close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Researches of moral values in the novels Free Slave and the Field of Battle by Urun Kuhzod..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
УДК: 891.550 (575.3)
ББК: 83.3 (2) 1
Г.Ҳ.ШАРИФОВА
ШИНОХТИ АРЗИШЊОИ АХЛОЌЇ ДАР РОМАНЊОИ «БАНДИИ ОЗОД»
ВА «ЊАЙЉО»-И ЎРУН КЎЊЗОД
Вожањои калидӣ: роман, Ўрун Кўњзод, арзишњои ахлоќї, «Бандии озод»,«Њайљо», маънавиѐти
ќањрамон, консепсия, мазмуни иљтимої, таъсири муњити хонаводагї, сиришти ахлоќї.
Омӯзиши арзишњои ахлоқӣ дар осори адабӣ яке аз мавзўъҳои мубрами илми адабиѐтшиносӣ
маҳсуб мешавад. Осори нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод аз назари арзишњои ахлоќї
хеле судманд аст.
Романњои «Бандии озод» ва «Њайљо» бунмояи амиќи тањлилї дошта, нависанда кўшиш
кардааст, ки њам ботин ва њам зоњири ќањрамонашро падид оварад. Ќањрамонони њарду роман
шахсиятњои оддї ва њам тўдакашанд, ки аз ин љињат ба осори баъзе нависандагони тољик, аз
љумла Ф.Муњаммадиев, Сорбон ва Саттор Турсун умумият доранд. Вале ин умумият
махсусиятњои осори нависандаро таќвият бахшида, чењраи њунарии ўро мушаххас сохтааст, ки
иборат аст аз таваљљўњи хос ба андешаву муњокимаи масъалањои мураккаб ва тезутунди иљтимої
ва ахлоќї. Дар ин замина романи «Бандии озод», ки шакли аввалааш бо номи «Њам кўњи баланд,
њам шањри азим» соли 1983 ба чоп расида буд, сазовори гуфтугўи хос аст. Ба сабаби он ки нусхаи
аввалаи роман ба дархостњои «муннаќидон» аз њизб ва сензураи шўравиасос «буридаву хондаву
тарошида» чоп шуда буд, муаллиф «зарурати тањрири нав»-и онро баъдион ки озодии эљод
барояш созгор омад, эњсос карда, порчањои афтидаро барќарор, ишораву нимишорањоро андаке
тафсил дода, фикру амалиѐти ќањрамононро мутобиќи њолати равониашон такмил бахшидааст,
ки роман то љойе таѓйир ѐфта, љанбањои ѓоявиаш такмил ѐфтааст.
Романи «Бандии озод» аз нигоњи инъикоси вазъи ахлоќии ќањрамонон хусусиятњои хос
дошта, дар заминаи тањлили иљтимоию ахлоќї ва равонї сурат гирифтааст.
Вазъи иљтимої ва ахлоќии љомеа нависандаро водоштааст, ки сарнавишти ќањрамононро дар
матни воќеияти замони таърихиву фарњангї ба тањлил гирад. Дар ин замина нависанда наќши
замон ва маконро бо гардишњои сиѐсию иљтимої ва бунмояњои ахлоќиаш дар сарнавишти инсон
таъсиргузор мебинад ва дар ин равиш сарчашмањо ва омилњои фасоди иљтимої ва ахлоќиро
нишон медињад. Аз ин љињат аломатњои таѓйирѐбии хўйу хислати шахсиятњои романро
вазъиятњои гуногуни тасвиршуда тарњ медињанд. Вазъи умумии ѓайритабиї, бадахлоќї ва
бадрафторї барои ќањрамонони мусбати нависанда сохта ва тањмилист. Бинобар ин њам, эњтиѐт
ба онњо иљоза намедињад, ки аз реша њама чизро таѓйир дињанд.
Дар ин равиш сарнавишти ќањрамони асосии роман- Бањром Холиќзода барои нависанда
нињоят муњим ва калидист. Абўшањид, Њайдар ва Ќўзиев шахсиятњои мутаќобил њастанд. Идеали
асосии ин тоифа дар зиндагї сарват ва моликият мебошад. Мо дар осори дигари нависанда, аз
љумла њикояњо ва повестњояш бо ќањрамонони идеалие чун Холиќзода ва шахсиятњои мутаќобил
мисли Ќосим дучор омада будем. Њолати иљтимої нависандаро маљбур кардааст, ки боз њам сари
шинохт ва тафсири ахлоќии вазъи иљтимої ва равониву ахлоќии инсон ба андеша равад. Бинобар
ин, Бањром Холиќзода дар романи «Бандии озод» ба василаи созмонбахши ахлоќї ва калиди
дарки ахлоќии моњияти сиришти инсонии дигар персонажњои мусбату манфист, агар сарнавишти
онњо ба њам рабте надошта бошад њам.Њамчунон, ки адабиѐтшинос Матлубаи Мирзоюнус
таъкид мекунад: «Комгорї дар офариниши симои ашхоси таърихї танњо ба онњое даст медињад,
ки шахсияти ќањрамонашонро ба хубї шинохта бошанд, аз ин рў нигорандаи осори таърихи
бадеї адабї, муќаррарї набуда, балки ба њайси пажўњандаест, ки ба манобеи илмиву таърихї
ошноии даќиќ ва амиќ пайдо мекунад» (5,214).
Њамчун шахсияти миллї Бањром Холиќзода ба муњите мутааллиќ аст, ки бо њама тарафњои
мусбату манфї дар он тарбият ѐфта, ба камол расидааст. Вале ташаккул ва тањаввули фикрии ў
ба замоне рост меояд, ки яхњо тадриљан рў ба обшавї меоваранд.Њолати маънавї ва равонии
Холиќзодаро имрўз низ дар оинаи нокомињои маънавии љомеа равшан метавон дарк кард.
Бинобар ин, вазъи иљтимої ва равонию ахлоќии ў ба интихоби озоди ахлоќї имкон намедињад.
Аз ин љињат, биниши бадеии Кўњзод, пеш аз њама асоси тадќиќї дошта, нависандаро воќеият
ва амалу кирдори шахсиятњо ба андеша бурдааст. Воќеият ва сарнавишти шахсиятњо дар тарзи
нигориши нависанда маншаи фикр аст. Чунин усули тасвир заминаи мусоидро барои љустуљўњои
ахлоќї дар роман фароњам овардааст. Таѓйироти созмони сужет низ ба чунин тарзи идроки бадеї
вобастагї дорад. Ба хости ѓоявии нависанда тобеъ гардидани мабдаъњои иљтимої ва ахлоќии
105
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
воќеияти реалӣ ба нависанда имкон фароњам овардааст, ки вазъи иљтимої ва ахлоќии љомеа ва
ќањрамонони романро берун аз мањдудањои идеологї доварї ва арзѐбї кунад.
Яке аз хусусиятњои муњими насри андешаро муњаќќиќон дар интихоби ќањрамони марказие
дидаанд, ки дар сари њодисоти зиндагї, амалу кирдор ва сиришти ахлоќии инсон биандешад ва
бо диди тањлилї ба он бањо дињад (1,54). Ин хусусияти ќањрамони марказї моњияти љустуљўњои
бадеї ва ахлоќии нависандаро низ муайян мекунад. Аз ин љињат сарнавишти ќањрамони марказии
романи «Бандии озод»- Бањром Холиќзода дар шинохти равишу љустуљўњои ахлоќии Ўрун
Кўњзод наќш ва љойгоњи хос дорад. Кўњзод дар симои ин ќањрамон «дар солњои њокимияти
давлатии худкома бо камоли љасорат ва масъулият манфиатњои инсони росткору покандеш ва
њалолкору њаќиќатбинро» (6,237) њимоя кардааст.
Бањром Холиќзода дар солњои 60-90-и садаи гузашта ва қарни њолиро ба њам ќиѐс мекунад.
Кардањо ва нокардањояш пеши рў меоянд. Аз он ки яке аз бунѐдгузорони љомеаи нави сусиѐлистӣ
дар Тољикистон буд, пушаймон нест. Вале аз он ки ин љомеа хостњои иљтимої ва маънавии
инсонро бароварда натавонист, сахт ранљ мебарад. Меандешад, ки боварии содадилона ўро ба
њимоя ва тањкими сохте водошт, ки «ба навсозињои сустпоя ва рушди вазъи нобасомони равонї
ва ахлоќї мусоидат кард. Бунѐди љомеаи навзод, асосан, бар инкори саросарии анъана ва
суннатњои гузашта бунѐд ѐфта буд. Инкоргарї ва бемасъулиятї дар назди таърих ба ташаккули
инсони сустимон сабаб гардид. Ба ин хотир давраи бунѐди сусиолизм ба ривољи љињатњои сусти
инсон мусоидат кард. Натиља чунин шуд, ки Дењќонову Мирвалї ва Абўшањид барин афроди
нохалаф ва худхоње камол ѐфтанд ва Бањром аз дасти эшон ба маънии воќеияш «бандї» (зиндонї)
гашта буд» (6, 237).
Бањром Холиќзода дар роман фаќат бандии афроди људогона нест, балки бандии дидгоњњои
танги ахлоќии суннатї низ њаст. Нависанда сустињои ўро дар њамин замина тасвир ва таъбир
кардааст. Барои дар ин равиш комѐб шудан ба усули худтањлиливу худшиносї сиришти шахсияти
марказии романро ошкор мекунад. Холиќзода гузаштаро тањлил карда, дар атрофии воќеияти
иљтимої ва ахлоќии замони сонї ба андеша меравад. Муроќибаи ў бо замони хоси таърихиву
фарњангї мањдуд намешавад, балки фаротар аз марзњои сиѐсиву маъмурї ва љуѓрофї мебошад.
Ин марди рўзгордида мехоњад моњияти њодисањоро дарѐбад, њаќиќатро бишносад, сарчашмањо ва
омилони њамоќатњои иљтимої ва ахлоќиро, ки боиси вайронии таъодули зиндагии инсонњо
мешавад, муайян намояд. Вале тарзи тасвири нависанда гоњо монеи тањаввули тамоюли
худтањлиливу худљӯии ќањрамони марказї гардида, ба ташаккули хислати ќањрамон монеъ
шудааст. Махсусан, тавзеҳоти људогонае, ки гоњо нависанда меоварад ва аз љараѐни тањлил берун
мемонад, ба масъалањои асосии роман пайванди табиї надоранд. Ин њолат дар хотимаи роман
бештар ба назар мерасад, ки ба ташаккул ва тањаввули тадриљии хўю хислати ќањрамони марказї
халал ворид кардааст.Бо вуљуди ин чењраи хоси инсонї ва сиришти ахлоќии нотакрори Бањром
Холиќзода аз дастовардњои њунарии Ўрун Кўњзод ба шумор меравад. Ин шахсият аз љумлаи
зиѐиѐни фидокор буда, барои равнаќи навињои рўзгори мардум талош варзидааст. Аз ин љињат
фаъолияти ў намунаи ибрат буда, мушкилињое низ доштааст. Бурду бохти иљтимої ва ахлоќии ў
бо сарнавишти онњое, ки дар канораш будаанд, пайванд дорад. Ин пайванд ба ифшои тамоюли
маънавии ќањрамон дар шинохти меъѐрњои ахлоќї мусоидат менамояд.
Нависанда ба василаи тасвири низоъњои иљтимої ва ахлоќии Бањром Холиќзода бо
Абўшањиду Њайдару Ќўзиев консепсияи љустуљўњои ахлоќиашро такмил бахшидааст. Бархўрди
мантиќї ва муќобилати ќањрамони марказї бо дигар шахсиятњои мусбату манфии роман низ,
меъѐри диди нависандаро дар шинохти арзишњои ахлоќї муайян мекунад.
Зовияи дид дар романњои «Бандии озод» ва «Њайљо» низ зовияи диди шахси савум аст, ки дар
консепсияи ахлоќии нависанда таъсири созанда дорад. Нависанда аз зовияи диди шахси ба савум
воќеањои роман нигоњ мекунад ва рафтору аъмоли шахсиятњои романро ба хонанда гузориш
медињад.Зовияи диди шахси саввум барои шинохтани сиришти ќањрамонон ва дарки моњияти
андешањо ва мушоњидањои нависанда дар романњои «Бандии озод» ва «Њайљо» ѐрї мерасонад.
Тарзи офаридани образњои мутаќобил низ имкон фароњам меоварад, ки хонанда ба дарки комил
ва арзѐбии шахсияти инсонии њар кадоме аз ин ќањрамонњо даст ѐбад.
Дар романи «Бандии озод» образњои Холиќзодаю Дењќонов, Ислому Нурулло, Миралию
Мирвалї намунањои ахлоќие њастанд, ки бевосита ифодагари љустуљўњои ахлоќии нависанда
мебошанд. Нависанда рафтору аъмоли њар кадоме аз ин ќањрамононро дар оинаи тасвир ва ќиѐс
бо њамдигар арзѐбї мекунад ва авзову ањволи њоким бар роман ва њадафи ѓоявиашро шарњ
медињад. Ин шарњњо хусусияти тањлилї дошта, моњияти дидгоњњои ахлоќии соњиби романро
ифода мекунанд. Дар оѓози роман моњияти андешаи нависанда нисбат ба шахсиятњои манфии
роман, ки «яке њаромкор, дигаре фиребгари дурўѓгў»(2,14) чунин хулоса шудааст:
106
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
«Њамин њунари дар кору дар муомила фиреб додан ва дар айни замон ба хубї ном
баровардан яке аз маъмултарин хислати одам дар даврони мост, ки ба Њайдар барин шахсњо
обрўю эътибор меоварад. Хислати бади инсонист ин хислат, вале дар њаѐт, ки ин ќадар печутоб
дорад, ба дигарон њам гоњ-гоњ зарур мешавад. Бањром аз таљриба медонад, ки фиреб дар муњити
зисти ваќт ба дигар одамон њам гоњо хеле зарур мешавад, то ки гиребон аз дасти тааррузи
њаводиси нохуши рўзгор халос бикунад, аммо худаш дар амал истифода карда натавонист, ки
натавонист; агар дурўѓе гуфтанї шавад ва ѐ ваъдаи хоми беоќибате дода, доманашро аз дасти
истисморгар халос кардан хоњад, ба назароаш, ки кадом як ќувваи ѓайбї забонашро аз паси
сараш кашида мегирад; гумон дорад, ки мардуми рўйи олам ба њолаш талх механданд» (2,14).
Чунин тавзењоти нависанда дар тафсири андешањои зерини Бањром аст, ки моњияти диди
ахлоќии ќањрамони асосиро ифода мекунад ва таќвият мебахшад:
«Ошнои ман Абўшањид, Њайдар ошнои Ислом, - гуфт дар дил Бањром,-њардуяш њам одами
њалол не. Чї шудааст ба мо? Яке њаромкор, дигаре фиребгари дурўѓгў ва њарду гўѐ дўстони мо.
Чї шудааст ба мо ва ахлоќи мо!?» (2,14).Ба ин савол ва бисѐр саволњои дигар, ки пеш меоянд,
нависанда њангоми тасвири њодисањои дуру наздик ва рафтору аъмоли ќањрамонњо љавоб
медињад ва чењраи аслї ва сиришти инсонии онњоро менамояд. Бо тасвири намунањои ахлоќї
мавќеи њар кадомеро дар љомеа таъин мекунад.Њофизаи таърихї, ки дар заминаи рафтор ва
аъмоли шахсиятњои дурусткоре мисли Ислому Холиќу Шомансур ва бадкороне чун Мираливу
Мирвалї шакл гирифта буд,сиришти инсонии Бањром ва меъѐри асили ахлоќиро барояш шакл
медод: «аввалин касе, ки ќолабњои азалию абадии њаѐти шањраки Њамаконро беибо шикаст,
писари калонии Холиќи Соф, акаи Бањром, Ислом буд.Њамон ќолабњои ягона ва тайѐре аз
ќабили одоби ѓуломона, фурўтанї аз тарс, хушомадгўйии аксарият ба аќаллият, риѐву ришва дар
муомилот, ки агар дар љойе заррае риояаш накунанд, ба чашми мардум бад менамуду эрод
мегирифтанд, аввалин касе, ки аз айбу эродњо натарсида, на танњо риоя накард, балки аз пайи
таѓйираш афтод, Ислом буд. Ислом буд аввалин сарбози роњи инќилоб аз Њамакон…» (2,50).
Дар ин ќиѐсњо моњияти дидгоњњои ахлоќии Бањром кушода мешавад. Сарнавишти одамони
пок ва дурўяву њаромкор пеши назараш дунѐи пуртазоди воќеиятњои иљтимої ва ахлоќиро падид
меоварад. Ин гуна шахсиятњоро худи зиндагї бо кору бораш, бо муомилаю муколамааш такрор
ба такрор ба ѐди Бањром меоварад, њар лањзаву њар доим хотиррасон мекунад. Зењнияти ахлоќии
Бахромро хотирањои баду нек, рафтору аъмоли хубу нописанд шакл додаст. Аз ин љињат
сарнавишти Бањром таърихномаи худљўйї ва худшиносии як зиѐии фидокор ва собитќадам буда,
бењтарин хислатњои рўшанфикрони тољик дар шахсияти ў ба њам омадааст. Сиришти ахлоќї ва
чењраи инсонии ўро чењрањое «амсоли Акбари Абрўи достонсаро, Исмат-ќањрамони тўдаї,
Исломи якрўю далер ва Насруллои босмачї(муљоњид)-и озодандеш» такмил бахшидаанд. Њар яке
аз ин симоњо соњиби сарнавишти пурѓунљоишу омўзанда буда, ба андешаи беѓаразонаи
ќањрамони аслї ворид мешавад ва хонандаро ба фикру мулоњизањои рангине вомедоранд. Ба ин
маънї романи «Бандии озод» «асари андешапарвар мањсуб мешавад ва дар тарбияи одамияти
мардуму худшиносии таърихї ва миллии онњо мусоидат хоњад кард» (6,238).
Он чї аз сари Бањром ва мисли ў афроди њаќљўву росткор гузаштааст, хислатњои неки ўро
шакл дода, дар баробари худкомагї, беадолатї ва ситамгорї устувор доштааст. Њофизаи
тарихии ў дар заминаи воќеоти солњои сиюму чилум шакл гирифта, масъалањои њаѐти имрўза
сарманшаи андешаву натиљагирињои ўст. Ўро ќисмат бо Абўшањид, Њайдар ва Ќўзиев рўбарў
кардааст. Аз он кибо чунин одамони њаромкор, фиребгару дурўѓгў ошно будааст, ѓам мехурад.
Суоли «Чї шудааст ба мо ва ба ахлоќи мо?» ўро озор медињад. Байни ин се нафаре, ки ном
бурдем, нависанда умумияте мебинад, ки сиришти ахлоќии ононро муайян мекунад. Ин се типи
одамоне њастанд, ки барои ба њадафњои шахсиашон расидан аз њељ восита рўй намегардонанд.
Миѐни њалолу њаром фарќ намегузоранд. Пул барои Абўшањид калиди њама дарњои баста аст.
Меъѐри зиндагї ва одаму олам барои Абўшањид фаќат пул мебошад. Ин марди худкома
зиндагиашро аз рўйи маќоли «гўр сўзаду дег љўшад» мураттаб сохтааст.
Ќўзиев тимсоли олимону донишмандони худхоњу камсавод ва бемасъулият аст, ки «аз
нофањмї ба худ нињоят боэътимод њастанд» (2,16). Ба назари Бањром «ин масъалаест, ки асрњо
боз ањли хирадро хуни дил кардааст» (2,16).Чунонки ба мушоњида расид, нависанда масъалањои
муњими ахлоќиро дар алоќамандї бо њолатњои мураккаби сиришти инсон ва тазодњои иљтимоиву
маънавии муњити љомеа ба тадќиќ гирифтааст.Аз нигоњи ў масъалаи ахлоќ бузургу хурд надорад,
хоњ мансуб ба Ќўзиеви ба ном олим бошаду хоњ ба Абўшањиду Њайдару нафарони дигар.
Љустуљўњои ахлоќии нависанда дар ин замина асоснок буда, њаллу шарњи он низ њунармандона
аст.Ўрун Кўњзод мабдаи некиву бадиро дар баъзе њикояњо ва повестњояш низ, ки аз назар
гузаронидем, ба сиришти инсон ва муњити зиндагии ў вобаста медонад. Дар романи «Бандии
107
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
озод» низ аз њамин дидгоњ ба тасвир ва арзѐбии рафтору аъмоли одамон мепардозад. Њамчунон
ки академик Носир Салимов низ мушоњида кардааст, «мантиќи фикри нависанда талќин мекунад,
киагар барои ављ гирифтани сифатњои зишти инсон муњиту шароити мусоид фароњам ояд, онњо
ба ќувваи фаъол табдил ѐфта, тамоюли номатлуб ба вуљуд меоваранд. Ба сифати эпиграф
омадани яке аз «Сад панд»-и Убайди Зоконї низ ишорае ба њамин мазмуни ботинии роман
мебошад: «Абрў дарњамкашидагон ва гирењ дар пешонї овардагон ва суханњои базидгўѐн ва
туршрўѐн ва каљмизољон ва бахилон ва дурўѓгўѐн ва бададабонро лаънат кунед» (1,57).
Аз мантиќи тасвири Ўрун Кўњзод бармеояд, ки воќеан њам «муњиту шароити мусоид», ки дар
љомеа ба вуљуд омадааст,омили аслии «ављ гирифтани сифатњои зишти инсон» мебошад. Барои
таъйиди ин назар нависанда дар оѓози роман хулосаи суњбати академик Мансури Умриро бо
инструктори КМ (Комитети Марказии ЊКИШ дар назар аст–Г.Ш) меоварад. Ин суњбат ба њамон
«муњиту шароити мусоид» ишора мекунад, ки тарзи расмии муомилаю муносибатро ба
норасоињои њаѐти илмї ошкор месозад. Албатта, дар замоне, ки нависанда ин романро навишта
буд, офаридани симои инструктори КМ-ињизб, ки шахси бемасъулият ва муросокор аст, осон
набуд. Сабаби дар замонаш сард истиќбол шудани роман низ њаќгўйињои нависанда нисбати
замон ва баъзе њамзамононаш буд.
Мансури Умрї, Бањром ва нависанда низ хуб медонанд, ки омили аслии «аз бех футур»
рафтани ободї дар чист: «барои ободии илм мактаби обод даркор, таълими солим даркор, хати
анъанавии халќро барќарор кардан даркор, то ки манбаи дониш дастрас бошад» (2,16-17). Вале
барои ислоњи чунин вазъият на зўри академик мерасад, на ба ин кор инструктори КМ-и њизби
њоким манфиатдор аст. Чунин муомила шароитеро ба вуљуд овардааст, ки ахлоќи разила рушд
кунад, Бањром барин шахсиятњо кори мувофиќ наѐбанд, њарчанд аз дасташон ояд њам. Вале нони
Ќўзиевњо дар равѓан бошад. Њамин гуна шароит мусоидат карда, ки Ќўзиев бисту як сол дар
соњаи илм ва дањ сол боз дар муассисаи бонуфузи илмї кор кунаду фаќат «майнаи одамонро
гаранг» кунад. Њар сухане, ки ба дањонаш ояд, нависад. Гумон мекунад, ки ихтирое дар илм
кардааст. Вале дар њељ зинае касе ба ў љуръат намекунад бигўяд, ки «њар њарзаро навиштан њанўз
илм нест» ва ѐ дар нашриѐт фањмонадаш, ки «ба чоп намеарзад».
Ўрун Кўњзод ба василаи як муколамаи Бањром фазои ахлоќии илмро ошкор месозад. Бањром
мегўяд: «…њамин хел одамон аз моњ наомадаанд (Ќўзиевро дар назар дорад - Г.Ш) ҳамроњи мо
калон шудаанд. Пас айби ману шумо њам њаст. Худамон гунањгор. Барои чї гўед? Барои он ки
вай олим ном дорад ва барои олим шудани ў ману шумо овоз додаем. Барои он ки вайро, ба
ибораи худатон, якта худаш барин олим таъриф мекунад ва он олими ба вай монанд аз куљо
пайдо шудааст? Худамон тайѐр кардаем. Мо аз кї менолем, ки айб аз худамон аст» (2, 17).
Ин њарфњо љустуљўи амиќи нависандаро дар заминаи кашфи омилњои вайроншавии ахлоќи
иљтимої ва фардї нишон медињад. Шароит ва бетарафї Ќўзиев баринњоро ба майдон меоварду
меоварад. Дар нигоњи нависанда ин таърих нест, ин заминагузори инњитоти иљтимої ва
маънавиест, ки агар ислоњ нашавад, аз замон ба замоне, аз макон ба маконе интиќол меѐбад.
Агар даќиќтар бигўем, сиришти инсон, хўю хислати он зери таъсири муњити хонаводагї,
љомеа шакл гирифта, мазмуни равшани иљтимої дорад. Нависанда заминањои таърихї ва
равонии меъѐрњои ахлоќиро низ бо тасвирњои даќиќ нишон медињад ва рафтору аъмоли инсонро
ба урфу одат ва суннатњои ахлоќии халќ низ вобаста медонад. Ин тарзи идроки бадеї барои
падид овардани тамоюлњои мусбату манфии њаѐти иљтимої ва маънавї мусоидат намуда, ба
имрўз ва оянда низ ишораи сањењ дорад. Яъне назари ахлоќии нависанда ба замон ва макон
мањдуд намешавад ва тааллуќоти љовидонагї дорад.
ПАЙНАВИШТ:
1.
2.
3.
4.
5.
Верли,М.Общее литератураведение/М.Верли. – Москва, 1957. – 280 с.
Зиѐ, О. Пояњои њунаршиносии илмї/О.Зиѐ. – Тењрон, 1340. – 184 с.
Кўњзод, Ўрун. Бандии озод/Ў.Кўњзод. – Душанбе: Адиб, 2011.-320 с.
Кўњзод, Ўрун. Њайљо/Ў.Кўњзод. – Душанбе: Адиб, 2007. – 596с.
Матлуба, Мирзоюнус. Адабиѐти миллї ва муколамаи фарњангњо/М.Матлуба.–Хуљанд:
Ношир,2016.–514 с.
6. Масъалањои адабиѐти муосири тољик. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 320 с.
REFERENCES:
1.Verli,M.Total literary criticism/M.Verli.–Moscow,1957.–280 p.
2.Ziyo,O.The scientific foundations of art critic/O.Ziyo.–Tehron,1340.–184 p.
3.Kuhzod,Urun.Freedom Slave/U.Kuhzod.–Dushanbe:Adib,2011.-320 р.
4.Kuhzod Urun.Battlefield/U.Kuhzod.–Dushanbe:Adib,2007.–596 р.
108
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
5.Matluba,Mirzoyunus.National cultures and the dialogue of
Noshir,2016.–514 p.
6.The issues of modern Tajik literature.–Dushanbe:Irfon,1970.–320 p.
№ 4(49) 2016
literature/M.Matluba.-Khujand:
Изыскания моральных ценностей в романах «Свободный раб» и
«Поле сражения» Уруна Кухзода
Ключевые слова: роман, Урун Кухзод, этические ценности, «Свободный раб», «Поле
сражения», духовность героя, консепция, социальное содержание, семейная обстановка,
моральные основы.
Проблема изучения моральных качеств и ценностей современного человека и ее отражение в
литературе является актуальной темой научных литературоведческих исследований.
В статье анализируется морально-этические позиции Уруна Кухзода в его романах
«Свободный раб» и «Поле сражения» с точки зрения общечеловеческих ценностей.Автор
упоминает,что Урун Кухзод относится к числу тех писателей, которые не могут быть
безразличными к социальним проблемам общества.Он смотрит на историю и поступки своих
положительных героев как на образец для подражания.В статье значительное внимание уделяется
характерным этическим качествам героев и образов в романах «Свободный раб» и «Поле
сражения».Автор приходит к выводу,что оба романа являются олицетворением особых этикоморальных ценностей писателя в контексте современной действительности.
Автор статьи,обобщая некоторые итоги своего исследования, отмечает, что положительные и
отрицательные герои описаны автором реалистично, образы взяты из жизни, из окружения
самого писателя и современников.
Researches of Moral Values in the Novels "Free Slave" and
"The Field of Battle" by Urun Kuhzod
Keywords: roman, Urun Kuhzod, ethical values, "Freedom Slave," "The Field of Battle", hero`s
spirituality, concept, social content, family situation, moral foundations.
The problem dealing with the study of moral qualities and values of modern human-being and his/her
reflection in literature is considered as an actual topic of scientific literature exploration.
The article under consideration dwells on the moral and ethical position of Urun Kuhzod in his
novels "Free Slave" and "The Field of Battle" from the view point of humanitarian values. The author
mentions that Urun Kuhzod one of those writers who can not be indifferent to the problems in regard to
society.He glances at the history referring to the actions of their positive heroes as a model for others to
follow.The article focuses on a significant characteristic of the ethical qualities of the characters and
images in the novels "Free Slave" and "The Field of Battle", as they are new visions of the writer and his
ethical analysis concerned with samples of modern society. The author concludes that both the novels
embody specific ethical and moral values of the writer in the context of contemporary reality.
Summing it up the results of the study the author underlines that the positive and negative characters
described the realistic images taken from the life namely, from the environment of the writer and his
contemporaries.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Шарифова Гулпарӣ Ҳамдамовна, сармуаллимаи кафедраи забон ва адабиѐти тоҷики
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент унвонљўи кафедраи адабиѐти
муосири тољики Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ѓафуров (Љумњурии
Тољикистон, ш.Хуљанд), E-mail: dotp_nauka@mail.ru
Cведения об авторе:
Шарифова Гулпари Хамдамовна, старший преподаватель кафедры таджикского языка и
литературы Таджикского педагогического института в городе Пенджикент, соискатель
кафедры современной таджикской литературы Худжандского госудаственного университета
имени
академика
Б.Гафурова
(Республика
Таджикистан,
г.Худжанд),
E-mail:
dotp_nauka@mail.ru
Information about the autor:
Sharifova Gulpari Hamdamovna senior lecturer of the Department of the Tajik language and literature
under the Tajik Pedagogical Institute in Panjakent-City,aspiring clgree candidate of the Depatment of
the Modern Tajik Literature under Khujand State University named after academician B.Gafurov
(Tajikistan Republic, Khujand), E-mail:dotp_nauka@mail.ru
109
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
3
Размер файла
1 207 Кб
Теги
moral, research, slava, free, battl, field, novels, pdf, values, urun, kuhzod
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа