close

Вход

Забыли?

вход по аккаунту

?

Татаббўъ ва навоварињои љомr дар достони “лайлa ва маљнун”..pdf

код для вставкиСкачать
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
УДК 82
ББК 83.3
№ 4(45) 2015
М.З. НИЗОМОВ
ТАТАББЎЪ ВА НАВОВАРИЊОИ ЉОМӢ ДАР ДОСТОНИ “ЛАЙЛӢ ВА МАЉНУН”
Вожањои калидї:Низомї, Амир Хусрав, Љомї, маснавї, Лайлї, Маљнун, татаббуъ, навоварї,
ишќи узрї, ишќи илоњї
Достони чоруми “Хамса” ва қисми шашуми “Њафт авранг” -и Љомӣ “Лайлӣ ва Маљнун”
мебошад. Шоир ин достонро дар соли 1484 дар вазни њазаљи мусаддаси ахраби мақбузи мањзуф
(вазни маъмули достонњои “Лайлӣ ва Маљнун”) навиштааст. Достон тибқи нашри интиқодие, ки
донишманди фақиди тољик Аълохон Афсањзод омода кардааст, аз 3860 байт иборат аст. Достони
“Лайлӣ ва Маљнун” дар пайравии достонњои њамноми Низомию Амир Хусрави Дењлавӣ суруда
шудааст. Худи шоир дар фасли “Сабаби назми китоб” аз ин ду устоди сухан ѐд намуда, шаъни
рафеи онњоро дар достонсароӣ таъкид мекунад:
Њарчанд ки пеш аз ин ду устод
Дар мулки сухан баланд бунѐд,
Дар нуктаварӣ забон кушоданд,
Доди сухан андар он бидоданд.
Аз Ганља чу ганљи он гуњаррез
В-аз Њинд чу тӯтӣ ин шакаррез.
Ин миќраазан ба кӯси даъвӣ,
В-ин љилвадењи арӯси маънӣ.
Он канда зи назм наќш дар санг,
В-ин дода ба њусни санъаташ ранг.
Он бурда алам ба ављи эъљоз,
В-ин карда фусуни соњирӣ соз(8, 236).
Шоир қайд менамояд, ки ӯ њам аз пайи он ду устод рафтааст ва худро мадюни эшон медонад.
Њатто шоир бо шикастанафсии хос аз расидани ғубори эшон бар чењрааш сарфарозӣ менамояд:
Ман њам камар аз ќафо бибастам,
Бар ноќаи бодпо нишастам.
Њар љо, ки расид рахши эшон,
Аз хотири файзбахши эшон,
Ман низ ба фоќа ноќа рондам,
Худро ба ѓуборашон расондам.
Гар мондаам аз шуморашон пас,
Бар чењраи ман ѓуборашон бас (8, 236).
Вале, бо ин њама, шоир таъкид менамояд, ки вай дар ќайду банди таќлид бознамондааст ва њар
чи ки аз забонаш љорӣ мешавад ва аз нӯги хомааш метаровад, аз файзи сурӯши ғайбист. Яъне
вақте ки сарчашмаи илњом аз Файѐзи бечун аст, чаро ба мардум такя намояд, бояд ба истеъдоду
табъи худ такя кард, на аз дигарон вом гирифт. Ва аз баракати њамин файз сангро аз пеши
чашмаи табъи равони худ мегирад, то њам худ сероб шавад ва њам коми муштариѐни шеърро
сероб намояд:
Не, не, ѓарќам ба бањри ќулзум,
Аз хок чаро кунам таяммум.
Аз чашмаи њиммат об љӯям,
В-аз рӯйи худ он ғубор шӯям.
Файѐзи њама сурӯши ѓайб аст,
Дарюза, ки не аз ўст, айб аст.
Гавњар чу тавон зи кон гирифтан,
Сустӣ бувад аз дукон гирифтан...
Бастаст дањони чашмаро санг,
Чун об кунад ба љӯшиш оњанг.
Сарчашма кунам зи санг холӣ,
То сар кашад об бар њаволӣ.
Њар сӯ љӯе зи об ронам,
Њам худ хӯрам об, њам хӯронам.
Созам зи сурӯши ѓайб соқӣ,
Дарюза кунам шароби боќӣ (8, 236-237).
Дар њақиқат, Мавлоно Љомӣ дар сурудани достони “Лайлӣ ва Маљнун”, бо вуљуди пайравӣ ба
достони њамноми “Хамсатайн” ва нигоњ доштани тарњи умумӣ ва сужаи достон, дар тасвири
лањзањои алоњидаи достон ва қањрамонон навоварињо дорад. Аксари муњаққиқоне, ки ба омӯзиши
масъалањои достони Љомӣ пардохтаанд, онро яке аз бењтарин достонњои дар ин мавзӯъ эљодшуда
муаррифӣ кардаанд. Аз љумла, А. Афсањзод дар бораи арзиш ва мақоми достони “Лайлӣ ва
Маљнун”-и Љомӣ дар асри XV менависад: “Дар байни достонњои “Лайлӣ ва Маљнун”-и асри XV
достони Љомӣ мақоми махсус дорад ва дар таърихи минбаъдаи инкишофи ин мавзӯъ њиссаи
97
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
муносибе мегузорад. Аз “Лайлӣ ва Маљнун”-нависони асри 15 Љомӣ, агар хато накунем, шахси
ягонаест, ки манобеи арабиро бевосита омӯхта, аз онњо воқеањои зиѐдеро бо достони худ ворид
кардааст. Аммо дар баробари ин достони Љомӣ назираест ба достонњои Низомӣ ва Амир Хусрави
Дењлавӣ. Бинобар ин, мавзӯъ, баъзе лањзањои хати сюжет ва вазни онро нигоњ доштааст. Лекин
достони Љомӣ њам аз љињати бандубасти воқеањо, њам аз љињати ғояву мазмун ва њам аз љињати
санъатњои бадеӣ ва тарзи баѐн аз достонњои Низомиву Амир Хусрав фарқ мекунад ва достонест
бикр” (2, 188).
Тарњи умумии достонњои њамноми ин шоирон қаробати зиѐд дорад. Номи қањрамонон, қабила,
макони баргузории воқеањо, оғози ишқу саргардонињои Маљнун, мањрумиятњои ошиқон, шебу
фарози мушкилоти ишқ... умумиятњое дар миѐни достони Љомӣ ва достонњои Низомию Амир
Хусрав ба назар мерасад. Вале, Љомӣ, ки аз тақлид дурӣ мељуст ва такрорро намеписандид, дар
сурудани достон даст ба ибтикор зада, аз оғози он њадафмандона мавзӯъро ба тариқи дигар ба
риштаи назм даровардааст.
Низомӣ баъд аз сабаби назми китоб чанд фаслеро ба мавзӯъњои мадњи Шарвоншоњ Ахсатон
ибни Манучењр, хитоби заминбӯс, супурдани фарзанди худ ба Шарвоншоњ, дар шикояти
њамсудону бахилон, узри шикоят, дар насињати фарзанди худ Муњаммади Низомӣ, ѐд кардани
баъзе аз гузаштагони хеш ихтисос додааст, ки ба љуз ду фасл (Ёд кардани гузаштагон ва насињати
фарзанд, ки дар охири достон омадааст-М.Н.), дигар фаслњо дар достони Љомӣ нест. Мавлоно
Љомӣ достонро бо дастури касе нанавиштааст ва аз мадњу сано парњез кардааст, балки тавре дар
фасли “Сабаби назми китоб” мегӯяд, пеш аз ин қиссаи “Юсуф ва Зулайхо”-ро навиштааст, вале
њанӯз ташнагии худро аз аташи ишқ нашикастааст ва боз хоњиши навиштани достон дар мавзӯи
ишқро доштааст. Бо њамин сабаб аст, ки пеш аз фасли мазкур фасле махсус бо унвони “Дар
маънии ишқи содиқон ва сидқи ошиқон”ба мавзӯи ишқ бахшидааст, ки ин фасл дар достонњои
Низомию Амир Хусрав нест.
Ин фасл идомаи мантиқии фасли марбутаи достони “Юсуф ва Зулайхо”-ст, ки он њам ба
фазилати ишқ ихтисос ѐфтааст. Љомӣ зимни баѐни фазилатњои ишқ аз Маљнун ѐд карда, гуфта буд:
Агар Маљнун на май з-ин љом хӯрдӣ,
Кӣ ӯро дар ду олам ном бурдӣ (8, 37).
Яъне бақои номи Маљнун ба сабаби ишқ аст, ки асрњо боз аз ӯ ба њайси ошиқи содиқ ѐд
мекунанд.
Дар фасли номбурдаи достони “Лайлӣ ва Маљнун” низ Мавлоно Љомӣ фазилатњои ишқро
баѐн менамояд ва маълум аст, ки мурод ишқи ирфонист:
Чун субњи азал зи ишќ дам зад,
Ишқ оташи шавќ дар ќалам зад.
Аз лавњи адам ќалам сар афрошт,
Сад наќши бадеъпайкар ангошт.
Њастанд афлок зодаи ишќ,
Аркон ба замин фитодаи ишќ.
Бе ишќ нишони неку бад нест,
Чизе, ки зи ишќ нест, х(в)ад нест.
Ин саќфи баланди лољувардӣ
Рӯзону шабон ба гирдгардӣ,
Нилуфари бӯстони ишќ аст,
Гӯйи хами савлаљони ишќ аст (8, 233-234).
Шоир аз њамин оғози китоби худ ба љанбаи ирфонии достон ишорат менамояд ва дар охири
достон бори дигар ин маъниро таъкид менамояд
Ба њамин сабаб аст, ки Љомӣ ба манбаъњои арабӣ мурољиат намуда, бисѐр лањзањои навро
вориди достони худ кардааст. Чунончи, дар достони Љомӣ Қайс дар оила фарзанди дањум аст ва
аз мањбубияти хосе бархурдор аст. Дигар ин ки оғози ишқи Лайливу Маљнун дар мактаб сурат
намегирад. Балки Қайс чун фарзанди кенља ва мањбуби хонадон рӯзњои худро дар сайру тамошо
ва љустуљӯю суњбати нозанинон мегузаронид ва аз њар қабила касеро, ки медид, суроғи
нозанинонро мегирифт. Дар ин миѐн бо Карима ном нозинидухтаре ошноӣ пайдо кард, вале
дӯстии онњо кӯтоњмуддат буд. Оқибат овозаи њусни Лайлиро мешунавад ва ғоибона дил бой
медињад. Зуд ба самти қабилаи Лайлӣ меравад ва бо Лайлӣ вохӯрда, ба ӯ ошиқ мешавад ва Лайлӣ
низ муњаббати ӯро бељавоб намегузорад. Ин қисмати оғози достони Љомӣ, бино ба тањқиқи И. Ю.
Крачковский, Муњаммад Ғанимии Њилол, дар муљаллади аввали “Китоб-ул-Ағонӣ” омадааст (6,
610; 11, 52). Бар хилофи Низомию Амир Хусрав, ки оғози ошноию шефтагии Маљнун ва Лайлиро
дар мактаб донистаанд, Љомӣ ба ин ривояти Ағонӣ такя намудааст.
Бастани ањду вафо миѐн ошиқон, бо иљозати Лайлӣ ба њаљ рафтани Маљнун, дар хонаи
бевазани њамсояи Лайлӣ мақом кардани Маљнун, аз паси Лайлӣ ба Макка рафтани Маљнун, пеши
халифа таърифи ишқи Лайливу Маљнунро кардани Кусайяри шоир, ки худ ошиқи Изза буд,
98
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
иқдоми халифа барои издивољи ошиқон ва беэътиноии Маљнун, издивољи Лайлӣ бо љавоне аз
қабилаи Сақиф аз љумлаи навигарињоеанд, ки Мавлоно Љомӣ дар достони худ ворид кардааст ва
аксари ин воқеањо дар маъхазњои арабӣ низ омадаанд.
Чунончи, вохӯрӣ бо Кусайяр, ки аз шоирони узрӣ мањсуб буда, худ ошиқи нокоми Изза буд ва
дар дарбори Абдулмалик ибни Марвон –халифаи уммавӣ хидмат мекард, дар достонњои
Низомию Амир Хусрав нест. Бино бар тасвири Љомӣ Ќусайяри шоирро рӯзе халифа назди худ
даъват мекунад ва аз ӯ мехоњад, то дар маљлиси айш шеъре дар васфи маъшуқааш Изза бихонад.
Чун Кусайяр аз қироати шеър фориғ мешавад, аз ӯ мепурсад, ки аз ошиқон касеро монанди худ
дидаӣ? Шоир дар љавоб мегӯяд:
Гуфто, ки бале, диле зи ғам реш
Рафтам ба диѐри Изза з-ин пеш...
Ногоњ дидам хуљастањоле,
Бо пушти хамида чун њилоле.
Хунинљигаре чу нофаи мушк,
Аз ғам шуда пӯст бар танаш хушк...(8, 318).
Аз њикояти Кусайяр халифа аз њоли Маљнун огоњ шуда, амр менамояд, ки ӯро ба дарбор оранд.
Бо зањмати зиѐд, пас аз љустуљӯњои фаровон Маљнунро пайдо намуда, ба дарбори халифа
меоранд. Њолати љунун ва риққатбори ошиқи дилсӯхтаро халифа дида, мехоњад ба ӯ кӯмак намояд
ва бо раиси қабилаву падари Лайлӣ суњбат намуда, ошиқонро ба висоли њам расонад. Вале
Маљнун ба сухани халифа эътино накарда, аз дарбор баромада меравад ва шукр менамояд, ки аз
дарди сари халифа озод шудааст:
Мерафту њаменишасту мехуфт,
Њар лањза њазор шукр мегуфт.
К-аз дарди сари халифа растам,
В-эњроми диѐри ѐр бастам (8, 328).
Њатто лањзаи марги ошиқон низ аз достонњои пешин фарқ дорад. Дар достони Љомӣ Маљнун
дар бағали оњу љон медињад ва Лайлӣ хабари фавти ӯро шунида вафот мекунад ва дар поѐни пойи
Маљнун гӯронида мешавад.
Издивољи Лайлӣ бо љавоне аз қабилаи Сақиф низ аз навигарињоест, ки Љомӣ дар достони худ
ворид кардааст ва бо маъхазњои арабӣ мутобиқ аст. Дар достонњои Низомӣ ва Амир Хусрав
Лайлӣ бо Ибни Салом издивољ менамояд.
Қайд бояд кард, ки Мавлоно Љомӣ аз нахустин шоиронест, ки ба тасрењ ба љанбаи ирфонӣ
доштани достони худ ишора менамояд. То замони ӯ, агарчи достонњои њамноми шоирони бузурге,
чун Низомию Амир Хусрав аз чошнии ирфон бенасиб набуданд, вале онњо сароњатан ба ин нукта
ишора накардаанд. Ба назари Љалол Сатторӣ “Љомӣ аз оғоз ошкоро достонро рамзӣ дониста ва
ишқи маљозиро қантараи ишқи њақиқӣ гуфта ва аз он ба ишқи Илоњӣ таъбир кардааст. Миѐни
маснавии Љомӣ ва манзумањои Низомиву Амир Хусрав тафовутњое дар шарњи вақоеъ њаст..., аммо
муњимтарин тафовут, ба гумони ман, њамин сабғаи сарењи ирфонист, ки Љомӣ аз оғоз то анљом ба
манзумаи худ додааст” (9, 39).
Шоир баъди фасли марги Маљнун ба шарњи сӯфиѐнаи мафњуми ишқ ва умуман ишқи Маљнун
мепардозад ва таъкид менамояд, ки ишқи Маљнун бар њусни маљозӣ набуд, балки ӯ ошиқи
маъшуқи њақиқӣ буд:
Аз љом рамида шуд саранљом.
Лайлиталабии ӯ дар ин љӯш
Бар шоњиди ишќ буд рӯпӯш.
З-ин ном дањон-ш пуршакар буд,
Лекин мақсуд аз ӯ дигар буд.
Ошиқ, ки зи мењри дӯст коњад,
Мањ гӯяду рӯйи дӯст хоњад (8, 390-391).
Њон, то набарӣ гумон, ки Маљнун
Бар њусни маљоз буд мафтун.
Дар аввал агарчи дошт майле
Бо љуръакашӣ зи љоми Лайлӣ.
Андар охир, ки гашт аз он маст,
Афканд зи даст љому бишкаст.
Мастиш зи бода буд, н-аз љом,
Ин гуна тавзењи ишқи Маљнун дар “Ламаот”-и Ироқӣ ва шарњи он, яъне “Ашшиъат-улламаот”- и Мавлоно Љомӣ ба такрор омадааст. Таъкиди Љомӣ бар ин нукта аст, ки дар ибтидо
Маљнун дилбохтаи њусни Лайлӣ буд ва ишқи ӯ ба ављи худ расид ва чун аз љоми ишқ сармаст шуд,
дигар барояш љамоли Лайлӣ қимате надошт. Лайлӣ бањона, ѐ рӯпӯши мањбуби њақиқӣ буд. Ва
бино ба ақидаи урафо “назари Маљнун дар њусни Лайлӣ бар љамолест, яъне љамоли мутлақ, ки њар
чи љуз он љамоли мутлақ намояд, дар мазоњиру маљолӣ њама қабењ аст, зеро зоњир дар мазоњир
њамон љамоли мутлақ аст” (7, 43).
99
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
Дар фасле, ки “Мулоқот кардани Маљнун бо Лайлӣ дар яке аз роњњо ва дар интизор мурољиати
ӯ дар мақоми њайрат истодан ва ошѐн кардани мурғ бар сари вай” ном дорад, шоир ба мақоми
њайрат ишора карда, сањнаи мулоқоти ошиқонро сабғаи ирфонӣ бахшидааст. Мавлоно Љомӣ
чунин овардааст, ки рӯзе Маљнун қавмеро дид, ки дар мавзеъе фуруд омаданд ва он љо бањри
осоиш хайма заданд. Маљнун фикр кард, ки онњо Лайлӣ ва авлоди ӯянд:
К-онон Лайливу оли ӯянд,
Мањмилкаши љоњу моли ӯянд (8, 380).
Лайлӣ бо љамъе аз њамроњон Маљнунро дида, ба хотири донистани њуввияти мусофири танњо
ба сӯйи ӯ омаданд. Чун Маљнун ва Лайлӣ якдигарро шинохтанд, Маљнун аз њуш рафт ва Лайлӣ
сарии ӯро ба зонуи худ монда, ба њоли ӯ зор-зор гирист. Чун Маљнун ба њуш омад, ошиқон ба њам
арзи њолу иштиѐқ намуданд, розњои куњанро иброз намуданд. Дар вақти хайрухуш Маљнун аз
Лайлӣ пурсид, ки баъд аз ин дар куљо ӯро бубинад. Лайлӣ дар љавоб гуфт, ки дар бозгашт аз ин
роњ мегузарам ва мехоњам, ки дар ин љой бошӣ, то маро бубинӣ:
Маљнун гуфто, ки эй дилафрӯз,
К-имрӯз миѐни сад ғаму сӯз,
Бигзоштӣ андар ин заминам,
Минбаъд кай ва куљот бинам?
Гуфто, ки ба вақти бозгаштан
Хоњам њам аз ин замин гузаштан,
Гар з-он ки дар ин мақом бошӣ,
Аз дидани ман ба ком бошӣ.
Бо талъати ман шавӣ зи ғам шод,
Ман низ зи банди мењнат озод (8, 381).
Шайх Аттори Нишопурӣ дар “Мантиқ-ут-тайр” водии шашумро њайрат номгузорӣ кардааст ва
дар шарњи он мегӯяд:
Баъд аз ин водии њайрат оядат,
Кор доим дарду њасрат оядат...
Марди њайрон чун расад ин љойгоњ,
Дар тањайюр мондаву гум карда роњ.
Гар бад-ӯ гӯянд:- Мастӣ ѐ наӣ?
Нестӣ гӯйӣ, ки њастӣ ѐ наӣ?
Гӯяд: -Асло менадонам чиз ман,
В-он “надонам” њам надонам низ ман.
Ошиќам, аммо надонам бар киям,
На мусалмонам, на кофир, пас чиям?
Лекин аз ишќам надорам огањӣ,
Њам диле пуришќ дорам њам тињӣ (1, 241).
Аз њамин љост, ки вақте Лайлӣ бозгашт ва аз ноқа фуруд омада, ба пеши Маљнун меояд, аз
љониби ошиқ њељ эътиное намебинад. Лайлӣ чанд маротиба овоз медињад, вале Маљнун њељ ба худ
намеояд ва ба ӯ таваљљӯњ намекунад. Нињоят бо овози баланд ӯро садо карда, аз омадани худ
хабар менамояд. Маљнун њувияти ӯро пурсида, баъди шунидани љавоб Лайлиро аз пеши худ
меронад:
Ин љо шуда пойбасти ӯйӣ.
Гуфто: -Рав, рав, ки ишќат имрӯз
Дар ман зада оташе љањонсӯз.
Ишќам киштӣ ба мављи хун ронд,
Маъшуќиву ошиќӣ бурун монд (8, 382).
Гуфто: -Ту кииву аз куљоӣ,
Бењуда ба сӯйи ман чи оӣ?
Гуфто, ки манам муроди љонат,
Коми дилу равнаќи равонат.
Яъе Лайлӣ, ки масти ӯйӣ,
Пас ба назари Љомӣ ишқи Маљнун ба нињоят расидааст ва аз маљоз ба њақиқат расидааст.
Барои тасдиқи ин нукта шоир бидояту нињояти ишқро ба таври мухтасар баѐн менамояд, ки ошиқ
зина ба зина мушкилоти ишқро паси сар намуда, ба марњалаи камоли ишқ мерасад:
Бошад зи нахуст рӯйи ошиќ
Дар њар чи ба табъи ӯст лоиќ.
Чун љазбаи ишќ зӯр гирад,
Аз майлу муроди худ бимирад.
Орад ба муроди ѐри худ рӯй,
З-ӯро шавад аз љањон ризољӯй.
Чун љазбаи он зиѐда гардад,
З-он даѓдаѓа низ сода гардад.
Афтода ба мављи ќулзуми ишќ,
Бехуд шуда аз талотуми ишќ,
Маъшуќиву ошиќӣ кашад рахт,
Гардад назари ду лахт як лахт.
Яксар назар аз дуӣ бубандад,
Чашм аз маниву туӣ бубандад.
Аз кашмакаши дуӣ саломат
Ӯ монаду ишқ то ќиѐмат (8, 382).
Њамин љанбаи достони Љомӣ то ин замон тањқиқ нашудааст ва бояд ба ин љињати достони
шоир диққати зиѐд дод. Љомӣ аз ишқи маљозӣ ба ишқи њақиқӣ расидани Маљнунро дар муколамаи
вай бо сӯфӣ, ки ӯро ба хоб дида буд, чунин баѐн менамояд:
Оранд, ки сӯфие сафокеш
Бардошт ба хоб парда аз пеш,
Маљнун бар вай шуд ошкоро,
Бо ӯ на ба сурати мадоро.
Гуфт: - Эй шуда аз харобии њол
Бар наќши маљоз фитна сӣ сол,
100
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
Чун кард аљал набард бо ту,
Маъшуќи азал чӣ кард бо ту?
Гуфто: - Ба сарои ќурбатам хонд,
Бар садри сарири ќурб биншонд.
Гуфт: - Эй ба бисоти ишќ густох,
Шармат н-омад, ки чун дар ин кох
№ 4(45) 2015
Хӯрдӣ майи мо зи љоми Лайлӣ,
Хондӣ моро ба номи Лайлӣ?
Бар ман чу дари хитоб бикшуд,
Бо ман љуз аз ин итоб нанмуд(8, 391).
Шоир гуфтањои Маљнунро чунин тавзењ медињад:
Љомӣ, бинигар, к-аз офариниш
Њар зарра ба чашми ањли биниш
Аз хуми азал хуљаста љомест,
Гирдогирдаш навишта номест.
Он љом чӣ љом, љоми боќӣ,
В-он ном чӣ ном, номи Соќӣ.
Аз љом ба бода гир ором,
В-аз ном нигар ба Соњиби ном.
Дар Соњиби ном кун нишон гум,
Дар њастии вай шав аз љањон гум...
Бо ту зи љањони бенишонӣ
Гуфтем нишон, дигар ту донӣ (8, 391).
.
Ин гуна тавзењи ишқи маљозӣ чун пул ѐ нардбоне барои ишқи њақиқӣ, ки Мавлоно Љомӣ дар
поѐни достон анљом додааст, тамоили Љомиро ба шарњи ирфонии қиссаи “Лайлӣ ва Маљнун”
нишон медињад. Яке аз мумайизоти достони Љомӣ њам бар достонњои дигари њамном њамин аст.
Албатта, сайри суудии ишқи њақиқӣ дар достони “Лайлӣ ва Маљнун” марбут ба ишқи Узрӣ ѐ
худ ишқи афиф (пок) аст, дар замони зуњури қиссаи Қайси Омирӣ ва Лайлӣ дар миѐни қабоили
ғарбии араб, махсусан қабилаи Бани Узра маъмул буд. Албатта, ин ишқ мањдуд ба қабилаи Бани
Узра намонд, балки дар миѐни қабоили дигари араб, аз љумла Бани Омир интишор ѐфт.
Дар достони “Лайлӣ ва Маљнун” нишонањое аз ишқи узрӣ дида мешавад ва тавре ки пештар
қайд кардем, Мавлоно Љомӣ дар сурудани достонњои худ кӯшидааст, то суханаш бо сарчашмаи
аслӣ мутобиқати том дошта бошад. Аз ин рӯ, ғайр аз манобеи арабии қиссаи Лайливу Маљнун аз
девони Маљнун (Қайс ибни Мулаввањ) низ истифода кардааст ва дар достон “таъсири девони
Қайси банӣ Омир бештар аст” (5, 292).
Ашъори мансуб ба Маљнун намунањои барљастаи шеъри узриянд ва аз сӯзу гудозу
мањрумиятњои ӯ њикоят мекунанд. Нишонањои муњаббати узрӣ иборатанд аз рафъати дараљаи ишқ
(қидосати ишқ) иффат ва дурӣ аз њавову њаваси шањвонӣ, нокомӣ дар васли мањбуба, ѐ худ
мањрумият аз шарафи издивољ бо мањбуба, шањодат аз дарди ишқ (9, 435).
Ин ишқи узрӣ ба назари баъзе муњаққиқин њамон ишқи афлотунист, ки дар ањди Аббосиѐн
тавассути мутакаллимон вориди мабоњиси каломию ирфонӣ шудааст (9, 271). Гузашта аз ин,
шавњари Лайлӣ (љавони Сақифӣ- М.Н.) низ, ки аз васли Лайлӣ мањрум монда буд ва Лайлӣ ӯро аз
наздикӣ бо худ манъ намуда, тањдид ба марг намуда буд, ночор ба амри вай сар фароварда, бо
њамзистиву аз дур дидани вай мувофиқат намуд. Ин низ нишоне аз њубби узрист, ки бо мањрумият
аз васли мањбуба ба нигоње қаноат карда, саранљом бо ин ғусса ба марг мерасиданд. Ба назари
донишманди араб Муњаммадсаъиди Љамолуддин “Низомӣ Лайлиро њатто замони марг бокира ба
тасвир кашидааст ва ин мавзӯъ дар асли арабии мавзӯъ нест. Шояд Низомӣ ва дигар шоирони
эронӣ ин андешаро матлуб ѐфтаанд ва ба њамин далел ин улгуи ифротиро дунбол кардаанд ва
барои баѐни њадафе, ки ишқи узрӣ дар пайи расидан ба он аст, корњояшонро бо ин шева нишон
додаанд” (13 271). Љомӣ низ Лайлиро то дами марг бокира тасвир намудааст. Шавњари Лайлӣ
низ бо ин њасрат бемор шуда, ба зудӣ вафо кард:
Донист, ки пои саъй кунд аст,
В-он нофаи безимом тунд аст.
Чун буд ба доми ӯ гирифтор,
В-аз бими муфориќат дилафгор,
Ночор ба дарду доѓи ӯ сохт,
Бо бӯйи гуле зи боѓи ӯ сохт.
Њар лањза зи васли фурќатомез
В-аз роњатњои мењнатангез,
Бехи амалаш канда мешуд,
Сад рањ мемурду зинда мешуд.
То буд, њамеша кораш ин буд,
Сармояи рӯзгораш ин буд.
В-он рӯз, ки мурд, њам бар ин рафт,
Зоди рањи он љањон њамин буд (8, 338).
Ба назари мо, сабаби интишори қиссаи “Лайлӣ ва Маљнун” њамин ишқи поки узрист, ки бо
мабонии ишқи ирфонӣ мутобиқати зиѐд дорад. Њатто шоирони узрӣ низ равиши ањли тасаввуф ва
ирфонро пайгирӣ мекарданд.Назар ба гуфтаи Ғанимии Њилол “равиши узриѐн ба равиши
зоњидону порсоѐн наздик аст, зеро онон роње ѐфтанд, ки дар он байни зуњду таваққуоти эњсоси худ
созгорӣ эљод мешавад. Онон дар ишқи поки худ аз дилу динашон фармон мебурданд ” (12, 21).
Дар миѐни сӯфия ишқи маљозӣ ѐ инсонӣ восита ѐ пулест, ки соликро ба ишқи њақиқӣ мерасонад
ва аз њамин љост, ки миѐни ишқи узрӣ ва ишқи ирфонӣ умумияте њис карда мешавад. Њолати
ваљду љунун дар миѐни ошиқони узрӣ гоњо бо ваљду бехудии ањли ирфон наздикӣ дорад ва эњсоси
101
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
ошиқона онњоро то ба сарњади љунун бурдааст. “Гоње ин эњсос дар бархе шоирони узрӣ ба
дараљаи ваљд, дар маънои сӯфиѐнаи он, мерасад. Чунонки дар бархе њолот ишқи Маљнуни Банӣ
Омир чунин аст. Ин чизест, ки ишқи узриро, он гуна ки шарњ хоњем кард, ба ишқи сӯфиѐна наздик
мекунад. Бинобар ин, ишқи сӯфиѐна, љуз ишқе узрӣ, ки бар асари авомили динию фалсафӣ
тањаввул ѐфтааст, нест ва њар ду тањти нуфузи таъсири дину мутуни он пас аз таъвил њастанд ва аз
ақида сарчашма мегиранд ва дар њар ду бўъди љисмонӣ нодида гирифта намешавад, зеро ишқи
сӯфиѐна роње ба Худованд аз тариқи тааммул дар зебоии љисмонист” (12, 22).
Дар достони “Лайлӣ ва Маљнун” –и Љомӣ навъ тањаввули ишқи узриро ба ишқи ирфонӣ
мушоњида менамоем ва ин аз ибтикороти Љомӣ дар достон аст.
Њамин тариқ, достони “Лайлӣ ва Маљнун”-и Мавлоно Љомӣ марњилаи тозае дар сурудани
достонњои ишқии њамном аст. Он бо тозагињо дар сужа ва мазмун, тасвири лањзањои бадеӣ,
қањрамонон, тарњ ва робитаи воқеањо, ғоя достоне мустақил ва асил аст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Аттор, Нишопурӣ. Мантиқ-ут-тайр. Ба эњтимоми Ањмади Ранљбар / Нишопурї А.- Тењрон:
Асотир, 1369.-737 с.
2.Афсањзод, Аълохон. Достони «Лайлї ва Маљнун»-и Абдуррањмони Љомї / А.Аълохон.Душанбе: Дониш, 1970.- 202с.
3.Бертельс, Е.Э. Навои и Джами. Избранные труды / Е.Э. Бертельс. – Москва: Наука, 1965.- 498 с.
4.Воде, Жон Клуд. Њадиси ишқ дар Шарқ (аз садаи аввал то садаи панљуми њиљрӣ).
Тарљумаи Љавод Њадидӣ / В.Ж. Клуд.- Тењрон: Маркази нашри донишгоњӣ, 1372. - 610 с.
5.Зарринкӯб, Абдулњусайн. Бо корвони њулла / З.Абдулњусайн.- Тењрон: Илмӣ, 1386.- 475 с.
6.Крачковский, И. Ю. Ранняя история повести о Меджнуне и Лейли в арабской литературе /
Избранные сочинения. - М.-Л.: Академия наук СССР, 1956.- С. 588- 632. – 2 т.
7.Мавлоно, Абдуррањмони Љомӣ. Ашшиъат-ул-ламаот. Бо муқаддимаи Њодии Растагори
Муқаддами Гавњарӣ / М.А. Љомї. - Қум: Бӯстони китоб, 1383.- 147с.
8.Нуруддин, Абдуррањмони Љомӣ. Маснавии «Њафт авранг». Љилди дуввум. Тањқиқ ва тасњењи
Аълохон Афсањзод ва Њусайн Ањмади Тарбият. Зери назари «Дафтари нашри «Мероси
мактуб»» / Н.А. Љомї.- Тењрон: Маркази мутолеоти эронӣ, 1378.-710 с.
9.Сатторӣ, Љалол. Њолоти ишқи Маљнун / С.Љалол.- Тењрон: Тӯс, 1385.- 533 с.
10.Њикмат, Алиасғар. Љомӣ: мутазаммини тањқиқот дар таърихи ањвол ва осори манзуму мансури
хотам-уш-шуаро Нуруддин Абдуррањмони Љомӣ / Њ. Алиасѓар.-Тењрон: Тус, 1379.- 407 с.
11.Њилол, Муњаммад Ғанимӣ. Лайлӣ ва Маљнун дар адабиѐти қадими араб. Тарљумаи Амир
Муъминии Њазова / Њ.М. Ѓанимї// Китоби моњи адабиѐт, шумораи 83 (паѐпайӣ 197),
исфандмоњи 1392.- С.51-66.
12.Њилол, Муњаммад Ғанимӣ. Ишқи узрӣ ва ишқи сӯфиѐна / Њ.М. Ѓанимї// Китоби моњи адабиѐт,
шумораи 78 (паѐпайӣ 192), мењрмоњи 1392.- С. 18-26.
13. Љамолуддин, Муњаммадсаид. Адабиѐти татбиќї. Пажўњише дар адабиѐти арабї ва форсї.
Баргардон ва тањќиќи Саъиди Њисомпур ва Њусайни Каѐнї / Љ.Муњаммадсаид.- Шероз:
Маркази нашри Донишгоњи Шероз, 1389. - 321 с.
REFERENCES:
1. Attar, Nishaburi. Manteq al-tayr. Edited with notes and commentary by Ahmad Ranjbar /
A.Nishaburi.- Tehron: Asotir, 1369. - 737 p.
2.Afsahzod, A,lohon. The poem of “Layla and Majnun” Abdurahmon Jami / A. A,lohon.- Dushanbe:
Donish, 1970. - 202 p.
3. Bertels, E.E. Navoi and Jami. Selected Works / E.E. Bertels.- Moskow: science, 1965. - 498 p.
4. Vadet, Jean-Claude. Narration of love in the East (from the first century till fifth Hijri’s century).
Translation of Javod hadidi / V.J.Claude.- Tehran: Central publication university, 1372. - 610 p.
5.Zarrinkub, Abdulhusain. With the caravan of Hulla / Z. Abdulhusain.- Tehran: Scientifically
publication, 1386. - 475 p.
6.Krachkovskiy, I. U. The earlier history of recital about Majnun and Layli in the Arabian literature.
Excerptum coordination / I.U. Krachkovskiy.–M. –L: vanity publisher of Academy of science. USSR,
1956.- P. 588- 632. - V.2.
7.Mavlono, Ablurahmoni Jomi. Ashiat-ul-lamaot. With the preface of Hodii Rastagori, introduction of
Gavhari / M.A. Jomi.- Qum: the orchard of book. - 1383.- 147p.
102
НОМАИ ДОНИШГОЊ УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ SCIENTIFIC NOTES
№ 4(45) 2015
8.Nuriddin, Abdurahmoni Jomi. Hemistich rhyme «Haft avrang». Exploration and correction of
A’lokhon Afsahzod and Husain Ahmadi Tarbiyat. under observation of «vanity publisher of «Merosi
Maktub» / N.A. Jomi.- Тehron: 1378.-710p. - V.2.
9.Sattori, Jalol. Conditions of Majnun’s love / S. Jalol. - Тehron: Tus, 1385.- 533 p.
10.Hikmat, Aliasgar. Jomi: Exploration and correction of resirch in the history of state and legacies of
poetical and prose final poet Nuriddin Ablurrahmoni Jomi / H.Aliasgar. - Тehron: publishing of Tus,
1379. – 407p.
11.Hilol, Мuhammad Ganimi. Layli and Majnun in the ancient Arabian literature. Translation of Amir
Mu’minii Hazova / H.M. Ganimi. - 1392. - №83 (197). - P.51-66.
12. Hilol, Мuhammad Ganimi. The love of uzriys and loves of Sufies/ H.M. Ganimi. - 1392. - №78(192).
- P. 18-26.
13. Jamal al-din, Mohammad Saeed. Comparative literature: A Comporative study of Persian and
Arabic Literayure / J. Mohammad Saeed. – Sheroz: The publication centre university, 1389.- 321 p.
Подражание и новаторство Джами
в поэме “Лейли и Меджнун”
Ключевые слова: Низами, Амир Хусрав, Джами, поэма, Лейли, Меджнун, подражание,
новаторство, узрийская любовь, божественная любовь.
Статья посвящена проблеме традиции и новаторства в поэме «Лейли и Меджнун» Джами.
Отмечается, что хотя Джами написал свою поэму, подражая одноименным поэмам Низами и
Амира Хусрава, о чѐм он говорит в оглавлении своей поэмы, но всѐ же эта поэма Джами
оригинальна и имеет много новых художественных, идей, образов и высказываний. Джами,
помимо подражания поэмам Низами и Амира Хусрава, использовал арабские источники, в том
числе «Книгу песен» Исфахани и диван Кайса Омири. Кроме того, Джами- первый поэт,
сочинивший поэму «Лейли и Меджнун», в которой с самого начала поэмы говорит о мистической
любви и отражает эволюцию любви от платонического (узритского) до божественного.
Imitation and innovation Jami's
poem "Layla and Majnun"
Keywords: Nizami, Amir Khusrav, Jami, poem, “Layla and Majnun”, imitation, innovation, uzriys
love, divine love.
The article deals with tradition and innovation in the poem "Layla and Majnun" Jami. Although Jami
wrote his poem, imitating the poem Nizami Amir Khosravi, as himself writes about this in the table of
contents of his poem, but the poem Jami original and has a lot of new artistic moments, ideas, images
and general's statement. Jami, in addition to imitate poems Nizami Amir Khusraw, Arabic sources used,
including "Book of Songs" Isfahani and a sofa Kaisa Omirou. In addition, Jami first poet who wrote the
poem "Layla and Majnun", which from the beginning of the poem speaks of mystical love and reflects the
evolution of platonic love (uzrits) to the divine.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Низомов Муњриддин Зайниддинович, номзади илмњои филологӣ, докторанти кафедраи
таърихи адабиѐти тољики Донишгоњи миллии Тољикистон (Љумњурии Тољикистон, ш.
Душанбе), E-mail:nizomi73@mail.ru
Сведения об авторе:
Низомов Мухриддин Зайниддинович, кандидат филологических наук, докторант кафедры
истории таджикской литературы Таджикского национального университета(Республика
Таджикистан, г. Душанбе), E-mail:nizomi73@mail.ru
Information about the author:
Nizomov Muhriddin Zainiddinovich, Candidate of Science in Philology, Doctoral Student of History
of Tajik Literature, Tajik National University (Republic of Tajikistan, Dushanbe), Email:nizomi73@mail.ru
103
Документ
Категория
Без категории
Просмотров
7
Размер файла
1 033 Кб
Теги
дар, достони, навоварињои, татаббўъ, маљнун, pdf, љомr, лайлы
1/--страниц
Пожаловаться на содержимое документа