инсони комили
дорои аќлу фаросати расост, ки бо кору аъмоли шоистааш ба љомеаи муосир манфиат расонида
метавонад. Ф. Му[аммадиев меъѐрњои асосии ахлоќиеро, ки дар сиришти њамзамонон зу[ур
кардаанд ва ѐ дидан мехост, тавассути образњои рамзиву тасвирњои маљозї ба риштаи тасвир
кашидааст.
Аз он хотир, ки навъњои меъѐри ахлоќї дар њамаи соњањо ањамияти назарию амалї касб
намуда буд, Ф. Муњаммадиев муњимтарин масъалањои њаѐти љамъиятиро аз дидгоњи ахлоќї
бањогузорї кардааст. Сохтори давлатдорї, арзишњои миллї, худогоњиву хештаншиносї,
талаботи замон масоили маънавию иљтимоиро дар як радиф гузошт. Азбаски хубии ахлоќ
нишони зиндагии осоишта ва сарчашмаи комѐбии инсон буд, нависандагон ба тасвири
ќањрамононе пардохтанд, ки на танњо дар рафтору гуфтор, балки дар пиндори онњо
барљастатарин меъѐрњои ахлоќї зуњур намуданд. Инъикоси инсони дар њаќиќат олї тибќи
бозтоби андешаронї, тањлилу тафсири воќеоти зиндагї, бањодињї ба инсонњои дигар ба миѐн
омад. Барои Ф. Му[аммадиев вазифаву мансаб дар љойи аввал ќарор надошт, ў шахсиятро
новобаста ба табаќаи иљтимої ва фаъолияти мењнатї ба тањќиќ гирифт. Адиб зимни инъикоси
масъала[о ба хусусияти ахлоќи фардї ва љамъиятии њамзамонон таваљљўњ намуда, ќањрамони
доираи андешаву амали соле[ ва муrобили бадиву ноадолатиро ба зуњур овард. Инъикоси
масъала аз рўйи тафаккуру андешаи ќањрамон ва тадќиќи сиришти инсон бештар тавассути ба
хотир овардани лавњањои зиндагии гузашта сурат гирифт. Дар [икояи машњури «Рўзи дафни усто
Оќил» хислатњои манфури устои гулдаст бо маром дар доираи андешаронии њамсояааш
Абдурауф-амак рeзи xанозаи усто кушода мешаванд. Адиб воќеаро нахуст инъикос карда, сипас,
батафсил сабаб[ои онро шар[у тафсир менамояд. Як бозѐфти нодири нависанда дар баробари
тасвири хулќу атвори бади усто таъкиди њунарманди бењамто будани вай аст.Дар њикоя масъалаи
му[им– бартарияти њунармандї ва ѐ инсонгарої ба миѐн гузошта шудааст. Силсилаи воrеоти
инъикосшаванда дар назди обруву эътибор ва ахлоќи хуљастаи инсонї арзише надоштани љоњу
мартаба, њунару давлатмандиро таъйин менамоянд.Таъкид мешавад, ки дар њама њолат бояд дар
љойи
аввал
инсонгарої
ќарор
дошта
бошад.Муаллиф
ахлоќи
узви
љомеа–
занон,љавонон,пиронсолон,кўдакон,зиѐиѐн, њунармандон,арбобони давлат ва љойи муњимтарин
категорияњои ахлоќиро дар рўзгори њамзамонон,масъалаи моњияти њастии инсон,фаъолияти
кориву зиндагии оилавиро ба тадќиќи бадеї гирифтааст.
Дар замони шўравї бидуни риояи ќонуну талаботњои мављуда њељ асаре рўйи чоп намеомад.
Аз ин љињат, дар тасвири камбудии табаќа[ои зиѐї ва шахсони соњибмансаби давлатї, ки
шахсони баргузидаи давлату њукумат мањсуб мешуданд, эњтиѐткории хос риоя мешуд.Љуръати
адабии Ф.Муњаммадиев дар самти тасвир ва тадќиќи бадеии хислатњои табаќоти мухталифи
љомеа барљаста аст, ки њикояи «Суди рафиќона» намунаи он мебошад.Адиб ахлоќи ду навъ
инсон–зиѐии бообрў ва ронандаи одиро дар муќоиса нишон додааст. Зиѐии дорои эњтирому
нуфузи хоса, хушгуфтору донишманд, соњиби оилаи хубу [амсари мењрубон бо бадахлоќиву
булњавасї эътиборашро дар байни љомеа паст намуда, шармсору беобрў мешавад. Ронандаи
љавон чун шо[иди зиндагии чандрeзаи вай барои ислоњи ахлоrи ношоиста дар суди рафиќона
изњори назар менамояд.Тасвиру тањлили воќеањо батафсил буда, дар кўчактарин тасвир силсилаи
хислатњои ќањрамонон тасвир шудаанд. Њикоя бозгўи ду намояндаи љомеа, ду хислату ахлоќ аст.
Мусалламан,фаъолияти инсон бидуни муоширату муомила бо њамзамонон сурат
намегирад.Дар ин росто дар насри бадеии Ф. Муњаммадиев тањќиќи маќому ахлоќи инсон аз
љињати мансубият ба љомеа хеле назаррас аст.Яке аз талаботи дараљаи аввали њастї чун љузъи
љомеа мутобиrати инсон ба ќонунњои навиштаву нонавишта аст, зеро љамъият инсони хилофи
rонун[оро мањкум менамояд.Ин амр, бахусус дар давраи шўравї яке аз омилњои муњими
зиндагии инсон ва љињати ба сатњи муайян расидани ў буд.Асоси насри бадеї дар заминаи
инъикоси муносибати шахс ба аъзои љомеа ба миѐн омада,муњимтарин меъѐрњои ахлоќї зимни
нишон додани рафтору гуфтори инсон бо ањли љомеа, яъне инсонњои дигар тасвир
мешаванд.Ф.Муњаммадиев бештар ба та[rиrи бадеии муносибати инсон бо нафарони дигар
пардохта, натиљаи амалу суханњои хубу бади вайро нишон додааст.Аз осори ў чунин ба назар
мерасад, ки муносибат ба расму оинњо, анъанањои аљдодї љузъи ахлоќи њамзамонон аст.
Ќањрамонњои адиб дорои кору вазифањои мухталифанд, яке ба дигаре монанд нестанд, вале њама
99
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
узви љомеа њастанд. Аз ин рў, ахлоќи онњо бештар зимни муносибат бо љомеа таъйин мегардад.
Ќањрамонон аксар онњоеро танќид менамоянд, ки ахлоќу зиндагиашон ба сохтори шўравї ва
меъѐрњои созмондодаи он созгор нестанд. Чунин тарзи тасвир хоси замон буда, баррасии
фаъолияти инсон ва мањкум кардани ашхоси гунањкор дар љаласањо ба [укми анъана даромада
буд.Агар асарњои Љалол Икромї ва Рањим Љалил бештар ба сохтмони тарзи њаѐти нав, амалњои
номатлуби хоинони миллат, босмачиѐн, боќимондањои давраи куњан нигаронида шуда бошанд,
дар ин давра асосан амалу афкори ашхоси ахлоrан вайрон, зидди давлат rарордошта, дузду
ќаллоб ва умуман зараррасонњо ба љомеа мањкум мешуданд. Суди рафиќона (суди халќї) бо
баррасии масъалањои муњими кўчак, сар задани воќеоти бузурги ѓайриќобилро пешгирї карда,
ба касифии ахлоќи љомеа роњ намедињад.Дар тадќиќи ахлоќи њамзамонон нависанда шаклњои
мухталифи тасвири адабиро роњандозї намудааст. Ў зимни кушодани хислати ќањрамон бештар
вазъи равонии шахс, табиати ботин ва майлу хоњиши инсониро ба њисоб гирифтааст.Хулќу
атвори ќањрамонон ба синну соли онњо вобаста нест. Аз ниго[и ў инсонњои чи кўчак ва чи бузург
дар байни љомеа дорои рисолате њастанд ва бояд мавќеи муайяни худро дошта бошанд.Ў
фурўтаниву хоксориро аз муњимтарин хислатњои инсонї дониста, тафохуру тамасхур ва
баландманиширо мањкум менамояд. Аз диди нависанда инсон бояд дар њама њолат ќонеи
дастовардњо бошад ва меъѐрњои ахлоќиро риоя кунад. Чунончи, дар маркази њикояи «Даъво»
муносибати ду гўштингири пањлавон, њамрисолат, вале яке љавону дигар пиронсол ќарор дорад.
Дар намунаи чунин шахсони аз рўи вазифа наздик љињатњои гуногуни табиати инсонї падид
омадааст. Дар њикоя ахлоќи ќањрамонон асосан дар ду [олат: гуфтугўи мутаќобила ва зимни
монологи дохилї зоњир мешавад.Як муваффаќияти адиб тавассути як њикоя инъикоси на танњо
маниву худбоварии инсон,балки ноњурматии бархе љавонон нисбат ба шахсони солхўрда ва
оќибати нохуши он аст.Дар тасвири нависанда Муњаммадмурод љавони дар њаќиќат пањлавон,
uолиби муњорибаи зиѐд, соњиби рањматномаву тўњфањои арзанда, яъне љавони муваффаќ, аммо
сабукандешиву худписандиаш [аваси маuлуб сохтани пањлавони номдору солхeрдаи дењро бедор
мекунад.Муњаммадмуроди пањлавон тавассути суханњои ноxову нигоњњои изтењзоомезаш оњистаоњиста дар дили Ањмадбек-пањлавон майли нишон додани иќтидорро ба зу[ур меорад. Маъмулан
азоби рўњї вазнинтар аз азоби љисмї буда, бартарафии он боиси осудагии рўњу равону падидоии
эњсосоти неки ќалб мегардад. Ањмадбек-пањлавон низ осоиштагиро танњо баъд аз ѓолибият эњсос
мекунад. Маѓлубияти Муњаммадмурод ѓайриоддї, на дар байни издињом, балки назди танњо як
посбон ба тасвир омадааст, ки мурод нишон додани афзалияти таљриба ва иродаву ќувваи
Ањмадбек, на шармсории па[лавони xавон байни љомеа аст.Зеро дар њикоя борњо ба синну сол,
вазъи саломатї, давоми сол[о ба гўштї шуѓл наварзидани Ањмадбек таъкид шудааст:
«Пањлавонони њамсинну њамвазнони ў кайњост, ки аз ќатор баромадаанд, ѐ фавтида, ва ѐ ба љоњои
дуру наздик парешон шуда рафтаанд» (3, 15).Корбасти расму оинњои миллї ва нишон додани
одобу ахлоќи инсонњо дар [икоя моњияти иљтимоии рўйдодњои зиндагиро муайян
намудаанд.Бесабаб донишманди маъруф Му[аммадxони Шакурї чунин изњори назар
накардааст: «Мавзўи аслї дар ин њикоя ќувваозмоии ду пањлавон не, балки муборизаи ду навъ
хулќу атвор, ду хел ахлоќу одоб аст.Аз аввал то охири њикоя ду ќувва–одамї ва ноодамї, мардї
ва номардї, хоксорї ва худписандиву бетамизї бо њам мубориза кардааст» (11,149).
Маълум аст, ки одоби варзиши миллb дар осори [икамии аср[ои миѐна xойи муайян дошта,
бахусус, дар фасл[ои сеюму чоруми «Футуватномаи султонї»-ии Њусайн Воизи Кошифї ахлоrи
«ањли зўр» аз rабили гўштингирон, санггирон, новакашон, саллакашон, њаммолон, маѓиргирон,
расанбозон ва зўргарон хеле маълумоти мушаххас дода шудааст. Тибќи дастури адиб гўштингир
нахуст аз илми њарб бояд огоњии комил дошта бошад. Дар [икоя низ аз зарурати донистани
одоби гeштb ва баъд шуѓл варзидан ба он таъкид шудааст.
Ф. Муњаммадиев ќањрамонњояшро зимни муњокимаронии душвору тўлонї, зиддияти
пуршиддати олами ботинї, тањлилу бањодињї ба зиндагии худу пайвандон, лањзањои вазнини
зиндагї нишон дода, хусусиятњои ахлоќи фардиро муайян мекунад. Дар чунин тасвирњо бештар
ахлоќи шахсияти људогона зуњур карда, тамоми афкори ў аз таъсири му[ит, андешањои
дардолуди пуртуѓѐн ва зиддияти дохилї моя мегирад.
Зиддияти ботинии rањрамони марказии њикояи «Роњ» Фотима ма[з замони шабона дар ро[
тан[о мондан бо ронанда зоњир мешавад. Духтарак rудрати дар мизони аќл санљидану хулоса
баровардан аз гуфтору рафтори ронандаро дошт, аммо наќлњои rаблан шунидааш ўро ба
бадгумонї нисбат ба ронанда водор менамоянд. Образи ронанда мармуз аст, тибќи амалњо ва
гуфторњои кўтоње, ки бо Фотима дошт, фикру андеша ва, бахусус, шахсияташро то охири њикоя
муайян намудан душвор аст. Бархе хислатњояш тавассути андешаронии Фотима зуњур карда,
гуфтор ва рафтори вай ќариб ба муайян намудани шахсияташ кўмак наменамоянд. Ахлоќи
100
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
њасанаи вай танњо дар поѐни њикоя љињати мудофиаи Фотима аз ронандаи дигар зоњир мешавад.
Маъмулан мегeянд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан», ин [икоя исботи [амин нукта буда,
дар роњи некназарb ба якдигар таъсири жарф дорад.
Дигар аз меъѐри ахлоrие, ки дар [икоя[ои нависанда наrши назаррас дорад, ишrи поку
самимb ва ташкили оилаи хубу намунавb аст. Иродаву ишќ боиси дарки амиќи њастї, маъною
моњияти зиндагї ва табодули тафаккури инсон гардида, эњсосоти мусбату наxибро ба миѐн
меоранд. Мазмунњои љовидонаи ишќї, аз як сў, ба инъикоси масоили рўз, муносибату назари
инсон ба вазъи зиндагї, ба инсонњои дигар, аз сўйи дигар, нуктаи назарро ба муносибату
муошират ва тарзи зиндагии наздикон тасвир намудаанд.Дар њикояи «Шаби савум» масъалаи
ишќу муњаббати инсон, самимият ва булњавасиву хиѐнат муrобили [ам rарор доранд. Инъикоси
ахлоrи rа[рамонон ва вазъи мутахассисони давр масъалаи асосии [икоя аст. Суръат Наќќош ва
Хосият њамчун зану шавњари вафодор бо ишќу муњаббати самимї оила барпо карда, дар хизмати
халr rарор доранд, сардухтури камсавод дар рафъи дарди беморон ољизї мекашад,Сунбулаи
љавон дар пайи xустуxeву омeзиш аст, Шо[ида аз хиѐнати шав[ар мубталои беморист,
сустиродагиву ахлоrи заифи Вакил пайомади нохушеро ба бор овард.
Адиб та[rиrи вазъи тибби давр, донишу саводи мутахассисони соња, ахлоrи табибону
беморонро хеле воrеb тасвир кардааст.Хонанда зимни мутолиа бо муносибату муошират, вазъи
рўњиву равонї ва афкори мутавассити якчанд табибу бемор ошно мешавад, ки “шояд ниѐзмандии
њамешагии адиб ба табибон таваљљўњи ўро бар ин гурўњи мардум барангехта ва ин мавзўъро дар
номгўи мавзўоти насри Ф.Муњаммадиев дар љойгоњи аввал ќарор дошта бошад”
(10,56).Њамчунин, дар њикоя сабабњои бемори инсон, ки аксар тавассути таъсирпазирї аз муњит
сурат мегирад, ба миѐн гузошта шудааст. Аз љумла, ишќ варзидан ва вайрон шудани муносибати
оилавї, азоби рўњї ва вазъи равонии њамсар воrеањое њастанд, ки дар замони таълифи њикоя
шояд яке аз масъалањои доѓи рўз буданд, ки имрўз њам арзиши худро гум накардаанд.
Ма[кум кардани бар[амхeрии оила, ки азоби равониву иrтисодии занонро ба миѐн меорад,
дар [икояи «Эй санам…» низ ба назар мерасад.{арчанд rа[рамони марказb муаллим Дадоев ба
хотири ишrи бул[авасонаву маъшуrаи xавон аз [амсару се фарзандаш даст мешeяд, вале бо
гузашти айѐм пушаймони кирдори содирнамудааш аст. Xанбаи ишrиву ахлоrии [икоя[ои
«Савдои умр» ва «Мактуби дeстb» низ rавb буда, дар [икояи аввал натиxаи рашки ноxоя ма[кум
шуда, асоси [икояи дувумро сeйистифодаи ишrи самимb аз xониби Сорохони зебосанам фаро
гирифтааст.Азбаски [икояи «Савдои умр»нисбатан бузург[аxм аст, силсилавоrеа[оро таxассум
карда, тамоми кору фаъолияти rа[рамонон бо xузъиѐташ муайян ва дар ин замина ахлоrи он[о
зоњир шудааст. Дар [икоя тавсифи се оилаи тифоr ва бо ишrи самимиву ме[ру му[аббат барпо
шудани оилаи нав инъикос шудааст. Дар давраи таълифи ин [икоя[о вазифаи аввали мардум,
бахусус, коргарони колхозу совхоз[о xамъоварии пахта буд. Аз ин xост, ки воrеоти њикояњо бо
кор[ои колхозb иртибот дошта, rа[рамонони марказиву ѐвар коргарони содиrи колхоз њастанд.
Образофарии мутафовити нависанда дар тасвири лав[а[ои мухталифи зиндагии [амзамонон
наrши муайян доранд. Шояд [амин нукта Муњаммадљони Шакуриро ба он андеша овардааст, ки
«тазоди характерњо яке аз муњимтарин хусусиятњои њикояњои Муњаммадиев» (11, 147) мебошад.
Дар њама давру замон ахлоќи хуби инсон асоси зинадагии осоишта ва мустањкамии оила
мањсуб мешуд. Аз ин рў, масъалаи ахлоќи шоиста аз масоили дараљаи аввали осори хурду бузурги
нависанда буда, таваљљўњи хосаи ў ба масъалаи оиладории шоиста ва азизу арљманд доштани
њамсар, тарбияи дурусти фарзандон нигаронида шудааст, ки повест[ои «Шоњии япон», «Одамони
кe[на». «Зайнаббибb», «Варта» далели ин гуфта[оянд. Бахусус, повестњои адиб дар инкишофи
повести ахлоќиву психологї сањифаи тозае кушоданд.
Абдухолиќ Набиев низ ба афзалияти корбасти меъѐр[ои ахлоrb дар асар[ои бузург[аxми
нависанда ишора дорад: «Таваљљўњи Фазлиддин Муњаммадиев ба меъѐрњои халќии ахлоќ, ки дар
дигар њикояњояш низ ба мушоњида мерасад, дар асарњои калонњаљми ў – румони «Палатаи
кунљакї» (1974), ќиссањои «Шоњиии япон» (1981) ва «Варта» (1983) шаклњои гуногун гирифта, ба
тадќиќи вусъатноку тезу тунди масоили зиндагї ва шахсиятњои гуногунтинати халќї мусоидат
кардааст» (6, 158).
Фазлиддин Муњаммадиев дар роњи инъикоси меъѐрњои ахлоќии халќї аз анвои осори
шифоњии миллї низ фаровон ба кор бурдааст. Чунончи, зимни ибрози андеша, муколамаи
ќањрамонон, љамъбасти фикр, поѐни њикоя нишон додани натиљаи амале аз зарбулмасалу
маќолњои халќї корбаст ва гоње њикматеро бозгў менамояд. Масалан, «Суди рафиќона» бо
зарбулмасали «шањр бедарвоза нест» ба охир расидааст, ки моњияти њикояро хонанда аз он дарк
мекунад.
101
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
Нависанда чун арxгузорони анъана[ои бе[тарини устодони номвар ва забардасти сухан
Садриддин Айнї («Марги судхўр»), Пайрав Сулаймонї (силсилаи шеърњо), Љалол Икромї
(«Сафар-махсум дар Бухоро»), Рањим Љалил (силсилаи њикоѐт) пайи тасвири ахлоrи [амзамонон
корбасти муњимтарин аносири њаљвро хеле моњирона ба роњ монд. Нишон додани хислати
мухталифи ќањрамони муосир тавассути њикояву ќиссањои њаљвї яке аз муњимтарин дастовардњои
адиб мањсуб шуда, «аз табъи баланд ва завќи саршор њосил шудааст» (11, 151). Rа[рамонони
осори [аxвb бо завrи баланд офарида шуда, бештар ќањрамони манфие, ки фаъолияти вай ба
зарари љомеа пайванд мегирад танrид гардидааст. Нависанда дар [икояи «Косадум» ба њайси
ровї сифатњои номаrбули ќањрамонро ончунон моњирона богўй намудааст, ки њатто љузъитарин
хислати вай аз назари хонанда дур намемонад: «Шумо Косадумро бор[о дидаед. Илтимос,
минбаъд дурусттар амиrтар бингаред. Наuзтар зе[н монед, хо[ед дид, ки дар тарафи чапи синааш
доuи тирае метовад. Ин сояи дили eст, дили таги дег барин сиё[и eст. {аво гарми офтобb бошад,
rасдан ба па[лeяш наздиктар биравед. Ба машоматон бeи чо[и партов, бeи об[ои гандида ё
rутти[ои ахлот мерасад, ки одатан дурдур аз бошишго[и одамон мегузоранд. Бeй баровардани
Косадум бештар аз ширинкори[ои Офтоб аст, ки ба xудо кардани аслу ноасл раuбати азалb
дорад» (3, 378-379).
Таъсири манфии инсон[ои ахлоrан вайрон, бахусус мунофиrро ба xамъият адиб ма[кум
кардааст: «Таъкид мекунам, хонандаи мe[тарам, гумон накунед, ки модоме пайкари Косадум
фабрикаи за[р аст, ранги рeи вай [атман заъфаронист, лабаш тунуку ниго[аш хунук аст. Не.
Рухсори вай [ам го[-го[е ба ранги себи хубонb рахшону арuувонb ва да[онаш дар зарурат
моломоли табассум мешавад. Хандааш баъзан аз rа[-rа[и одамони дилсафед [ам баландтар садо
меди[ад» (3, 378).
Бисѐр му[им аст, ки нависанда хислат[ои Косадумро та[rиrи муфассал намуда, табиати ўро
асоснок ба[огузорї намудааст. Дар [аrиrат дар [ама давру замон зу[ури инсон[ои нотавонбину
[асуд, ки аз муваффаrияту дастовард[ои наздикон хашму uазабашон аланга гирифта, пайи талх
кардани айши он[о мешаванд, табиист. Косадум аз rабили чунин ашхоси фикран заиф ва
ахлоrан вайрон буда, зиндагии худу дигаронро бо амал[ои номатлубаш за[рогин месозад.
«Фелетони зeр» низ дар инъикоси ахлоrи [амзамонон наrши мунир дошта, аносири [аxв ба
мисли [икояи аввал тезутунд корбаст нагардидааст. Масъалаи асосии [икоя мактуби шикоятии
пиразан аст, ки рўзноманигорро ба хотири навиштани фелетоне ба дења меорад, аммо пиразани
сода иштибоњашро фањмида, аз навишта[ояш даст мекашад ва тан[о ваrти зоеъшудаи
рeзноманигор мемонаду бас.
Таълифи њикоѐти тамсилї низ дар бозтоби ахлоrи [амзамонон самар гузоштааст. {икоѐти
[аxвии «Минбар ва Xорeб» ба мубоњисаи минбару љорўб асос ѐфта, нависанда тибќи таомули
аљдодї бо забони рамз вазъи ањволи шахси худхоњу маникунандаро баъд аз њарбу зарб нишон
додааст. Дар оuози сухан сар шудани rисми зиёди xанxоли xа[он аз манманb њамчун «неши
касофат» таъкид гардида, сипас ба[су мунозираи минбару xорeб, ки ба хархаша табдил меёбад,
хеле завrовар ба тасвир омадааст. Натиxаи манb ба зоњир шудани амали фаррош, ки «xуссаи
харошидаву ханxоршуда ва шалаrу абгоршудаи Минбарро, ки дар поёни са[на чаппа шуда
мехобид», оварда мерасонад. Нависанда хоксории обро бо вуxуди баrадриву зурурb нисбати
чиз[ои дигар зикр карда, арзиши нисбии минбарро бар нотиr медонад.
Тамоми хислатњои хуби инсониро мутафаккирони бузург «ќоидањои тиллої»-и одамият
номгузорї кардаанд. Файласуфони маъруфи xа[он њамеша дар пайи љустуљўи љавоб ба суоли «Оѐ
таќдири инсон ба ахлоќи ў вобаста аст ва ѐ ба иродаи Илоњї?» буданд. Фазлиддин Му[аммадиев
тавассути осори гаронмояаш таъкид намудааст, ки инсонро Худованд дар интихоб озод
офаридааст, вале меъѐрњоеро созмон додааст, ки дар тафаккур, сухан ва амали инсон риояи он[о
[атмист. Нависанда таќдири инсонро дар табиати худи вай мебинад. Аз ин рў, дар тасвири
ахлоќи њамзамонон њамеша сабаб ва натиљаи кори инсон пањлўи њам ќарор мегиранд.Нависанда
дар осораш бештар чун ровї ва мусаввири ахлоќи ањли замона намудор шуда, хонанда таваxxe[и
хоса ва амиќи ўро ба ахлоќи [амзамонон дарк мекунад. Албатта инъикоси масъалањо бештар ба
ниѐзи љомеа таносуб дошта, таваxxe[ ба ахлоќи xомеа аз одоби шоистаи адиб низ сар задааст.
Му[аrrиrони осораш бор[о аз хулrу рафтори некe ва одоби [асанаи адиб сухан кардаанд. Аз
ин рe, ў бештар майли инъикоси он чизеро дошт, ки мехост дар сиришти њамзамонон бештар
бубинад.
Сабку забон, объекти тасвир, инъикоси њодиса, тасвири њолатњои рўњиву равонии ќањрамон аз
муњимтарин мухтассоти насри Фазлиддин Муњаммадиев ба њисоб рафта, боиси инкишофи насри
психологї гардид. Мавсуф бо тањлилњои психологї ќалби инсон, андешањои дардолуд, маќому
102
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
мавќеъ ва ахлоrи [амзамононро муайян намуда, ба ин васила ба кирдори инсонњо бањогузорї
карда тавонистааст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Баќозода,Љ.Љустуљўњои эљодї дар насри тољик/Љ.Баќозода.-Душанбе:Ирфон,1982.–144с.
2. Кошифї,Њусайн Воиз.Футуватномаи султонї.Ахлоќи мўњсинї.Рисолаи Њотамия/Њ.Кошифї.–
Душанбе:Адиб,1991.–320с.
3. Муњаммадиев,Ф.Куллиѐт: иборат аз 5 љ/Ф.Муњаммадиев.–Душанбе:Адиб,1990.–384с.-1љ.
4. Муњаммадиев,Ф.Куллиѐт: иборат аз 5 љ/Ф.Муњаммадиев.–Душанбе:Адиб,1990.–448с.-2 љ.
5. Муњаммадиев,Ф.Куллиѐт: иборат аз 5љ/Ф.Муҳаммадиев.- Душанбе:Адиб,1991–384с.- 3љ.
6. Набавї,Абдухолиќ.Љусторњо ва ибтикорот дар наср.Маљмўаи маќолањо/А.Набавї.–
Душанбе:Адиб,2009.–324с.
7. Набиев,Абдухолиќ.Тасвири олами ботинии инсон/А.Набиев.–Душанбе:Ирфон,1997.–160с.
8. Рањмонов,Абдуљаббор.Пиндорњои
асотирї
дар
адабиѐти
тољикї.Маљмўаи
маќолањо/А.Рањмонов.–Душанбе:Диловар–ДДМТ,1999.–196с.
9. Сайфуллоев,Атахон.Тафаккур ва образ/А.Сайфуллоев.–Душанбе:Ирфон,1968.–167с.
10.Хољаева, М. Тањќиќи услуби осори адабї/М.Хољаева.-Хуљанд,Омор, 1994.- 230 с.
11.Шукуров,Муњаммадљон.Пањлўњои тадќиќи бадеї/М.Шукуров.–Душанбе:Ирфон,1976.– 273с.
REFERENCES:
1. Baqozoda,Jurakhon.Creative Findings in the Tajik Prose/J.Baqozoda.-Dushanbe:Cognition,1982.–
144 p.
2. Koshifi,Husayn Voiz.Futuvat-Name of Sultani. Good Morals. Hotamiya`s Treatise/ V.KoshifiDushanbe: Man-of-Letters,1991.–320 p.
3. Muhammadiyev,Fazliddin.Collection of Compositions.In five volumes.–V.1.Short Stories/
F.Muhammadiyev.-Dushanbe: Man-of-Letters,1990.–384 p.
4. Muhammadiyev,Fazliddin.Collection of Compositions. In five volumes.–V.2.Narratives/
F.Muhammadiyev.-Dushanbe:Man-of-Letters, 1990. – 448 p.
5. Muhammadiyev,Fazliddin.Collection of Compositions. In five volumes.–V.3.Novel and FairyTale/F.Muhammadiyev.-Dushanbe:Man-of-Letters,1990.–384 p.
6. Nabavi, ABdukholiq.Findings and Undertakings in the Tajik Prose. Collection of Articles/
F.Muhammadiyev.-Dushanbe:Man-of-Letters,2009.–324 p.
7. Nabiyev,Abdukholiq.Depiction of Inner World of a Human-Being/A.Nabiyev.-Dushanbe:
Cognition,1997.–160 p.
8. Rahmonov,Abdujabbor.Mythical Deeds in the Tajik Literature.Collection of Articles/
A.Rahmonov.-Dushanbe:Dilovar-TNU(Tajik National University),1999.–196 p.
9. Sayfulloyev, Atakhon. Idea and Image/A.Sayfulloyev.-Dushanbe:Cognition,1968.–167 p.
10.Khojaeva, M. The study of Literaty stule/M.Khojaeva.-Khujand:Omor, 1994.-230 p.
11.Shukurov,Muhammadjohn.
Aspects
Aimed
at
Literary
Research/M.Shukurov.Dushanbe:Cognition,1976.–273 p.
Художественное исследование нравственности современников
в рассказах Фазлиддина Мухаммадиева
Ключевые слова: нравственность современников, индивидуальная и общественная мораль,
основные критерии морали, духовно-социальные проблемы, положительные и отрицательные
герои, психологическое и духовное состояние, внутренний мир человека, психологическая проза.
В статье объектом исследования являются особенности изображения морали современников в
рассказах современного таджикского писателя Фазлиддина Мухаммадиева. Отмечается, что
нравственное мышление писателя, источником которого являются современность и жизнь
современников, состоит из умения формулировать вопросы, мастерства осуществления обзора
актуальных проблем жизни, талантливого исследования социально-политических проблем и
серьезного анализа красочных сцен жизни,действий и взаимоотношений современников.
Автор статьи придерживается мнения, что одна из особенностей создания героев Ф.
Мухаммадиевым проявляется в необычном описании хода мыслей, столкновения с
неожиданными событиями, интенсивности размышлений, неприятных состояний. Этот способ
изображения представляется интересным с точки зрения демонстрации мыслей и внутреннего
состояния, отображения нравственных ценностей писателя.
103
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
Кроме того, автор статьи обращает внимание на тот факт, что реальная сущность героев, как
правило, постепенно раскрывается при развертывании событий, в моральных и духовных
столкновениях, и в зависимости от основной цели писателя, идеи и темы произведения,
определяется степень отображения нравственного облика персонажа.
Автор статьи подчеркивает, что важным аспектом художественного виденья Ф. Мухаммадиева
является воспитание совершенного человека, умного и высоконравственного, который своими
достойными поступками и делами сможет принести пользу обществу. С целью более яркого
изображения отрицательных качеств современников писатель использует элементы юмора и
сатиры. Анализ рассказов писателя выявляет, что особые приемы изображения, стилевое
разнообразие и смелость в постановке вопросов способствовали развитию прозы размышлений и
интенсивному отображению нравственных проблем общества. Автор статьи приходит к выводу,
что Ф. Мухаммадиев, осуществляя психологический анализ человека и его печальных
размышлений, определяет позицию и нравственные критерии современников, и тем самым
оценивает поступки и поведение людей.
Artistic Research Morality of the Contemporaries in Fazliddin
Muhammadiyev`s Short Stories
Key words: morality of contemporaries, individual and social morals, major criteria of morals,
spiritual-social problems, positive and negative heroes, psychological and spiritual state, inner world of
human-being, psychological prose
The object of the research is the peculiarities of depiction of contemporaries` morality in the short
stories of the modern Tajik writer Fazliddin Muhammadiyev. It is emphasized that moral thinking of the
writer which is a source beset with contemporaneity and the life of contemporaries consists of the
abilities aimed at formulation the issues associated with mastership of image`s effectuation concerned
with a survey of actual problems of life, talented exploration of socio-political problems and serious
analysis dealing with colorful scenes of life; actions; interrelations of contemporaries being taken into
account as well.The author of the article keeps to the opinion that one of the peculiarities of creation of
heroes by F. Muhammadiyev is evinced in an unusual depiction of evolution of thought confrontation
with unexpected events from the viewpoint of demonstration of thoughts and inner state; reflection of
moral values of the writer. Into the bargain, the author pays particular attention to the real essence of
heroes, as a rule, elicits it gradually in the course of developing events both in moral and spiritual
collisions and respective of the principal goal of the writer; ideas and themes referring to the literary
production bring to light the level of reflection of a moral image of personage.
The author points out that the most important aspect of imaginative vision by F. Muhammadiyev is
an upbringing of a perfect human-being, possessing clever and high morality who is able to bring benefit
to society with his/her own actions and deeds. In order to reflect negative qualities of contemporaries
more clearly the writer resorts to the elements of humor and satire.
Adducing the results of the writer`s short stories the author elicits that principal examples of depicting
stylistic diversity and courage in a formation of questions promote the development of the prose of
ruminations and intensive reflection of moral problems related to society. In a nutshell, the author comes
to the conclusion that F. Muhammadiyev carrying into effect a psychological analysis of a human-being
and his sad ruminations determines the positions and moral criteria of contemporaries, at the same time,
the author assesses people`s habits and behavior.
Маълумотнома дар бораи муаллиф:
Мавлонова Мутриба Љўраевна, номзади илмњои филологї, дотсент, докторанти кафедраи
адабиѐти муосири тољики Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ѓафуров
(Љумњурии Тољикистон, ш.Хуљанд), E-mail:Mutriba_mavlonova@mail.ru
Сведения об авторе:
Мавлонова Мутриба Джураевна, кандидат филологических наук, доцент, докторант кафедры
современной таджикской литературы
имени
академика
Б.Гафурова
mail:Mutriba_mavlonova@mail.ru
Худжандского
(Республика
государственного университета
Таджикистан,
г.Худжанд),E-
Information about the autor:
Mavlonova Mutriba Juraevna, Candidate of Philology Associate Professor, a Doctoral student in the
Department Modern Tajik Literature of Khujand State University named after academician B.
Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail:Mutriba_mavlonova@mail.ru
104
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
4
Размер файла
1 284 Кб
Теги
short, research, stories, muhammadiyev, contemporaries, fazliddin, pdf, artistic, morality
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа