close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Sufi literary productions by khoja Abdullo Ansori..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 1(50) 2017
10.01.03.АДАБИЁТИ МАРДУМИ КИШВАРЊОИ ХОРИЉЇ
10.01.03.ЛИТЕРАТУРА НАРОДОВ СТРАН ЗАРУБЕЖЬЯ
10.01.03.LITERATURE OF THE PEOPLE OF THE COUNTRY
AND ABROAD
УДК 8Т1
ББК 83.3(0)4
М.З.ШАРИФОВА
ХОҶА АБДУЛЛОҲИ АНСОРӢ ВА НАСРИ ИРФОНИИ Ӯ
Шайхулислом Абeисмоил Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Ансории Ҳиравӣ, ки аслу насаби ӯ ба
яке аз саҳобагони Пайғомбар (с) Абӯаюби Ансорӣ мепайвандад, соли 1006 дар Ҳирот ба дунѐ
омадааст.
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ аз овони тифлӣ қобилияти фавқулоддаи хешро дар ҳифзи ашъори
арабию форсӣ, аҳодису ахбор ва фарогирии фиқҳ зоҳир кардааст. Дидору мулоқоте бо машоихи
кибори мутасаввифа дошта,шогирди Абулҳасани Харақонӣ буд ва аз файзи сӯҳбати Абӯсаиди
Абулхайр баҳраҳо бардоштааст. Шояд ҳамин дилбастагии ӯ ба улуми қуръониву фиқҳу ҳадис
буд, ки Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ки дертар бо унвони Пири Ҳирот шӯҳрат пайдо кард, ирфону
тасаввуфро бо таълифи осори пурарзиши худ ҷозибтару ҷолибтар сохт.
Аз гуфтаи Абдулҳусайни Зарринкӯб бармеояд,ки Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ҳанбалимазҳаб
будааст: «Ин пири Ҳирот (Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ), ки тақрибан ду сол ҷавонтар аз Носири
Хусрав буд ва андаке қабл аз ӯ вафот ѐфт, шӯру таассубе, ки дар мазҳаби ҳанбалӣ нишон медод,
аз шӯру таассубе, ки Носири Хусрав дар оини хеш дошт,камтар набуд. Ва турфа он аст, ки бо
вуҷуди дарду сӯзи сӯфиѐнае, ки дар каломи ӯ,хоса муноҷотҳояш ҳаст, хушунату салобати як
шайхулисломи ҳанбалӣ ҳам ҳаргиз дар вуҷудаш фурӯкаш накард. Чунонки дар соли 478 ҳиҷрӣ, ки
синни вай ба ҳаштод мерасид, хашму таассуби ӯ бар зидди як воиз, ки моҳи рамазон ба Ҳирот
омада буд ва шайх дар каломи вай аз фалсафа шунида буд, фитнаи азиме барангехт.Чунонки
Ибни Ҷавзӣ дар «ал-Мунтазам» ривоят мекунад, ки дар асари таҳрики шайх омма бар ин воиз
шӯриданд, хонаашро оташ заданд ва чун худи вай аз Ҳирот ба Пушанг гурехт ва ба Қозӣ
Абӯсаиди Фушанҷӣ-мударриси Низомия паноҳ бурд» (2, 67).
Ин маълумоти А.Зарринкӯб, ки бо такя ба гуфтори Ибни Ҷавзӣ ироа гардидааст, аз чанд
масъала шӯҳрату мақоми маънавии Пири Ҳирот, аз таҳоҷуми фалсафӣ пок нигаҳ доштани
тафаккури динии ҷомеа аз ҷониби ӯ ва мавҷудияти ихтилофи мазоҳиб хабар медиҳад.
Аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ маҷмӯи кутубу расоил, аз қабили «Муноҷотнома», «Насоиқ»,
«Канз-ус-соликин», «Қаландарнома», «Муҳаббатнома», «Ҳафт ҳисор», «Рисолаи дилу ҷон»,
«Рисолаи воридот», «Илоҳинома», «Табақот-ус-сўфия» ва ғайра боқӣ мондааст, ки як иддаи онро
худ китобат карда ва гурӯҳи дигарро ҳангоми маҷолиси ваъз шогирдонаш ба риштаи таҳрир
даровардаанд.
Муҳаммадсарвари Мавлоӣ дар робита ба ин менависад: «Аз миѐни осори мутааддиди дигар,
ки ба Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мансуб аст, бархеро худи ӯ дар таълифоти хеш ном бурдааст,
монанди «Маноқиби Аҳмади Ҳанбал», «Маноқиби аҳли осор», «Китоб-ул-қавоид», «Китоб-улфоруқ фи-с-сифот», «Китоб-ул-қодирия», «Такфир-ул-фаҳмия», ки дар «Замм-ул-калом» аз онҳо
ѐд кардааст. Муаррихону мутарҷимони аҳволи ӯ чун Ибни Раҷаб, Субкӣ ва Заҳабӣ низ ин
китобҳоро дар шумори таълифоти Пири Ҳирот зикр кардаанд. Дар ин манобеъ номи ду китоб ѐ
рисолаи дигари ӯ «Арбаъуна фи-т-тавҳид» ва «Арбаъуна фи-с-суннат» низ омадааст, ки дар
«Замм-ул-калом» аз онҳо ѐд нашудааст. Ин амр шояд ба далели таъхири замони таълифи он ду
китоб бошад» (1, 176-177).
Дар идомаи ин қисмат муҳаққиқи ѐдшуда мабоҳиси худро дар мавриди осори дигари Пири
Ҳирот густариш дода, ниҳоят феҳристи 36 китобу расоили бо забонҳои форсиву арабӣ навиштаи
Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро меоварад.
Аз унвон ва муҳтавои расоили Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ бармеояд, ки осори ӯ дар ду боб, яке
шарҳи масоили фиқҳӣ ва дастаи дигар ҷиҳати тавзеҳу ташреҳи мафоҳиму мусталеҳоти ирфонӣ
рӯи коғаз омадаанд.
73
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 1(50) 2017
Дар мавриди хусусиятҳои асосии осори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ бояд се нуктаи муҳимро дар
назар дошт:
Якум,моҳияту мӯҳтавои осори ӯ ва аҳамияти адабии онҳо дар баррасии масоили ирфони
исломӣ.
Дувум, вижагиҳои жанрӣ, сохтор ва услуби нигориши Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ.
Савум,нақши ин орифу адиби машҳур дар ихтироъ ва кашфи равишҳои тозаи нависандагӣ дар
насри сӯфия.
Шояд аввалин кори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар ҳифзу баѐни зиндагиномаи аҳли ирфон тарҳи
форсии «Табақот-ус-сӯфия»-и Абдурраҳмони Суламӣ буд, ки ин асар дар даврони минбаъдаи
рушду нумӯи нигоришоти маноқибу тазкираҳои ирфонӣ нақши муассир гузошт.
Мавлоно Ҷомӣ ҳамчун адибе, ки фасоҳату балоғати гуфтори ӯро тақдир карда метавонист, дар
оғози китоби “Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс”-Абдурраҳмони Суламӣ ва Ансориро ба
ҳукми танзимгарони тазкираи хоси сӯфиѐн бо усули табақот мешиносад.
Аз ин рӯ,Ҷомӣ сараввал арҷи маънавии Абдурраҳмони Суламӣ, равиши баѐн, тарзи
масъалагузорӣ ва сифати китоби ӯро тавзеҳ медиҳад: «Аммо баъд мегӯяд пойшикастаи зовияи
хумулу гумномӣ Абдурраҳмон ибни Аҳмад ал-Ҷомӣ, саббатањуллоҳу ъала-л-манҳаҷ-ис-сидқи вас-садоди фи-л-ъамали ва-л-қавли ва-л-эътиқод,ки Шайхи имом, олими ориф Абӯабдурраҳмон
Муҳаммад ибни Ҳусайн ас- Суламии Нисобурӣ,қаддасаллоҳу таъоло руҳаҳу, дар баѐни сирру
аҳволи машоихи тариқат, қаддасаллоҳу таъоло арвоҳаҳум, ки кубарои дин ва узамои аҳли
яқинанд ва ҷомеъанд миѐни улуми зоҳиру улуми ботин, китобе ҷамъ кардааст ва онро «Табақотус-сӯфия» ном ниҳода ва онро панҷ табақа гардонид. Ва табақаро иборат аз ҷамоате дошта, ки
дар баѐни воҳид ѐ дар баѐни азминаи мутақорибаи анвори вилоят ва осори ҳидоят аз эшон
намуда. Ва сафару реҳлати муридону мустафидон ба эшон буда. Ва дар ҳар табақа бист тан аз
машоих ва аиммаву уламои ин тоифа зикр карда. Ва ҳасби иқтизои вақт ва мақом аз калимоти
қудсия ва шамоили марзияи эшон, он чи далолат мекунад бар тариқат ва илму ҳол ва сирати
эшон дар баѐн оварда» (7,1).
Сониян, дар бораи мақоми Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва китобаш чунин иттилоъ медиҳад: «Ва
Ҳазрати Шайх-ул-ислом, каҳф-ул-аном,носир-ус-сана, қомеъ-ул-бидаи Абӯисмоил Абдуллоҳ ибни
Муҳаммад ал-Ансорӣ ал-Ҳиравӣ, қаддасаллоҳу таъоло руҳаҳу,онро дар маҷолиси сӯҳбат ва
маҷомеи тазкиру мавъизат имло мефармудаанд ва суханони дигари баъзе аз машоихе, ки дар он
китоб мазкур нашуда ва баъзе аз азвоқу мавоҷиди худ бар он меафзуда. Ва яке аз муҳиббону
муридони онро ҷамъ мекарда ва дар қайди китобат медароварда» (7, 2).
Аз гуфтори Ҷомӣ ба ин натиҷа расидан мумкин аст, ки вожаи «табақот» маҳз ба василаи
Абдурраҳмони Суламӣ (ба забони арабӣ) ва Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (ба забони форсӣ, лаҳҷаи
ҳиравӣ) ба истилоҳ ѐ жанре табдил ѐфт, ки шарҳи аҳволу орои сӯфиѐнро мутобиқи замони
зиндагӣ, тариқат, ҷаҳоншиносӣ, андеша ва меъѐрҳои хоси ирфонӣ зикр кардан имкон дорад.
Забеҳуллоҳ Сафо насри «Табақот-ус-сӯфия»-ро як навъ василаи ҳифзи гӯиши ҳиравӣ дониста,
мегӯяд, ки асареро имрӯз монанди сабки он «ба нудрат метавонем ѐфт» (5,913).
Илова ба китоби “Табақот-ус-сӯфия” Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ як зумра осори муҳими
ирфониро ба забони форсӣ навиштааст, ки ба ташреҳу тавзеҳи матолиби мухталифи хоси
мабонии сӯфия ва аҳкоми он бахшида шудаанд. Ин асарҳо «Чиҳилу ду фасл дар ҳикоѐти
машоих», «Сад майдон», «Муҳаббатнома», «Суолоти дил аз ҷон», «Муноҷотнома» ва амсоли ин
маҳсуб мегарданд, ки барои шӯҳрату мақоми муаллиф дар таърихи тасаввуфи исломӣ мусоидат
кардаанд.
Забон ва усули баѐни осори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ бо тамоми вижагиҳои худ таваҷҷӯҳи аҳли
таҳқиқро ба худ ҷалб менамояд. Дар хусуси таъйин ва муайян намудани усулу савти нигориши
ин орифи нависанда адабиѐтшиносони мухталиф изҳори назар намудаанд.
Яке аз сабкшиносони маъруфи эронӣ Сируси Шамисо ҳангоми таснифот ва ташреҳи
вижагиҳои насри форсӣ менигорад: «Яке аз шеваҳои насри форсӣ насри мавзун ѐ мусаҷҷаъ аст,
ки ду ҷилва дорад: яке насри мавзуни мурсал, ки дар осори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дида
мешавад ва дигаре насри мавзуни фаннӣ, ки дар «Мақомоти Ҳамидӣ» дида мешавад» (6, 61).
Муҳаққиқи ѐдшуда китобу расоили Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, аз қабили «Муноҷотнома»,
«Канз-ус-соликин» ва «Табақот-ус-сӯфия»-ро дар шумори аввалин намунаҳои насри мавзун ѐдрас
менамояд. Меъѐри баҳодии Сируси Шамисо дар ин маврид корбасти «лахтҳо ѐ фиқраҳои мусовӣ
ѐ тақрибан мусовӣ (ба лиҳози ҳиҷо) ба саҷъ аст» (6,62).
74
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 1(50) 2017
Академик Н.Салимов дар мавриди шарҳи истилоҳи насри мусаҷҷаъ чунин меандешад: «Ба
эътирофи умум, аввалин нависандаи порсигӯй, ки саҷъро ба кор гирифт, шоир ва орифи маъруф
Абдуллоҳи Ансорӣ буд».
Пажӯҳишгари дигари эронӣ Мансури Растагор барои ифодаи ин мафҳум “насри тағаззулӣ”–
ро истифода бурдааст ва вижагии махсуси онро чунин ташреҳ медиҳад: “Ин гуна насрҳо, шомили
насрҳое аст, ки ҷанбаи шоирона ѐ хитобӣ ва тағаззулӣ доранд ва шомили хитобаҳои ошиқона ва
муноҷотҳои орифона ҳастанд, ки гоҳ ба авҷи лутф ва таъсир мерасанд ва гоҳе шомили ишороти
ташвиқӣ ҳастанд, монанди расоили Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ,“Тамҳидот”-и Айнулқуззоти
Ҳамадонӣ,“Савонеҳ“-и Шайх Аҳмади Ғаззолӣ,“Ламаъот”-и Шайх Фахриддини Ироқӣ, Рисолоти
Азизуддини Насафӣ ва “Лавоеҳ”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, ки агарчи латоифи маъонӣ дар ғолиби
ин осор дар пардае аз бадоеъ ва румузу истиорот мастур мешавад, аммо бисѐр латиф ва завқангез
аст” (3,395).
Донишманди фавқуззикр мафҳуми насри тағаззулиро муодили насри хитобӣ ҳам мешуморад
ва ба назари мо мафҳуми насри тағаззулӣ нисбат ба насри шоирона ба насри лирикии имрӯза
наздиктар мебошад. Зеро маълум аст, ки тағаззул қисмати аввали қасоид аст, ки бештар
матолиби ошиқонаро ифода мекунад.
Ба ҳамин хотир аст, ки Мансури Растагор насри тағаззулиро муодили насри хитобӣ медонад,
ки намунаҳои барҷастаи он дар таълифоти Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ба мушоҳида мерасанд.
Масалан, дар “Муноҷотнома”-и Абдуллоҳи Ансорӣ, ки ҷанбаи қавии эҳсосӣ дорад, нидо ва
ҳолатҳои нависанда ба қалам омадаанд, ки ҳосили эҳсосоти ишқи фардии вай ба офаридгори хеш
мебошанд.
Дар фасли «Тарассул (мактубот ва муншаот)» адабиѐтшинос Н.Салимов хитобаҳои ирфонии
Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро навъе аз номанигории хос баршумурда, мегӯяд: «Имтиѐзи расоили
Абдуллоҳи Ансорӣ дар он аст, ки дар онҳо мухотаб Худованди Зулҷалол қарор гирифта, бо
нидои «Илоҳӣ!» шурӯъ мешаванд. Масалан,«Илоҳӣ, агар моро ба мо бозгузорӣ, аз ҳама
нокастарем ва аз ҳама пасмондагон вопастарем...Илоҳӣ, мо дар исѐн кӯшидем, ту ба камоли
карам пӯшидӣ, чун пeшидӣ, расво макун, он чӣ пинҳон доштӣ, боз макун» (4, 357).
Номбурда жанри номаро ба ҳафт даста тақсим намуда, бахши охирини онро «илоҳинома»
меномад ва меоварад: «Илоҳиномаҳо. Манзур он номаву муноҷоте аст, ки дар онҳо Худованд
мухотаб қарор дорад. Намунаи барҷастаи ин навъ номаҳо муноҷотномаҳои Абдуллоҳи Ансорӣ ба
шумор меоянд» (4,358).
Ҳамин гуна,бо як нигоҳи иҷмолӣ метавон гуфт, ки як бахши асосии мероси ирфонии форсу
тоҷик ба қалами Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мутааллиқ буда, дар ташакккул ва танаввӯи тасаввуф
саҳми намоѐн дорад. Барои равнақи равишҳои тозаи нигорандагии насри классикӣ, аз ҷумла
номанигорӣ ва иншои тарассул, муноҷоту номаҳои орифона нақши муассиру омӯзанда гузошт.
Агар рисолаҳои ӯ сабаби зуҳури як сабки махсус дар насри мо гардида бошанд, китоби «Табақотус-сӯфия» ҷараѐни нигориши тазкираҳо, осори назарӣ ва маноқиби сӯфиѐнро вусъати хос бахшид.
ПАЙНАВИШТ:
1. Ансорӣ, Хоҷа Абдуллоҳ.Табақот-ус-сўфия/Муқобалаву тасҳеҳ ва ҳавошиву фаҳориси
Муҳаммадсарвари Мавлоӣ/А.Ансорӣ.–Теҳрон,Сухан,1362.-948 с.
2. Зарринкӯб, А.Ҷустуҷӯ дар тасаввуфи Эрон/А.Зарринкӯб.-Душанбе:Ирфон,1992.-396 с.
3. Растагор, М.Анвои насри форсӣ/М.Растагор.-Теҳрон:Интишороти Самт,1380.-636 с.
4. Салимов, Н.Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиѐти форсу тоҷик (асрҳои
IХ-ХIII)/Н.Салимов.-Хуҷанд:Нури маърифат,2002.-398 с.
5. Сафо, З.Таърихи адабиѐт дар Эрон.Аз миѐнаи қарни панҷум то оқози қарни ҳафтуми
ҳиҷрӣ/З.Сафо.-Теҳрон: Фирдавс,1366.-1128 с.-2 ҷ.
6. Сирус, Ш.Сабкшиносии наср/Ш.Сирус.-Теҳрон:Митро,1377.-319 с.
7. Ҷомӣ, А.Нафаҳот-ул-унс мин ҳазаротул қудс/А.Ҷомӣ//Бо муқаддимаву тасҳеҳ ва таълифоти
доктор Маҳмуди Обидӣ.-Теҳрон:Интишороти Иттилоот,1370.-1214 с.
REFERENCES:
1. Hoja, Abdulloi Ansori.Tabaqotu Sufiya./Introduction,revision and commentaries: Muhammadsavori
Mavloi/A.Ansori.–Tehran:Speech,1362hijra.–948 p.
2. Zarrinkub, A.Quests in Mysticism of Iran/A.Zarrinkub.–Dushanbe:Cognition,1992.–396 p.
3. Rastagor, M. Types of Persian Prose/М.Rastagor.-Tehran:Samt publishing-house,1380hijra.- 636 p.
75
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 1(50) 2017
4. Salimov, N.Stylistic Periods and Persian Prose Development in Persian-Tajik Literature (referring to
the IХ-th – the ХIII-th centuries)/N.Salimov.-Khujand: Light of Education,2002.-398 p.
5. Safo, Z.History of Literature in Iran. From the Middle of the V-th up to the Beginning of the VII-th
centuties (hijra)/Z.Safo. –Tehran:Firdavs,1366hijra.-1128 p.
6. Sirusi,Sh.Stylistics of Prose/Sh. Sirusi.–Tehran:Mitro,1377hijra.-319 p.
7. Jomi, A.Nafahotulis min Hazoratul Quds/A.Jomi//Introduction,revision and commentaries:
Dr.Mahmudi Obidi.–Tehran:Innovations publishing-house,1370hijra.-1214 p.
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва осори ирфонии ӯ
Вожаҳои калидӣ: Ансорї, осор, назм, ирфон, тасаввуф, поэтика, мањорат
Дар маќола вижагиҳои адабї ва оҳангҳои ирфонӣ дар осори мансури Хоља Абдуллоњи Ансорӣ
мавриди тањќиќ қарор ёфтааст. Ба муаллиф даст додааст, ки вижагиҳои поэтикии насри Хоҷа
Абдуллоҳи Ансориро дар пояи сарчашмаҳои мӯътамади адабӣ ошкор ва таҳлил намояд. Тазаккур
меравад, ки Хоља Абдуллоњи Ансорӣ яке аз маъруфтарин адибони насрнависи форсу тоҷик буда, дар
равнақи насри омехта, аз ҷумла номанигорӣ, тарассул, муноҷот ва номаҳои орифона нақши муассиру
омӯзанда гузоштааст.
Собит мегардад, ки агар рисолаҳои ӯ сабаби зуҳури як сабки вижа дар насри классикии тоҷику
форс гардида бошанд, китоби «Табақот-ус-сӯфия»-и вай ба ҷараѐни таҳаввули тазкиранигорӣ, осори
мансури назариявӣ ва маноқиби сӯфиѐна дар адабиѐти форсу тоҷик вусъати хос бахшидааст.
Суфийские произведения Ходжи Абдуллоха Ансори
Ключевые слова: Ансори, произведения, поэзия, ирфон, суфизм, поэтика, искусство
В статье исследованы литературные особенности и суфийские мотивы в прозаических
произведениях Ходжи Абдуллоха Ансори.Исследователю удалось выявить и проанализировать
поэтические особенности прозы Ходжи Абдуллоха Ансори на основе достоверных литературных
источников. Отмечается, что Ходжа Абдуллох Ансори является одним из величайших прозаиков
суфийской прозы, в том числе письменности: тарассул, суфийских мунаджат и смежной прозы.
Доказывается, что если его трактаты стали зарождением особого стиля основой в таджикскоперсидской прозе, то его книга «Табакот-ус-суфия» сыграла важную роль в процессе эвоюции
антологии, теоретической прозы и суфийских
манакиб(книг восхвалений) в персидско –
таджикской литературы.
Sufi Literary Productions by Khoja Abdullo Ansori
Keywords: Ansori, work, poetry, Irfon, Sufism, poetics and art
Literary peculiarities of Sufi motives in literary productions belonging to Khoja Abdullo Ansori are
canvassed in the article under consideration. Proceeding from authentic literary sources the researcher
managed to reveal and analyze the peculiarities of rhetorical prose written by Khoja Abdullo Ansori. Khoja
Abdullo Ansori is one of the greatest prose-writers in Sufi prose and the script called as tarassul and munojoti
orifona cognitive prey being a founder of contiguous prose inclusive. His specific style in prose, permeates the
book entitled «Tavakot-us-Sufi». The process of idea review reflected in «Manokib» tezkire presents a typical
expansion. Thus, a lot of effects were introduced into the history of religious works from the Tajik-Persian
literature connected with it.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Шарипова Мӯътабар Заҳибуллоевна, номзади илмњои филологї, дотсенти кафедраи забон ва
адабиѐти форсии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ѓафуров (Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ш.Хуҷанд),E-mail: mutabar-1977@mail.ru
Сведения об авторе:
Шарипова Муътабар Захибуллоевна, кандидат филологических наук, доцент кафедры
персидского языка Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова
(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: mutabar-1977@mail.ru
Information about the author:
Sharipova Mu`tabar Zakhibulloevna, candidate of philological sciences,Associate Professor of the
department of Persian language and literature under Khujand State University named after academician
B.Gafurov (Tajikistan, Khujand),E-mail:mutabar-1977@mail.ru
76
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
12
Размер файла
891 Кб
Теги
production, sufiy, ansori, abdullo, khoja, pdf, literary
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа