close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Осори манзум дар маљаллаи «Ойина»..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
УДК 8 Т
ББК 83.3Т
А.А. ШЕХОВ
ОСОРИ МАНЗУМ ДАР МАЉАЛЛАИ «ОЙИНА»
Вожањои калидї: маљаллаи “Оина”, маорифпарварон, љараѐни маорифпарварї, назм, Аљзї,
Мирзо Сирољ, Мунзим, Сарвар
Дар таърихи адабиѐти форсу тоҷик назму наср ба ҳайси ду гӯшаи мизони сухан ѐ ду рукне
маҳсуб мешаванд, ки аҳли завқ моидаи табъи хешро дар ин қаволиб манзури хонандаву
шунаванда месозанд. Назму наср аз сароғози адабиѐти мо то ба ҳол дар иртиботу печидагии
латиф бо ҳам идома ѐфта, асос ва меъѐри санҷишиқаламу истеъдод шинохта шудаанд.
Воқеан, шоирони маорифпарвар низ бо пайгирӣ аз аҳдофи воло ба ҷолибтарин мавзӯоти
давру замон дида дӯхта, онро ба василаи назм ироа намуда, таъсиргузории онро нерӯ бахшидаанд. Бино ба гуфти адабиѐтшиноси тоҷик Расул Ҳодизода гурӯҳе аз шоирони Самарқанд «дар
назми тоҷикии ибтидои садаи ХХ барои дохил намудани мазмун ва шаклҳои нави бадеӣ кӯшиш
мекарданд. Саид Аҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ, Иброҳим Ҷуръати Самарқандӣ, Аҳмадҷони
Васлӣ, Ҳоҷӣ Муин ва ғайра аз ҷумлаи ин шоирони навпардоз ва навгуфтор буданд» (1,122).
Аз нимаи дуюми асри Х1Х вуруди ҷанбаи иҷтимоъ ба шеър вусъати тоза пайдо карда, бо
зуҳури наҳзати маорифпарварӣ ва ҷадидия шеър бо ҷаҳони воҚеӣ боз пайванди ногусастанӣ
пайдо намуд. Дар даҳаи аввали асри ХХ шеър оҳанги сиѐсӣ гирифт, шуарои давр низ ба масоли
умдаи ҷомеа дахолат намуда, ба он тобиши бадеӣ бахшиданд.
Чунончї, шеъри машҳури Мирзо Сироҷ таҳти унвони «Ёд бод» дар маҷалла нашр
гардидааст, ки шоир бо алам гузаштаи кишварро ѐдовар шуда, аз вазъи ҷомеа изҳори нигаронӣ
менамояд. Дар ин шеър Мирзо Сироҷ ҷӯѐи омили аслии он ҳама таназзулу инҚирози ҷомеа
шуда, таъкид менамояд, ки ғафлату ҷаҳолат моро бад-ин ҳол расонидаанд :
Ёд бод, эй дил, ки мо ҳам обрӯе доштем,
Дар гулистони тамаддун рангу бӯе доштем.
Солу моҳи саъду айѐми накӯе доштем,
Дар тараққӣ ҷидду ҷаҳду ҷустуҷӯе доштем.
Ҷаҳлу нодонӣ, бубин, акнун аз он авҷи камол,
Бар замин андохт моро, ӯ намудаш поймол.
Рафт аз каф илму фазлу донишу иқболу мол,
Мондаем акнун парешону забуну гунгу лол.
Орзуҳо ҷумлагӣ гашта ба маъюсӣ бадал,
Дода селоби ҷаҳолат бар бинои мо халал.
Шоир бо баѐни возеҳу равшан омилҳои зуҳури он иллату дардҳои ҷомеаро ҷӯѐ мешавад ва
гунаҳкоронро гӯиѐ аз хоби ғафлат бедор намуданӣ шуда чунин мегӯяд:
Боиси ин дарди бедармон намедонам, кӣ шуд?
Сояи ин ҷумлагӣ нуқсон намедонам, кӣ шуд?
Ҳодии ин роҳи бепоѐн, намедонам, кӣ шуд?
Муқтадои ин ҳама нодон, намедонам, кӣ шуд?
Дар мунтаҳои шеър Мирзо Сироҷ муноҷот ба худо намуда, чунин арзи ниѐз менамояд:
Эй Худо! Моро ту аз хоби гарон бедор кун,
Масту беҳушем, аз фазлу карам ҳушѐр кун.
Аз камолоту улуми аср бархурдор кун,
АҚлу донишро музайян, бахтро ҳам ѐр кун.
В-аз карам боби тараққиро ба рӯи мо кушой,
Бар сироти мустақим (шав) илми моро раҳнамой (64,22).
Мушоҳида мешавад, ин равшангари машҳури замон он иллати асосии бозмондани ҷомеаро
аз тараққӣ дар наомӯхтани илму дониш дониста, ба Худованд муроҷиат менамояд, ки аз ин
варта ин қавми нодонро раҳо бинмояд.
134
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Яке аз чеҳраҳои барҷастаи наҳзати маорифпарварӣ, ки дар он даврон бо он ҳама ашъори
арзишманди хеш дар ҷомеа маъруфу машҳур буд, Сиддиқии Аҷзӣ (1862-1927) ба шумор мерафт.
Сиддиқии Аҷзӣ зодаи Самарқанд буда, дар чунин муҳити адабӣ, ба ибораи дигар, дар шаҳре, ки
маркази илму адаб буд, парвариш ѐфта, чун яке аз шоирони маъруфи замон шинохта гардид.
Донишманди тоҷик Расул Ҳодизода зимни таҳлили ашъори ин шоири маъруф ба хулосае
омадааст, ки «дар ин навгароӣ ва тозаофариниши назм, саҳм ва хидмати шоири баргузидаи
ибтидои садаи бист Сиддиқхӯҷа Аҷзии Самарқандӣ бисѐр бузург буд» (3,149).
Мо ба ин гуфтаҳо комилан мувофиқ ҳастем ва дар ин замина танҳо нуктаи лозимиро илова
менамоем. Аз мушоҳидаҳо ва баррасии сафҳаҳои маҷаллаи «Ойина» мо ба чунин хулоса
расидем, ки ин намунаи матбуоти давр муҳимтарин омӯзаҳои маорифпарвари Сиддиқии
Аҷзиро ҳамаҷониба мавриди таблиғқарор додааст. Ашъори рангини ин шоир бештар аз
воҚеияти иҷтимоӣ маншаъ гирифта, дар бозгӯии муаммо ва иллати ҷомеаи он замона мусоидат
менамояд. Сиддиқии Аҷзӣ ҳамчунин мақолоти ҷолибе дорад, ки дар ҳамин маҷалла нашр
гардидаанд. Фазилати ҳунарии шоир дар шеваи баѐни ӯ зоҳир мешаванд, ки бо сабку услуби
шево ва равон эҷод гардидаанд. Баҳри тасдиқи гуфтаҳои худ чанд намуна аз шеърҳои ӯро
поинтар ба ҳайси далел баррасӣ хоҳем кард.
Дар шеъри «Ихтиноқ» Сиддиқии Аҷзӣ ба авзои хароби ҷомеа таваҷҷӯҳ намуда, аз гузаштаи
пурифтихор бо таассуф ѐд карда, мегӯяд:
Мо соҳиби ҷоҳему ҷалолем, валекин,
Ғофил зи фиреби асари давру замонҳо.
Аҷзӣ, ҳама шаб тира, чаро субҳ шуморӣ?!
Ҳоло ки ба гӯшат нарасидаст азонҳо (№11.4-01-1914. с.268).
Дар оғози садаи бист маорифпарварон дар андешаи он буданд, ки таҷдиди ҷомеа мабдаи
асосии рушди он маҳсуб меравад, аз ин лиҳоз таъсиси макотиби усули ҷадидро дар ҳудуди
кишвар аз воҷибтарин вазифаи хеш ва пайравони худ медонистанд. Аммо, дар он замон иддае
аз уламо бар ин ҳама андешаи маорифпарварон муқобил баромада, он нафаронеро ки дар амри
таъсиси ин макотиб буда, таҳсили атфолро дар онҳо мехостанд, амали кофир медонистанд.
Чунончӣ, равшангари маъруф Сиддиқии Аҷзӣ зери бори маломати ин тоифа мемонад ва
мактаби ӯро мебанданд. Ӯ ба уламо бо эҷоди як шеъри ҷолиб ҷавоб мегардонад. Бо вуҷуди
бахолату дахолати уламо Аҷзӣ то охири умр аз касби муаллимӣ даст накашида, дар тарбияи
насли наврас саҳми худро гузоштааст. Ин чеҳраи барҷастаи наҳзати маорифпарварӣ бо дарки
нақшу мақоми мактаби усули ҷадид, барои маърифат ва дониш, барои равшан намудани роҳи
халқ бо нури мактабу маориф мубориза бурдааст.
Сиддиқӣ чун як равшангари замон яке аз аввалинҳое буд, ки дар маҳаллаи Ҳалвойи Самарқанд мактаби усули ҷадидро кушода буд. Шӯҳрати мактаби Сиддиқӣ дар тамоми вилояти Самарқанд паҳн гардида, ба қавле ин мактаб барои наздик бист деҳаи атроф чун макони маърифат
хизмат кардааст .
Сиддиқии Аҷзӣ ба шеъру сухан майли зиѐде дошт ва ба таври ҳамешагӣ аз файзи мусоҳабати
маорифпарварон ва уламои ин диѐр баҳраҳо мебардошт. Ин буд, ки натавонист бар он
даъвои беасоси уламои он замона хомӯш нишинад ва шеъри арзишманде дар ҷавоби ин
гурӯҳ эҷод намуд. Шеър ҳам «Дар ҷавоби такфиркунандагон» («Муқобил») ном дорад, ки дар
яке аз шумораҳои маҷаллаи «Ойина» (№16) дарҷ гардидааст:
«-Нозими рисолаи «Анҷумани арвоҳ» ҷаноби Саидаҳмадхӯҷа Сиддиқиро баъзе касон
бинобар кофир гуфтан дар ҷавоб ин абѐтро ба идора фиристодаанд:
Куфрам ба даҳони халқ зоҳир нашавад,
Кофир куни ман, аҷаб ки, кофир нашавад.
Ман ҳамчу мукаффирон мусулмон нашавам,
То ҳамчу ман он ҷамоа кофир нашавад.
Дар порчаи дигари ин шеър чунин оварда шудааст:
Умрест ба ростӣ сабақ мехонам,
Олий дарсе дар ин варақ мехонам.
Аз ҳақгуйӣ забон кашидан куфр аст .
То ҷон дорам, каломи Њақ мехонам (83).
Агар ба маънии ин абѐт таваҷҷӯҳ намоем, равшан аст, ки
Аҷзӣ ҳамчун яке аз
маорифпарварони тоҷик ба илму дониши дунявӣ ва таҳсил дар макотиби усули ҷадид нигоҳи
135
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
хушбинона дорад. Аз ин рӯ таъкид менамояд, ки дар тамоми умри хеш пайваста дониш
меомӯзад. Ба андешаи мо, истифодаи калимаи «варақ» дар мисраи дуввум шояд ба маънии
«рӯзнома» омада бошад, чунки аз рӯзнома инсон метавонад, донишу маънавиѐти хешро боло
бардорад ва шояд шоир низ ба ҳамин таъкид намуда бошад. Ва шояд, ин андешаро бар зидди
он уламои тамаъҷӯву мансабпараст гуфта бошад, чунки дар он солҳо нафарони рӯзномахонро
бо ҳаргуна таҳдиду зӯроварӣ аз мутолиаи онҳо бозмедоштанд.
Ашъори Сиддиқии Аҷзӣ дар сафҳаҳои маҷаллаи «Ойина» нисбат ба шоирони дигар афзун
мебошад ва ин матлаб гувоҳ бар пешкории ӯ дар матбуот ва тозапардозиҳои маърифатист.
Маҷаллаи «Ойина» барои адибони дигар низ майдони муборизаҳои ақидавӣ ва сайқали
истеъдод буд. Дар саҳифаҳои он ба нашр расиданиқасидаи «Мактаб»-и равшангари тоҷик
Абдулвоҳиди Мунзим далели ин гуфтаҳост, ки бештар тарғибу ташвиқи мактаби усули ҷадид
дар он мушоҳида мегардад. Шоир бо инқасидаи хеш талош намуда, ки бори дигар таваҷҷӯҳи
мардумро ба масъалаи мактаб ҷалб намояд. Ва аз мутолиаи он мушоҳида мешавад, ки шоир аз
иҷрои ин кор ба хубӣ баромадааст. Чунончӣ, дар матлаи қасида мехонем:
Бувад файзу саодат ҳосили туллоб дар мактаб
Ки аз файзи саодат ҳаст фатҳулбоб дар мактаб.
Шавад бо каъбаи мақсуд восил зуд толиб ҳам,
Шавад аз зам-зами илму адаб шодоб дар мактаб…(69).
Тавре ба назар мерасад, бунѐди сухани Мунзим поя бар воқеяти иҷтимоъ дорад. Мактаб ба
сони чашмаест, ки оби зулоли он метавонад, ҳамаро шодоб гардонад.
Қасидаи «Мактаб» саршори андешаҳои маорифпарварии Мунзим мебошад, ки бо мутолиаи
он наметавон аз ин гуна макотиб сарфи назар намуд, яъне шоир тавонистааст, ки аз ҳунари
баланди шеъргӯии худ дарак диҳад.
Дар сафҳаҳои маҷаллаи «Ойина» шеъри «Баҳри ривоҷи миллат»-и Мир Сарвар Қорӣ дарҷ
гардида, ки онро чун ойиннома барои шоирон метавон муаррифӣ намуд. Шоир сайъ намуда, ки
аҳли завқ дар мавзӯоти ҷолиб шеър эҷод намоянд. Ӯ хуб дарк намуда, ки рушду пешрафти
ҷомеа бо шеър пайванд дорад:
Эй дӯстон, бикӯшед, чандин асар нависед,
Ҷаҳде кунед, имрӯз шому саҳар нависед.
Хонед илму фанро, аввал зи бар нависед,
Бар хат шавед комил, аввал зи бар нависед
Баҳри ривоҷи миллат, илму ҳунар нависед,
Албатта ин суханро бо оби зар нависед .
Атфоли миллати мо ҳаргиз наѐфт равнақ,
Дарѐи танбалиро ронда зи ҷаҳл заврақ. (№33. 8-06-1914.с.-799).
Равшан аст, ки шоир бо эҷоди ин шеър талош ба он намуда, ки диққати шуарои замонро
бори дигар ба мушкилоти ҷомеа ҷалб намояд ва ҳамчунон онҳоро даъват намояд, ки баҳри
ривоҷи илму ҳунар, ки манбаи осоишу саодати дунѐст, ашъори рангину ҷолибе эҷод намоянд
мегардем.
Яке аз шуарои машҳури он замон ки ашъори рангини ӯ дар маҷалла нашр гардидааст,
Мулло Муҳаммадӣ Нормуҳаммадзода мебошад. Ӯ бо тахаллуси Хатойи Самарқандӣ маъруф
буда, ҳамчунин баъзан бо тахаллуси М. Н. шеър эҷод кардааст. Дар сафҳаҳои маҷалла шеърҳое
чун «Саѐҳати фохта»(№30), «Гузашта ва оянда»(№20), «Баҳори Ватан» (№ 26)» нашр
гардидаанд, ки саршори маонии ҷолиб ҳастанд. Баҳри тасдиқи андешаҳои хеш порчаеро аз
шеъри «Баҳори Ватан»-и ин шоир ҳамчун намуна меоварем:
Кунун тарбият бояд атфолро,
Сазад кардан ислоҳ аҳволро.
Ҳама сидқи некӯст ақволро,
Сафо лозим ахлоқу афъолро.
Орзӯи рушду пешрафт ва таъсиси макотиби ҷадид намуда, шоир гӯѐ аз он изҳори
хурсандӣ менамояд, ки аҳли ҷомеа ҳамагон дар талоши рушди макотибанд. Дар ҳоли ҳозир,
мегӯяд шоир ҳадафи аслӣ ва ниҳоии мардуми кишвар ин таҷаддуди макотиб аст. Хурсандии
кӯдаконро дар мактаб ѐд намуда, шоир бори дигар аз нақши илму дониш дар рушди шахсияти
ҳар як фард ҳарф мезанад:
136
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Ба мактаб ӯро сайъ рӯзу шаб аст,
Ба миллат зи бас аввалин матлаб аст.
Зи мактаб шавад ҷони атфол шод,
Самар оварад илму таҳсил мурод (116,494).
Ҷуръат аз зумраи он шоиронест, ки дар пайи афкори шуарои наҳзати маорифпарварӣ,
ашъори рангине таълиф намудааст. Ба андешаи шоир май барои тоҷирон душманест, ки онҳоро
метавонад, ба касод гирифтор намояд. Бад-ин ваҷҳ талаби илму дониш ва омӯзиши илми
тиҷоратро шоир таъкид менамояд:
Ба илму фунун кӯшу кун сарварӣ,
Зи ғайрат кунӣ дар ҷаҳон сафдарӣ.
Тиҷорат диҳад рутбаи меҳтарӣ,
Кунӣ харҷи бедахл, гӯѐ, харӣ!
Чу тоҷир нишинад ба маъшуқу май,
Равад судаш аз даст, моя зи пай. …… ….
Магар он ҷиноят аз ин шайъ бувад,
Ки мастӣ набошад ҳамин кай бувад.
Падар куштани мардум аз май бувад,
Туро нӯш, ҳам неш аз вай бувад.
Чунон, ки мушоҳида мешавад, шоир дар ин шеър талош намуда, ки зиѐну зарари майро
барои тоҷирон шарҳ бидиҳад. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки чаро маҳз тоҷиронро шоир интихоб
намудааст? Дар ин замина метавон гуфт, ки шояд бо такя ба он ки тоҷирони миллат омили
асосии рушду пешрафти иқтисодиѐти кишвар ҳастанд ва ҳамчунон ба андешаи Фитрат, ки ҳаѐту
мамоти миллатро ба дасти тоҷирон донистааст, ин шеърро эҷод намудааст. Бад-ин ваҷҳ
метавон гуфт, ки мухотаби шоир тоҷиронанд, равшан аст, муроди ниҳоии ӯ ҳамчунон иршоди
мардум мебошад. Аз лиҳози лафзу маънӣ ин шеър дорои мазмуни воло буда, тавзеҳи зиѐдеро
хоҳон аст. Мо ин ҷо танҳо ба як мисраи шеър руҷӯъ менамоем:
«Падар куштани мардум аз май бувад».
Ҳадафи шоир аз овардани ин мисраъ дар чист? Қатли падар бо май чӣ иртиботе дорад? Кӣ
падарро ба хотири май куштааст?- ин ва суоли зиѐде ҳар он нафареро, ки ин шеърро бихонад,
ба андеша водор менамояд. Ба андешаи мо, ҳадаф аз овардани ин мисраъ ба он хотир аст, ки
аввалан, шоир бо ин роҳ то чӣ андоза зараровар будани майро нишон додаст.
Аз шеърҳое дигаре, ки дар маҷалла диққати моро ба худ ҷалб намуд, шеъре бо номи
«Рамузи ҳасрат бар аҳли миллат» мебошад, ки аз оғоз то анҷом бо оҳанги мутантан нигошта
шудааст. Ин шеър дорои мазмуни волост, дар он шоир аз унсурҳои хитобу таъкид зиѐд ва
бамаврид истифода бурдааст, ки дар он замон ин амр аз воҷибтарин амалҳои адибону шуарои
барҷастаи наҳзати маорифпарварӣ буд. Матлаи шеър чунин аст:
Вақти офоқ аст, эй аҳли миллат,
Мо дур гардем худ аз ҷаҳолат.
Созем ҳиммат, бас ин касолат!
Баҳри чӣ бошем доим ба ғафлат?
Аз ҷаҳлу ғафлат гирем узлат,
Бошад насибе аз илму санъат.
Ғарқем то кай дар баҳр инсон,
Гардем мухлис дар вақти имкон.
Ин миллат аз кист? Баҳри кӣ фурқон?
Ғайрат намоед, эй аҳли виҷдон.
Аз ҷаҳлу ғафлат гирем узлат,
Гирад насибе аз илму санъат.
Аз абѐти фавқ метавон ба чунин андеша омад, ки шоир ба аҳли миллат рӯй оварда, талаб
менамояд, ки баҳри рафъи ҷаҳолату ғафлат бояд худи мо соҳибони ин кишвару ин миллат
талош намоем. Ин миллати кист? –мегӯяд шоир ва он китоби муқаддаси «Қуръон» баҳри кӣ
навишта шудааст. Пас, аз мову шумо, танҳо ғайрату ҳиммат лозим аст.
Дирӯз моѐн будем инсон,
Ҳайфо, ки имрӯз гаштем нодон.
137
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Акнун бикӯшем дар илму ирфон,
Бар умри рафта афсӯсу афғон.
Аз ҷаҳлу ғафлат гирем узлат,
Гирад насибе аз илму санъат,
Шеъри тоҷик бо пайванди ба иҷтимоъ бори дигар эътимоди моро бар он қавӣ намуд, ки
яке аз сарчашмаҳои асосии ин пайвастагӣ реша дар адабиѐти классикӣ ва адабиѐти бостонии
тоисломии форсии тоҷикӣ дорад. Ба ҳар сурат адибони равшангари тоҷик бо истифода аз шеър
сайъ бар он намуданд, то матлаби ниҳоии хешро бо забони шево ва равони форси-тоҷикӣ баѐн
намоянд ва дар вусъати андешаи мардум заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Дар маҷалла порчаеро аз девони Ҳофиз дучор омадем, ки дар он шоир аз санъати акс
бомаҳоратона истифода бурдааст. Санъати акс, чунонки медонем, санъатест, ки «шоир мисраи
якумро ба ду ҳисса ҷудо мекунад, баъд дар мисраи дуюм ҷои ин ҳиссаҳоро дигар мекунад».
Дар маҷалла ин порчаи шеърӣ бо андаке тағйирот оварда шудааст, ба ҷойи вожаи «ҷаҳон»
дар «Ойина» калимаи «чунон» оварда шудааст, ки шояд хатои техникӣ бошад:
ЗавҚи чунон надорад, бе дӯст зиндагонӣ,
Бе дӯст зиндагонӣ, завқи чунон надорад.
Ҳангоми ҷавонӣ давр, таҳсили ҳунар вақте,
Таҳсили ҳунар вақте, ҳангоми ҷавонӣ давр ( №14, с. 238).
Маҷмӯан, аз баррасиву мутолиаи ашъори шоирони маорифпарвар ва пайравони онҳо дар
маљаллаи «Ойина» метавон чунин натиҷа бардошт:
1. Шеъри тоҷикӣ дар оғози садаи бист чун ҷузъи аслии адабиѐти маорифпарварӣ барои
вусъати андеша ва густариши маънавиѐти мардуми кишвар бо румузу маонии мухталиф, тарзу
усулҳои гуногуни ифодаву баѐн зоҳир гардид.
2. Маҷаллаи «Ойина»
рисолати хешро дар он медид, ки осори адибону шуарои
маорифпарварро дар мавзӯоти муҳими сиѐсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба табъ расонида,
ҳалқаҳои адабиро устувор намояд, эҷокоронро як ҷо маҷмӯа созанд ва ба василаи ашъори
мухталифмазмун табақоти ҷомеаро барои истиқболи набзи тозаи замон бедор созанд.
Матбуоти тоҷик чун василаи муассири таблиғи назму наср дар оғози садаи бист нақши
барҷаста гузошта, дар рушди шеъри замонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
3. Назми форсии тоҷикӣ дар ин марҳала то андозае аз бадеияту тасвирпардозиҳо дур афтода,
адибони маорифпарвар масъалаҳои иҷтимоиро ба муҳассаноти шеърӣ тарҷеҳ намуданд.
Шеъри ин даврон ба худ рӯҳияи даъват, муборизаву талошро гирифта, гӯяндагон завқу ниѐзҳои
фикриву маънавии тамоми ҷомеаро ба инобат мегирифтанд.
4. Худшиносии диниву мазҳабӣ, худогоҳии таърихӣ, эҳѐи дубораи миллат, баробарравӣ бо
ҷомеаҳои пешрави ҷаҳонӣ, бунѐди коргоҳҳо, муассисаҳои истеҳсолӣ (фабрикаву заводҳо),
озодии виҷдону андеша ва чанд муаммое, ки шарҳаш дар боло рафт, мавзӯи асосии назми ин
замон гардид.
ПАЙНАВИШТ:
1.
2.
3.
4.
5.
Мирзо, Сироҷ. Ёд бод/ М.Сирољ // Ойина.–№2.–1 нояб.–1913. – С. 22
Мир Сарвар Қорӣ. Баҳри ривоҷи миллат / М.С. Ќорї// Ойина.–№33.–8 июн.–19
Сиддиқї, А. Дар ҷавоби такфиркунандагон (шеър) / А.Сиддиќї// Ойина.–№16.– 1914.
Сиддиқї, А. Эй шаръ / А.Сиддикї// Ойина.–№29.–10 май.–1914.–С. 570.
Хатои, Самарқандӣ. Баҳори Ватан (шеър) / Х.Самарќандї// Ойина.–№26.–19 апр.–1914.– С.
499.
6. Хатои, Самарқандӣ. Сайѐҳати фохта/ Х.Самарќандї // Ойина.-№30.-17-май-1914 с.593.
7. Ҳодизода, Р. Мақоми Самарқанд дар адабиѐти тоҷик.–Аз Рӯдакӣ то имрӯз / Р. Њодизода.–
Душанбе: Адиб, 1988.–С. 122-131.
8. Ҳодизода, Р. Афкори маорифпарварӣ дар ашъори Аҷзӣ / Р.Њодизода// Фаслномаи
«Рӯдакӣ».–Соли ҳаштум.–Шумораи 16.–Тирамоҳи 2007.–С. 149-157.
REFERENCES:
1.Mirzo, Siroj .Remember / M. Siroj// Oina- №2, 1-11- 1913.
2.Mir, Sarvar Kori.For nation’s success /M.S. Kori//Oina-№ 33, 8-06-1913 .
3.Siddikii, A. «In answer to people who are against» / A.Siddikii //Oina- № 16,4-1- 1914.
138
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
4.Munzim, A.School / A.Munzim// Oina- № 11, 14-11- 1914.
5.Khatoi, Samarkandi.Countries spring / Kh.Samarkandi//Oina- № 26, 19-04- 1914.
6.Khatoi, Samarkandi.Bird’s trip / Kh.Samarkandi //Oina- № 30, 17-05- 1914.
7.Hodizoda, R . Samarkand’s role in literature. From Rudaki till today / R.Hodizoda.- Dushanbe :
Adib, 1988.p.122-131
8.Hodizoda, R. Education’s ideas in Ajzi’s creation / R.Hodizoda//Season’s of Rudaki. 8-h year
number 16. Autum 2007 .- P.149-157.
Место поэтических сочинений в журнале «Зеркало»
Ключевые слова: журнал «Зеркало», просветители, просветительское направление, поэзия,
Аджзи, Мирзо Сиродж, Мунзим, Сарвар
В статье подвергается исследованию место поэтических сочинений в журнале «Зеркало» и
их влияние на духовное сознание общества в период просвещения. В статье подчеркивается,
что возникновение и развитие просветительского движения в 19 веке нашей эры способствовало
возрастанию роли творческого
наследия, в частности поэтических сочинений таких
просветителей, как Мирзо Сиродж, Саид Ахмадходжа Сиддикий Аджзи, Иброхим Джуръат,
Ахмаджон Васли, Абдулвохид Мунзим, в развитии гуманистических начал и реалистичного
отображения действительности.
Объектом исследования в данной статье становится также тематический стержень поэзии
просветителей, основной миссией которых было просвещение народа и распространение
цивилизаторских идей в обществе. По утверждению автора статьи, просветительское
направление, поступательное движение которого началось в ХХ веке, сыграло важную роль в
усилении публицистического начала, как в прозе, так и в поэзии, и заложило прочное
основание для развития документальной прозы на стыке веков.
The place of poetic writings in «Oyina» journal
Keywords: “Oyina” journal, enlighteners, process of Enlightenment, Ajzi, Mirzo Siroj, Munzim,
Sarvar
The article studies a place of poetic writings in “Oyina” journal and their impact on the spiritual
consciousness of the society in the period of Enlightenment. It is emphasized that emergence and
development of the educational movement in the XIX century AD helped to increase the role of the
creative heritage in particular the poetic works of enlighteners such as Mirzo Siroj, Said Ahmadkhoja
Siddikii Ajzi, Ibrohim Jur’at, Ahmadjon Vasli, Abdulvohid Munzim in the development of humanistic
principles and realistic reflection of reality.
The study is also based on the thematic basic concepts of the poetry of enlighteners whose main
mission was to educate people and spread the civilizing ideas in the society. It is asserted that the
progressive movement direction of the Enlightenment had begun in the twentieth century and played
an important role to strengthen publicistic beginning both in prose and in poetry and laid a solid
foundation for the development of documentary prose at the pass of centuries.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Шехов Абдуқодир Абдурауфович, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи
рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Б.Ѓ.Ғафуров( Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд), Е-mail: bejan.80@mail.ru
Сведение об авторе :
Шехов Абдукодир Абдурауфович, кандидат филологических наук, дотсент кафедры
журналистики и теории перевода Худжандского государственного университета имени
академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: bejan80 @mail.ru
Information adout the author:
Shekhov Abdukodir Abduraufoviсh, Candidate of Philological Sciences, Associate Professor of
the Department of journalism and the theory of translation of Khujand State University named
after academician B.G.Gafurov, (Republic of Tajikistan, Khujand) E-mail: bejan80 @mail.ru
139
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
9
Размер файла
1 073 Кб
Теги
дар, pdf, осори, ойина, маљаллаи, манзум
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа