close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Structure and manner of presentation of «Muhabbat-name» by Imod Faqeh..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
УДК 8Т+82+82 (091)
Ш.Ѓ. ТОЉИБОЕВ
ББК 83,3 (0)3
СОХТОР ВА УСУЛИ БАЁНИ “МУЊАББАТНОМАИ” – И
ИМОДИ ФАЌЕЊ
Вожањои калидї: маснавї, “Муњаббатнома”, Имоди Фаќењ, мунозира, сохтор, тамсил
Маснавии «Муњаббатнома»-и Имоди Фақеҳ дар бањри њазаљи мусаддаси мањзуф ѐ маќсур (V - - / V - - -/ V - -( V - ~) мафоилун мафоилун фаўлун(мафоил) дар соли 1331 навишта шудааст.Ин асар
аз рӯи тартиби иншо дувумин маснавии Имоди Фақеҳ будааст. Вазни асар хоси маснавиҳои
ошиқона, хоса вазни достони “Хусрав ва Ширин”- и Низомии Ганҷавист.
Маснавӣ бо муқаддимаи хурди мансур оғоз меѐбад, ки дар он Имоди Фақеҳ сабаби таълифи
асарро наќл мекунад ва назар ба ќавли муњаќќиќон ин ягона асари насриест, ки аз Имод то ба
рўзгори мо омада расида (2,12).
Маснавӣ ҳаҷман хурд буда, нусхаи зери дасти мо ҳовиии 919 байт аст.Аз феҳрасти нусхаҳои
хаттии “Муҳаббатнома” маълум мешавад, ки баъзе аз нусхаҳои маснавӣ то 921 байт доштаанд.
Аммо дар такя ба кадом сарчашма муаллифони китоби “Адабиѐти форсу тоҷик дар асрҳои ХII-XIY”
ин маснавиро дорои 480 байт(1, 103) гуфтаанд, бароямон маълум нест.
«Муњаббатнома» ба мисли маснавии «Сўњбатнома»- и шоир хатти муайяни сюжет надорад ва
онро чуноне ки баъзе аз муҳаққиқон(1, 103) таъкид доштаанд, достон гуфтан хатост. Агар маснавии
«Сўњбатнома» бевосита ба як масъала (одоб) бахшида шуда бошад (4), дар «Муњаббатнома»
масъалаи фалсафию тасаввуфии муносибати рўњ ва бадан мавриди бањс ќарор гирифтааст. Аз ин
љо метавон “Муњаббатнома” – ро ба силки маснавињои ирфонї мансуб намуд.
Баъд аз муқаддимаи хурди мансур маснавӣ бо ҳамду наът ва муноҷот идомат пайдо менамояд.
Абѐти ҳамдии маснавӣ, ки дар ситоиши Парвардигори яктост, хеле ҷаззобу дилнишин буда, дар
ҳамин байтҳои нахустин мазмуну мундариҷаи асар таъкид мешавад:
Ба номи он, ки дар кошонаи дил,
Муҳаббатро муайян кард манзил.
Ҳакими нақшбанди мо дар арҳом,
Ки дар оғоз донад ҳар саранҷом
Нигорине зи обу гил нигорад,
Муҳаббатномааш бар дил нигорад.
Лаби ширину хушгуфтории дӯст,
Намудоре зи ширинкории ӯст (2,71).
Баъд аз ҳамду муноҷот дар оғози «Муњаббатнома» наъти Расули акрам Муҳаммад(с) зикр
мегардад.Овардани ҳамду муноҷот ва наът дар оғози маснавиҳо ин қисмати анъанавӣ дар
маснависароии форсу тоҷик аст, ки Имоди Фақеҳ ин суннати гузаштагони худро дар кори
сурудани маснавии «Муњаббатнома» идома додааст. Суханвари Кирмонӣ баъди нақли қисмати
“Калимае чанд дар шарафи инсон ва васфи ишқ ва дуои подшоҳи сайид, ила-д-дунѐ ва-д-дин
Абӯсаид Баҳодурхон” дар сабаби назми «Муњаббатнома» абѐте нигоштааст.Тибқи ин қисмати
маснавӣ маълум мешавад, ки «Муњаббатнома»- ро Имоди Фақеҳ бо хоҳиши дӯстон ва мухлисонаш
баъд аз як соли таълифи маснавии “Сӯҳбатнома”-аш дар муддати як моҳ ба анҷом расонида, онро
ба вазири подшоҳ Тољиддини Ироќї бахшидааст:
Китоби ишқро сар боз кардам,
Ҳумоюн номае оғоз кардам.
Ба номи хоҷа Тоҷиддин Ироқӣ,
Ки бодо ҷовидонаш ном боқӣ (2,80).
Аз абѐти поѐнӣ маълум мешавад, ки ҳарчанд мухлисону дӯстонаш таълифи
«Муњаббатнома»- ро дар бадали як сол хоҳиш намуда буданд, вале Имоди Фақеҳ онро дар давоми
як моҳ ба итмом мерасонад:
Ҳадиси моҷарои ишқбозон,
Таманнои дили соњибниѐзон...
Баѐни ҳасрати муштоқи маҳрум,
85
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
Нишони ҳасрати ушшоқи мазлум.
Кунӣ дар муддати соле тамомаш,
Ниҳӣ он гаҳ «Муњаббатнома» номаш...(2,80).
Ва дар абѐти поѐнии маснавӣ баѐн медорад, ки маснавии мазкур дар муддати моҳе дар
таърихи муайян ба итмом расид:
Ба поѐн омад ин маншури маймун,
Ки бодо бар ҳама олам ҳумоюн.
Бувад ин маснавӣ таърихи айѐм,
Ки таърихаш мувофиқ гашт бо ном.
«Муњаббатнома” - и соҳибдилон аст,
Ки таърихи китобат “муқбилон” аст (2,123).
Аз абѐти болої, ки дар моддаи таърих навишта шудааст, соли таълифи асарро ѐфтан мумкин
аст.Чуноне ки Имоди Фақеҳ худ равшан ишора менамояд, калимоти “муњаббатнома”,
“соҳибдилон” ва “муқбилон” моддаи таърих аст, ки дар ҳисоби абҷад мусовї ба 732 аст. Ин
таърихи китобати “Муњаббатнома” мањсуб меѐбад, ки баробар ба соли 1331-и милодист.
«Муњаббатнома» аз ҳашт боб фароҳам омадааст.Имод дар бораи ҳашт боби ин китоб
менависад:
«Муњаббатнома»-и ман чун биҳишт аст,
Ки ҳашташ боби рангин сарнавишт аст.
Аз ӯ бикшой ҳар бобе, ки хоҳӣ,
Бубин дар возеъӣ бечун илоҳӣ (2, 82).
Чуноне ки аз байти дуюми ин абѐт маълум мешавад, Имоди Фақеҳ «Муњаббатнома»-и худро
тавсиф намуда, мақому мартабаи онро баланд нишон додааст.
Бобњои достон чунин масъала ва њикояњои тамсилиро дар бар мегиранд:
Боби 1 -“Дар мунозираи рўњ бо бадан” (њикояти Маљнун, ҳикояти Лайлї);
Боби 2 -“Дар мунозираи зарраву хуршед” (њикояти Варќа, ҳикояти Гулшоњ);
Боби 3 -“Дар мунозираи оњану миѓнотис” (њикояти Вис , ҳикояти Ромин);
Боби 4 -“Дар мунозираи коњу кањрабо” (њикояти Вомиќ , ҳикояти Азро);
Боби 5 - “Дар мунозираи нањле бо нахле” (њикояти Фарњод , ҳикояти Ширин);
Боби 6 - “Дар мунозираи шамъу парвона (њикояти Рубоб , ҳикояти Даъд);
Боби 7- “Дар мунозираи гулу булбул” (њикояти Њинд , ҳикояти Бишр);
Боби 8 – “Дар мунозираи пашшаву фил” (њикояти Юсуф , ҳикояти Зулайхо).
«Муњаббатнома» асосан дар шакли мунозира суруда шудааст. Мунозира чуноне ки маълум аст
гуфтугӯ ѐ баҳси ду тараф аст.Мунозира дар луғат ба маънии баҳсу гуфтугӯ кардан бо ҳам дар
бораи чизе аст. Аммо дар адабиѐт ва шеър мунозира он аст, ки шоир ду падидаро баробари ҳам
қарор медиҳад ва онҳоро водор менамояд, ки дар сари мавзӯе ба ҳам баҳс намоянд ва дар поѐн яке
бар дигаре ғолиб меояд.Ин тарзи таълиф аз қадимулайѐм дар адабиѐти мо маълум ва маъмул буд.
Намунаи қадимтарин мунозираро мо дар адабиѐти пањлавї ба мушоҳида мегирем, ки ин ҳам
бошад мунозираи “Дарахти ассурик“ аст. Гузашта аз ин, дар адабиѐти классикии мо мунозираҳои
Асадии Тӯсӣ маълум ва машҳур аст, ки дар онҳо ду қаҳрамон ба ҳам сари мавзӯе гуфтугӯ доир
менамоянд ва дар охир яке ғолиб ва дигаре мағлуб мешавад.Мунозираҳои манзум дар таърихи
адабиѐти классикии форсу тоҷик чӣ дар шакли алоҳида ва чӣ дар таркиби асарҳои бузург оварда
мешаванд. Масалан, мунозираи Хусрав ва Фарҳод аз достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ
намунаи олии мунозираҳои осори калонҳаҷми адабиѐти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад.
Маснавии «Муњаббатнома» -и Имоди Фақеҳи Кирмонӣ дар ҳамин шева ва бо ҳамин тарзу
услуб суруда шудааст.Гуфтан мумкин аст, ки дар сурудани «Муњаббатнома» Имоди Фақеҳ ба
мунозираи достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганҷавӣ такя намудааст.Ба ин фарзия вазни
«Муњаббатнома», ки баробари вазни достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ аст, метавонад
ҷанбаи воқеъият бубахшад.
Бо боварї метавон гуфт, ки Имод дар кори сурудани “Муњаббатнома” зери таассури ин
маснавии Низомї ќарор гирифта будааст. Зеро дар “Муњаббатнома”-и хеш борњо аз Низомї ѐд
карда, таваљљўњи хоси хешро ба шахсият ва њунари ў ба намоиш гузоштааст.
Чунончӣ, дар њикояти Фарњод аз боби панљуми “Муњаббатнома” Имоди Фаќењ аз суханвари
Ганља бо ихлос ѐд намуда, бо завќу идроки ба худ хос ба њунари ў арљ гузоштааст:
86
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
Чунин дорам ривоят аз Низомї
Ки ўро месазад миралкаломї.
Худованди сухангўѐни ањд ўст,
Чу Исо дар љањон гўѐи мањд ўст.
Зи лафзаш завќи шаккар метавон ѐфт
Зи шаккар низ хуштар метавон ѐфт.
№ 3(48) 2016
Маъониву ибороташ ѓариб аст,
Ба зењни равшани соќї ќариб аст.
Ба мадњи Хусравеву васфи Ширин
Шикаста ќадри назми Вису Ромин...
Хирад њайрони табъи мўшикофаш,
Маъонї њуллапўш аз дастбофаш (2,102).
Њамчунин дар васфи “Муњаббатнома” аз забони Низомї чунин мегўяд:
Низомї гарчї акнун рух нуњуфтаст,
Барои ин китоб ин байт гуфтаст:
“Арўси гавњари бо тахту бо тољ ,
Сару по баста дар тавњиду меърољ” (2,122).
Ишқ дар меҳвари ин маснавӣ қарор дорад. Ишқе, ки дар ин маснавӣ тасвир мешавад, ишқи
заминӣ набуда, балки ишқи ирфонӣ ѐ ишқи ҳақиқӣ аст.
Шоир дар боби якуми «Муњаббатнома» муносибати байни рўњу баданро маънидод менамояд ва
сипас, ин масъаларо дар ҳафт боби дигар бо овардани њикоѐти тамсилї њаматарафа шарњу эзоњ
медињад.Дар ҳар боб мунозираи ду тараф, ки яке маъшуқ
ва дигаре ошиқ аст, дида
мешавад.Тарафҳо ба ҳам баҳсҳои хуби мантиқӣ ва тасаввуфӣ доир менамоянд, ки билохира,
андешаҳои онҳо дар поѐни ҳамин боб бо номи “Мақсуди сухан “ ҷамъбаст мегардад.
Имоди Фақеҳ дар маснавии «Муњаббатнома» -и хеш дар интихоби тарафайни мунозира сайъ
намудааст, ки бар асоси суннатҳои шеъри форсӣ-тоҷикӣ мавҷудотеро интихоб намояд, ки байни
онҳо робитаи ошиқона тасаввур шудааст, мисли шамъу парвона, зарраву хуршед, руҳу бадан,
гулу булбул ва монанди инҳо.
Дар ин мунозираҳои маснавї оғозгари гуфтугӯ тарафест, ки дар суннати шеъри классикии
форсу тоҷик ошиқ қаламдод мешавад.Дар ибтидо ӯ дар зимни як руҷӯъ аз ишқ ва ҳиҷрони худ
нола сар мекунад ва дар идома тарафи дигар, яъне маъшуқ лаб ба сухан мекушояд ва пас аз посух
додан ба ошиқ, ҳикояти яке аз ошиқони машҳурро нақл менамояд.Ин ошиқ аз назари вижагиҳои
худ ва аз назари навъи ишқе, ки дорад, дар муқобили ишқи заминии тарафи муқобил қарор
мегирад.
Хонанда зимни гуфтугӯи ин ду тараф ва равобити тамсилии байни ин ду ошиқ, ки яке
намояндаи ишқи заминӣ ва дигаре намоди ишқи ҳақиқӣ аст, фосилаи пурношудании байни ин
дуро дарк менамояд.Бо поѐн ѐфтани ҳикояти маъшуқи суннатӣ, ошиқи суннатӣ ҳикоятеро яке аз
маъшуқони машҳур нақл менамояд ва бо хотима ѐфтани он ҳикоят, чуноне, ки болотар зикраш
рафт, Имоди Фақеҳ дар баҳсе бо унвони “Мақсуди сухан” инони суханро ба даст мегирад ва бобро
натиҷагирӣ менамояд ва яке аз тарафҳоро бар дигаре руљњон медиҳад. Имоди Фақеҳ дар ҳама
мавридҳо маъшуқро нисбат ба ошиқ болотар медорад. Суханвар саъй менамояд, ки ба хонанда
бифаҳмонад, ки ин ошиқу маъшуқ дар дохили вуҷуди ҳар инсон мавҷуд аст ва инсон метавонад
бо интихоби оқилона худро ба сӯи камол бикашонад.Ҳамин тариқа дар ҳашт боб ин тарзу услуби
баѐн риоят шуда, Имоди Фақеҳ кӯшиш намудааст, ки вижагиҳои ишқи ҳақиқӣ ва роҳҳои дарѐфти
онро дар “Муҳаббатнома” ба намоиш гузорад.
Мазмуну мундариљаи бобњои дувум то ҳаштум бо масъалаи боби аввал, ки муносибати рўњу
баданро дарбар мегирад, мантиќан алоќаманд мебошад, яъне тамоми мазмуну мӯҳтавои бобҳои
минбаъдаи маснавии «Муњаббатнома» барои шарҳу баѐни масъалаи боби якуми асар оварда
шудаанд.
Услубе, ки дар шарњу эзоњи масъалаи марказии «Муњаббатнома» Имоди Фақеҳи Кирмонӣ
интихоб кардааст, аз тарзи ифодаи маснавињои дигари ў куллан фарќ мекунад. Мунозира усули
хубест, ки шоир ба тавассути он тавонистааст масъалаи мавриди баѐнро зеботар ва матлуб матраҳ
намояд. Ин шаклу сурати баѐн ба услуби ў сиѓаи таљаддуд бахшидааст.
Дар тавзењи масъалаи марказии «Муњаббатнома» - рўњу бадан, чунон ки болотар дидем,
мунозираи байни ашѐи гуногун истифода шудааст. Илова бар ин, фикру мулоњизањои дар њар боб
ифода ѐфтаи шоир њатман бо ду њикояи тамсилї тасдиќ ва пурќувват карда мешавад, ки ин
њикояњо аз ќиссањои машњури ишќї буда, бо обуранги сўфиѐна нигошта шудаанд.
Чуноне ки болотар ишора шуд, Имод дар хулосаи њар боб фаслеро бо унвони “Маќсуди сухан”
оварда, ба ин тартиб масъалаи мавриди баѐнро натиљагирї менамояд. Ин нукта гуфтанист, ки
фасли мазкур њама ваќт бо мухотаби “Дило” шурўъ мешавад, ки як навъ мурољиати муаллиф ба
хонандаи хеш аст, ки љанбаи андарзиву њикамї дорад:
87
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
Дило, давлат ба тавфиќи илоњист,
Саодат аз атои подшоњист (2,104).
Дило, бигзар зи љон, гар ишќбозї,
Ки бо хубон набошад ишќ бозї (2,108).
Дило, даври тараб барќи ямонист,
Гуле дар маърази боди хазонест (2,118).
Бобњо ва њикоѐти тамсилї дар маснавї аксаран бо лафзи “шунидам”, “шабе”ѐ “чунин дидам”
шурўъ мешаванд, ки ин такрорро ба шоир хӯрда наметавон гирифт, зеро тавассути калимоти
мазкур муаллиф љаззобияти суханашро бештар намуда, вуљуди хешро дар асар намоѐн кардааст.
Ин нукта далел бар он, ки “Муњаббатнома” як навъ хулосаи рўњ ва љавњари вуљуди суханвар аст.
Ба њамин минвол, Имоди Фаќењи Кирмонї дар фанни маснависарої услуби баѐни тозаеро бо
иншои “Муњаббатнома” ба миѐн овард. Албатта, ин ибтикори Имод дар пояи ривољи навоварї ва
таљаддуде, ки шоирони асрњои Х1У – ХУ дар сурудани њар навъи шеър пеш гирифта буданд,
анљом ѐфтааст. Зеро дар ин асрњо суханварон кўшиш менамуданд, ки радди пойи ќудамо дар
осори онон камтар эњсос шавад ва ба ин сабаб ба навгўиву навпардозї бештар иштиѓол доштанд,
ки мутаассифона, дар бештари маврид чунин ибдоъ ба ривољи тасаннӯот мунљар мешуд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Адабиѐти форсу тоҷик дар асрҳои ХII-XIY:иборат аз 2 қисм.-Душанбе:Дониш,1983.-232с.-2қ.
2. Кирмонӣ,Имод.Маснавиҳо.Тасҳеҳи Муҳаммадризо Сарфӣ ва Дориюши Козимӣ/И.Кирмонӣ.Кирмон, 1380.- 328 с.
3. Сайфиев, Н.Достонсароии форсу тољик дар асри ХIV/Н.Сайфиев.- Душанбе: Маориф, 1983.- 112
с.
4. Тољибоев, Ш.Тааммуле дар «Сўњбатнома»-и Имоди Фаќењи Кирмонї/Ш.Тољибоев// Номаи
донишгоњ.Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ.- 2009.- № 1(17).- С. 38-47.
REFERENCES:
1. Persian and Tajik literature of the ХII-XIY cc.:in 2 v.-Dushanbe:Donish, 1983.-232 p.-2v.
2. Kirmoni, Imod.Poems. The revision of Muhammadrizo Sarfi and Doriyuoshi Kazimi/I.Kirmoni.Kirmon, 1380.-328 p.
3. Saifiev, N. Epic-poem writing of Persian and Tajiks in the 14th century/N.Saifiev.-Dushanbe: Maorif,
1983.-112p.
4. Tojiboev,
Sh.Cogitations
on
the
mesnevi
of
Imodi
Fakehi
Kirmoni’s
"Suhbatnomа"/Sh.Tojiboev//Scientific Notes.Series of Humanities Sciences.- 2009.- № 1(17).- P. 38-47.
Структура и стиль изложения «Мухаббатнаме»
Имода Факеха
Ключевые слова: месневи, «Мухаббатнаме», Имод Факех, спор, структура, притча
Статья посвящена анализу «Мухаббатнаме» - одного из месневи персидско-таджикского поэта
XIV века Имода Факеха Кирмони. Автор отмечает, что «Мухаббатнаме» является одним из
малообъемных месневи поэта и создано в размере любовных месневи. На основе анализа
выявляется, что месневи не имеет определенной линии сюжета, оно в основном написано в форме
дискуссии и объектом спора является философско-суфийская проблема соотношения души и тела,
которое в. Доказывается, что Имод Факех в своем произведении изображает дебаты двух сторон –
влюбленного и возлюбленной, основанную на логических и суфийских спорах. В конце каждой
главы поэт подтверждает свои мысли и суждения двумя притчами, взятыми из известных
любовных историй, которые в месневи приобрели суфийскую окраску. Автор статьи приходит к
выводу, что Имод Факех в своем «Мухаббатнаме» стремился создать новую манеру изложения,
предпосылки для которой появились в результате новаторства и нововведений, предпринятых
поэтами-сочинителями месневи XIV-XV вв.
Structure and Manner of Presentation of
«Muhabbat-name» by Imod Faqeh
Key words: mesnavi, «Muhabbat-name», Imod Faqeh, dispute, structure, reason
88
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 3(48) 2016
The article dwells on the analysis and study of «Muhabbat-name» - one of mesnavi belonging to the
Persian-Tajik poet being Imod Faqeh Kirmon referring to the XIV-th century. The author lays an
emphasis upon the idea that the former in question is one of the scantly volumes mesnavi of the poet and
is created in the metre of love one. Designing on the premise of versatile analysis the author elicits that
mesnavi has not certain plot lines, therein the object of depute is philosophical-sufi problem of correlation
between soul and body and the literary production is written in discussion form primarily. It is proved
that Imod Faqeh reflects in his literary work the discussion of both sides - the lover and beloved, based on
lyrics and Sufi deputes. The poet confirms his thought and opinion beset with the two parables at the end
of each chapter those ones taken from the outstanding love stories which acquired Sufi color in mesnavi,
in particular.
To sum it up, the author of the article comes to the conclusion that Imod Faqeh strives to create in
his «Muhabbat-name» the newly manner of presentation and the prerequisites for which appeared as a
result of innovation undertaken by poets, writers of mesnavi referring to the XIV-th – the XV-th
centuries.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Тољибоев Шарифљон Ѓайбуллоевич, номзади илмњои филологї, дотсенти кафедраи адабиѐти
классикии тољики Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б. Ѓафуров (Љумњурии
Тољикистон, ш. Хуљанд), E – mail: tsharif@mail.ru
Сведения об авторе:
Таджибаев Шарифджон Гайбуллоевич, кандидат филологических наук, доцент кафедры
таджикской классический литературы Худжандского государственного университета имени
академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E – mail: tsharif@mail.ru
Information about the author:
Tojiboev Sharifjon Gaibulloevich, Сandidate of Philological Sciences, Associate Professor of the
Department of Tajik Classic Literature under Khujand State University named after academician
B..Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: tsharif@mail.ru
89
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
7
Размер файла
1 273 Кб
Теги
structure, mannel, name, faqeh, imod, presentation, pdf, muhabbat
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа