close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

ВИЖАГИЊОИ ШЕЪРИ -ИНОИИ ТАВСИФИЮ ТАСВИРr (дар мисоли эoодиёти Мирзо Турсунзода)..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 891.550.09-1
ББК 80(075)
№ 4(45) 2015
А. ЊАКИМОВ
ВИЖАГИЊОИ ШЕЪРИ ҒИНОИИ ТАВСИФИЮ ТАСВИРӢ
(дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода)
Вожањои калидї: тасвиргароӣ, воқеият, ашѐгароӣ, манзаранигорӣ, табиат, бадеият, забон,
саноеи бадеӣ, истиора, ташбењ, ташхис, таҷрибаи фардӣ, маърифат, эњсос, аносири
табиат, шахс, шахсияти ғиноӣ.
Яке аз анвои шеъри ғиноӣ ашъори ѓиноии тавсифию тасвирӣ мебошад, ки дар он аносири
олами ашѐ, манзарањои табиат, воқеъияти мавҷуда нисбат ба дигар навъњои назми ғиноӣ мақоми
муњим доранд, ки ба сари худ мавзўву мўњтавои шеър қарор гирифта, дар зимн ин ѐ он рўњия ва ѐ
андешаеро ифода менамояд. Ин навъ шеър њам бо њузур ва њам бе њузури фаъоли шахсияти шеър
арзи вуҷуд мекунад. Агар дар шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ шахсияти шеър мавҷуд бошад њам,
дар он мабњаси тасвир – аносири олами ашѐву табиат мақоми бартаре дошта, ба воситаи тавсифу
тасвири онњо фаъолияти шахсияти шеър, ки моњияти иҷтимоии њастии ўро муайян менамояд,
ошкор мегардад.
Дар шеъри андешањои отифии тасвирӣ мақоми андеша муњимтар аст ва аносири олами ашѐ
вобаста ба чигунагӣ ва баѐни эњсосот ва таассуроти шахсияти шеър истифода карда мешавад. Дар
шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ ин муносибат тағйир хўрда, мавқеи олами ашѐ бо зуњуроти
гуногуни худ, хоњ дар шакли манзарањои табиат ва хоњ воқеияти навофаридашуда, масалан намои
шањру сохтмонњо, муњимтар гашта, мањз онњо дар шахсияти шеър пайдо шудани ин ѐ он гуна
эњсосоту таассуроти ғиноиро муайян менамоянд. Аносир ва зуњуроти гуногуни воқеъияти
мавҷуда, ки дар рў ба рўи ҷањони ботинии шахсияти шеър қарор мегиранд, маншаи чигунагии
идроки ў аз олами њастӣ мебошанд, ки ба он рангу тобиши гуногун - воқеӣ, хаѐлпардозона,
масарратомез ва ѐ њузнангез медињанд. Дар ин њолат олами ашѐву воқеият арзиши маънавӣ пайдо
карда, маводи шеъри ғиноӣ мешавад, зеро шеъри ғиноӣ махзани арзишњоест, ки шахсияти он аз
маърифати зуњуроти мухталифи ҷањони њастӣ њосил менамояд. Дар баробари ин, њамчунон ки
қайд шуд, њамаи ин вазифаро шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ бе вуҷуди шахсияти шеър њам иҷро
карданаш мумкин аст. Дар он њолат фикру ақида ва эњсосоту таассуроте, ки шоир мехоњад ифода
кунад, дар интихоби аносири олами ашѐ, тарзи тасвири манзара, яъне дар зимни мабњаси тасвир
ҷойгузин мешавад.
Нигориши олами ашѐ дар шеър маъмулан дар шакли манзаранигорӣ, сурат мегирад, ки на
фақат зуњуроти алоњидаи табиат, балки њамроњи он тамоми намое, ки онро фаро гирифтааст,
масалан обу замин, осмону абр, набототу њайвонот, парандагону хазандагон, хулоса, њамаи
чизеро, ки ба назар меояд, фаро гирифтанаш мумкин аст. Шеъри манзара, ки сувари хаѐл, яъне
хаѐлу тасвиркориро бо андешаву отифа бо худ дорад ва табиату манзара дар он зиндаву гўѐ ба
қалам омада, ба қавли Шафеии Кадканӣ хусусияти тасаннуию ороишӣ касб мекунад. Ў, аз ҷумла,
дар ин бора менависад: «…аз қарни чањорум (њиҷрӣ- Њ.А.) ба баъд зиндагии мардум навъе
зиндагии тасаннуӣ аст ва ифроту тафрит бар он фармонравост. Шоирони ин давра тасвирро
василае барои илқои маонии зењнии худ намедонанд, балки навъе тазйин ба њисоб меоваранд, ки
дар њар мадењае бояд аз он тазйин суд ҷуст, монанди ранге, ки бояд бар деворе ѐ даре ба кор
равад, бе он ки таваҷҷуњ шавад ба ин ки оѐ дар сохтмони ин девор ѐ ин дар чӣ моя ба ранг ниѐз
њаст ва агар њаст, чӣ навъ ранге ва чӣ андоза» (2, 146).
Аммо бояд ба эътибор гирифт, манзаранигорие, ки дар шеъри классикии форсии тоҷикӣ,
масалан дар қисмати тағаззули қасидањо, насибу ташбиб* ва ѐ умуман қасидањои бањория, ки
тасвиру тавсифи манзарањои бањор ва ѐ қасидањое, ки ба тасвири фаслњои дигари сол бахшида
шудаанд, ҷой дорад, бар мафњуми шеъри тасвирӣ ѐ манзара, ки дар асри мо маъмул аст,
мутафовит аст. Дар шеъри пешин тасвири манзара ва ѐ аносири олами ашѐ қариб њамеша њамчун
воситаи ѐрирасон барои ифодаи пурратари мазмуну мўњтавои асар истифода мешуд. Њангоме ки
шеър на ба забони бадеъ – ташбењу истиораву рамзу маҷоз ва монанди инњо, балки бо шеваи
муҷаррад суњбат мекунад, он куллӣ буда, дақиқан аз таҷрибаи зиндагии шоир барнамеояд ва аз ин
рў, њамчунон ки Ризо Бароњанӣ менависад «…табиат мисли њар чизи дигаре васила қарор
109
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
мегирад, њамон тавре ки дар ашъори гузаштаи мо, гоњ-гоњ табиат василаи мадњи мамдуњ, ѐ ишқи
маъшуқ бо парастиши маъбуд шудааст. Ба њамин далел шеъри гузаштаи мо, зиѐд њам васфӣ
набудааст, ҷуз дар баъзе аз ташбибњову тағаззулњо, баъзе ғазалњо ва порањое аз маснавињо» (1,
125). Оид ба мавқеи тавсифу тасвир дар тағаззул Сируси Шамисо низ менависад: “... маъмул буд,
ки дар оғози қасида абѐте биѐваранд ва дар он аз ишқу ошиқӣ ѐ васфи маъшуқ ѐ табиат... сухан
ронанд...” (8, 36). Аммо манзара дар шеъри замони муосир на василае барои ифодаи маънои
муҷаррад, балки мафњумеро ифода менамояд, ки маъно аз худи маводи тасвир берун меояд ва ин
њолат бар мустақилияти он таъиду таъкид дорад. Ба вуҷуд омадани чунин шеъри манзара дараҷаи
муайяни инкишофу тараққии ҷамъиятро тақозо мекунад, ки дар он сатњи шуурнокии шахсии
афроди ҷомеа баланд рафта, на танњо афкору андеша ва фаъолияти инсон, балки њастии табиат
њам маншаи такомули ҷањоншинохтӣ ва озодии маънавии ў дониста шавад. Ба замми ин, барои ба
вуҷуд омадани шеъри мустақили манзара ташдиди зиддияти муносибатњои иҷтимоӣ њам зарур
буд, ки дар ин бора Г. Н. Поспелов менависад: «Зарур буд, ки мухолифати ҷамъиятӣ шадид шуда,
дар шуури мардум норизоии амиқ аз тамоми сохти мавҷудаи њаѐти иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд, то
одамони бештар андешаманд ва аз ҷињати зебошинохтӣ пешрафта ба дараҷае расанд, ки табиатро
дар алоқамандӣ бо норизоии умумии худ дарк ва онро ифода карда тавонанд» (4, 121). Њамин
гуна њолат, њамчунон ки Г. Н. Поспелов қайд мекунад, дар қисмати арупоии дунѐ, дар Фаронса,
асосан дар нимаи дуюми қарни XYIII ба вуҷуд омад, ки аввал боиси шакл гирифтани ҷараѐни
«сентиментализм», баъдан «романтизм» дар адабиѐт шуд. Ва «шоирони сентиментализм ва
романтизм эҷодкорони мањз шеъри ғиноии манзара шуданд, дар ашъори худ «эњсоси таъмимии
табиат» -ро кашфу ифода карда, бо ин, шеъри ғиноӣ ва тамоми адабиѐти бадеиро ғановат
бахшиданд ва бо ин њама дар рушди зебошинохтии башарият қадами бузурге ба пеш гузоштанд»
(4, 121).
Аммо, мутаассифона, дар шеъри форсии тоҷикӣ то қарни бист вазъият дар истифодаи тасвир
њамчун мояи шеър дарк карда нашуд, зеро барои ин заминаи зарурии иҷтимоӣ ба вуҷуд наомада
буд ва савияи зебошинохтии шоирон ба дараҷае нарасида буд, ки ба воситаи тасвири манзара ва
њолатњои табиат хусусиятњои хоси онро нишон дода тавонанд. Аз ин ҷост, ки тасвирњои беҷону
берўњ, ки аз таҷрибаи фардии шоир бањра нагирифта, қолабӣ буданду аз шеъре ба шеъре бе
мамониат кўч мекарданд, дар саросари назму насри адабиѐти форсии тоҷикӣ мушоњида
мешаванд. Адабиѐти њамин давраро дар назар дошта, Тақии Пурномдориѐн дар бораи хусусияти
тасвир дар он ба чунин хулоса мерасад: «Дар мадоењи манзум ва насрњои маснуи форсӣ, чи бисѐр
тасвирњо мебинем, ки андак нақше дар интиқоли авотиф ба ўњда надоранд, чаро ки аз хуршеди
гарму равшани таҷрибањои самимии рўњу эњсос, гармӣ нагирифта ва фақат ба қасди њунарнамоӣ
ва санъатгарӣ пардохта шудаанд. Мисли ин аст, ки дебои мунаққашеро бар пайкарае чўбин ѐ
сангин рост карда бошанд» (5, 90-91). Ин вазъи тасвир ва манзаранигорӣ дар шеъри форсии
тоҷикӣ бо истиснои хеле кам то қарни бист давом кард.
Дар қарни бист бар асари дигаргунињои сиѐсиву иҷтимоӣ, ки дар Осиѐи Марказӣ рух дод ва
давлати мустақили Тоҷикистон арзи вуҷуд кард, дар адабиѐту фарњанг низ тағйироти назаррасе
ба амал омад. Мавқеи инсон дар ҷомеа дигар шуд, савияи шуури шахсии ў боло рафт, ки ин бар
кулли њунар, аз ҷумла шеъру адаб нақши худро гузошт. Ин на танњо дар муносибати фард бо
ҷомеа, балки дар муносибати вай ба табиат њам хусусиятњои тоза ворид кард. Масалан, ба таври
куллӣ қайд кардан мумкин аст, ки инсон дар авоили қарни бист ба табиат муносибати
зўроваронаву тасхиркунанда дошт. Ин вазъият дар дунѐ, аз ҷумла дар собиқ ИҶШС, ки
Тоҷикистон њам шомили он буд, њукмфармо буд, ки оқибатњои на танњо иқтисодиву иҷтимоиву
экологӣ, балки рўњиву маънавӣ њам дошт, зеро дар натиҷаи ин гуна муносибати зўроваронаву
ғоратгарона ба табиат давлатњои абарқудрат манфиати бештаре ба даст оварда, њаққу њуқуқи
дигаронро поймол хоњанд кард, ки дар мардуми онњо рўњияи зўроварию манфиатҷўӣ ва дар
мардуми кишварњои ғоратшуда дилшикастагиву ноумедиро ба амал меорад. Чунин муносибати
яктарафа ба табиат, ки инсон њатман ғолибу фармонраво ва манфиатҷўи муваққатии он бошад,
дар як кишвар њам оқибатњои ногувори иҷтимоиву экологӣ ва маънавию ахлоқӣ дорад. Бинобар
ин масъалаи муносибат бо табиат танњо масъалаи иҷтимоиву экологӣ набуда, масъалаи
маънавию ахлоқӣ њам њаст, ки бо дарки ин ҷињати он дар нимаи дуюм ва охири қарн кам - кам
роњњои њамкориву њамдастӣ бо табиат ҷуста мешавад, ки бегумон ба тасвиру тавсифи он дар шеър
њам асари худро мегузорад. Аз ин бармеояд, ки шеър њам ин таҷрибањоро аз нав бояд бисанҷад,
заруриву манфиатбахши онро бо њам пайванд дињад, то дар тасвири табиат ба ягонагии бўъдњои
эњсосиву отифӣ ва моддиву маънавӣ бирасад.
110
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Дар ин давра нигоњи шуаро ба мақом ва хусусияти тасвир њам дигаргун гашта, диди тоза ба
ашѐ ва олами табиат, ки мањсули таҷрибаи фардии эҷодкор ва эњсосу отифаи шоирона бошад,
матлаби тасвир дар шеър қарор гирифт. Ин њам, бешубња, шохае аз раванде буд, ки шеърро ба
тақозои замони нав аз такрори мазмуну маънӣ ва тасвирњои қолабӣ рањо карда, ба он дар асоси
самимияту отифат ва эњсосоту таассуроти шахсӣ рушду нумуви тоза бахшиданӣ буд.
Ба дараҷаи пешрафти ҷамъияти инсонӣ доираи ашѐи нигориши манзара њам вусъат меѐбад,
зеро дастовардњои илмиву фаннӣ, ки дар ин ѐ он шакл таҷассум мешаванд, низ дар намои манзара
ҷой меѐбанд. Масалан, имрўз на фақат намои шањр, балки сохтмонњо, роњњо, хиѐбонњо,
фурудгоњњо бо тайѐрањову мошинњояш низ дар чањорчўби манзара ба тасвир меоянд. Зиндагии
инсони муосир нисбат ба даврањои пешин хеле густардатар аст ва он бисѐр чизи тозаеро фаро
мегирад, ки инсон онњоро бояд шиносад, таҷриба ва маърифат кунад, то ин дониши нав ўро ба
такомули бештари маънавӣ бирасонад. Тасаввур ва дониши инсон на фақат дар дарозои таърих,
балки дар як фосилаи на чандон тўлонӣ њам метавонад тағйир хўрад, такомул ѐбад, ки ба
муносибати ў ба олами ашѐ ва табиат таъсир мегузорад.
Шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ, ки бо манозири табиат ва олами ашѐ сари кор дорад,
василаи муњимми шинохти на фақат мабњаси мавриди тасвир, балки воситаи бењтарини шинохти
инсон ва якпорчагии ў бо олами атроф мебошад. Шеъри манзара ба шоир имкон медињад, ки
муњити атрофро таҷриба кунад ва ин таҷрибиѐтро ба шакли тасвир дароварда, ба андозае, ки бо
сухан тасаввур кардани он имкон дорад, қобили мушоњида намояд. Дар ин гуна шеър шоир
манзараеро ба тасвир гирифта, онро мисраъ ба мисраъ, тадриҷан ба пеши назар муҷассам месозад
ва бо ин гӯѐ инсонро дар ҷараѐни халлоқият шарик қарор дода, завқи зебошинохтии ўро ба сўи
такомул тањрик мекунад. Шеъри манзара, ки як навъи шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ мебошад,
таҷаллиѐти бењтарини њунари шеър аст, ки бо писандидатарин ваҷњ аз пайванди инсону табиат
сухан мегўяд.
Олами њастӣ на фақат сарчашмаи эњсосоту таассурот, мењру муњаббат, рањму шафқат, балки
зебоӣ њам њаст, зебоие, ки на фақат мабњаси зебошинохтӣ, балки зебоињои тамоми зуњуроти њаѐт –
табиат, эҷодиѐти инсон, ишқу алоқа ва дилбастагиро ба худи зиндагӣ, ки мояи хушбахтист, низ
дар бар мегирад. Шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ василаи асосии нишон додани њамин гуна
олами ашѐву воқеъият аст, ки бо чашми шоир дидаву нигориш карда мешавад. Шахсияти шеър
муносибати худро ба олами ашѐву воқеият аз рўи њамин меъѐри ба чӣ андоза барои шодиву
масаррат ва хушбахтиву озодии ў мувофиқат кардани он муайян менамояд.
Дар шеъри ғиноии нимаи дуюми садаи бисти тоҷик шахсияти шеър на шахсияти мунтахаби
хаѐлпардозона, њарчанд баъзан ин гуна хусусият њам дорад, аммо асосан шахсияти њамзоди
воқеъияте мебошад, ки ўро фаро гирифтааст. Ин воқеъият, ки олами ашѐ ва табиатро бо худ
дорад, баъзан бо сифати пасту сифлӣ зоњир шавад њам, дар маҷмўъ њамоњанг бо орзуву омол ва
ормони шахсияти шеър ба назар мерасад.
Ҷойи шубња нест, ки дар солњои панҷоњу шасти қарни бист ва баъдтар њам, аносири олами
њастӣ ва манзарањои он њамоњангу њамранги орзуву ормонњои инсони замон ва аз ҷумла,
шахсияти ғиноии шеър њам њаст, ки сохти иҷтимоии ҷамъияти мавҷударо одилона мешуморад. Аз
ин рў, манзарањои табиат ва њамчунин аносири олами ашѐ, ки мабњаси шеър қарор мегирад, рангу
равғани мусбати иҷтимоӣ дорад. Хубиву зебоие, ки дар манзарањои табиат ва аносири олами ашѐ
мавҷуд аст, натиҷаи сохти ҷамъиятие нишон дода мешавад, ки дар он адолати иҷтимоӣ
њукмфармост. Ин маъно қариб аз њамаи ашъори тасвирию тавсифии дањсолањои аввали нимаи
дуюми қарни бист падидор аст, ки намунаи равшанаш шеърњои манзаравии Мирзо Турсунзода
мебошад. Мутаассифона, бояд зикр кард, њарчанд ин маъно, яъне сувари хаѐлу тасвир бо
мазмуни иҷтимоии шеър њамоњангӣ дошт, аммо худи тасвиру сувари хаѐл, ки кўњнаю қолабӣ буд,
тозагии ғояи шеърро аз байн мебурд. Ин далели он аст, ки бо сабку сувари хаѐл ва забони кўњнаву
ориятӣ мўњтавои тозаро намешавад баѐн намуд ва њамчунин мўњтавои тозаро бо сабку сувари
хаѐл ва забони кўњнаву ориятӣ намешавад халқ кард. Ин фикр дар бисѐр шеърњои то нимаи дуюми
қарни бист эҷодкардаи Мирзо Турсунзода њам, ки аз шоирони пешрави замон мањсуб мешуд,
исбот мешавад. Масалан, шеърњои «Мамлакати тиллоӣ», «Ба кўњсори тоҷик» , «Бањория» , ки гўѐ
мазмуни тозаи иҷтимоӣ доранд, вале бо сабку сувари хаѐли забонзаду обшуста баѐн шуда, фоқиди
таҷрибаи фардӣ ва эњсосоту таассуроти худи шоир њастанд, чизе ба шеъри замон намеафзоянд.
Сувари хаѐл дар ин шеърњо, масалан дар “Мамлакати тиллоӣ” аз ин қабиланд:
Тоҷикистони советӣ њамчу як гулдаста аст,
Қомати сабзаш дар ин боғи ленинӣ растааст.
111
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Рангу бўяш қимати њар мушкро бишкастааст,
Халқи дилшодаш ба вай мењру муњаббат бастааст (6, 19).
Њамчунон ки ба назар мерасад, ин мисраъњо аз таҷрибаи фардӣ, идроки тозаи воқеъият ва
самимияту отифат бебањра буда, њарчанд бо истифодаи аносири сувари хаѐл, вале бо ташбењу
истиороти шахшудаи беҷон гуфта шудаанд, ба дилу ҷон асаре намегузоранд. Ё шеъри «Ба кўњсори
тоҷик» бо ин навъ тавсифу тасвир оғоз мешавад, ки њама забонзаду обшустаанд:
Салом, эй кўњсори Тоҷикистон,
Диѐри пурсафои хубрўѐн.
Ғазалхон омадам монанди булбул
Ба боғат парзанон бар дидани гул… (6, 49).
Дар поинтари шеър сарафрозии кўњсор ба сарафрозии сияњчашмони Дарвоз шабоњат дода
мешавад, ки њеч муносибате ба њамдигар надоранд, зеро аз ҷониби шоир таҷриба нашуда, танњо
ба зарурати қофия сурат гирифта, хандаовар њам ба назар меояд:
Кунун аз њусни худ гаштӣ сарафроз
Ба монанди сияњчашмони Дарвоз (6, 50).
Аносири сувари хаѐл, ки дар порањои шеърии фавқуззикр истифода шудаанд, њама кўњнаю
қолабиянд, дар онњо халлоқияти фардии шоирона нест, аз ин рў бо тасвир њам ноњамоњанганд.
Онњо дар муњити табиии худ аз ҷониби шоир таҷриба нашуда, балки аз суннати пешини бадеӣ ба
шеър ворид гаштаанд. Азбаски тасвир мењвар надорад, аносири сувари хаѐл аз њар ҷониб ба он
дохил шудаанд, ки дар натиҷа на тасвири воқеии мукаммал, балки парешонгўӣ бор овардаанду
бас. Ин, бешубња, роњи дурусти судҷўӣ аз тасвир нест. Тасвир дар шеър на барои оростану
пиростани матн, балки мояи батни он бояд бошад. Дар ин њолат он ақидаи содалавњона, ки гўѐ
аносири сувари хаѐли зебо ваҷњи зебоии тасвир мебошад, ботил хоњад гашт, зеро манзур аз тасвир
дар шеър на зебоии маснуӣ, балки мўњтаво, паѐм ва њақиқатест, ки он тасвир мерасонад. Шинохти
мақоми тасвир аз ин дидгоњ дар шеъри муосири тоҷик ва њамчунин дар эҷодиѐти Мирзо
Турсунзода тадриҷан дар нимаи дувуми қарни бист сурат мегирад.
Аз ашъори ғиноии тавсифию тасвирӣ, ки Мирзо Турсунзода дар солњои панҷоњуми қарни бист
навиштааст, «Рўди кўњӣ» ва «Дурахшон қуллањо» ба назар ҷолибтар мерасанд, зеро дар онњо
нисбат ба дигар шеърњо мавқеи тасвир муњимтар аст, њарчанд дар онњо њам тасвир барои баѐни
андешањои шахсияти шеър нақши ѐридињанда дорад. Дар ин шеърњо њамон ғояи пирўзии инсон
бар табиат, ки барои бењбуди њаѐти иҷтимоии ў хидмат кунад, ба тарзу тариқи гуногун тасвиру
тавсиф карда мешавад. Табиист, ки дар шеъри ғиноии тасвирию тавсифии аксари шоирони тоҷик
тимсоли кўњ, рўди кўњӣ, водӣ, дара ва монанди ин аносири кишвари кўњистон фаровон ба тасвир
меоянд, зеро ба ин восита на танњо намои муњити зиндагии воқеии онњо, балки хислат ва хулқу
атвори миллии халқ, ки дар он муњит шакл мегирад, таҷассум мешавад.
Дар шеъри «Рўди кўњӣ» яке аз аносири табиати кўњистон, рўд мавриди ангезаи њиссии шоир
қарор гирифта, қаноатмандии ўро аз њаѐти иҷтимоӣ нишон медињад, ки дар он ҷустуҷўњои ғоявию
бадеии шеъри замон низ ифодаи худро пайдо мекунад. Тимсоли рўди кўњӣ бо ибрози ангезаи
њиссии шоир тадриҷан байт ба байт офарида шуда, њар байти минбаъда тарњи тозае ба он зам
менамояд. Ин шеър аз 10 байти маснавишакл иборат буда, дар панҷ байти аввали он тасвири рўди
кўњӣ бо ибрози ангезаи њиссии шоир њамроњ ба қалам меояд, ки аз он се байт махсус дар сифати
рўд аст:
Сараш бар санг мезад рўди кўњӣ,
Ба доман чанг мезад рўди кўњӣ.
Ба мисли шири навҷўшидае буд,
Палангу бабри хуннўшидае буд.
Дара аз ѓурриши обаш садо дод,
Насимаш рўњро, ҷонро ѓизо дод (6, 217).
Њамчунон ки ба назар мерасад, бо таъбирњои «сараш бар санг мезад» ва «ба доман чанг мезад»
рўди кўњӣ ноаѐн ташхисонида мешавад, ки дар натиҷа баѐни матлаб гармтару самимитар садо
медињад. Шабоњатњое, ки дар байни ташбењшаванда, рўди кўњӣ ва ташбењкунанда, шири
навдўшида, палангу бабри хуннўшида дида шудааст, мувофиқи матлабанд, зеро њар ду қисмат аз
олами мањсус буда, ба осонӣ дарк мешаванд. Қисмати дуюми шеър, ки бо муроҷиати бевоситаи
шоир ба рўди кўњӣ оғоз мегардад, шахсиятбахшии шеърро қавитар карда, рўдро дар иқдомоти
одами ҷамъияти нав, ки зиндагиро навбањори хуррам ва фурўзон карданист, њамдаст нишон
медињад:
112
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Чароғи хонаи моро фурўзӣ,
Лаби чоки биѐбонро ту дўзӣ.
Ту вањшӣ будию мо ром кардем,
Туро бо коммунизм инъом кардем (6, 217).
Инсон дар њар ҷое, ки зиндагӣ кунад, хоњ дар дењ, хоњ дар шањр, ўро муњите фаро мегирад ва ин
муњит на танњо зиндагии иҷтимоӣ, балки њаѐти рўњию маънавии ўро низ шакл медињад. Фарњанг,
адабиѐт ва аз ҷумла шеър њам, шакли ба худ хоси муҷассамкунандаи њамин њаѐти рўњию маънавии
халқ аст. Маънии њаѐти халқ дар арзишњои маънавӣ ҷамъбаст мешавад, ки он ба воситањои бадеӣ,
аз ҷумла, рамзу маҷоз, ташбењу истиора, ташхису муболиға ва тимсолу намодњо дар адабиѐт
ифода мегардад. Ин воситањои бадеии тасвир аз аносири табиат ва муњите, ки ин ѐ он халқро фаро
гирифтааст, сохта мешаванд. Њамчунон ки њар чиз дар табиат бо чизи дигар иртибот дорад ва
њатто асоси пайдоиши њаѐт њам дар њамин иртибот аст, дар адабиѐт низ аносири олами ашѐ бо
њамдигар робита барқарор карда, суратњои бадеъро ба бор меоранд, ки истифодаи онњо ба
адабиѐт ҷон мебахшад. Адабиѐт бе суратњои бадеъ ҷон надорад, махсусан шеър. Аз ин рў, шеъри
тасвири табиат ва аносири он ҷондортарин шеър аст, зеро мабњасе, ки ба он рўй меорад, худ
ҷондор аст ва агар ҷондор нест, шоир онро ҷондор меангораду ҷон медињад.
Суратњои бадеии шеър, ки аз муњити зиндагии халқи тоҷик гирифта шудаанд, масалан, кўњ,
ағба, рўди кўњӣ, арча, уқоб ва монанди инњо, ки бештар хоси кишвари кўњистон мебошанд, дар
натиҷаи истифодаи дуру дарози таърихӣ, њам дар адабиѐти мактуб ва њам шифоњии мардум, ба
ифодаи маънињои фарохтаре аз мафњуми аслии худ қобил гаштаанд. Баъзе аз онњо ба намод, рамз
- самбул њам табдил ѐфтаанд.
Њамаи суратњои бадеии шеър, аз ҷумла маҷозу истиора, ташбењу киноя ва намодњо њам вобаста
ба замон, дараҷаи шуур ва маърифати зебошинохтии инсон тобишу маъно дигар карданашон
мумкин аст. Дар бораи хусусияти њамин гунаи истифодаи намодњо файласуфи рус А. Ф. Лосев
чунин менависад: «Мо акнун осмони пурситораро як тарзи дигар дарк мекунем, онро сад ѐ дусад
сол қабл аз ин дигар навъ мефањмиданд, ду њазор ѐ се њазор сол қабл аз ин – боз њам дигаргунатар.
Њамаи онњо моњияти гуногуни намодњои фарњанги башариянд, яъне боз њам намодњо ба сифати
мутарокуми муносибатњои инсонии замон ва макони муайян мебошанд» (3, 194). Њоло аз њамин
дидгоњ ба намоди кўњ, ки дар фарњанги тоҷик истифодаи густардае дошта, дар ашъори Мирзо
Турсунзода њам бисѐр ба назар мерасад, муроҷиат мекунем. Дар шеъри классикї ва адабиѐти
шифоњии тоҷик то қарни бист кўњ асосан намоди устуворӣ, бузургӣ, тамкин, садди роњ ва
вазнинии ғаму андўњ мебошад. Аммо дар шеъри «Дурахшон қуллањо»-и Мирзо Турсунзода он бо
чашми дигар, бо чашми шањрванди кишвари озоду хушбахт дида шуда, ба намоди зинањои тоза
ба тозаи дастовардњои иҷтимоии мардум табдил гаштааст. Ин, бешубња, асари муносибатњои
нави иҷтимоӣ, на танњо дар байни одамон, балки байни инсон ва табиат низ мебошад, ки дар
шуури шањрвандии шоир инъикос шудааст. Дар ин шеър, ки ба шакли маснавӣ гуфта шудааст,
намоди кўњ мењвар аст, сужаи ғиноӣ дар атрофи он шакл мегирад. Шоир шеърро аз муроҷиат ба
рафиқи фарзӣ оғоз карда, сифатњои баландию ошѐни ғизолону уқобон будани кўњро зикр мекунад
ва дар байти њаштум онро ташхисонида, аз забони он чунин мегўяд:
Бишнавам аз кўњ то акси садо,
Гўядам, шояд, ки: «Фарзандам, биѐ!
Андаке мавзўъро таѓйир кун,
Ин бузургии маро тасвир кун.
Қуллаи ман то дари афлок рафт,
Пои ман бар маѓз-маѓзи хок рафт» (6, 218).
Сипас тозагии барфи сари он, устувории он, ки аз тўфонњо њам парво надорад, бар сараш чун
қандил шуълаборӣ кардани ахтарон, гирди сараш чарх гардидани моњи сунъӣ, дар доманаш
сањроњо њосилхез, боғњо хурраму сарсабз шудан ва мисли он қад кашидани шањрњои нав тавсиф
карда мешавад, ки кам - кам ба намои суннатии кўњу қулла тобиши тозаи маъноӣ ворид мекунад.
Ин гунаи биниш, бешубња, натиҷаи идроки замони нав аст, ки барои чунин хулоса гирифтан
замина омода месозад:
Хостам поро нињам бар ќуллае,
Пеш омад, лек дигар ќуллае.
Қуллањо аз њамдигар болотаранд,
Дар шукўњи хеш дигар-дигаранд (6, 219).
Њамин тариқ, кўњу қулла ба рамзи баландињое, ки дар роњи пешрафт мавҷуданду фатњи онњо
ҷомеаро ба як зинаи тараққиѐт болотар мебарад, табдил мешавад. Ва дар охир шоир боз ба
113
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
рафиқи фарзӣ муроҷиат ва шеърро њалқабандӣ карда, мегўяд: «Пеш рафтӣ, кор осон мешавад, //
Қуллаи нав њам намоѐн мешавад» (6, 219).
Њамчунон ки ба назар мерасад, Мирзо Турсунзода аз њар ду намод --«рўди кўњӣ» дар шеъри
«Рўди кўњӣ» ва «кўњу қулла» дар «Дурахшон қуллањо» барои ифодаи манзури ғояи иҷтимоии худ,
ки аз хусусияти замони нав бармеомад, истифода карда, онро мањсусу даркшаванда тасвиру ифода
намудааст. Дар њар дуи ин шеър њам олами табиат њоло њамчун василаи баѐни ғояе, ки шоир
мехоњад, баѐн кунад, хидмат мекунад, яъне табиат воситаи баѐни муњтаво мебошад, на худи
муњтаво. Аммо нисбат ба шеърњои солњои чињилум дар ин шеърњои солњои панҷоњуми шоир
олами табиат мақоми муњимтаре пайдо карда, як рукни олами њастӣ, дар айни њол, рўди кўњию
қуллаву кўњ дар мењвари шеър қарор гирифта, чигунагии андешаву эњсосоти шоирро муайян
намудаанд. Вале, бо вуҷуди ин, дар ин шеърњо њоло мақоми тасвири манзараи табиат ва аносири
олами ашѐ ба он дараҷаи зарурӣ нарасидааст, ки эњсосоти инсонро ба тањрик оварда, ба
андешањои амиқ водор карда тавонад, ки аз он хулосањои њикматноки фалсафӣ бароварда шавад.
Иллати ин на танњо дар худи адабиѐт, балки бештар дар дараҷаи пасти инкишоф қарор доштани
ҷомеаи кишвар ва шуури иҷтимоӣ буд. Аз ин рў тасвири манзарањои табиат ва аносири олами
ашѐ он мақомеро, ки дар адабиѐти ғарб ва њатто рус дар ин давра дар фаро гирифтани масъалањои
муњими иҷтимоӣ, фарњангию маънавӣ дорад, пайдо накарда, танњо њамчун яке аз василањои
тасвиру тавсифи пирўзигаронаи дастовардњо арзи вуљуд мекунад. Вале ба њар њол, дар ин вазъият
њам, баъди солњои шастуми қарни бист, баробари кам - кам боз шудани фазои сиѐсию иҷтимоии
кишвари шўроњо назари шуаро ба ҷомеа ва олами њастӣ воқеъитар мешуд, ки ба нигоњи онњо ба
табиат ва манзарањои он њам таъсир мегузошт. Андаке тағйир хўрдани назари Мирзо Турсунзода
дар ин солњо дар тасвири манзарањои табиат дар шеърњои «Чўпон», «Силсилаи кўњи Њисор», ва
«Дараи арўсон» мушоњида мешавад. Сарчашмаи ин шеърњо њам олами воқеъият аст, фикри шоир
аз дарки њодиса ва манзараву њолати њамин олам ба тањрик меояд ва ба тасвири бадеии он
мепардозад. Аз ин шеърњо, махсусан «Чўпон» бо истиқлоли тасвир, ба он маъно, ки ба он ифодаи
ғояе қаблан њамл карда нашуда, он аз худи маводи тасвир бармеояд, қобили мулоњиза аст.
Шеъри «Чўпон» дар навъи ғазал гуфта шуда, таъбири «рама дорад» радифи он мебошад, ки
барои ба вуҷуд овардани тасвир мадад мекунад, зеро дар њолати чунин радиф доштани ғазал
шоир водор мешавад, ки аз доираи мабњаси тасвир дур нарафта, байтњои минбаъдаро њатман бо
он радиф тамом кунад. Дар ин шеър, ба ҷуз дар байти охир, њузури шоир, ки бо ин ѐ он воситаи
забонӣ баѐн шуда бошад, вуҷуд надорад, вале њолати рўњии ў бо манзараи тасвир омехта, аз он
набзи дил, кайфияти ањволи ў њис карда мешавад, ки моњияти шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ
њам дар њамин аст. Манзара дар шеъри ғиноии асили тавсифию тасвирӣ њамин тавр, бе дахолат ва
ѐ таъкиди рўирости муаллиф моњияти таъмимии бадеию иҷтимоӣ пайдо мекунад. Аз фазои ин
тасвир маълум мешавад, ки дар ин ҷо оромишу осоиши зиндагӣ њукмфармо буда, чўпону рама
дар айни њол ба рамзи бадеии он табдил ѐфтаанд.
Чўпон ба сари кўњу чаридан рама дорад,
Аз санг ба харсанг ҷањидан рама дорад.
Бўи гули кўњию алафзори чарогоњ
Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.
Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро,
Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад (7, 131).
Шеъри тавсифию тасвирӣ, ки манзараи табиат ва ѐ аносири олами ашѐро ба нигориш мегирад,
на фақат фањмишу тасаввури инсонро аз он олам амиқтар месозад, балки барои шинохти бењтари
шахсияти худи инсон, қобилиятњо, дилбастагињо, рўњияи ў, ки ба аносири ҷањони њастӣ, кўњу
дарѐву рўду марғзорон ҷон мебахшад, хидмат мекунад. Дар ин шеър њам њамин тавр аст, агар
рўњияи зиндагипарвари шоир намешуд, на танњо чарогоњи кўњӣ бо гулу алафзору чашмањояш, ки
аносири беҷони табиат њастанд, балки чўпону рама њам, ки ҷон доранд, беҷону берўњ ба қалам
меомаданд, вале дар ин тасвир њама ҷондору зиндаанд.
Сарчашма занад ҷўш, аз он барра кунад нўш,
Аз ҷўи сафобахш паридан рама дорад.
Дар дасти шубон чўб – хитобест ба душман,
Гургон ба њаросанду рамидан рама дорад.
Чўпон нигарад бо назари мењр ба поѐн,
Аз қуллаи кўњсор хамидан рама дорад.
Ишќу њаваси дидани ин манзари зебо
Ман дораму ту дориву дидан њама дорад (7, 131).
114
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Мутаассифона, байти мақтаъ андаке соддагароѐна анҷом шуда, аз назари ифода нуқс њам
дорад, ки бе зарурат ду бор такрор омадани масдари «дидан» мебошад, аммо дар маҷмўъ ин шеър
нисбат ба дигар ашъори тасвирию тавсифии Мирзо Турсунзода бо тасвири пурраи манзара ва
истиқлоли он, ки манзурро бе таъкиди иловагии рўирости ғоя, балки ба воситаи рўњ бахшидан ба
он баѐн мекунад, мақоми арзишмандтареро дорост.
Дар маҷмўъ, манзарањои табиат ва аносири олами ашѐ дар ашъори ғиноии Мирзо Турсунзода,
њарчанд ба мавзўъ ва масъалањои гуногун бахшида шудаанд, боз њам дар партави ғояи иҷтимоии
замон дарк ва тасвир карда мешаванд. Ин гуна ашъор мўњтавои муайяни ғоявӣ доранд, вале аз
назари шакл ва ифода шеъри ғиноии тасвирию тавсифиянд, ки бо иҷрои талаботи қонуниятњои
бадеии худ ба қалам меоянд. Дар онњо шоир манзараи тасвир ва ѐ аносири олами ашѐро, ки ба
воситаи онњо мехоњад ғояи иҷтимоии худро баѐн кунад, аз табиат нусхабардорӣ накарда, бо
ихтиѐр ва мувофиқи манзураш дигаргун мекунад, ба онњо тарње меафзояд ва ѐ кам мекунад, вале
инро чунон ба ҷо меорад, ки махсусияти фардии онњо аз байн наравад. Аз ин ҷињат шеъри
«Силсилаи кўњи Њисор» ҷолиби таваҷҷўњ аст. Аз унвони шеър њам, «Силсилаи кўњи Њисор»,
пайдост, ки доманаи тасвири он фарох буда, шоир аз аввал ба худ њамин гуна шароитро муњайѐ
кардааст, ки на фақат имкони озоди интихоби тарњњоро дошта бошад, балки дар њар ҷо, ки зарур
медонад, рангу равғани тасвирро баланду паст карда, барои ифодаи идроки њиссиѐтмандонаи худ
мувофиқ созад.
Дидаӣ манзараи силсилаи кўњи Њисор,
Нуқрагун шаршараи силсилаи кўњи Њисор,
Рўдњои дараи силсилаи кўњи Њисор,
Акси оњубараи силсилаи кўњи Њисор (7, 147).
Дар ин банд аввал сухан дар бораи манзараи умумии силсилаи кўњи Њисор меравад, пас ба
воситаи зикри ҷузъиѐт – шаршара, рўдњо, акси оњубара он мушахастар карда мешавад. Танњо
шаршара сифати нуқрагунро мегирад, ки хидмати ташбењ ва тасвирро ба ҷо меорад. Шоир, ки
эњсоси баланди ватандўстӣ дорад, танњо аз номбар кардани ҷузъиѐте, ки дар манзараи
силсилакўњи зодбумаш мебинад, лаззат мебарад ва ин зикрро то мисраи ѐздањуми шеър давом
медињад ва пас абрњои онро ба уштурони обнўшанда ташбењи ҷолибе карда мегўяд:
Абрњо мисли шутур гардани худ карда дароз,
Об нўшанд зи рўди чамани сабзу кабуд (7, 147).
Баъд аз ин боз зикр ва ҷо-ҷо бо тавсиф ҷузъиѐти дигари силсилаи кўњи Њисор, њамчун бағали
кўњу чашмањову қуллањо меоянд, ки бо зикру тавсиф њам, њиссиѐтмандии самимонаи шоирро ба
мо мерасонанд. Дар банди панҷум, ки аз «ба замин пой фурў сохт» - ану «рахна ба сақфи фалак
андохт» - ани кўњу қуллањо бо ташхису муболиға сухан меравад, њадафмандии ғоявии шоир боло
мегирад ва ў «офтоби сањариро» «мисли байроқи зафар, машъали тобони њаѐт» мебинад, ки кўњњо
«ба сар афрохтаанд». Азбаски ақидањои шањрвандии Мирзо Турсунзода мушаххасанд, яъне сохти
мавҷудаи иҷтимоӣ барои шукуфоии халқу ватан хидмат мекунад, ба њар васила тасвиру тавсифи
он мояи барномаи шоирии ўро ташкил медињад. Бинобар ин, дар шеъри ғиноии тасвирию
тавсифии худ њам, чун мавриди мувофиқ пеш омад, ў њамеша онро ба ин ѐ он тарз баѐн менамояд,
ки мисолаш болотар дида шуд. Давоми шеър боз аз зикри ҷузъиѐту тасвиру тавсифњо иборат буда,
дар банди њафтум кўњи Њисорро бо ташхисонидан ба пири муғони бодакаш шабоњат медињад, ки
зебову муносиб ба назар мерасад:
Чорзону зада дар майкада чун пири муғон,
Љоми саршори маи ноб дињад кўњи Њисор (7, 148).
Мирзо Турсунзода манзараи кўњу кўњистонро, ки шањоматноканд, барои ифодаи ғояњои
шањрвандии худ, ки онњо њам бузурганд, хеле муносиб мебинад. Азбаски ў «дар домани ин
силсила тавлид шуда» - аст, пас тасвиру тавсиф ва тамҷиди онњо барои ў як амри табиист, ки ин
шеъри манзараро хулоса карда, мегўяд:
Чун расидам ба сари ќуллаи кўњи ватанам,
Њофизи ин ватани пайрави хуршед шудам (7, 148).
Аз ин ҷост, ки њар муроҷиати шоир барои тасвири ин ѐ он манзараи табиат ва ѐ аносири олами
ашѐ аз рўи ҷањонбинии ў сурат гирифта, дар зимн моњияти мафкуравӣ дорад. Бинобар ин,
манзарањои табиат на умуман, балки бо ҷињатњои хосиятноктаринашон диққати шоирро ҷалб
намуда, барои ифодаи ғояи муайян ба тасвир гирифта мешаванд. Азбаски Мирзо Турсунзода
асосан шоири музаффариятњои замони нави шўравист, он манзарањои табиат барои тасвиру
тавсиф интихоб мешаванд, ки ба тақозои ин барномаи эҷодии ў мувофиқат дошта, онро бо забони
нигориш мањсусу тасаввуршаванда ифода карда тавонанд. Ашъори тасвирию тавсифии ғиноии ў,
115
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
ки бо манзарањои табиат ва ѐ њузури олами ашѐ гуфта шудаанд, ағлаб њама њамин гуна хусусият
доранд. Дар маҷмўъ, дар ашъори ғиноии тасвирию тавсифии Мирзо Турсунзода манзарањои
табиат ва аносири олами ашѐ бо хусусиятњои худ, масалан рўд бо ҷўшу хурўш ва зулолии обаш,
кўњ бо сарбаландию шањоматаш нигориш мешаванд, ки асосан њамоњанги ғояњои шањрвандии
шоир буда, дастовардњои иҷтимоӣ, њаѐти хушбахтона ва шодию сурури мардумро ифода
мекунанд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Бароњанӣ, Ризо. Тило дар мис. (Дар шеъру шоирӣ) / Р.Бароњанї.-Тењрон, 1371.- 624 с.
2. Кадканӣ, Муњаммадризо Шафеъӣ. Сувари хаѐл дар шеъри форсӣ / К.М. Шафеъї. –Тењрон:
Интишороти вазорати иттилоот ва култури ҶИЭ, 1368.- 576 с.
3. Лосев, А. Ф. Проблема символа и реалистическое искусство / А.Ф. Лосев. -М.: Искусство, 1976.
– 368 с.
4. Поспелов, Г. Н. Лирика. Среди литературных родов / Г.Н. Поспелов. –М.: МГУ, 1976. – 208 с.
5. Пурномдориѐн, Тақӣ. Тааммуле дар шеъри Ањмади Шомлу / П. Таќї. –Тењрон: Обон, 1382.- 353
с.
6. Турсунзода, Мирзо. Асарњои мунтахаб. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди якўм / М. Турсунзода. –
Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1961. – 465 с.
7. Турсунзода, Мирзо. Њамеша бо Ватан / М. Турсунзода. – Душанбе: Адиб, 2001. – 406 с.
8. Њакимов, А. Махсусиятњои шеъри тавсифию тасвирї (дар мисоли эљодиѐти А.Шукўњї ва
Ѓаффор Мирзо) / А.Њакимов// Номаи донишгоњ. Силсилаи илмњои гуманитарї ва
љомеашиносї.- 2015.- №3(44).- С.
9. Шамисо, Сирус. Сайри ғазал дар шеъри форсӣ / Ш.Сирус. –Тењрон: Фирдавс, 1369. – 312с.
REFERENCES:
1. Barohani, Rizo. Gold in copper. (About poesy and poetry) / B. Rizo. - Tehron, 1371. – 624 p.
2. Kadkani, Muhammadrizo Shafeyi. Artistic media in Persian poetry / K. M. Shafeyi. - Tehron:
Ministry of Information and Culture IRI, 1368. – 576 p.
3. Losev, A.F. Problem of symbols and art realistic / A.F. Losev. –M.: Art, 1976. – 368 p.
4. Pospelov, G.N. Lyric. Among literary kinds / G.N. Pospelov.-M.: MSU, 1976. – 208 p.
5. Purnomdoriyon, Taqi. Thinking in Ahmad Shomlu’s poetry / P. Taqi. – Tehron: Obon, 1382. – 353 p.
6. Tursunzoda, Mirzo. Selected works. Consist of two parts. First Part / M. Tursunzoda.–Stalinobod:
Nasrdavtoj, 1961. – 465 p.
7. Tursunzoda, Mirzo. Always with the Motherland / M. Tursunzoda. - Dushanbe: Adib, 2001. – 406 p.
8. Hakimov, A. Pecularity - decorative poetry (on the example of A. Shukuhi an G. Mirzo creative) / A.
Hakimov // Scientific hotes. Series of Humanities and social sciences. – 2015. - №3 (44). – P.
9. Shamiso, Sirus. Survey of gazelle in Persian poetry / Sh. Sirus. - Tehron: Firdaus, 1369. – 312 р.
Особенности описательно-изобразительной поэзии
(на примере творчества Мирзо Турсунзаде)
Ключевые слова: изобразительность, действительность, вещественность, пейзаж, природа,
художественность, язык, художественные средства, метафора, уподобления,
олицетворения, личный опыт, восприятие, чувство, элементы природы, субъект,
лирическая личность.
В статье автор рассматривает теоретические стороны описательно – изобразительной поэзии,
также его практическое применение в поэзии второй половины ХХ века в творчестве Мирзо
Турсунзаде. Показываются, как различные элементы и проявления существующей
действительности, которые встают перед внутренним миром субъекта стихотворения, создают
основу свойства его восприятия мира бытия, придавая ему разнообразную окраску –
реалистическую, романтическую, радостную, печальную и т. д. В этом случае действительный,
вещественный мир приобретает духовную ценность, становится материалом лирической поэзии.
Здесь большое место занимает воспроизведение видов природы, пейзажей, которые охватывают
не только отдельные проявления природы, но и всю панораму открывающуюся перед взором. На
основе исследования поэзии Мирзо Турсунзаде обосновывается утверждение, что с развитием
общества и поэтической мысли, изобразительность в поэзии, освобождаясь от вспомогательной
функции, приобретает самостоятельную художественную ценность.
116
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Peculiarity description-decorative poetry
(On the example of Mirzo Tursunzoda’s creation)
Keywords: a creation, a reality, a corporeal, a landscape, an artistry, a language, a nature, the nature
media, a metaphor, an assimilation, a personification, an own experience, the nature elements,
the subjects, a lyric personality.
In this article, the author considers in the beginning its theory side, then its practical using in poetry of
second half XX century in Mirzo Tursunzoda’s creation. It is shown as a different elements and develop
existing activity, which is in front of inside world of the subject poetry, creates the basic property its
perception world beings, giving to it different color - realistic, romantic, joyful, sorrowful and ext. In this
case, the reality, the corporeal world obtains spiritual value, becomes material of the lyric poesy.
Reproduction types of the nature, landscape here takes the biggest place, which takes not only
separate reveal of nature, but all the panoramas opening in front of look. On the base of poesy’s research
of Mirzo Tursunzoda proves an assertion, so with the development of society and a poetic opinion, a
decorative poesy, being free from the subsidiary function obtains an independent artistic value.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Њакимов Аскар, номзади илмњои филологӣ, ходими калони илмии шӯъбаи адабиѐти муосири
тоҷики Институти забон, адабиѐт, шарќшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии
Академияи илмњои Љумњурии Тоҷикистон (Љумњурии Тоҷикистон, ш. Душанбе), E-mail:
askar_hakim@mail.ru
Сведения об авторе:
Хакимов Аскар, кандидат филологических наук,старший научный сотрудник отдела
современной таджикской литературы Института языка, литературы, востоковедения и
письменного наследия имени Рудаки Академии наук Республики Таджикистан (Республика
Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: askar_hakim@mail.ru
Information about the autor:
Hakhimov Askar, Candidate of science in Philology, Senior Researcher oficer in the Department of
Tajik Modern Literature the Institute of Language, Literature, Oriental studies and Written
Heritage named after Rudaki Tajik Academy of Sciences (Republic of Tajikistan, Dushanbe), Email: askar_hakim@mail.ru
117
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
5
Размер файла
1 061 Кб
Теги
дар, вижагињои, мирзо, турсунзода, pdf, шеър, тасвирr, иноии, мисоли, тавсифию, эoодиёти
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа