close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Criticism of Dilorom''s poems and fascination of her poetry..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 8 тоҷ 2
ББК 83.3 тоҷ
№1(50) 2017
Б.МАҚСУДОВ
НАҚДИ ШЕЪРИ ДИЛОРОМ ВА ДИЛОРОМИИ ШЕЪР
1.Муқаддима. Азбаски шеър ба ҳайси як ҷарақаи ҳунарӣ падидаи хоси ботинӣ ва маънавии
шахси эҷодкор ва пайванд хӯрдани андешаву завқ дар баробари ангезаҳои ҳаводиси беруну дарун
аст, новобаста аз авзои сиѐсию иҷтимоии ҳар давру замон ҳатман зуҳур мекунад ва ҳаѐти худро
идома мебахшад. Яъне, ин раванд ҳаргиз қатъшуданӣ нест. Бибинед, ҳоло мо дар даврае зиндагӣ
ба сар мебарем,ки мафкураи ҳеч як ҳизб ѐ иттиҳодияи ҷамъиятӣ бар он ҳоким нест. Аммо
арзишҳои маънавии умумибашарӣ амсоли адлу инсоф, ватандӯстӣ, ҳамнавъпарастӣ, ахлоқи
ҳамида, саъй бар камолоти маънавӣ ва ғайра ҳамеша будааст ва имрӯз ҳам ҷой дорад.
Дар тайи беш аз 70 соли мавҷудияти ҳокимияти шӯравӣ дар шеър,ҳатто дар шеъри ғиноӣ
идеяи интернатсионализми пролетарӣ, ба истилоҳ дӯстии халқҳо, васфи кору заҳмат ва монанди
инҳо дар зинаи аввал қарор дошт. Ҳизби коммунист,ки ягона ҳизби ҳоким бар ҳаѐти мардум буд,
дар назди шоирон вазифаҳои эҷодӣ мегузошт ва аз эшон талаб мекард, ки аз чаҳорчӯбаи
нишондодаи он берун нараванд. Равиши эҷодӣ ҳам яке буд ва он ҳам равиши риѐлизми
сотсиалистӣ. Ҳар эҷодкоре, ки дар иҷрои чунин вазифаҳо ва аҳдофи таъйинкардаи ҳизб муваффақ
мешуд, мукофоту ҷоиза мегирифт ва зиндагии хубро ҳам соҳиб мешуд ва бар замми ин
эътибораш баланд мегардид. Касоне, ки аз роҳу равиши таъйиншуда мунҳариф мешуданд, ба
нармӣ бигӯем, осорашон чоп намешуд,зеро сензураи давлатӣ вуҷуд дошт, ки бар фаъолияти
эҷодкорон шадидан назорат мекард. Аммо агар аз чунин осор ками андар ками онҳо, тасодуфан,
чоп ҳам ки мешуд, ба танқиди сахти мунтақидони адабӣ гирифтор мегардид ва аз дасти шоир ба
ҷуз таслим шудан коре намеомад. Имрӯз дар кори халлоқияти адабӣ вазъ комилан дигар аст.
Шахси эҷодкор дар кори худ озод аст.Дар ҳар мавзӯъ, ки дилаш хост ва ҳар равишеро ки ирода
кард,шеър менависад.Сензураи расмӣ дигар вуҷуд надорад. Барои таҷассуми ҳар навъ идея
эҷодкорро таъқиб намекунанд. Фақат тарғиби ҷангу зӯроварӣ, ахлоқи разила ва ифротталабӣ
манъ аст. Дар кори халлоқияти адабӣ,аз ҷумла офаридани шеър акнун сензура дили худи эҷодкор
аст.Муаллиф назди виҷдони худ бояд масъулият дошта бошад.
Ҳоло чоп ва нашри шеърҳо ва ҳатто маҷмӯаи ашъор ҳам саҳл шудааст. Агар маблағи
муайянеро ба нашриѐт интиқол бидиҳӣ ѐ дар ҳалли ин мушкил сарпарасте пайдо кунӣ, осон
метавонӣ китоби шеърҳоятро ба табъ бирасонӣ. Вале чунин имкон барои ба майдон омадани
ашъори заиф, хом ва завқкуш ҳам метавонад боис шавад.Мутаассифона, муаллифони чунин
ашъор маҳсули қалами худро паст намедонанд ва фақат як мақсад доранд ва он ҳам худнамоӣ ва
шуҳратталабӣ. Дар ин бора ахиран дар матбуоти даврӣ ва Садову Симои Тоҷикистон суханҳои
бисѐр гуфта мешаванд (5-12,12,6-7)
Суоли асосие, ки дар ин мақола матраҳ мешавад аз ин қароранд: Шоири ҷавони мутахаллис
ба Дилором кист? Оѐ Дилороми дигаре ҳам вуҷуд дорад? Ашъори онҳо аз кадом ҷинсанд? Оѐ
метавон аз рӯи ашъори Дилороми Хуҷандӣ пайгирӣ кард, ки чӣ гуна ба эҷоди шеъри нав
расидааст? Мавзӯъ ва муҳтавои шеърашро чиҳо ташкил медиҳанд? Дар шеър чӣ гуна сабк дорад
ва шохисаҳои сабкиаш кадомҳоянд,Ҷаҳонбинии мавсуф чӣ гунае дорад?...Масъалаҳои
зикршударо метавон бо истифода аз равишҳои сохторшиносӣ, равонкобӣ ва ҳерменевтикаи
адабӣ то андозае ҳал кард.
2.Баҳс. Бояд арз шавад, ки дар миѐни шоирони ҷавон истеъдодҳои назаррасу қобил ва
умедворкунанда ҳам кам нестанд. Якеи онҳоро, дар соли гузашта, бо исми Дилором озмуни
ҷумҳуриявии Телевизиони “Баҳористон” кашф кард. Асли ӯ аз ноҳияи Ҳамадонӣ буда, ҳам
шеъри суннатӣ менависад ва ҳам шеъри нав ва дар эҷоди ҳар ду навъ пешсаф аст.Ӯ хеле ҷавон ва
муҳассили соли чоруми Донишгоҳи давлатии тибби Абӯалӣ Синои Тоҷикистон мебошад.
Чанд шеъри кӯтоҳи Дилором қабл аз баргузории озмуни зикршуда дар рӯзномаи “Адабиѐт ва
санъат” (10,8) чоп шуда буд ва ман фақат як намунаи онро, ки бо номи “Меҳан” аст, зайлан
меорам:
Аѐ Меҳан,
Кунам то кӯчаи тори туро равшан,
Дилам ҳамчун чароғи кӯча месӯзад.
Мавзӯи ин шеър иҷтимоист ва метавон онро назири шеъри асил ба шумор овард, зеро дар он
нигоҳи комилан шоирона, эҳсосбарангез ва отифии шоир нисбат ба Ватан баѐн шудааст. Дар ин
255
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
шеъри хурдакак, ноогоҳона, вале хеле баҷо аз санъатҳои нидо, тавсиф, муболиға, ташбеҳ, тазод,
ташхис ва ғайра коргирӣ сурат гирифтааст, ки дар натиҷа балоғати шеърро фароҳам овардааст.
Гузашта аз ин, дар забони ин шеър гурез аз забони меъѐр ва рӯзмарра, ки муҳимтарин ҷавҳари
шеъри асил аст, дида мешавад. Фақат шоири жарфбин ва ҳассос метавонад гӯяд, ки “дилам
ҳамчун чароғи кӯча месӯзад”. Аслан, ба таври табиӣ назар кунем, дар миѐни “дил” ва “чароғи
кӯча” ҳеч робитае нест. Истеъдоди шоира дар он аст, ки миѐни онҳо ва зеҳни худ алоқае ва
таносубе барқарор кардааст, онҳоро ба ҳам ошно намуда ташбеҳи аѐнию зиндаю гӯѐе сохтааст,
ки натиҷааш сухани хаѐлангезест. На ҳама тавони онро доранд, ки чунин коре бикунанд, биноан
ба ин гуна муаллиф ҳаргиз эрод намегиранд, балки ба ҳайси шоири хуштабъ эътирофаш
мекунанд.
Чунин забоне,ки Дилором дорад,забони хоси худаш аст, ориятӣ нест. Калимаҳояш содаву
маъмулианд, аммо онҳоро чунон ҳунармандона канори ҳам чидааст, ки шеър кӯтоҳ, вале қавию
тамомшуда берун омадааст.Аз ҷиҳати қолаб, шеъраш агарчи суннатӣ ҳам нест, ба он хеле наздик
аст. Мисраъи аввал афоъили рукни “Мафоӣлун”(V– – – )-ро дорад. Баъдан, дар мисроъҳои дуюму
сеюм ҳамин рукн шаш маротиба баробарвазн такрор шудааст.Аз нигоҳи қофия мисроъҳои якуму
дуюм ба ҳам ҷӯранд ва мисроъи сеюм аз қофия озод.
Муҳим он аст, ки дар ин шеър диди тоза, маънии тоза ва иқдоми тоза дида мешавад. Тасвир
тааҷҷубзост ва мояи аслии шеъри асил ҳам дар ҳайратзо будани он аст. Аммо тасвири хушку
муҷаррад нест.Дар ин шеър тасвир ва тарзи адоро дар ҳаракат мебинем. Шоира рисолати
шоириашро нек анҷом додааст.Ӯ худ барои хонандаи шеъраш намунаи хуби ватандорист. Ӯ
тамошобин ѐ мушоҳидачии одии ҳоли Ватан нест, балки ватандори асил аст ва бар замми ин
хонандаро такон медиҳад, аз паси худ мебарад. Зикри ифодаҳои шоир аз қабили“кӯчаи тор”-и
Ватан ва “сӯзиши дил”–и қаҳрамони ғиноӣ боиси маъниҳои гуногун ба бар кардани шеър
гаштаанд.“Кӯчаи тор”метавонад маънии аз нигоҳи моддӣ ва иқтисодӣ ақибмондагиро ба зеҳни
хонанда илқо бикунад ва метавонад ба костагиҳои маънавии иҷтимоъ низ ишора дошта бошад.
Муҳим он аст, ки дилсӯзии қаҳрамони ғиноӣ аз афсурдадилӣ нест. Дар ӯ азми қавӣ ва
равшангарию созандагӣ ошкоро намоѐн аст.Дар роҳи ин мақсади наҷиб шоира ба ҳама гуна
корнамоӣ омода аст. Мисли Данко мехоҳад дилашро барканад ва роҳро барои дигарон фурӯзон
намояд. Дар шеър мазмуну оҳанги некбинона ва хидмат намудан баҳри шукуфоии Ватан мавҷ
мезанад. Дилором шоира аст, яъне аз ҷинси латиф, вале мардона шеър мегӯяд. Дигар шеърҳояш
низ хонданӣ ва сазовори баррасии махсусанд. Ба ӯ фақат метавон аҳсант гуфт.
Ин гуна шоирони асили ҷавон ва ояндадор дар кишвари мо –Тоҷикистони азиз дар ҳоли
падидорӣ ва ҷилванамоӣ ҳастанд. Мо аз онҳо умедҳои калон дорем. Яке аз онҳо ҳамноми
Дилороме,ки дар борааш сухан кардем,дар уфуқи шеъри тоҷик арзи ҳастӣ намудааст. Ӯ
Дилороми Хуҷандист. Бояд гӯям,ки дар бораи шахсият, таҳсил, соири савонеҳи зиндагӣ ва
фаъолияти вай ҳеч иттилоъе надорам. Ҳамин қадар ба тахмин маълумам шуд (ва он ҳам аз
мазмуни сурудаҳояш),ки аз мавзеъи атрофи Хуҷанд асту алҳол дар ин шаҳр зиндагӣ дорад.
Бадеҳист,ки то ин муддат шеърҳои Дилором рӯи чопро дидаанд. Мунтаҳо ин кӯтоҳӣ аз ман
гузашта бошад, ки ашъори ӯро пештар дучор нашудаам ва аз тулӯъаш дар осмони адаби кишвар
бехабар мондаам. Пурсуҷӯҳо маълумам кард, ки дар чунин бехабарӣ нигорандаи ин сутур танҳо
нест. Чанде аз суханшиносон ва мунаққидони ҳушѐру ҷӯянда ҳам дар ташхиси шахсият ва аҳволу
ашъори ӯ лол монданд. Ҳатто ковишҳои ман дар шӯъбаҳои марбутаи Китобхонаи миллии
Тоҷикистон натиҷаи дилхоҳ надоданд. Натавонистам аз ӯ шеъре ѐ дар борааш иттилоъе ба даст
орам.
Асли мақсаде ки мехоҳам бигӯям ин аст,ки чанде пештар дӯсти азизи банда Мубашшири
Акбарзод як даста шеърҳои Дилороми Хуҷандиро ба ман дод ва тақозо кард, то дар атрофи онҳо
чизе нависам.Хуб, муаррифгари ҳар эҷодкор, билхосса шоир, ашъори ӯянд. Биноан, хостам ба
воситаи шеърҳои Дилором ӯро бишносам ва ба дигарон муаррифӣ намоям. То куҷо ба ин кор
муваффақ мешавам, намедонам. Ба ҳар сурат кӯшише мекунам.
Аввал,ба шеърҳои Дилором як нигоҳи куллӣ андохтам ва дидам, ки ҳамаи онҳо аз ҷинси
ғиноиянд. Шеърҳои ба ман расида ҳамагӣ 14-15 тоянд ва ҳаҷман гуногун. Сеи онҳо комилан
қолаби суннатӣ доранд, яъне дар вазни арӯз суруда шудаанд ва боқӣ ҳама шеърҳо
таҷаддудгароѐнаанд, яъне истилоҳан шеъри нав.
Дар оғоз мехоҳем шеърҳои суннатии Дилоромро мурур намоем. Нахустин шеъри арӯзии ӯ, ки
ба чашмам хӯрд, шеъри зайл аст:
256
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
Замон аз дасти соатҳои мо дилгир хоҳад шуд,
Нафас аз зарфи ҳастӣ то куҷо табхир хоҳад шуд.
Видоъи лаҳзаро аз соати девор бишнидам,
Кунун имрӯз дар фикри гузаштан “дер” хоҳад шуд.
Куҷо бозичаҳои рӯзгори кӯдакии ман,
Зи дунѐ то бипурсам ин, ки рӯзе пир хоҳад шуд?
Ҳанӯзам гиряҳо андар хаѐли абр мепечанд,
Ба пойи умр рӯзе қатраҳо занҷир хоҳад шуд.
Биѐ, ин ҳарфҳои рӯйи санги роҳро хонем,
Агар ин рамз бишносӣ, замин тафсир хоҳад шуд.
Бигӯ чанди дигарро осмон аз ѐд хоҳад бурд,
Фаромӯшӣ шумори соати тақдир хоҳад шуд.
Биѐ, дарвозаи чӯбии фардо ҳаст безанҷир,
Ки он ҷо хобҳои кӯдакӣ таъбир хоҳад шуд.
Шеъри зикршуда аз нигоҳи жанрӣ шакли ғазалро дорад. Ҳаҷмаш ҳафтбайтӣ аст, яъне меъѐрии
анъанавӣ. Шеър, тавре ки ғазалро лозим аст, матлаъ ва мақтаъ дорад. Дар баҳри Ҳазаҷи
мусаммани солим гуфта шудааст ва аз ҷиҳати вазн ҳеч костие надорад. Мавзӯяш баѐни ҳасрату
андуҳ аз гузаронии умри инсон мебошад ва барои ифодаи он вазни интихобшуда комилан
мутобиқат дорад. Сохтораш бо ғазали мусалсал ҷӯр дармеояд. Ғазал андешаҳои фалсафии
муаллифро дар бораи дунѐ ва кори дунѐ бар дӯш дорад ва диди шоир бар зиндагӣ дар сатҳи хуби
ҳунарӣ буруз кардааст. Азбаски муаллифи шеър дар дунѐи пуртаҳаввулу пурҳаводис ва
шитобзада зиндагӣ дорад, мисли ҳар инсони ин замона дар сомон додани ҳамаи корҳояш
наметавонад расидагӣ кунад. Ин ҳолат, яъне андӯҳи ҳасратбор аз гузашти вақт дар ду байти
аввал шоирона тарсим шудааст. Шоира дида, ки айѐми кӯдакӣ зуд сипарӣ шудаву аз нигоҳи син
бузург гаштааст.Аммо ѐд дорад, ки дирӯзак тифли бепарво буд ва бозӣ мекард, биноан
аз“бозичаҳои рӯзгори кӯдакӣ” сухан ба миѐн меорад ва бо таҳайюр, вале бо таҷоҳули ориф аз
дунѐ пурсиданист,ки бо гирифтани он бозичаҳо,оѐ ӯ ҳам замоне “пир хоҳад шуд?”.Аз ин байт
метавон боз маънии дигаре бардошт, ки оѐ бозичаҳо ҳам рӯзе пир хоҳанд шуд?.
Маънии байти чаҳорум бисѐр хаѐлангез ва мисли соири абѐти ин ғазал дар сатҳи баланди
ҳунарӣ адо шудааст. Хонандаро ба ин андеша мебарад, ки ашкони аз гиряҳо пайдошуда бухор
гашта ба абр печидаанд ва ту дар замонаи зудгузар пир мешавию онҳо рехта дар пойи умрат
занҷир хоҳанд шуд. Яъне, умри одамӣ гузарон аст. Ҳамин маъниро Бедил ба тарзи дигар чунин
баѐн карда буд:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст (4, 528).
Дар тарзи адои худ Дилором манзараи дигареро дар шакли хеле мунсаҷим тарқим карда ба он
парвози романтикӣ бахшидааст.Таркибҳои истиории“хаѐли абр”,“ба пойи умр занҷир гаштани
қатраҳо” дар шеъри муосири тоҷик тоза ва диди хоси шоираанд.
Аз байти панҷум сар карда мазмуни ғазал ба ҷониби некбинӣ ва амалкард гардиш мекунад.
Ҳамин байт ва байтҳои шашуму ҳафтум бо нидоҳои такрории “биѐ”,“бигӯ” оғоз мешаванд.
Шоира хонандаро ба саъйу талош ва амал кардан даъват мекунад. Худашро ҳам дар ин кор
саҳим, балки намуна нишон медиҳад. Ӯ ҳаракат дорад, дар сафи пеш бошад ва мухотаби худашро
низ таҳти таъсир қарор медиҳад. Мегӯяд “биѐ ҳарфҳои рӯйи санги роҳро хонем”. Ин объекти
истиориеро,ки вай нишон медиҳад метавон ба ҳар маънӣ таъбир кард. Шояд касе гӯяд, ки он
маънии таърихи гузаштаро дошта метавонад. Бале, шояд ин дуруст бошад, аммо гуфтан мумкин
аст, ки он маънии омӯзишро,яъне талош барои касб кардани ҳама гуна илму ҳунар ва ҷадал
кардан дар роҳи шинохтану маърифат кардан ва кор карданро метавонад дошта бошад.Зеро
маънии ахир ба бофти умумии шеър мутобиқат дорад. Шоира ҳамин маъниҳоро дар мақтаи ғазал
ҷамъбаст намуда “дарвозаи фардоро боз” нишон медиҳад ва иброз медорад, ки он ҷо (яъне, дар
оянда) “хобҳои кӯдакӣ таъбир хоҳад шуд”, яъне орзуҳо амалӣ хаҳад гашт.
Аз муҳтавои ин шеър (ки онро боз ҳам муфассалтар метавон таҳлил кард) натиҷа ин аст, ки
Дилороми Хуҷандӣ низ мисли Дилороми Хатлонӣ вазифаи иҷтимоии худро дар баробари ҷомеъа
дар сатҳи аҳсан иҷро кардааст. Дар шеър санъати ташхис ѐ саҳеҳтар бигӯем, ҷондорангорӣ ва
истиора дар зинаи аввал қарор дорад. Шоира падидаҳои табиатро зинда ва инсонгуна нишон
медиҳад.Баъзе истиораҳои ҷолибе, ки аз забонаш ҷорӣ шудаанд, боиси чандинқабата гаштани
маъниҳо шудаанд.Тавре мебинем,ғазал мазмуни ошиқона,ки хоси ин шакли жанрӣ бошад,
257
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
надорад.Аз рӯйи таснифи анвоъи шеъри ғиноӣ,ки оқои Мансури Фасоӣ дар китобаш “Анвоъи
шеъри форсӣ”овардааст, ин ғазалро метавон шеъри таълимӣ (9,86) унвон кард. Аммо ба
меъѐрҳои ғазал пурра ҷавобгӯст, зеро мазомини фалсафӣ-дидактикӣ ва иҷтимоии он мамлу аз
отифаи улвии инсонӣ мебошад.
Аз мутолиаи ғазали мазкур дар бораи шахсияти сарояндаи он тасаввуре ҳосил кардан метавон
ва он ин аст,ки Дилором шоираи сермутолиа,дорои донишу ҷаҳонбинии васеъи муосир,
истеъдоду фаросати баланд ва ҳамчун эҷодкор дар баробари ҷомеъа масъулиятшинос мебошад.
Шеъри дигари Дилором низ комилан арӯзӣ аст:
Чи хатти сояранге дар ҷабинам,
Ҳамин дард аст, гӯѐ дар каминам.
Ба ин болеву парвозе, ки дорам,
Навои хаста – борони ҳазинам.
Куҷо боло? Ҳанӯзам дар заминам.
Зи фардоҳо чӣ мепурсӣ суроғам,
Суроғи осмони интиҳо ку?
Гираҳ андар нафасҳои заминам.
Ҳанӯзам зарраи хоки қадимам.
Чӣ мегӯӣ ту бозори замонро,
Ғуруби лолаи сабри ман ин аст,
Пашизи бебаҳо пеши нигинам.
Чӣ мепурсӣ, чаро ҳоло чунинам?
На лабхандеву гармое, на ишқе,
Ин шеър ҳам ғазали ҳафтбайтӣ дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ва дар бораи ҳоли худи
шоира аст.Онро кай сурудааст, бароямон маълум нест.Дар ин шеър ӯ ба худ фурӯ рафтааст.
Эҷодкор низ наметавонад дар як ҳолати рӯҳӣ устувор бимонад, хоса эҷодгари зан ва он ҳам
ғиногӯ, ки дунѐяш нисбатан рангинтар ва пуршебу фарозтар, зеро дар қабули воқеъиятҳои
зиндагӣ ва табиат ҳассостар ва дар ботини худ сайѐртар аст. Биноан шеъри мазкур намунаи хуби
шеъри занона аст. Дар он хаѐлоти шоира атрофи вожаҳои “замин”,“замон”,“камин”ва “хоки
қадим”,ки боз ҳам ифодагари замин аст,мечарханд.Тавсифҳои истиории ”хатти сояранг”,
“борони ҳазин”,ки дар матлаъи шеър оварда шудаанд ва шоира худро ба онҳо нисбат медиҳад,
сарахбори рӯҳияи хаста ва ғамолуди ӯ мебошанд. Рафта-рафта дар мақтаъ “лолаи сабр”-и худро
дар ғуруб дидааст. Аммо дар ин ғазал афтодарӯҳии мутлақ нест.Сухан дар бораи фардову
парвозу осмонҳо ҳам дар миѐн ҳаст. Шоира аз тазодҳои рӯзгор ва номуродиҳои шахсӣ, ки
гирифтор гаштааст, дар баѐни эҳсосот метаркад ва як инсони заминию хоксор ва пуртакопӯ
маълум мешавад. Аммо тасвиру баѐнаш расо ва матину устуворанд.
Дилором боз як ғазали ҳафтбайтӣ дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани солим ва дар рӯҳия ғазали
қаблӣ бо матлаъи «“Дило, то кай дар ин зиндон,фиреби ину он бинӣ”,- Баҳои шодмониро насиби
нокасон бинӣ» (мисраи аввал аз Саноӣ аст) дорад. Ин ғазалро пурра таҳлил намекунем. Фақат
мегӯем, ки бардошти ҷолибест аз як шеъри Саноӣ, аммо ҳомили мазомини мазаммати дунѐ ва
ноустувории он аз нигоҳи шоиронаи як зани андешаманд.
2.4.Алъон мегузарем ба таҳлили шеъри дигари Дилором бо номи “Як субҳ”:
Он боғ,
Як фард,
дар пои он дарахт
дасте бахун шуда,
занҷире боз шуда,
азхуд бурун шуда.
вазне раҳо шуда.
Эй кош,
Имшаб,
рамзе фано шуда,
хобе фано шуда
роҳе хато шуда.
нақше садо шуда.
Як субҳ,
Ин фасл,
ин сояҳои мо,
ранге ҳаво шуда,
ноошно шуда.
барге куҷо шуда?
Дар шеъри мазкур унсурҳои шеъри озод ва дуршавӣ аз шеъри суннатӣ ошкоро дида мешавад.
Соҳибназарони суханшинос ин гуна шеърро “нимасуннатӣ” ѐ шеъри нимоӣ унвон кардаанд
(3,27). Чунончи, омадани як ѐ ду калима мисли сархат дар бандҳои шеър ва аз нигоҳи наҳвӣ як
ҷумларо ташкил додани ҳар банд; забони адабии имрӯзӣ ва образҳои нав доштани он,ҳамчунин
гоҳе нобаробар омадани миқдори мисроъҳо дар бандҳо. Аммо ҳамаи мисроъҳо вазни арӯзӣ
доранд. Масалан,сархатҳо ҳама “фаълон” ва ҳамаи мисроъҳои шеър “мафъӯлу фоилун”(– – V /– V
–) буда,ба баҳри Музореи мураббаъи ахраби маҳзуф ҷӯр дармеоянд.(фақат дар мисроъи дуюм
шояд иштибоҳи техникӣ рафта бошаду ба ҷои“во”,“боз” чоп шудааст). Дар аксари мисроъҳо
ҳузури қофия низ мушоҳида мешавад, аммо на бо шеваи шеъри суннатӣ.
Аз нигоҳи мавзӯъ шеър комилан тасвирист. Шоира дар тасвирсозӣ қудратнамоӣ кардааст. Ин
шохисаи шеърӣ дар шоирони навпардози Эрон бештар дида мешавад ва дар шеъри тоҷик пас аз
чаҳоряки охири асри гузашта тадриҷан роҳ ѐфтааст. Зикри он ҳам лозим аст, ки на ҳама дар ин
258
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
равиш муваффақ гаштаанд. Аммо Дилором дар ин кор табъи баланду хаѐлоти борики шоирона
зоҳир намудааст. Дар тасаввури шоира боғе падидор аст,ки дарахте пояш аз занҷир раҳо шуда,
занҷир ҳам ки вазнин аст, дарахт аз ин гаронӣ озод шудааст. Ин ҷо тасвирсозиро мебинем.
Маънӣ кардани ибҳомоти он каме тааммул мехоҳад ва модоме ки боғ дар назар аст, дарахт
мевадор аст ва то мева дар дарахт напазад он озод буда наметавонад ва вақте самарашро аз
танаш бардоштанд, раҳоӣ меѐбад. Дар банди дуюм мегӯяд:хоби касе аз байн рафта ва пайваста ба
ниѐиш ѐ тазарруъ машғул аст ѐ садо дармедиҳад. Дар идома муроди шоира тасвири фасли дай аст
боғ ранги ҳаворо гирифта, яъне шохҳои дарахтон урѐн ва тираву ҳамранги ҳавои дай гаштаанд.
Баъдан, дар тасаввури шоира шахсе даст ба ҷиноят задааст ва умед бар он дорад,ки ин пиндораш
хато бошад.Дар банди ахир изҳор медорад,ки дар як субҳ сояҳоямон номушаххас шудааст.Дар
воқеъ ҳангоми субҳ соя вуҷуд надорад ва ҳама яксонанд, яъне табиат ва одамон нав шудаанд.
Дар ин шеър ҳар банд тоблу ва нақшест мунсаҷим, зебо, хаѐлбарангез, мутаҳаррик ва
шукуфон. Чизи мусаллам ин аст, ки дар ҳамаи бандҳо истиораи шеър аз худ буруншавии офоқи
тасвир аст. Инро дар охири ҳар мисроъ бо ҳолатҳои гуногун омадани феъли “шуда” қавитар
нишон медиҳад. Шояд дар бораи маънии ин шеър ривояти дигаре ҳам зада шавад. Бардошт аз ин
гуна шеърҳо, албатта, метавонад гуногун бошад, ба ҳадде ки худи муаллифи шеър ҳам бо он розӣ
набошад. Аммо шеъри асил,ба таъбире,“баъди эҷоди он аз инҳисори муаллиф берун
мешавад”(2,389). Мисдоқи воқеъияти чунин назарияро, бешубҳа, дар ашъори Дилором низ
мебинем.
Шеърҳои дигаре,ки аз Дилором зери даст дорам, ҳама шеъри сапеданд. Маълум мешавад,
табъи шоирии ӯ ба шеъри нав ва он ҳам шеъри сапед, ки дар кишвари мо парчамдори он Доро
Наҷот аст, майли тамом дорад. Нахустини ин насақ шеъри Дилором, ки чашмам афтод, шеърест
бо номи “Аз рустои баргҳо”:
Ман аз рустои баргҳо,
Ман аз тирамоҳҳои огоҳ,
аз он ҷо, ки сафедор
ва баргҳое, ки медонанд
дарахти кӯчаҳои ғамгинон аст.
тафсири ҳақири рӯзгори моро.
Ман аз рустои модарони ғамгин
Ман аз фазои бодпаракҳои хуррам,
ва кӯдакони сабур.
бодпаракҳое, ки иваз шуд
Ман аз баргҳои мармуз,
ба тайѐраҳои сафар.
бо аноре ҳамхун,
Ва лолазоронаш ба ҷодаҳои ҷудоӣ.
себро ҳамтаркиб.
Ман аз рустои баргҳо...
Ин шеъри ғиноӣ вижагиҳои умдаи шеъри сапедро бо худ дорад. Чунончи, он фоқиди вазни
арӯзӣ ва қофия аст. Мисроъҳо зинадор ва дарозу кӯтоҳанд. Дар шеър образҳои анъанавӣ ҷойгоҳ
надоранд ва ҳаракати шоира ба самти тасвирҳои тоза аст, биноан сабкаш ҳеҷ суннатӣ нест. Дар
забонаш гурезе ҳаст аз забони мантиқӣ, он қолабӣ нест. Ҷойи ташбеҳотро асосан ифодаҳои
шоирона ва таркибҳои истиорӣ гирифтаанд. Тасвирҳо мармузанд. Таваҷҷуҳ ба хаѐлбандӣ бештар
аст. Аз шеваи инсонангорӣ бештар коргирӣ шуда: “рустои баргҳо”,“тирамоҳи огоҳ”,“баргҳои
доно”,“бодпаракҳои хуррам” ҳама зинда ва сифатҳои инсонӣ доранд. Эҳсосоти дарунӣ ва фардии
шоира дар шеър малмус тарсим шудааст. Аммо дар он куллан ибҳом ҷой дорад ва дарки мазмуни
шеър ба хонандаи оддӣ дафъатан даст намедиҳад, ӯро ба тааммул мекашонад.
Шеъри мазкур намунаи хуби шеъри занона ҳам аст. Ин гуна шеърҳо дар хилоли ашъори
занони навсарои эронӣ аз қабили Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ ва чанде дигар бартарӣ
доранд. Азбаски ба тахмини наздик ба яқин шеъри Дилором дар пайравии шоираҳои зикршуда
эҷод шудааст ва ҳамчунин ки худ зан ҳасту муштарокоти эҳсосӣ бо онҳо дорад,дар шеъраш
эҳсосоти амиқ таҷассум ѐфтааст.Бар шоира отифаи занона ва модарона ғалаба дорад. Далелаш
дар шеъри фавқ корбурди образҳои “модарони ғамгин”ва“кӯдакони сабур”мебошад. Калимаи
такя дар ин шеър “ман” аст. Шоира маънои “ман дар деҳа миѐни мардуми оддии заҳматкаш
бузург шудаам”-ро мегӯяд: “ман аз рустои баргҳо”. Шояд “рустои баргҳо” маънои ғариби дигаре
ҳам дошта бошад. Бодпаракҳои замони кӯдакӣ, ки аз барги коғаз буд, ба тайѐраҳо бадал шудааст
ва қаҳрамони ғиноиро ба сафарҳои дур аз русто бурдааст. Дар ин ғазалвора ғами ҷудоӣ аз
зодгоҳ (носталгия) хеле хаѐлангез ба тасвир омадааст. Сохтораш даврист, зеро мисроъи аввал дар
охири шеър такрор шуда таъкиди маъно мекунад. Мисоли дигари таҷассуми эҳсоси занона дар
шеъри Дилором шеъри сапеди кӯтоҳест ба ин гуна:
Ҳамеша дастҳои фаромӯшӣ боз аст
барои кӯдаконе, ки
ҳанӯз наомадаанд.
259
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
Дар матни ин шеъри кӯтоҳ, ки ламъае аз бархурди шоира бо воқеъияти зиндагист, тасвир ва
хаѐли шоирона боз аст барои парвози отифаи инсонӣ.
Тасвири ҳаѐти кӯдакони ятиму бепарастор яке дигар аз мавзӯъҳои шеъри Дилором аст.
Намунаи он шеъри “Зери чатри меҳрубонӣ” мебошад,ки эҳсосоти занонаву модарона дар он ҷӯш
мезанад:
Рӯзгори сарду боронӣ.
Кӯдаконе
Кӯдакиҳои маҳзун
чархи мошинҳои хонумҳои сарватманд
Кӯдаконе дар даст
мешӯянд.
бодпаракҳои бенабз.
хонумоне, ки қалбашон
чун санги гарданбандашон сахт аст...
Кӯдаконе, ки равонанд
Мешавад, аммо
бо аробачаҳои бешавқ
ятиме-духтареро хотироти шод бахшидан.
дар кӯчаҳои вақт.
Ё ҷавони болиғи танҳоро
Кӯдаконе дар ҷайб
номаҳои ишқ бинвиштан
акси фарсудаи модар.
Мешавад
Кӯдаконе, ки медонанд
Он кӯдакони сахт танҳоро
фардо ҳам аз модар номае нахоҳад расид.
зери борон чатр гардидан.
Рӯзгори сарду боронӣ.
Кӯдакиҳои маҳзун.
Ин шеър аз навъи иҷтимоӣ ва таълимист,ки дар мазӯъи рӯз гуфта шудааст. Дар он отифаи
поки инсонӣ ва дилсӯзӣ бар тифлони маҳзуни ятимеро, ки дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мондаанду
модари ғамхор надоранд, ба тасвир гирифтааст.Шоира дар нимаи ахири шеър хонумҳои
сарватманди бепарворо ба муҳофизи онҳо шудан (“чатр гардидан”) даъват намудааст.
Аз вижагиҳои барҷастаи шеъри мазкур дар он ба назар меояд, ки куллигӯӣ надорад. Тасвирҳо
хеле мушаххас,мӯҷаз ва аѐнианд.Бинобар ин зеҳни хонанда пушти вазну қофия намеравад, балки
дар даври сувари хаѐли шоира мечархад. Батакрор омадани лафзи“кӯдакон”ва он ҳам маҳзун ва
дар тазод нишон додани саҳнаҳои ҳаѐти онҳо дар баробари хонумҳои сарватманди машғул бо худ
драматизми шеърро нерӯманд ва хотирмон кардааст. Шоира хонумҳои сармоядори дилсахтро ба
дилдорӣ хондааст. Фикр мекунам ӯ дар ин кор отифаи раҳмату шафқати худро бо отифаи
хонанда гиреҳ зада тавонистааст.
Яке аз мушаххасоти дигари ашъори ғиноии Дилором ин аст, ки мавзӯи ишқи зан ба мард
мустақиман матраҳ нест. Лобаҳои бараҳнаи ошиқона низ ҷой надорад. Ҳатто муаллиф аз
зебоиҳои зоҳирию ботинии занонаи худ ҳам ҳеч ҳарфе намегӯяд. Ҳамаи инҳо зери парда пинҳон
мондаанд. Аммо аз хилоли ин гуна ашъораш нокомӣ, шикаст дар ишқ ва ҷудо мондан аз ѐр
маҳсус аст. Шеъри“Фирор”намунаи боризи ин гуна ҳолат аст:
Касе омад,
то зиндагиро дар хоби марг тасвир кунам...
ки набзи ман
Эй марг,
дар садои пояш мезад.
фардо пушти болҳои ту хоҳад монд
Касе омад,
ва кабӯтар аз рӯи дастҳои ту бенишон.
ки овози абадият
Касе омад,
дар ханҷараи гулӯяш месӯхт.
ки сояи дасташ чатри оромиш буд.
Нигоҳ кард
Ва суроғаи роҳи фирор овард,
ба иртиботи шикастаи
Бо қатораҳои фаромӯшӣ.
ман бо ман.
Танҳо шудам,
Ин “касе”кӣ метавонад бошад? Он маҷҳулу ношинохта ва мубҳам аст. Оѐ он ѐри рафта бошад,
ки замоне аз бари қаҳрамони шеър рафтааст? Ба як ривояти наздик ба бофти шеър метавонад
образи малакулмавт бошад, ки “овози абадият”бо ӯст.Ва ӯ овардааст“суроғаи роҳи фардоро бо
қатораҳои фаромӯшӣ”. Аз ашъори Дилором чунин маълум мешавад,ки ѐри дилхоҳаш аз як тарҳе
тасаввурию ваҳмӣ беш нест; вайро садо мекунад ва садояш ҳам аз як садое хаѐлӣ беш нест.Ин
нукта дар шеъри“Эй тарҳи шабранг”нек таҷассум ѐфтааст:
замон дигар наметапад...
Ту омадаӣ
Тарҳи ту мисли пардаҳои хобу бедорӣ
берун аз хобҳои ман
Мисли акси касе дар об меларзид.
аз қарияи бечароғи андӯҳ,
Боз ман
аз фасли шабонаи танҳоӣ
дар сарзамини хастаи худ
аз боғҳои торик
Ба сӯи панҷара рафтам.
чи рӯшан омадаӣ.
Ҳанӯз борон
Ва дар муҷовирати мо
260
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
ҳуруфи қонуни коғазии моро нашуста буд.
Дар иштиѐқи ту мондам,
Ва ҳақиқатҳо сархуш аз бодаҳои дурӯғ.
Эй тарҳи шабранги саропо садо.
Тавре дида мешавад, ѐр як тарҳи шабранг ва тасаввурӣ дар рӯъѐи шоира аст ва барои хонанда
маҷҳул. Ин ѐр омада аз “қарияи бечароғи андӯҳ”ва“боғҳои торик”. Бо садое қаҳрамони шеърро
сӯяш мехонад ва он садо ҳам хаѐлӣ аст.
2.8.Дар ҳамин шеър ва дар шеъри “Фирор”ҳамчунин дар шеърҳои боқимондаи “Мавсими
ҳазин”,“Дар сояи шабҳои муҳоҷир”,“Ҳаҷми боронӣ”,“Дар соҳили андӯҳ”комилан як фазои
ҳазини яъс, навмедӣ ва хастагиву танҳоӣ ҷой дорад. Ҳатто унвони шеърҳо ҳам ҳамин ҳақиқатро
бозгӯ мекунанд. Пурсише пайдо мешавад чаро ин тавр аст.? Ду то посух метавон бар ин суолҳо
дод.Яке ин ки ҳолати рӯҳию равонии муаллифи ин гуна ашъор гоҳи сурудани шеър ҳамон тавре
будааст, ки таҷассуми онро дар онҳо мебинем. Дигар ин ки аз вижагиҳои худи шеъри навгароѐн
ҳамин будааст, ки дар шеъри нави Дилором мебинем. Чунончи,оқои Муҳаммадризо Рӯзбеҳ-аз
муҳаққиқони шеъри нави Эрон дар китобаш “Сайри таҳаввули ғазали форсӣ” менависад:”Яке аз
муҳимтарин вижагиҳои ғазали нав ғалабаи яъс, ноумедӣ ва пучӣ дар эҳсосоти шоирон мебошад”
(7,139).Дар воқеъ ин мушаххаса дар ашъори шуарои навгарои Эрон аз қабили Фурӯғи
Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ ва бисѐр дигарон бештар ба назар мерасад. Дар баъзе шеърҳои
ғазалвораи Дилором низ, ки аз онҳо ном гирифтем,ҳамин шохиса мушоҳида мешавад. Зайлан аз
ҳамин гунаи таровишоти табъи Дилором пора-пора намуна меорем:
Садои боғ ҳазин
Ва интисоби ваҳмро эҳсос мекунам...
(“Мавсими ҳазин”).
Ман истодаам
дар имтидоди ғамгини зиндагӣ,
дар ҳаҷми боронии лаҳзаҳо
Мебинам
касе дар ҳавои обии бемористон
ҳандасаи рӯшани маргро мебинад...
(“Ҳаҷми боронӣ”).
Чи қадр вусъати ғамгинест
дар дили кӯчаки ман...(“Дар соҳили андӯҳ”).
Дар кадом субҳ
шабнам аз боми барг,
зиндагӣ аз боми ҳамеша хоҳад уфтод.
Дар кадом субҳ дигар ман
мисли як барг аз ин шохаи умр
мисли як қатра аз ангушти замон хоҳам рехт.
(“Дар сояи шабҳои муҳоҷир”).
Чунин яъс дар бештарин ашъори нави Дилором ҳоким аст.Фикр мекунам ин таъсир аз ашъори
навсароѐни Эрон ба шеъри Дилором интиқол кардааст.
Аз ашъори ин шоира ошкоро маълум аст, ки мавсуф дар шеъри нави Эрон мутолиаи ҷиддӣ
дорад. Ҳатто як силсилаи вожаву таркибҳо амсоли“боғҳои мармуз”,“соязорон”,“фосилаи
наздик”,“овози абадият”,“иртиботи шикаста”,“хоби марг”,“пашиз”,“боми барг”,“муҷовират”,
“панҷара”,“интисоби ваҳм”,“имтидоди зиндагӣ”,“ҳандасаи марг”,“замони фақид”,“иртифоъи
ғам”, “соати абрӣ”, “интиқоли нур”, “қавонини зист”, “рагҳои мунҷамид”,“иштиѐқи сеҳри
убур”ва ғайра баргирифташуда аз шеъри шоирони навпардози эронӣ аст. Гузашта аз ин
образҳои замину осмон, бод, барг, субҳ, офтоб, садо, фасли тар, чатр, боғ ва ғайра дар ашъори
шуарои муосири Эрон тарсими бисѐр доранд. Ба шоира метавон тавсия пешниҳод кард, ки дар
ашъораш аз забони адабии мустаъмали тоҷикӣ ѐ форсии Осиѐи Марказӣ истифода ба амал
орад.Зеро истифодаи калимоти номаънус ва дур аз зеҳни хонанда боиси изтироби сабк мегардад.
Дар шеъри Дилором, ки мавриди назари мост,вожаҳои “барг”,“соат”,“субҳ”,“фасл” ва махсусан
“садо”,басомади зиѐд доранд. Аммо ин вижагиҳо дар шеъри шоирони муосири эронӣ низ зиѐд
аст. Пас, сабки сухани Дилором такя ба сабки дигарон дорад. Азбаски дар силки шоирони ҷавон
аст ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ давом дорад. Мутмаъинем, ки оянда дар халлоқияти шеър истиқлоли
фардӣ пайдо мекунад ва сабки худро соҳиб мешавад.
261
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
Аз ашъори навгароѐнаи ҳозири Дилором чунин ба назар мерасад, ки ӯ ҳарфи худӣ ҳам дорад
ва истиораи бунѐдии шеъраш ѐ маънии меҳварии шеърҳояш “танҳо мондан аст”. Дар аксари
тасвирҳо ва кулли ифодаҳои рангинаш ҳамин маънӣ ба рӯ задан дорад. Бими ӯ аз танҳоист.
Гузашти бебозгашти вақт низ аз мотивҳои батакрори шеъри ӯст.
Аз нигоҳи он ки кадом мафкура дар офаридаҳояш таъсири бартар дорад, тахмин задан
мумкин аст, ки бештар мафкураи мазҳабӣ ва фалсафаи фаталистӣ наздаш ғалаба дорад.Аммо
ашъораш аз нигоҳи тасвирҳои шоирона хонданӣ ва ба мухотаб таъсиргузор аст,фақат ба шарте
ки ба онҳо ғавр карда шавад.
Ҳоло дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва маҳофили адабӣ сари шеъри нав,хосса навъи
сапеди он баҳсҳо идома доранд. Баъзе арӯзиѐни тоҷик ва шуарои куҳангаро,ки бар қавонини
шеъри суннатӣ таассуб доранд ва дар офариниши шеър тахаллуф бар нишондодҳои Шамси
Қайси Розиро ғайримумкин медонанд ва шеъри нав, хосса сапедсароиро ҳеҷу пуч ва беҳудагӯӣ
меҳисобанд (8,6). Бархе дигар, ба шумули худи сапедсароѐн онро шеъри асил мешиносанд (6,10).
Аммо инро ҳам ногузир бояд эътироф кард, ки на ҳамаи навсароѐни тоҷик дар кори худ
муваффақанд. Ҳастанд шоирони навзуҳур, ки калимоту таркиботи беарзишу фоқиди бадеъиятро
канори ҳам мегузоранд ва шеъри сафед унвонаш мекунанд. Вале ҳастанд гурӯҳи маъдуди шоирон,
ки шеъри сапедашон дар воқеъ шеърияти баланд доранд, Нигорандаи ин сутур Дилоромро аз
ҷумлаи чунин шоирони боистеъдод меҳисобад, ки дар кори худ то ҳадде муваффақ ҳастанд.
Дар воқеъ чунин маълум мешавад, ки Дилором аз рӯи ҳавою ҳавас не, балки огоҳона ба
навсароӣ пардохтааст, зеро ӯ, тавре ки дар қисмати аввали ин мақола дидем, аз роҳи шеъри
суннатӣ ба он расидааст. Ӯ дар вуҷуди худ дарѐфта, ки ба сурудани шеъри нав нерӯ ва завқе
мувофиқ дорад.
Азбаски дарку ҳазми шеъри нав заминаи адабӣ ва тааммул мехоҳад, бояд хонандагони хоси
худро дошта бошад. Алъон оммаи густардаи тоҷик ба қабули шеъри нав ба таври комил омода
нестанд ва бо он камтар унсу улфат доранд. Бо ин вуҷуд тарафдоронаш ҳам ҳастанд ва ба
фикрам, пас аз гузашти андак замоне сафи онҳо рӯ ба афзоиш меоварад ва шоҳиди он хоҳем шуд,
ки ин гуна шеър дар кишвари мо низ албатта ҷойгоҳ пайдо мекунад. Аҳамияти шеъри нав пеш аз
ҳама дар он аст, ки завқи бадеӣ ва зебошиносии хонандагонро тарбият ва олами ботиниашонро
рангинтар намуда, дар маърифати адабӣ онҳоро боло мекашад.
3.Натиҷа. Ашъори ғиноии Дилором, ки пештар баррасӣ намудем, навъе кашиши ҳунарӣ
доранд. Онҳо эҳсосоти рақиқи ботинӣ, маънавиѐти ӯ ва билохира баъзе нишонаҳои ҷузъиѐти
зиндагӣ ва хисоли вайро ба мо бармало мекунанд. Аз сапедсароѐни маъруфи Эрон Аҳмади
Шомлу дар бораи ашъори худаш бар абас чунин нагуфтааст: “Осори ман худ автобиогрофии ман
аст.Ман дар ҳақиқат ба ин муътақидам, ки шеър бардоштҳое аз зиндагӣ нест,балки яксара худи
зиндагист”(11,83).
Бо ин нақли қавл мо ҳунари Дилоромро бо санги тарозуи Аҳмади Шомлу вазн карданӣ
нестем. Фақат муроди мо баѐни ин аст,ки мешавад дар ашъори Дилором ҳам лавҳаҳои гуногуни
ҳаѐтро дид ва аз тариқи ашъораш ҳолоти рӯҳию румузи зиндагиашро то ҷое пай бурд ва
бардоштҳои худро мо дар иртиботи ин мавзӯъ пештар арз кардем.
Гуфтании дигар ин аст, ки Дилором гарчи ҳунари хуби тасвиргарӣ дорад, шоири романтик ва
дарунгарост.Берунро мутобиқ бо дунѐи даруни худ ѐ ба иборати дигар бо чашми дилаш мебинад
ва ба тасвир мегирад. Бинобар ин дар шеърҳои сапедгунаи ӯ бартарии тасвирро бар қазоват
мебинем.Умумиятҳое,ки дар байни тасвирҳои ашъори Дилором ва навсароҳои Эрон ҳаст,
натиҷаи равобити байноматнист. Метавон гуфт Дилором дар коркардҳои забонӣ ҷо-ҷо нақши
дид ва ҳунари худро гузоштааст. Масалан,дар баъзе шеърҳояш,ки дар ин мақола нишон додем,
тасвирҳо чандсадоиянд, яъне матни боз доранд ва ин ҳунари мавсуф аст.
Мутаассифона, санаи таърихи суруда шудани шеърҳои Дилором барои мо маълум нест.Агар
зикри он мавҷуд мебуд, фурсати хуберо дар ихтиѐри мо мегузошт, то раванди сайри шоириашро
то ба имрӯз ба мушоҳида бигирем.
Албатта,ашъори Дилором пажӯҳиши хосеро металабад. Бо ин гуна як нигоҳи гузаро, ки
нигорандаи ин мақола ба онҳо афканда, масъала ҳал нахоҳад шуд. Бояд ашъори ин шоира ва
мисли ӯ шоирони дигар бо жарфнигарӣ дар бофти шеъри нави форсии Эрону Афғонистон ҷиддан
таҳқиқ шавад.Дар он сурат мушаххасоти дигари ашъори Дилором ошкор ва тавзеҳи бештар
хоҳад ѐфт ва ба ин тартиб даричае ба дунѐи шеъри нави Тоҷикистон кушода хоҳад шуд.
262
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
ПАЙНАВИШТ:
1. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе: Шарқи озод.-2016.
2. Барт,Ролан (1994) Смерть автора /Р.Барт//Избранные работы: Семиотика.Поэтика.Перевод с
франц.Г.К.Косикова.-М.:Прогресс.-С.844-392.
3. Баширӣ,Алиасғар.Ғазали нав.Чопи аввал/А.Баширӣ.-Теҳрон:Насли офтоб,1390.
4. Бедили, Деҳлавӣ.Куллиѐт.Дар 3 ҷилд.-Ҷ.1.Ба тасҳеҳи Акбари Беҳдорванд ва Парвиз Аббосии
Доконӣ/Б.Деҳлавӣ.-Теҳрон:Илҳом,1388.
5. Луқмон,Толиб.Зи ҳарфи бетааммул худдорӣ мебояд. Адабиѐт ва санъат.-2016. 10- июл.–12 с.
6. Наҷот, Доро.Бо дафтаре аз шеъри нав...Адабиѐт ва санъат.-2016.10-март.–10 с.
7. Рӯзбеҳ,Муҳаммадризо.Сайри таҳаввули ғазали форсӣ.-Чопи аввал.-Теҳрон:Равзана,1379.
8. Тоиров,У.,Солеҳов М.Шери бедуму сару ишкам кӣ дид?Адабиѐт ва санъат.-2016.-11-феврал.С.6.
9. Фасоӣ,Мансури Растагор.Анвои шеъри форсӣ.Чопи аввал-Шероз:Навид,1373.
10.Чориева,Дилором.Шеърҳо.Адабиѐт ва санъат.-2016.26-ноябр.-С. 8.
11.Шомлу,Аҳмад.Маҷмӯаи ашъор.Дафтари якум.Чопи ҳафтум.-Теҳрон,1385.
12.Шӯрои назм ва нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон“Мисли Усмонаш...мапар
бар осмон!”.Адабиѐт ва санъат.-2016-14-июл.-С.6-7.
REFERENCES:
1. Consitution of Tajikistan Republic. - Dushanbe: Freedom of the Orient, 2016.
2. Bart, Rolan (1994) Death of the Author /R.Bart // Selected Compositions: Semiotics. Poetics.
Translated from French by G.K. Kosikova. – M.: Progress, - P. 844 – 392.
3. Bashiri, Aliasghar. Newly Gazel. The first edition/A.Bashiri. - Tehran: Nasli Oftob, 1390hijra.
4. Bedili, Dehlavi. Collection of Compositions. In three volumes. – V.1. Revised by Akbari Behdorvand
and Parviz Abbosii Dokoni/B.Dehlavi. - Tehran: Ilhom, 1388hijra.
5. Luqmon, Tolib. We Must Confine ourselves to Un-Meditation Word. Literature and Art. – 2016.
July 10, - 12 р.
6. Najot, Doro. Some Points from New Poem… Literature and Art. – 2016. March 10. – 10 р.
7. Ruzbeh, Muhammadrizo. Essay on the Development of Persian Gazel. – The first edition. - Tehran:
Ravzana, 1379hijra.
8. Toirov, U., Solehov M. Who Saw the Tailless, Headless and Non-Stomach Lion? Literature and Art.
– 2016. February 11. – P. 6.
9. Fasoi, Mansuri Rastogar. Types of Persian Poem. The first edition. - Sheroz: News, 1373hijra.
10.Chorieyva, Dilorom. Poetry. Literature and Art. – 2016. November 26, - P. 8.
11.Shomlu, Ahmad.Collection of Poems. The first book. The seventh edition/A.Shomlu.–Tehran,
1385hijra.
12.Poetry and Literary Criticism under the Council of the Tajik Writers` Union. «Like his Usmon Don`t
Fly to the Sky!». Literature and Art. – 2016. July 14. - P. 6 – 7.
Нақди шеъри Дилором ва дилоромии шеър
Вожаҳои калидӣ: Дилором, шеъри суннатӣ, шеъри нав, ғазал, тасвир, шеъри занона, дарунгароӣ
Дар мақола ашъори суннатӣ ва навпардозиҳои шоираи ҷавони тоҷик Дилором Солибоева мавриди
таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф қайд менамояд, ки то имрӯз бар ашъори ин шоира
бар мабнои равиши илмӣ таҳқиқе анҷом напазируфтааст. Барои аввалин бор сурудаҳои ин шоираи
тоҷик бо коргирӣ аз равишҳои сохторшиносӣ, равонкобӣ ва ҳерменевтикаи адабӣ дар ин мақола
тадқиқ шудааст.
Изҳор мешавад, ки насли нави шуарои тоҷик, бидуни назорати сензураи давлатӣ, озодона ба
халлоқияти адабӣ шуғл варзидан доранд. Намунаи боризи ин иддао сурудаҳои Дилором аст. Мавсуф
аз роҳи сурудани шеъри матини суннатӣ, огоҳона, ба эҷоди шеъри нав расидааст. Натиҷаи таҳқиқи
мавзӯъро муаллиф чунин ишора мекунад, ки Дилором дар шоирӣ, махсусан дар гуфтани шеъри нав
шоири тасвиргар, романтик ва дарунгарост. Ёдрас мешавад, ки шоира берунро мутобиқ бар дунѐи
даруни худ ба тасвир мегирад, аммо дид ва лаҳни занона дорад ва биноан дар шеъри нави ӯ бартарии
тасвир бар қазоватро мебинем. Собит мегардад, ки дар низоми бофти ашъори Дилором калимаву
таркибҳои баргирифта аз ашъори шуарои навпардози Эрон бисѐр аст ва вожаҳои “барг”, “соат”.
“субҳ”, “фасл” ва махсусан “садо” шеъри шоира басомади зиѐд доранд. Ҷамъбаст мегардад, ки
аксари ашъори шоира дар мавзӯоти рӯз буда, иҷтимоӣ, таълимӣ ва тасвири ҳолотанд.
263
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№1(50) 2017
Критика стихотворений Дилором и
пленительность поэзии
Ключевые слова:Дилором, традиционная поэзия, новый стих, газель, образ, женская поэзия,
эмоциональность
В статье объектом рассмотрения и анализа являются традиционные стихотворения и
новаторство молодой таджикской поэтессы Дилором Солибаевой.
Автор статьи отмечает,что до сегодняшнего времени творчество поэтессы не становилось
объектом научно обоснованного исследования.В статье впервые предпринимается попытка
исследовать стихотворения поэтессы с применением методов структурного анализа,
психологического осмысления и литературной герменевтики.
Подчеркивается, что новое поколение таджикских поэтов без контроля государственной
цензуры имеют возможность свободно заниматься литературным творчеством. Примером этого
утверждения является творчество поэтессы Дилором.Она, создавая полностью традиционные
стихотворения, постепенно обратилась к новому стиху.
На основе анализа стихотворений поэтессы автор статьи высказывает мнение, что Дилором,
особенно в сочинении нового стиха, проявила себя в качестве поэта-романтика, который выражает
тончайшие оттенки эмоций.Она изображает внешний мир через призму своего внутреннего мира,
однако обладает женским взглядом и интонацией,и ввиду этого, в ее новом стихе наблюдается
преобладание образности над размышлением. Доказывается,что в структуре стихотворений
Дилором присутствуют слова и словосочетания,заимствованные из стихотворений иранских
поэтов-новаторов.В ее поэзии наиболее частотными являются слова“барг”(лист),“соат”(часы),
“субх”(утро),“фасл”(время года), в особенности, слово “садо”(звук).Автор статьи приходит к
выводу, что большинство стихотворений поэтессы написаны на тему дня,в них поднимаются
социальные и нравственные вопросы,и наравне с этим,они отображают внутреннее состояние
лирического героя.
Criticism of Dilorom`s Poems and Fascination
of her Poetry
Keywords: Dilorom, traditional poetry, new verse, gazel, image, feminine poetry, emotionality
The object of scientific analysis and consideration is traditional poems and innovation of the young Tajik
poetess Dilorom Solibaeyva.
The author of the article asserts that the creation of the poetess hasn`t been subjected to scientific survey up
to now yet. He makes an endeavor to canvass the poems belonging to the poetess in terms of an application of
the methods of structural analysis, psychological comprehension and literary hermeneutics.
It is emphasized that the new generation of Tajiks poets have opportunities to indulge freely in literary
creation without monitoring on the part of state censure. The creation of such poetess as Dilorom can be a
confirmation of the assertion. Creating completely traditional poems the poetess introduces bit by bit the
versified productions of quite different styles into her literary activity.
Proceeding from the analysis of her poems the author of the article the author expresses his own viewpoint
asserting that Dilorom mainly evinced herself as a poetess-romantic who expresses the subtlest shades of
emotions. She depicts the outer world through the prism of her own inner world. However, she possesses
feminine viewpoint and intonation; in this respect, she observes prevalence of image over rumination in her
new poems. It is proved that in the structure of Dilorom`s poems there are words and word-combinations
borrowed from Iranian poets-innovators.In her poems the following words are occurred mostly frequently:
«barg» (leaf), «soat» (clock), «subh» (morning),«fasl»(season),and the word of «sado» (voice), in
particular.The author of the article comes to the conclusion that the majority of the poetess` poems deal with
the burning themes of the current day where social and moral problems are raised; along with it her poems
reflect the inner state of a lyrical hero.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Маќсудов Бадриддин, доктори илмњои филологї, профессори кафедраи адабиѐти тољики
Донишгоњи миллии Тољикистон (Љумњурии Тољикистон, ш. Душанбе),E-mail: maksudov56@mail.ru
Сведения об авторе:
Максудов Бадриддин, доктор филологических наук, профессор кафедры таджикской
литературы Таджикского национального университета(Республика Таджикистан, г.
Душанбе),E-mail: maksudov-56@mail.ru
Information aout the author:
Maksudov Badriddin, doctor of philological sciences, professor of Tajik literature department, Tajik
National University(Tajikistan, Dushanbe),E-mail: maksudov-56@mail.ru
264
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
8
Размер файла
852 Кб
Теги
fascinating, pdf, poetry, dilorom, poem, criticism
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа