close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Some ruminations beset with poetics of Mastura Kurdistani''s gazels..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 8И (Эрон)
ББК 83.35
№ 4(49) 2016
Д.А.ВАЊЊОБЗОДА
БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА П О Э Т И К А И
ЃАЗАЛИЁТИ МАСТУРАИ КУРДИСТОНЇ
Вожаҳои калидӣ: Мастураи Курдистонӣ, мавзӯи ғазалиѐт, мазмунсозӣ ва маъниофаринӣ,
сабки баѐн, саноеи бадеӣ, вазн, қофия.
Мастура тахаллуси шоираи хуштабъи асри XIX Моњшарафхонум аст, ки дар Ардалони
Курдистони Эрон умр ба сар бурда,мероси гаронбањое аз худ ба ѐдгор мондааст. Ин «афифаи
љамила»(4, 1394) њамагї чињилу чор сол умр дида,ѓайр аз девони ашъор, китобе рољеъ ба таърихи
Курдистон ва рисолае дар шаръиѐт таълиф карда будааст(1, 3).
Алњол аз осори Мастураи Курдистонї 1718 байт аз љониби Ањмади Карамї тибќи нусхаи
Шайх Яњѐи Маърифат дар Эрон интишор ѐфтааст, ки аз табъи саршори ин шоираи нозукбин
дарак медињад. Аммо ин миќдор ашъор танњо он абѐтест, ки Шайх Яњѐи Маърифат пайдо
кардааст, зеро дар баъзе сарчашмањо миќдори ашъори бозмондаи шоираро љое то бист њазор
байт ва љои дигаре дањ њазор байт ишора кардаанд(2, 9). Албатта, имкон дорад, ки бархе аз
ашъори Мастура ба забони курдї низ таълиф шуда бошад.
Ањмади Карамї- мураттиби девони ашъори Моњшарафхонум барњаќ менависад, ки «дар
шеъри Мастура содагї ва сафои дилу ишќи пок ва тафохур ба ифофу эњсоси латифу риќќати
андеша ба чашм мехурад, вале мояи адабиву тасаллути ў ба сухан љои сухан аст»(1, 3).
Дар Тољикистон девони шоира бори нахуст соли 2013 бо пешгуфтори профессор Матлубаи
Мирзоюнус интишор ѐфт, ки дар он тањияи матн ва шарњи луѓоти мушкилфањм аз ин љониб сурат
гирифта буд.
Дар ин маќола саъй мекунем, ки аз њунари суханварии ин адиби чирадаст, тасвирсозиву
мазмунофаринї, сабки нигориш, саноеи бадеї ва забони ѓазалиѐти ў баъзе мушоњидањои хешро
баѐн намоем.
Дар ибтидо зикри ин нукта муҳим аст, ки дар девони Мастура аѓлаби ашъор дар ќолаби ѓазал
гуфта шуда, намунаи анвои дигари шеър, мисли тарљеъбанду таркиббанд, муќаттаот, маснавиѐт
ва рубоиѐт низ ба назар мерасанд. Дар девоне, ки дастраси мост, 182 ѓазали шоира љамъ оварда
шудааст.
Мавзўи мењварии ѓазалиѐти Мастура ҳамон мавзӯи анъанавӣ, яъне ишќ аст ва ба андешаи ў,
њамин ишќ аст, ки инсонро комил мекунад. Дўст доштан, дар роњи муњаббат худро тарбия
кардан, аз худ гузаштан, кўшиши дар чашми маъшуќ бењтар намудан роњ ба сўи камолот аст.
Бинобар ин шоира мўътаќид аст, ки:
Пухтагї хоњї агар, Мастура, ишќ омўзу бас,
Ишќ бошад, ишќ, к-он њар љоњиле комил кунад(2,91).
Мароми шоира иффату покизагї ва садоќат ба он маъшуќи ягона аст, ки дар сар то сари
ашъораш самимона аз он њарф мезанад:
Ман он занам, ки ба мулки ифоф садргузинам,
Зи хайли пардагиѐн нест дар замона ќаринам.
Ба зери миќнаа моро сарест лоиќи афсар,
Вале чи суд, ки даврон намуда хор чунинам.
Маро зи мулки Сулаймон басест нангу њамедун,
Ки њаст кишвари иффат њама ба зери нигинам(2,147).
Шоира аз он ифтихор дорад, ки садрнишини мулки иффату покизагист ва дар миѐни занон –
«хайли пардагиѐн» касе дар иффату шарм баробари ў нест. Сулаймон, ки зери нигини худ
кишваре пур аз сарвату неъмат дошт, дар назари шоира, аз лињози сарватмандї њаргиз бо ў
њамсабќат нест, зеро ќањрамони ѓиної подшоњи кишвари иффат аст, бинобар ин зи мулки
Сулаймон ўро нанг меояд.
Шоира ба зиндагї нигоњи фалсафї дорад, медонад, ки он зудгузар аст, бинобар ин танњо
амали хайр метавонад боиси баќои номи инсон бошад. Њамин матлабро шоира ба дарки афсўсу
надомат аз умри бесамар гузашта ва пур аз гуноњ чунин ба ќалам медињад:
Рафтему пас аз худ амали хайр нањиштем,
Бо оби гунањ тўшаи уќбо бисириштем.
Имрўз бад-ин олами хокї зи чї нозем,
Фардост чу бинї, њама хоку њама хиштем(2, 144).
92
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
Ин љо сухан аз инсонњоест, ки дар зиндагї кори хайре накарда, тўшаи охирати худро пур аз
гунањ кардаанд, њол он ки ин зиндагии хокї ба нозу тафохур шоиста нест, зеро фардо, яъне баъди
марг, љисми инсон ба хоку хишт табдил хоњад ѐфт. Дар идомаи њамин ѓазал Мастура мегўяд:
Бас кори маноњї, ки дар ин марњила кардем,
Бас хори маосї, ки дар ин мазраа киштем(2,144).
«Кори маноњї» - кори манъшуда аст, ки инсон дар марњалае, ки барои зиндагии ў муайян
шудааст, содир мекунад ва «хори маосї» - тухми гуноњест, ки дар замини зиндагї мекорад. Ба
андешаи шоира, некиву бадї њама бо фармудаву хости Худованд амалї мешаванд:
Дар њашр зи неку бади мо ѐр чї пурсад?
Некем аз ўему, аз ўем, чу зиштем(2, 144).
Бинобар ин некиву бадї њама аз ўст. Аммо дар байти маќтаи њамин ѓазал Мастура таъкид
мекунад, ки љуз «ѐри бисот», яъне Худованд, дигар касе барои ў муњим нест:
Алминнатилиллањ, ки Мастура, ману дил
Љуз ѐри бисот аз њама дайѐр навиштем(2,144).
Аз тадқиқи девони ашъори Мастура маълум мешавад, ки ӯ дар шеър пайрави сабки ироќї буда,
аз ашъори Мавлонову Саъдї, Њофизу Камол, Амир Хусрави Дењлавї ва Низомї илњом
гирифтааст. Ин аст, ки ишќи шоира ишќи илоњист:
Њама номи туст, эй мањ, шабу рўз бар забонам,
Њама номи туст, љоно, мању сол дар замирам.
Бирав аз барам, ту носењ, зи вафо дињї чї пандам?
Зи азал ба мењри љонон чу сиришта шуд хамирам(2,126).
Шоира аз он ишќе, ки аз азал дар љони ў маъво гирифтааст ва бо хун даромадаву бо љон
меравад, сухан меронад, зеро хамири ў аз азал ба мењри љонон сиришта шудааст. Ў масти бодаи
ишќ аст ва аз ин бода њатто баъди вафот низ намехоњад даст бикашад:
Шавам чу фавт, Худоро, ба бода ѓусл дињедам,
Сириштааст чу Эзид ба май зи рўзи аластам(2,125).
Шоира рањнамову рањбари дини худро Алї мењисобад ва дар ашъори худ борњо васфи ин
«шери Худо»-ро менамояд:
Мастура, зи ѓам манол, зеро
Мавлои ту шери Кирдугор аст(2,42).
Љои дигар мегўяд:
З-ин њама љурм нанолам њаргиз,
З-он ки мењри Алиям дар љон аст.
Новаки синашикофаш, гўї,
Тири дилдўзи шањи мардон аст(2,49).
Ашъори Мастура аз лињози авзони арўзї хеле гуногун буда, аз мањорати шоир дар буњуру
авзони мухталиф дарак медињад. Шоира тамоми бањрњои асливу фаръиро дар истифода ќарор
дода, аз миѐни онњо ба бањрњои њазаљ, рамал, раљаз, хафиф таваљљўњи бештар дорад.
Ќобили зикр аст, ки дар баъзе ѓазалиѐти Мастура оњангњои шўху раќсон низ ба кор рафтаанд
ва тавоноии килки ўро бозгў мекунанд:
Ба зери бурќаъ љамоли зебо кунї замоне гар ошкоро,
Фаќиру муфлис, ѓаниву мунъим ба хоки роњат фитанд аз по (2,23).
Ѓазали фавќ дар вазни мафоилотун/ мафоилотун/ мафоилотун/ мафоилотун гуфта шудааст, ки
дар ин вазн шуаро ба нудрат шеър сурудаанд.
Ѓазали дигар низ дар вазни дилнишин бо афоили мустафъилотун ба ќалам омадааст:
Бемењр, ѐро, аз чї, Худоро,
Маъдум кардї расми вафоро(2,28).
Њамин вазн дар шакли мусамман дар ѓазали дигар низ ба кор рафтааст:
Ту шањриѐри накўрухонї, бутон њама тан, вале ту љонї,
Дареѓ расми вафо надонї, фусус, таври сафо надорї (2,193).
Дар ин байт ба ѓайр аз ќофияи асосї, ќофияњои дохилї низ дар калимањои «накўрухонї»,
«љонї» ва «надонї» ба мушоњида мерасанд, ки барои таъмини хушоњангии шеър мусоидат
кардаанд. Дар абѐти дигари ин ѓазал низ њамин тарзи ќофиябандї риоя шудааст:
Чу ман сагеро, фидои рўят, ба бехиѐнат марон зи кўят,
Ки сахт бошад, ба рўю мўят, зи дўст ќатъи умедворї(2,193).
Дар байти фавќ низ вожањои «рўят», «кўят» ва «мўят» њамќофия шудаанд.
Дар ѓазалиѐти Мастура радиф низ љои намоѐн дорад. Аѓлаби радифњои шоира содаанд, вале
љо-љо радифњои мураккаб барои ифодаи матлаб хеле баљо ва зебо ба кор рафтаанд:
93
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
Маро аз мањфили васлат људо кардї, чї бад кардї,
Ба мењнатњои њаљрам мубтало кардї, чї бад кардї,
Раќиби девсиратро ба базми хеш љо додї,
Ба ѐри поктинат зулмњо кардї, чї бад кардї(2,174).
Дар ѓазали дигар радифи «њайф» бо сабаби паѐпай такрор шуданаш, маъниро хеле амиќ ва
муассир намудааст:
Ёр аз мо дилгарон шуд, њайф, њайф,
Бесабаб номењрубон шуд, њайф, њайф.
Нахли умрам, эй гули нозукбадан,
Дур аз гулшан хазон шуд, њайф, њайф (2,111).
Мастура дар истифодаи саноеи бадеї мањорати фавќулодда нишон дода, аз имконоти тавсифу
ташбењ, истиораву маљоз, тамсилу талмењ, тарсеъву таљнис дар мазмунсозї фаровон суд
бардоштааст. Ѓазале нест, ки дар он чандин тавсифи зебо ба кор нарафта бошад:
Бо рухи чун моњу гесувони суманбез,
Аз пайи ќатли мани хароб ту мастез.
Дашнаи абрўт, ѐ ки сайфи сарафкан,
Новаки мижгон-т, ѐ ки ханљари хунрез.
Хуш бувад, эй соќии мањофили мастон,
Бо лаби майгуну чашмњои шарангез.
Масту харобам кунї зи љоми лаболаб,
Бодаи нобам дињї зи шишаи лабрез(2,101).
Ин љо тавсифњои «гесувони суманбез», «мани хароб», «сайфи сарафкан», «ханљари хунрез»,
«лаби майгун», «чашмњои шарангез», «љоми лаболаб», «бодаи ноб», «шишаи лабрез» ба кор
рафта, аз касрати ин санъат дар шеъри Мастура дарак медињанд, зеро дар чањор байт истифода
шудани 9 тавсиф вежагии хоси шеъри ин суханвар аст. Албатта, ин тавсифњо чандон нодир
нестанд, вале таркибњои «сайфи сарафкан», «чашмњои шарангез» аз он гувоњї медињанд, ки
шоира барои муассирии калом талош меварзад. Дар ѓазалњои дигар тавсифњои «булбули
ситамзада», «синаи балокаш», «мањи озода», «ѐќути музоб», «чашми зуфунун», «сарви навхез»,
«пайки фаррухпай», «шўхи бастадањон», «модари пири фалак», «табъи хом», «аќли тавоно»,
«гесўи хамдархам», «чашми сањњор», «намози риѐї» ва ѓайра низ аз тахайюлоти шоиронаи ин
адиб дарак медињанд. Њарчанд ки тавсифњои маъмулї дар шеъри Мастура кам нестанд (мисли
бути айѐр, љафољў, ситамкор, сангиндил, берањм, бевафо), боз њам љо-љо нишонањои ибтикор дар
ѓазалиѐти ў ба мушоњида меоянд.
Анвои ташбењ дар ашъори Мастура ќобили мулоњиза аст. Дар аксари маврид шоира ташбењро
бо таљоњули ориф ба њам меорад:
Он баногўш аст, ѐ моњи мунир,
В-он лаби нўш аст ѐ лаъли музоб(2, 33).
Намунаи ташбењи тафзилї низ дар ашъори Мастура зиѐд ба назар мерасад. Шоир сараввал
мушаббењро ба мушаббањбињї монанд мекунад, вале сипас аз раъйи худ баргашта, аввалиро аз
дуюмї бартар медонад. Ин навъи ташбењ гоње бо ташбењи измор якљоя меояд:
Куљо гул чун рухи некўи ѐр аст,
Санавбар кай чу болои нигор аст(2, 36).
Зоњиран шоир гулро ба рухи ѐр ва санавбарро ба ќади ў шабењ мекунад, вале аз ин ташбењ гўѐ
баргашта, гулу санавбарро шоистаи монандї ба рўю ќади ѐр намебинад:
Созам ар рўяш муќобил бо мањи рахшон ѓалат,
Зулфаш ар њамсар кунам бо сунбулу райњон ѓалат(2, 107).
Зимнан рўйи ѐр ба мањи рахшон ва зулфи ў ба сунбулу райњон монанд шудаанд, вале шоир гўѐ
аз ин ташбењи норасо шарм медорад ва онро ѓалат мешуморад.
Гоње шоира силсилаи ташбењњоро пайи њам чида, васфи ѐрро тавассути ин санъат бо камоли
њунармандї ба ќалам медињад:
Хол бар сафњаи рўяш, гўї,
Нуќтае бар вараќи Ќуръон аст.
Ѓалатам, холу лабаш донї, чист?
Нуќли њиндубачаву њайвон аст.
Ќомату чењраву зулфаш ба сафо,
Ѓайрати сарву гулу райњон аст.
Лаъли нўшаш ба латофат сад бор,
Бартар аз лаълу бењ аз марљон аст(2,49).
94
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
Мастура санъати ташхисро низ ба кор гирифта, сифоти инсониро ба гулу гиѐњ, туюру вуњуш ва
маводи рўзгор пайванд задааст. Чунончи, дар байти зерин маю мино гўиѐ хандаву ќањќања
мезананд:
Вањ чи базме, гулу шамъу ною барбат њама љамъ,
Хандаи љоми маю ќањќањаи мино буд(2,84).
Дар байти зерин низ хуршеду мушк сифоти инсонї касб карда, аввалї аз љамоли ѐр нур
мегираду дувум њиндуи холи ўро ба яѓмо мебарад:
Хуршед касби нур кунад аз љамоли ту,
Мушки Хутан чу њиндуї њиндуи холи ту(2,163).
Санъати таљнис дар ѓазалиѐти Мастура пуркорбурд нест, вале ашъораш аз ин навъи њунар орї
набуда, бозии сухан сухани ўро ширинтару намакин намудааст:
Гар бинам аз вафот ба болин пас аз вафот,
Маќсудам аз Худой ба ѓайр аз вафот нест(2,46).
Ин љо шоира вожањои «вафо» ва «вафот»-ро воситаи мазмунсозї ва маънипардозї ќарор дода,
матлаби худро баѐн менамояд. Дар байти дигар вожањои «мањрам» ва «мањрум» низ навъе аз
таљнис њастанд, ки каломро рангин кардаанд:
То кай ба базмат мањрам раќибон,
То чанд созї мањрум моро(2,28).
Майли Мастура ба хушоњангии калом тавассути таъмини вожањо ва њарфњои ба њам монанд
низ ба мушоњида меоянд. Њамовоии калом мисраву байтро танини хуш илќо менамояд. Чунонки
дар намунаи зерин мушоњида мекунем:
Хуш бувад њулњулаи булбули шайдо ба сабўњ,
Хоса бо ѓулѓулаи шишаи сањбо ба сабоњ(2,63).
Дар байти фавќ агар аз як љониб њамовоии вожањои «њулњула» ва «ѓулѓула» байтро дилнишин
карда бошад, аз љониби дигар калимоти шабењи «сабўњ», «сањбо» ва «сабоњ» ба ин байт љозибаи
хосе бахшидаанд. Дар идомаи ин ѓазал байти дигаре њаст, ки аз мављудияти тарсеъ дар ашъори
Мастура дарак медињад:
Туї он моҳ, ки дар зулмати рўњї мишкот,
Туї он шўх, ки дар хилвати љонї мисбоњ(2,63).
Мишкот – чароѓдон ѐ чароѓпоя аст ва мисбоњ – чароѓ. Дар ду мисраи ин байт њамаи калимањо
аз лињози вазн ба њам шабењанд ва дар аксари маврид такрори њамдигаранд. Танњо ба љои «моњ» «шўх», ба љои «зулмати рўњї» - «хилвати љонї» ва ба љои «мишкот» - «мисбоњ» омадааст, ки ин
бозии сухан на танњо барои ороиши калом, балки ба хотири офаридани тасвир ва маънии борик
анљом ѐфтааст.
Дар миѐни саноеи бадеї пуркорбурдтарини он талмењ аст. Рољеъ ба истифодаи ин санъат дар
ашъори Мастура профессор Матлубаи Мирзоюнус ќайд мекунад: «Дар миѐни талмењот касрати
асомии Хусраву Ширину Фарњод ва Парвиз аѐн аст. Ба ѓайр аз ин Маљнун, Лайло, Монї, ганљи
Ќорун, Даљла, мушки Хито, мўъљизаи Мўсо, дами Исо, нахли Тўбо, водии Айман, Љам, Кай,
Љабраил, Алї, Кавсар, Салсабил, оњуи Хутан, чоњи Хизир, Бесутун, Юсуф, Зулайхо, Пури
Гуштосп, Рустам, Рахш, Тўрон, Бежан, Фаридун, Бањман, мулки Сулаймон, иќлими Кай, мулки
Тагин, базми Ќубод, мањфили Парвиз, тахти Хусрав, шери Худо, шоњи Наљаф, сењри Набї,
соњиби Дулдуд, оташи Намруд, Иброњим, Мавло, бути Чин, мањи Кашмир, дашти Аржанг,
мушки Хутан, тољи Ќубод ва ѓайра зиѐд ба кор гирифта шудааст»(3,16).
Як нукта љолиб менамояд, ки баъзан шоира ин талмењотро бо истифода аз маонии наздик ѐ
дур ѐ ба њарду маънї ба кор мебарад. Чунончи, ваќте вожаи хусравро дар шеър корбаст мекунад,
гоње ба маънии султон ва подшоњ, гањи дигар шоњ Хусрав ва гоњ шавњари худашро, ки низ Хусрав
ном дошт, дар назар дорад:
Гар Хусравам аз мењр дињад бор ба мушкў,
Ханда ба бисоти Љаму Кай мекунам имшаб(2, 32).
Ё ки:
Шукри Эзид, ки ба кўрии раќибон сўи ман,
Номаи Хусрави љамшеднишон меояд(2, 66).
Ва боз:
Гарам з-он Хусрави хубон паѐме бод овардї,
Ба мужда љони ширинро нисори бод мекардам(2, 122).
Аз сарири шањиву давлати љовид маро,
Сояи марњамати Хусрави одил хуштар(2, 96).
95
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
Истифодаи вофири санъати талмењ на танњо аз огоњии комили Мастура аз ќасасу ривоѐти
диниву мазњабї ва ишќї дарак медињад, балки њунари мазмунсозии ўро тавассути ин ќиссањои
асотириву диниву таърихиву ишќї собит менамояд. Дар баъзе ѓазалњои Мастура аз оѓоз то анљом
ба чандин ќиссаву ривоят ишора мешавад:
Муќими Каъба гар бинад бути тарсоии моро,
Кунад равшан ба ќандили њарам шамъи калисоро.
Ба љаннат гар фитад, чун шўълаи оташ зи љо хезад,
Ба сони њезуми дўзах бисўзад нахли Тўборо.
Зи рух чун парда бигзорад, зи сўзаш шўъла андозад,
Аѐн аз остин созад яди байзои Мўсоро.
Кашад гар хаймаи њуснаш бар ин иќлим, Мастура,
Барад аз хотири Маљнун хаѐли рўи Лайлоро(2, 26).
Аз баррасии ѓазалиѐти Мастура маълум мешавад, ки дар тасвирофаринї ў бештар ба он
заминањое такя кардааст, ки шоирони сабки ироќї мавриди корбурди худ ќарор додаанд.
Бинобар ин бунѐди тасвирњои ў ба вожањои маъмулии маю љому соќї, хуршеду моњу ситора, гулу
булбул, зулфу холу хат, чашму абрўву рух, шању ѓулом, фироќу васл, лолаву сунбулу насрин,
мушку анбар, зоњиду воизу носењ ва ѓайра аст, ки њар кадом бо тавсифњои гуногун гоње канори
њам ва гоње муќобили њам омада, дар мазмунсозї ширкат мекунанд, ки дар ин маврид бо
мулоҳизаҳои профессор М.Мирзоюнус мувофиқ ҳастем(3, 15-16).
Њамин тариќ, Мастураи Курдистонї аз занони соњибфазл ва соњибњунари форсизабон буда,
ѓазалиѐти дилангезаш аз бархурдории комили ў аз ашъори ниѐгон ва тавоноиву равонии табъаш
дарак медињад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Девони Мастураи Курдистонї. Бо кўшиши Ањмади Карамї.- Тењрон, 1362.- 278 с.
2. Девони Моњшарафхонум. Тањияи Дилором Вањњобзода.- Хуљанд, 2013.- 244 с.
3. Матлубаи,Мирзоюнус.Љањонро пуршакар кардї/М.Мирзоюнус//Девони Моњшарафхонум.Хуљанд, 2013.- С.3-20.
4. Њидоят, Ризоќулихон. Маҷмаъу-л-фусањо/Р.Њидоят.- Тењрон, 1382.- 1394 с.- 2ҷ.
5. Тӯрақул Зеҳнӣ. Санъати сухан/Зењнї Т.- Душанбе, 1979.- 295 с.
REFERENCES:
1. Divan of Mastura Kurdistani. Compiler: Ahmadi Karami. – Tehran, 1362hijra.
2. Divan of Mohsharafkhonum. Preparation of Dilorom Bahhobzoda. – Khujand, 2013. – 244 p.
3. Matlubai, Mirzoyunus. You Made the World Very Sweet/M.Mirzoyunus//Divan
Mohshrafkhonum. – Khujand, 2013. – Р. 3 – 20.
4. Rizokulikhoni, Hidoyat. Majma`u-l-Fusaho/R.H.–Tehran, 1382hijra. – 1394 p.
5. Turakul, Zehni. Art of Speech/Zehni.T– Dushanbe, 1979. – 295 p.
of
Некоторое размышления о поэтике газелей
Мастуры Курдистани
Ключевые слова: Мастура Курдистани, тематика газелей, создание образов и выражение
мыслей, стиль изложения, художественные средства изображения, размер, рифма
Статья посвящена исследованию поэтики газелей Мастуры Курдистани – персидской поэтессы
XIX века. С целью освещения вопроса приводятся сведения о литературном наследии поэтессы и
количестве ее сохранившихся стихотворений, а также о составителях ее дивана. Автор
предпринимает попытку определить жанры, представленные в диване Мастуры и выявить
важнейшие темы ее газелей, а также высказать свою точку зрения об особенностях создания
поэтических образов, способах выражения мыслей, приемах конструирования словосочетаний со
стороны поэтессы. На основе детального изучения определяются стилевые особенности
стихотворений Мастуры Курдистани, выявляются художественные средства изображения и
поэтические фигуры, использованные поэтессой при создании образов и выражении мыслей. В
статье, с указанием ярких примеров, осуществляется подробный анализ некоторых размеров
стихотворений, определяются особенности языка изложения, выявляется мастерство поэтессы в
использовании рифмы и редифа в газелях.
Автор приходит к выводу, что Мастура Курдистани в создании образов и мыслей
преимущественно опиралась на те основы и приемы, которые применялись поэтами иракского
стиля.
96
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(49) 2016
Some Ruminations Beset with Poetics of
Mastura Kurdistani`s Gazels
Key words: Mastura Kurdistani, thematics of gazels, creation of images and expression of thoughts,
the style of reproduction, belles-lettres means of depiction, metre, rhyme
The article is devoted to the study dealing with the poetics of the gazels by Mastura Kurdistani – the
Persian poetess of the XIX-th century. In order to elucidate the question the author adduces the data
pertaining to literary legacy of the poetess and the quality of her preserved poems, as well as the works of
her divan being taken into account. The author of the article makes an endeavor to determine the genres
represented in Mastura`s divan and elicits the most important themes of her gazels, she also expresses
her own viewpoint in reference to the peculiarities of the creation of poetical images, ways of expression
of thoughts, she approaches to the construction of word-combinations by the poetess. Designing on the
premise of comprehensive analysis the author defines the stylistic peculiarities of Mastura Kurdistani`s
poems and discloses belles-lettres means of depiction and poetical figures used by the poetess in the
course of creation of images and expression of thoughts. By adducing concrete examples the author
carries out comprehensive analysis beset with some metres of poems and determines the peculiarities of
the language of reproduction, she speaks about the mastership of the poetess in the usage of rhymes and
redifs in the frames of gazels as well.
To sum it up, the author of the article comes to the conclusion that Mastura Kurdistani in the
creation of both images and thoughts preferently proceeds from those grounds and examples are
resorted by the poets of Indian style.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Ваҳҳобзода Дилором Абдураззоқӣ, номзади илмњои филологї, дотсенти кафедраи адабиѐти
классикии тољики Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ѓафуров (Љумњурии
Тољикистон, ш. Хуљанд), E- mail:vahhobzade@mail.tj
Сведения об авторе:
Ваххобзода Дилором Абдураззоки, кандидат филологических наук, доцент кафедры
таджикской классической литературы Худжандского государственного университета имени
академика Б.Гафурова(Республика Таджикистан,г.Худжанд), E-mail: vahhobzade@mail.tj
Information about the author:
Vahhobzoda Dilorom Abdurazzoqi, Candidate of Philological Science, Associate Professor of the
Department of the Tajik classic literature under Khujand State University named after
academician B. Gafurov (Republic of Tajikistan,Khujand), E-mail: vahhobzade@mail.tj
97
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
6
Размер файла
1 247 Кб
Теги
mastura, gazels, poetics, kurdistani, pdf, beset, ruminations
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа