close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Jaloluddin Rumi and Arabic literature..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 8 Т 2
ББК 83, 3 (2 Т)
№ 3(48) 2016
С.Н. ЗИЁЕВ
МАВЛОНО ЉАЛОЛУДДИНИ БАЛХЇ ВА
АДАБИЁТИ АРАБ
Вожањои калидї: Мавлоно Љалолуддини Балхї, шеър, шоир, Мутанаббї, шоирони араб,
асарпазирї.
Тоњо Нада адабиѐтшиноси араб дар мавриди адабиѐти татбиќї ва таъсири як адабиѐт ба
адабиѐти дигар чунин гуфтааст: «Адабиѐти татбиќї ба баррасии кунишњои мављуд байни ду
адабиѐти мухталиф ва таъсиру таассури онњо бар якдигар мепардозад»(11,26). Дар њама давру
замон ва таърихе, ки адабиѐти тољикї-форсї фаъолияти худро љорї намудааст адабиѐти араб дар
њар як давраи адабиѐти мо бетаъсир набудааст. Агар ба корњои илмию-тањќиќотии
адабиѐтшиносон назар афканем, дар радифи дигар мавзўот мавзўи муњим ин асарпазирї ѐ таъсири
адабиѐти араб ба шеъри шоирони асрњои гуногуни мо ва равобити адабии Арабу Аљам мебошад.
Донишмандони шарќшинос аз ќабили Тољиддин Мардонї, Абдушукури Абдусаттор,
Низомиддин Зоњидов, Умеда Ѓаффорова ва дигарон равобити адабии тољику арабро бо равиши
хос ва даќиќкорона омухтаву тањќиќу пажўњиш намудаанд, вале то њол баъзе пањлўњои хосе аз ин
масъала њастанд, ки ниѐзи тањќиќоти махсусро доранд.
Арабњо то имрўз даъвои онро доранд, ки шоирони тољику форс шеърнависиро аз онњо
омўхтаанд. Аввалин шеърро аз шоирони даврони љоњилї медонанд ва ќасидаро аз аввалин навъи
шеъри араб ќабул кардаанд. Муњаќќиќони эронї арабуласл будани фанни ќасидаро дуруст
њисобида, вале такомулбахшии онро аз назари мазмун ва маънї аз шоирони форс
гуфтаанд.Чуноне , ки Сибавайњ худ форс асту асосгузори нањви забони арабї мебошад. Аммо
шоирони араб фанни маснавиро аз шоирони форсї иќтибос намудаанд ва шеъри маснавї дар
адабиѐти араб собиќа надорад, њамин тавр таркиббанду тарљеъбанд ва рубоиву ѓазал аз
ибтикороти шоирон ва гўяндагони номдори тољикї-форсї аст.
Родуѐнї дар бобати асарпазирии шоирони тољик аз шоирони араб чунин гуфтааст: «Пас
донистам ба яќин, ки аз инчунин таълифе ба сомон низ њам некў роњ набаранд ва аз даќоиќу назму
наср ба дурустї нишон надињанд. Гуфтам, ки бад-он ќадам, ки маро фароз ояд аз ин илм, бад-ин
китоб кунам ва таснифи шофї биороям ва аљноси балоѓатро аз тозї ба порсї орам ва мисоли њар
фасле
алоњида аз гуфтори устодон боз намоям, то рањнамой бошад њунарозмойро ва
суханпаймойро»(9,3). Родуѐнї дар ин иборот таъсиру истиќболи назариву адабии арабњоро дар
назар доштааст. Адабиѐтшиноси тољик У.Юсуфов дар ин назар дар асоси «Мањосин ул-калом»-и
Хоља Имом Наср ибни Њасани Марѓинонї, ки араб мебошад, тасниф шудааст (15,13).
Е. Э. Бертелс низ гуфта буд, ки “… чакомањои порсии навин дар зери таъсири шеъри араб падид
омадаанд”(3,108).
Пайдост, ки барои асосгузории сарфу нањв ва адабу мазњаби арабњо мардони донишманди
тољику форс аз ќабили Салмони Форс, Сибавайњ, Халил ибни Ањмади Фароњидї, Ибни
Муќаффаъ, Ибн ал-Амид, Абумансур ас-Саолибї, Ибни Ќутайба, Соњиб ибни Аббод, Роѓиби
Исфањонї, Абдулфазл Майдонии Нишопурї, Бадеъуззамони Њамадонї, Њарирї, Љоруллоњ
Замахшарї, Абдулќоњири Љурљонї ва садњо тан аз донишманди мо дар даврони хилофат ва баъд
аз он хизмати шоиста кардаанд. Дар ќарнњои оянда равобити шоирони Арабу Аљам ќавї гардид
ва шоирони мо аз адабиѐти арабњо бардоштњои пурсамар карданд.
И. Ю. Крачковский дар ин хусус навиштааст: «Дар рушду такомули фарњанг ва адабиѐти араб
на танњо арабњо, балки як ќатор халќу миллатњои дигар низ сањмгузоранд(4)». Аз гуфтаи ин
муњаќќиќ бармеояд, ки ваќте донишмандону шоирони мо барои рушди адабиѐти тозиѐн сањмгузор
бошанд, албатта, таъсири илму адаби тозиѐн ба осору ашъори онњо расидааст.
Маликушшуаро Бањор низ дар перомуни асарпазирии адабиѐти тољикї-форсї аз адабиѐти араб
ибрози андеша намуда, дар китоби «Сабкшиносї» чунин нигоштааст: «Адабиѐти форсї то сїчиҳил сол пеш ду поя беш надошт: яке улуми муқаддамотии забони араб, дигар татаббуот ва
мутолиот дар матни забони форсї ва фаро гирифтани қавоиди ноқиси забону таърихи луғат»(8,14).
124
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
Дар солњои аввали
ривољу равнаќи адабиѐти форсї-тољикї, дар даврони зиндагии
Абуабдуллоњ Рўдакї забон ва адабиѐти араб дар Хуросону Мовароуннањр пањн шуда буд ва
олимону муаррихону адибон ва шоирон бо ин забон асарњо эљод мекарданд. Дар асрњои IX-X
шоирони њамасри Рўдакї низ аз забону адаби тозиѐн бархурдор будаанд ва ба тозї таълифот
доштанд. Њамон гуна, ки Абдулкарим ибни Муњаммад ас-Самъонї дар «Китоб ал-ансоб»
навиштааст: «Рўдакиро дар Арабу Аљам назир нест»(9,147).
Т. Мардонї дар китоби «Рўдакї ва адабиѐти араб» перомуни чанд шеъри Рўдакї ва таъсири
адаби араб ба эљодиѐти шоир ишорањо намуда, як шеъри бисѐр љаззоби Рўдакиро, ки тарљумааш
ба шеъри шоири шинохтаи араб Абулњасан ибни Љирљис, ки бо лаќаби Ибн ар - Румї машњур аст,
монандї дорад, зикр намудааст. Ин шеъри Рўдакї чунин мебошад:
Ман мўи хешро на аз он мекунам сиѐњ,
То боз нављавон шаваму нав кунам гуноњ.
Чун љомањо ба ваќти мусибат сиѐњ кунанд,
Ман мўй аз мусибати пирї кунам сиѐњ.
Шеъре аз Ибн ар-Румї њаммаънои шеъри Рўдакист, ки чунин мебошад:
Ман мўи пиронаамро бањри соњибљамолон ранг накардаам,
Ки бо ин наздашон мењру муњаббат хоњам.
Балки ба ѐди љавониам онро ранг кардам,
Чун гузашт (љавониам) либоси сиѐњи мотам ба бар кардам(12,15).
Шоири машњури асри XIII-и мелодї Мавлоно Љалолуддин Муњаммади Балхї аз шоироне ба
њисоб меравад, ки ба забони арабї тасаллути комил дошта, дар ин забон низ ашъор эљод намуда,
аз адабиѐти тозї тазминњо дорад. Ин намунањои арабии ашъори ў нишонаи огањї аз забону
фарњанги арабњо мебошад ва табиист, ки баъзе онњо аз адаби арабњо асарпазирї шудааст.
Ин шоири донандаи забонњо рубоии муламмаи дилнишине дорад, ки бо забонњои тољикиву
арабї ва туркї навишта шудааст ва гувоњии асарпазирии забону адабиѐти турку араб ба шеъри
Мавлоно мебошад:
Ё авњаду бил љамоли, ѐ љонум сен,
Аз ањди ман ай дўст, магар нодум сен
Ќад кунта туњиббунї, фа ќул тољик сен,
В-ал явма њаљартанї, фа ќул сен ким сен.
Мавлоно Љалолуддини Балхї шеъри арабї навиштааст ва ин ашъор аз оѐти Ќуръон ва ањодиси
набавї асарпазир шудааст. Дар тўли таърихи адабиѐти форсу тољик шоироне буданд, ки ба
забони арабї шеър эљод мекарданд ва аз ашъори шоирони араб тазмин мекарданд, ба монанди
Мануљењрї, Фаррухї, Унсурї, Њоќонї ва дигарон. Баъзе аз онњо аз шоирони араб пайравї
менамуданд. Вале таъсири адабиѐти араб ба ашъори Мавлоно кам ба назар мерасад. Агар
Ќуръону њадисро дар алоњидагї бишморем ва аз адабиѐти араб берун донем, таъсири адабиѐти
араб ба эљодиѐти шоир кам дида мешавад. Аммо дар ин айѐм таъсири шеъри Мавлоно ба адабиѐти
араб бисѐр расида истодааст, ки ашъору осори шоирро адибону пажўњишгарони муосири араб ба
забони арабї тарљума намудаву омўхта истодаанд. Мавлоно, ки сафари дуру дарозтарини худро
дар Шом гузаронидааст ва дар он љо ба тањсил пардохтааст, ба лањљаи суриягї ошноии зиѐд
доштааст. Имрўз муњаќќиќини суриягї барои пажўњиши осори шоир пардохтаанд. Дар Паѐми
электронии Нур мусоњибаеро хондам, ки бо номи «Дурдонањои форсї дар дарѐи забони арабї»
мусаммо шудааст. Дар ин мусоњиба рўзноманигоре бо як мавлавишиноси суриягї бо номи Исо
Алии ал-А’куб дар мавриди таъсири шеъри Мавлоно ба адабиѐти суриягї бањс кардаанд. Аз байни
шоирони форсу тољик ў ба осори Мавлоно бештар таваљљўњ намуда, чандин китоб дар бораи
Мавлоно ва осори ў тарљума карда, фикру андешаи Мавлоноро ба хонандагони арабизабон
муаррифї намудааст. Исо Алї аз нафаронест, ки дар асри њозир ба фарњанги форсї-исломї
хидмати бисѐре карда, барои шиносондани ин фарњанг ва таъсири он ба фарњанги арабї
тањќиќоти арзишманде анљом додааст. «Та’сир ал-њикам ал-форсия фил-адаб ал-а’раби ал-му’асир
фил-аср ал-а’ббаси ал-аввал» аз љумлаи ин гуна тањќиќоти ўст, ки бо номи «Таъсири панди порсї
бар адаби араб» аз љониби Абдуллоњ Шарифи Хуљаста ба форсї тарљума шудааст (16,20-27). Аз
корњои мондагори Исо Алии А’куб тарљумаи «Фињї мо фињї»; «Маљолиси сабъа» ва рубоиѐти
Мавлоно мебошад. Бидуни ин тарљумон тадќиќотеро бо номи «Румї ва тасаввуф» тарљума
намудааст. «Фињимо фињї» яке аз асарњои мансур ва фалсафиву ирфонии Мавлоно мебошад, ки
125
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
дар он шеърияке аз шоирони машњури араб Абутайиб Ањмад ибн ал-Мутанаббї (915-965) ба
шакли мисол оварда шудааст.
Чунон ки зикраш рафт аксари шоирони тољику форс ба шеъри ал-Мутанаббї пайравї
намудаанд.Мавлоно дар маќолоти 8-уми “Фињи мо фињи” дар мавриди “Шинохти Њаќ” масали
арабиеро овардааст, ки ин масалро баъзењо њадис њам гуфтаанд, ки чунин мебошад:
Њар, ки худшинос аст, худошинос аст.
ва ба шакли мисол байте аз ашъори Мутанаббиро овардааст:
(7,52)
Тарљума: Пўшиданд либоси рангоранг, на аз барои худнамої,
Балки мањфуз монад он љамолу зебої.
Мавлоно ин љо њам масале, ки бо забони арабї навишта шуда буд, ќайд намуда, боз шеъри
ал-Мутанаббиро зикр намудааст, ки далели боризи асарпазирии шеъри Мавлоно аз адабиѐти араб
шуда метавонад.
Љои дигаре Мавлоно фармудааст:
(6,85)
Њар ки ўро дид андар манзиле,
Ончуноне, дид њама инсонњову маконњоро
Алиризо Манучењриѐн дар маќолаи “Мутанаббї ва шоирони порсї” таъсири шеъри
Мутанаббиро ба ашъори шоирони форсу тољик аз ќабили Унсурї, Фаррухї, Манучењрї, Саної,
Носири Хисрав, Анварї, Њоќонї, Мавлавї, Саъдї, Њофиз, Бедил, Соиби Табрезї ѐдоварї
намудааст. Муаллифи ин маќола дар бобати асарпазирии Мавлоно аз Мутанаббї ба наќл аз
“Маноќиб ул-орифин”-и Афлокї чунин навиштааст: “Маълум аст, ки њазрати Мавлоно дар
авоили иттисол ба Мавлоно Шамсиддин шабњо девони Мутанаббиро мутолаа мекард. Мавлоно
Шамсиддин фармуд, ки ба он намеарзад, онро дигар мутолеа макун. Як ду навбат мефармуд ва ў
аз сари истиѓоќ боз мутолеа мекард, магар шабе ба љидд мутолеа карда, ба хоб рафт...[2,54]”Дар
љои дигари китоби “Фињи мо фињи” Мавлоно дар мавриди ишќи њаќиќии Лайливу Маљнун байти
арабиро, ки бењтарин лањазоти муњаббат ва дўстдории беолоиши ин ќањрамононро овардааст, ки
чунин мебошад:
(6,169)Хаѐли ту муќими чашм аст,
ва номи ту аз забон холї нест,
Ва зикри ту дар самими љон љой дорад, пас нома пеши ки нависам.
Дар љои дигари ин асари фалсафї шеъри зерин оварда шудааст: (6,159)
Мавлоно се байт аз ашъори Њаллољро дар Маснавї тазмин овардааст:
Бикушед маро, бикушед маро эй суќот
Куштани ман њаѐте аст дар њаѐт
Эй хубруву эй руњи баќо
Љалб кун рўњи марову бикуш барои лиќои ман(5,509)
Бањоуддини Хуррамшоњї ва Сиѐмаки Мухторї дар китоби «Ќуръон ва Маснавї» дар бобати
тазмини шеъри Лабид аз љониби Мавлоно ишорае намудаанд:
Диди рўи љуз ту шуд ѓуллу калу,
Кулла шайъин мо сиваллоњ ботилу.
Тарљума: (Њама чиз љуз зоти Худо ботил аст)
Мусаннифи «Ќуръон ва Маснавї» ин шеъри Мавлоноро ишора ба ояти 8-уми Сураи Ёсин
медонад, ки дар фасли таъсири Ќуръон ба шеъри Мавлоно онро зикр намудаем.
Асли шеъри Лабид ибни Муаммар дар девони ў чунин омадааст:
Тарљума: Њама чиз љуз зоти Худо ботил аст
Њар неъмате, ки ломањол аст зоил аст.
Ин љо мебинем, ки Мавлоно на фаќат бо њадису оѐт, балки бо адабу фарњанги арабњо низ
ошної доштааст ва аз шоирони мухазрамї тазмин кардааст. Ў дар ду мисраъ њам аз оят ва њам аз
126
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
шеъри яке аз шоирони мухазрамии араб истифода кардааст, ки ин далели хуб балад будани шоир
бо забони арабї мебошад.
Дар ашъори ў садоќату самимият наќши асосиро мебозад ва аз њамин хотир Мавлоно аз
ашъори ў иќтибос намудааст.
Ба њамин минвол, хулоса намудан мумкин аст, ки Мавлоно Љалолуддини Балхї аз љумлаи он
шоироне буд, ки мисли дигар шоирону донишмандони њамасраш аз забони арабї бархурди зиѐд
намуда, бо эљодиѐти шоирони арабї ошноии зиѐд дошт ва аз ин сабаб аз шеъри шоирони араб
асар пазируфтааст. Мавлоно дар натиљаи наздикии зиѐдаш ба эљодиѐти на фаќат шоирони араб,
балки бо шоирони турку курду њиндиву дигарон, дар бисѐр љойи асарњояш аз хулќу атвор,
рафтору кирдор, танзими анъана ва љашну маросим, тарзи зиндагиву одобу русум, фарњангу
арзишњои мардумони ѓайритољику форс ѐдовар мешавад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абдушукури Абдусаттор.Таърихи адабиѐти араб/ А. Абдушукури.- Душанбе: Шуљоъиѐн, 2010.260 с.
2. Алиризо Манучењриѐн. Мутанаббї ва шоирони порсї/ Манучењриѐн Алиризо // Фаслномаи
матнпажўњии адабии Донишгоњи Аллома Таботабої.-Тењрон: Шумораи 55. Бањори соли 1392.С 43-64.
3. Бертелс, Е.Э. Таърихи адабиѐти форсї – тољикї/ Е.Э.Бертелс - Аз рўзгори бостон то поѐни ањди
Салљуќиѐн. Тарљумаи дуктур Сируси Издї. Тењрон: нашриѐти Ваззор, 1375.- 108 с.
4. Крачковский, И. Ю. Общие соображения о плане истории арабской литературы/И. Ю.
Крачковский. Избранные сочинения. Т.2. –М.-Л.- 1956.
5. Румї, Љалолиддини. Маснавии маънавї/Р.Љалолиддини.- Дафтари саввум. Абѐти 3839-3841.
с.509.
6. Мавлавї Љалолуддин Муњаммад. Фињи мо фињи. Бо тасњењ ва њавошии Бадеъуззамони
Фурўзонфар/М.Љалолуддин.- Тењрон: Заввор, 1386.-350с.
7. Мавлоно Љалолуддини Румї. Гузидаи Фињи мо фињи. Талхис, муќаддима ва шарњи Доктор
Њусейн Илоњии Ќумшаї. Баргардон, тањия, тавзењот ва луѓатномаи Абдулло Муллобоќизодаи
Шаваткї/Р.Љалолуддин.-Душанбе: Пайванд, 2007.-302с.
8. Маликушшуаро, Бањор. Сабкшиносї ѐ таърихи татаввури насри форсї/Б.Маликушшуаро. Душанбе: Бухоро, 2012.-570 с.
9. Родуѐнї, Муњаммад ибни Умар. Тарљумон ул-балоѓа. Тањияи матн, муќаддима ва тавзењоти Х.
Шарифов/М.Родуѐнї. -Душанбе: Дониш, 1987.-144с.
10. Самъонї,Абусаъд. Китоб ал-ансоб/ А.Самъонї.- Баѓдод: Мактабат ал-Мусанно. С.510.
11.Тоњо, Нада. Адабиѐти татбиќї. Тарљумаи Њодї Назрии Мунфарид. Чопи аввал/Н. Тоњо. Тењрон: нашри Най,1383.
12.Тољиддин,Мардонї. Рўдакї ва адабиѐти араб/М.Тољиддин.-Душанбе:«Ирфон»,2010.-128с.
13.Унсурї Балхї. Девон. Ба кўшиши Муњаммад Дабири Сиѐќї/ Б.Унсурї.- Тењрон:1342.
14. Фахурї,Њанно.Таърихи адабиѐти забони арабї.(Аз асри љоњилї то ќарни њозир)/ Њанно, алФахурї; Тарљумаи Абдулмуњаммад Оятї. Чопи 7.-Тењрон:Тус, 1386. (сањ.471).
15. Юсуфов, У.А. Ибни Рашиқ ал – Қайравонӣ ва асари ў «ал – “Умда фи Мањасин – аш – шеър ва
адабих ва нақдих»: Рис… номз. илм. филол. (10.01.03)/У.А.Юсуфов. – Душанбе: Донишгоњи
миллии Тољикистон . 2010. – 169 с.
16. http://www.noormags.com/view/fa/articlepage/37446. Марворидњои форсї дар дарѐи забони
арабї. Иттилои расонаї ва китобдорї: Китоби Моњи адабиѐт ва фалсафа: шањривари 1382.шумораи 71 аз 20 то 27
REFERENCES :
1. Abdushukur Abdusattor. History of Arab Literature. Dushanbe. Shujoiyon, pp. 2010.-260.
2. Aliriza Manuchehriyon. Mutanabi and Persian poets. Publication of literature of Alloma
Tabotaboyi.-Tehran: Edition 55. Spring of 1392 year.-p. 43-64.
3. Bertels Е.E. History of Persian-Tajik Litrature . From ancient time till the end of Saljukis dynasty.
Translated by D-r. Sirusi Izdi. Tehran: Vazzor Publishions, 1375.-p.108
4. Krachkovskiy I Y. The main idea of plan of history of Arab literature //I. Yu. Krachkovskiy. Selected
works. P.2. –M.-L.- 1956.
5. Jaloluddin Rumi. Masnavi-ye manavi. The third part. Poetry. 3839-3841. p.509.
6. Mavlavi Jaloluddin Muhammad. Fihi mo fihi. Edition and notes by Badeuzzamoni Furuzonfar .
Tehran: Zavvor, 1386.-p.350.
127
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
7. Mavlono Jaloluddin Rumi. Fihi mo fihi. Conclusion, introduction and interpretation by D-r. Husein
Ilohiyi Kumashi. Edition and notes and dictionary of Abdullo Mullobokizoda Shavkati. Dushanbe:
Payvand, 2007.-p.302.
8. Malikussuaro Bahor. Stylistics or history of Persian prose.-Dushanbe: Bukhoro, 2012.-p.570.
9. Roduyon Muhammad ibni Umar. Tarjumon –ul-balogha. Revision of text and introduction by Kh.
Sharipov.-Dushanbe: Donish, 1987.-p.144.
10. Al Samohi Abusaid. Kitob-al-.Bagdad: Maktabat-al-Musanno p.510.
11. Taha Hada. Comparative literature. Translated by Hodi Nazri Mubfarid. The first publishion,Tehran: Nay Publishions,1383.
12. Tojiddin Mardoni. Rudaki and Arab literature. Dushanbe: «Irfon», 2010.-p.128.
13. Unsuri Balkhi. Divan. Muhammad Dabiri Siyoki. Tehran:1342.
14. Al-Fahuri. History of Arab (From ancient age till today) / Hanno –al- Fahuri; Translated by
Abdulmuhammad Oyati. The Seven Edition .-Tehran: Tus, 1386. (p.471).
15. Yusufov. U. A. Ibni Rashik-al- Kayravoni and his book «al – “Umda fi-Mahasin-ash sher va adabikh
va nakdih »: PhD. Thesis of Candidate of philological sciences. Yusufov Umriddin
Abdukofievich(10.01.03). – Dushanbe: Tajik National Un-ty. 2010. –p. 169.
16. http://www.noormags.com/view/fa/articlepage/37446. Persian pearls in the river of Arabic language.
Book- Literature and philosophy 1382.-N 71 from p. 20 to p. 27
Джалолуддини Румии арабская литература
Ключевые слова: Поэзия, поэт, ал-Мутанабби, арабские поэты, восприимчивость.
В статье расскрываются проблемы влияния арабской литературы на поэзию Руми. Автор
приходит к выводу, что Мавлоно Балхи был одим из тех поэтов, кто прекрасно знал арабский
язык и был хорошо знаком с творчеством арабских поэтов.Это способствовало обогащению
творчества поэта. Мавлоно в своих книгах "Маснави манави" и "Девони Кабир" использовал не
только прямые цитаты из аятов и хадисов, но и их разъяснение на таджикском языке. В “Фихи мо
фихи” широко исползовал стихотворение арабских поэтов, таких как Мутанабби, Лабит ибни
Муаммар и арабские строчки Мансура Халлоджа. Автором сделан детальный сопоставительный
анализ поэзии Мавлоно Руми и арабских средневековых поэтов.
Jaloluddin Rumi and Arabic literature
Keywords: Mawlana, poetry, poet, al-Mutanabbi, Araic poets, susceptibility.
This article includes the influence of Arabic literature in the poem of Mawlana Rumi. Mawlana Balkhi
was one of those poets who knew Arabic as other poets and scholars of his contemporaries, and he was
also well-acquainted with the works of Arabic poets, and hence could benefit from their poems and
enriched his work. Mawlana was not only familiar with the works of Arabic poets, but also with the
Turkic, Kurdish and Indian ones, furthermore he in his literary works mentioned about their customs,
rituals, holidays, lifestyle, tradition, morality, culture and values. Mawlana in his books "Masnavi
Manavi" and "Devon Kabir" used not only direct quotations of verses and hadiths, but also their
explanation purely in the Tajik language.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Зиѐев Субхиддин Насриевич, аспиранти Пажўњишгоњи забон, адабиѐт, шарќшиносї ва мероси
хаттии ба номи Рўдакии Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон (Љумњурии Тољикистон,ш.
Душанбе) E-mail: Rakesh-23@mail.ru
Сведения об авторе:
Зиѐев Субхиддин Насриевич, аспирант Института языка, литературы, востоковедения и
рукописей Академии Наука Республики Таджикистан (Республика Таджикистан, г.Душанбе) Email: Rakesh-23@mail.ru
Information about the author:
Ziyoev Subhiddin Nasrievich, chairman young scientist at the Institute of Language, Literature, of
Oriental manuscripts and the Academy of Science (Republic Tajikistan, Dushanbe)E-mail: Rakesh23@mail.ru
128
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
6
Размер файла
1 258 Кб
Теги
rumi, literatury, pdf, jaloluddin, arabic
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа